Гуфтаҳои "Пусть говорят" танҳо ба гӯши Кумитаи занон ва кор бо оила нарасид

Иҷтимоъ 01.11.2013 17:18

 

sumangul tagoeva pust govorytМақолаи "Шоҳзода ва қаҳрамони чандлаҳзинаи Русия", ки дар шумораи гузаштаи ҳафтанома ба  чоп расида буд, ҷомеъаро аз ин масъалаи доғи рӯз бетараф нагузошт ва вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ба ҷуз масъулони тоҷик, ки дар гӯши худ шояд пунба гузоштаанд.

 

"Миллат" тасмим гирифт, вокуниши хонандаро дар сафҳаи хеш ҷой бидиҳад.

 

Тоҷикистон бо шарофати чунин занони наҷиб пойбарҷост

 

Аҳсан Шаҳзода! Бо ҳалимию  сабурӣ ва тамкин дили миллонҳоро тасхир кардӣ. Ман медонам,ки тарбияи се фарзанд дар  кишваре, ки шаҳрвандонаш бо маоши хуб таъмин нестанд, кори осон нест. Аммо танҳо бо таъмини хуби моддӣ наметавон фарзандони солеҳро тарбият кард. Барои ин кор маънавиёт ва фарҳанги суннатии оиладорӣ низ зарур аст. Ту дар шароити бароят хеле сангин аз ин ду чиз хеле хуб истифода карда тавониста фарзандони боодобу нексириштро тарбия дорӣ. Бароят дар зиндагӣ барору муваффақият мехоҳам. Тоҷикистон  маҳз бо шарофати чунин занони наҷибу аз худ гузаштааш пой барҷост.

 

Азиза Саломова, муҳоҷири корӣ, аз шаҳри Перми Русия.

 

Маро аз ин ҳолати ногувори равонӣ Шаҳзода раҳо кард

 

Барнома шоуи Андрей Малаховро бо ҷамъи дӯстони нав пайдо кардаам- намояндагони миллатҳои гуногун , дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Алмаато, ки барои  баргузории як давраи омӯзишӣ аз ҳар гӯшаю канори собиқ, Иттиҳоди Шуравӣ ҷамъ омада буданд, тамошо  кардем. Бе ягон муболиға аз дидани кору кирдори Саид ном "қаҳрамон"-и намоиш   ҳамо тавре  мегӯянд, замин накафид, ки ман фурӯ равам. Хуб эҳсос мекардам, ки ба хотири эҳтироми ман ҷамъомадагон аз гуфтани калимоти бад нисбати Саид ва миллати ӯ худдорӣ мекарданд. Хушбахтона, барои аз ин вазъияти ногувор раҳо шуданам, Шаҳзода  вориди толор шуд. Ӯ бараъкси Саид аз худ сифатҳои неки инсонӣ; оромию тамкин нишон дода, маро аз ин ҳолати ногувори равонӣ озод  кард. Саломат бош хоҳари азиз!

 

Саидризо Аҳмадзода, шаҳри Панҷакент.           

 

Далели ин разолат аз даст додани иртибот бо Худо аст

 

Раҳмати Худованд ба шумо бод духтарон! Ман мутассифам,ки чунин афроде вуҷуд доранд, Ман низ дар Тоҷикистон мутавалид шудаам, баъдтар ба Русия омадаам . Дар ин ҷо хонадор шудам, ҳарчанд ки ҳамсарам рус аст, ӯ хеле хуб аст. Вай модари ман ва Тоҷикистонро хеле дӯст медорад!  Фақат бо далели ин ғайриинсон (Саид) нигариши мардуми Русия  ба тоҷикҳо  тағйир ёфтааст.  Воқеъан, дар бисёр чиҳат худи мо низ  гунаҳгорем.  Аммо ман мехоҳам бигӯям,ки Худованд ҳамин тавр намегузорад!

 

 Парвардигор ба зану фарзандони ман баракат ато намо, то онҳо  хуб рушду нумуъ кунанд!

 

Далели ин разолат аз даст додани иртибот бо Худо аст!!! 

 

Ҳасан Ҷумаъев, Русия.

 

Сари таъзим назди ҳамсари Саид фуру меорам!

 

Ба назар мерасад,ки  бидуни интернет, телефонҳои ҳамроҳ ва ё дигар воситаҳои саргамкунандаи шабонурӯзӣ ва ҳатто хонаи худ  метавон фарзандонро  чунин ба мардум  мақулу муносиб тарбият кард. Сари таъзим  назди ҳамсари Саид фуру меорам! Чи гуна зебост рафтори кудакон Чаро бояд онҳо ранҷу  азоб мебаранд?!

 

Иван Мелников,  Русия.

 

Агар Саид  аз расму оини миллӣ огаҳӣ медошт

 

 Саид ва саидмонандҳо  сад афсус , ки дар ҷомеаи мо хеле зиёд гардидаанд. Барои онҳо ба ғайр хубу ба роҳат зиндагӣ кардану    ба фисқу фасод даст задан дигар чизе вуҷуд надорад. Ингуна одамони ҳайвонсират дастпарварони ҳамон ҷомеаи ломазҳабии коммунистианд. Агар Саид монанди Шаҳзода аз суннат ва расму оини миллӣ ва динии мо огаҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ  чунин рафтори  ғайриинсонӣ намекард. Агар ҷомеъаи тоҷик  роҳу  усули   тарбияи насли навро  дигар накунад, аз Саид барин типҳо ба зудӣ халос  шуданамон дар гумон аст.

 

Олим Акбаров, ноҳияи Зафаробод

 

Ман чунин қабоҳату разолатро ҳеҷ гоҳ надида будам

 

Ман дар Тоҷикистон ба дунё омада, ин ҷо ба воя расида солҳои зиёд бо тоҷикон ҳамсоягӣ ва дӯстӣ доштам. Дар тули ҳаёти пурбаракоти худ дар ин кишвар ман чунин қабоҳату разолатро ҳеҷ гоҳ надида будам. Ҳайфи ту Саид. Шаҳноза духтарам, Саид арзиши нохуни пои туро надорад. Ба фарзандони боадабу дӯстрӯят ва ба худат низ хушбахтӣ мехоҳам

 

Ноила Абулхалилова, бознишаста аз Тотористон, шаҳри  Қазон.

 

Агар саидҳо як ду нафар мебуданд, ҷои гап набуд

 

Ин барномаи А. Малахов воқеияти кишвари моро ба саҳнаи намоиш гузошт. Бояд рӯи ин масъалаи бемуболиға саросарӣ дастандаркорони Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ андеша кунанд. Агар Саидҳо як ду нафар мебуданд, кирои гап ҳам набуд. Сад афсус, ки шумораи онҳо аз ҳазорҳо гузаштааст.

 

 Маликшоҳ Ҳомидов, муҳоҷири корӣ  Барнаул, Русия.

 

Ин аст сужаи воқеъии ҳаёти тоҷик

 

Нависандагони тоҷик сужа кофта гаштаанд, ана сужаи ҳозиразамони ҳаёти воқеъии тоҷик. Оё ин гуна қаҳрамони манфии манфурро метавон дар ягон саҳифаи китоби дигари бадеӣ  пайдо кард?!

 

Солеҳаи Аюбӣ,  ноҳияи  Темурмалик.

 

Манро то ба имрӯз ин чиз нороҳат мекунад. Барои чи дар толор ҳузурдоштагон аз модари Саид напурсиданд, ки ӯ дар бачагӣ дуруғ мегуфт ё на?!

 

                                                                                                 Андрей, шаҳри Владимир.        

 

Лена ва Саид ҳарду сазовор ва муносиби якдигаранд.

 

Артиём,  шаҳри Рязан, Русия.

 

Вале,...

 

Намоиши "Пусть говорят" ва мақолаи номбурда ва чанд гузоришҳои дигар дар сайтҳои хабарӣ ва расонаҳо ва ҳамчунин аз ҷониби кадом як студия ба фурӯш баровардани навори ин барнома дар миёни мардум  сару садои  зиёдеро ба вуҷуд овард, вале ин рӯйдоди иҷтимоӣ, ки  воқеъияти зиндагии ҷомеъаи моро ба рӯи саҳна гузоштааст, аз назари  масъулони кишвар дур мондааст. Шаҳзода Абдуҳалимова ахиран ба хабарнигори "Миллат" гуфт, ки ба ғайр аз чанд рӯзноманигор касе аз масъулони ноҳия ва шаҳр ва Кумитаи занон ва кор бо оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳволи ӯ  ва фарзандонаш, ки дар як ҳуҷраи хобгоҳ зиндагӣ мекунад, хабар нагирифтаанд. Ӯ гуфт, ки чанд сол пештар аз вазъи сангини зиндагиаш ба Кумитаи занон ва кор бо  оилаи назди ҳукумати кишвар ариза бурдааст. Аммо як корманди ин кумита ба ӯ гуфтааст, ки дигар онҳо аризаҳоро қабул намекунанд, бо ҳамин ба "манзил"-аш баргашта дигар ба касе шикоят накардааст. Ва имрӯз низ аз касе  гиллаву шикоят надорад.  Аммо шароити сангини зиндагии ӯ ва инъикоси он дар телевизиони саросарии Русия пас аз намоиши "Равшану Ҷумшуд" дигарбора номи тоҷикро сари забонҳо овард, набояд аз ҷониби масъулон нодида гирифта шавад. Агарчӣ ӯ ва мушкили ин хонавода ягона нест… 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97