"Ака суратамонро дар газет мебарорӣ"?

Иҷтимоъ 22.11.2013 14:25

saldatiДар даромадгоҳи беморхонаи ҳарбӣ ба пешвози мо марде бо либоси низомӣ баромад. Баъди огоҳӣ аз мақсади омаданамон ба ин ҷо ӯ моро роҳбалад шуду ба ошёни дуввум раҳсипор шудем, ки он ҷо наваскарони  захмӣ табобат мегирифтанд. Роҳбалади мо Зафар Ибодуллоевич Баротов, полковники хидмати тиббӣ, сардори ин беморхонаи ҳарбӣ ба 4 нафар аскари дар ҳуҷраи аввал ҷойгирифта ишора намуда гуфт: "Ҳаминҳоянд, он шербачаҳои захм бардошта". Бачаҳо ҳар кадоме рӯи кати худ дароз кашида, ба ҳамдигар суҳбат мекарданд, мо вориди утоқи беморон шудем. Сардор баъди анҷоми расмии муаррифӣ аз пайи кори худ рафт ва ману духтури навбатдор бо бачаҳо мондем. Пеш аз он ки мо аз онҳо суол кунем, онҳо бо як соддагии хоси кӯдакона аз мо суол мекарданд: "Ака суратамонро дар газет мебарорӣ"?

Баъди шунидани посухи мусбат кӯдаквор завқ мекарданд ва мегуфтанд; "онро падару модаронамон дида хурсанд мешаванд" ва боз бо чашмони маъсумона ва бидуни риё аз мо тасдиқи суоли худро интизор мешуданд.

"Ҳа, суратҳоятон дар рӯзнома мебарояд, онро падару модар ва дигар наздиконатон дида, хурсанд мешаванд ва мебинанд, ки саломатии шумо рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст, дигар нороҳат намешаванд"- афзуд духтури навбатор.

Дилшод Расулов, яке аз ҷавонони захмӣ ҳодисаи он шаб дар роҳи оҳани Узбакистон рух додаро чунин нақл кард: "Соат 12 -и шаб буд. Нохост як садои чарангосии баланд шуд. Мо дар вагони паси тепловоз қарор доштем, якбора вагон ба як тараф зада маротибае чанд давр гашт ва ба як сутуни оҳанин бармехӯрад ва он сутун вагонро сурох кард. Вагонҳои дигар аз роҳ баромада дар шафати роҳи оҳан якпаҳлу меафтанд. Ман дар аввал аз гармӣ дардро ҳеҷ эҳсос накардам. Баъди дар сардӣ истодан   аз ҳуш рафтам ва танҳо дар беморхонаи шаҳраки Нов ба ҳуш омадам.  Нақли дигар наваскарон низ дар бораи ин ҳодиса ба гуфтаҳои ҳамсафашон хеле монанд буд.

saldati 1Пас аз дидорбинӣ бо наваскарон мо дар утоқи кории сардори бемористон бо ӯ суҳбат кардем. З. Баротов аз натиҷаи кори ҳайати беморхона қаноатмандии худро иброз дошта афзуд: "Дар беморхонаи мо танҳо аз 45 нафар ашхоси ҷароҳатбардошта 8 нафари ҷароҳати вазнинтар дошта, дар ҳоли ҳозир табобат мегиранд. 37 нафари онҳо сиҳатӣ дарёфт намуда, ба як қисми низомӣ интиқол гардиданд ва дар зери назорати доимии тиббӣ мебошанд. Хушбахтона, дар ягон нафар аз   беморони мо шикастани устухон ва баромадани буғумҳо мушоҳида намешавад. Танҳо латти бофтаҳои мушакҳои миён, даст ва пой дида мешавад".

Кайфияту рӯҳияи наваскарони ба садама дучор гардида, муомилаи хуши табибон ба онҳо ва самимияти онҳо ба табибон ва мӯҳити тозаву озодаи ин ҷо худ бозгӯи масъулиятшиносии ҳайъати кории бемористон аст.

Баъд аз аёдат ман ба "Кохи матбуот" - и шаҳри Хуҷанд омадам. Баъди салому аҳволпурсӣ ҳамкасбон чун фаҳмиданд, ки ман аз аёдати наваскарон аз бемористон баргаштам, яке аз ҳамкасбон эълом кард, ки кишвари ҳамсоя ҷуброни вагонҳои харобшударо пардохт мекардааст.

Ин лаҳза буд, ки қалби поку чашмони маҳзуни ҷавонони захмӣ пеши назарам ҳувайдо гардид. Ҷуброни сиҳатии тану равони онҳоро кӣ мепардохта бошад? Ман айбу ҷурми  ин амалҳоро аз кишвари ҳамсоя намедонам. Ин ҳама бо айби  худи мост. Мо чун дигар кишварҳои ҷаҳон парлумон дорем, Кумитаи занон ва кор бо оила дорем ва даҳҳо сохторҳои дигар дорем, ки аз ҳисоби буҷаи кишвар нон мехӯранд. Нони мардумро. Дар тамоми кишварҳое, ки артиш доранд, кумитаи модарони аскарон фаъолият мекунад, шояд ин гуна ташкилот дар Тоҷикистон низ вуҷуд дошта бошад, барои чи ҳеҷ яке аз ин ниҳодҳо дар баробари ин барбарияти кишвари ҳамсоя садо баланд намекунанд? Мисле ки бояд ҳамин гуна бошад. Ҳаёти бачаҳои мо, ҳатто ба андозаи молу коло арзиш надорад.

Суоли матраҳ ин аст, ки ҷароҳати равонӣ ва бадании наваскарон, чи қадар ғаму ғусса ва изтироби волидайни онҳо то аниқ гаштани ҳақиқати ҳол, барои аёдат аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ ба вилояти Суғд рафтани онҳо, маблағи дору ва дигар маводи барои табобат заруриро   барои чӣ Узбакистон пардохт намекунад?!

Ё мо аз рӯи масали аз заъифӣ эҷодкардаи  худ "Даъвогари суст қозиро шарманда кардааст" рафтор карда, аз баҳри ин ҳама хисороти расонидашуда мебароем?

Н. Неъматзода Душанбе-Чкаловск-Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97