Ҳаво хеле гарм аст. Чи гуна бо гармо мубориза кунем?

Иҷтимоъ 08.07.2013 10:11

Havoi garmФасли  тобистон дар  ҷараён аст. Ин рӯзҳо гоҳе ҳаво чунон гарм мешавад, ки арақ аз сару руямон ҷорӣ мешавад, хастагӣ ва беҳолӣ бар мо ғалаба мекунад ва ташнагӣ сарупои вуҷудамонро фаро мегирад.

Оё нушидани об ба танҳоӣ барои таҳаммули гармои  ҳаво кофӣ аст? Нақши ғизое, ки истеъмол мекунем дар муқобила бо аз даст додани оби бадан чист? Ҳамаи ин саволҳо посухҳое доранд. Муҳим ин аст, ки иҷозат  надиҳед баданатон оби худро аз даст бидиҳад ва дучори хастагӣ бишавед. Аммо чӣ бояд кард.

Арақ кардан

Арақ кардан падидаи комилан табиъии бадани инсон ба ҳисоб меравад ва бар хилофи бовари умумӣ бахше аз системаи хунуккунандаи бадан аст, ки боис мешавад бадан дар дамои муносибе қарор бигирад. Дар воқеъ арақ ин тавоноиро дорад, ки ба таври табиъӣ дар арзи чанд дақиқа баданро хунук кунад. Барои ҳамин аст вақте сахт машғули кор ва фаъолият ҳастем арақ аз сару рӯямон ҷорӣ мешавад. Воқеъият ин аст ҳарчи бештар арақ кунед баданатон хунуктар мешавад. Илова бар ин арақ оромбахши асаби инсон низ ба ҳисоб меравад ва ин қобилиятро дорад, ки набзро танзим кунад. Ба таври  куллӣ арақ кардан равише аст, ки бадан ба василаи он худро хунук нигаҳ медорад.

Бо вуҷудии  ин ки нақши арақ дар хунук нигаҳ доштани  бадан дар навъи худ бисёр ҷолиб ва фавқулода аст, аммо бояд донист, ки ҳамин арақ кори бисёр муҳими дигаре  низ анҷом медиҳад, ки хеле аз мо ҳатто фикрашро ҳам намекунем; ин кор дафъи заҳрҳои бадан аст! Пас арақ кардан он қадар ҳам чизе бад нест. Аммо замоне ки арақ мекунед, бадан об ва маводи менералии худро низ аз даст медиҳад ва лозим аст, ки тамоми ин унсурҳо  ҷойгузин шаванд. Дар воқеъ лозим аст, ки дар фасли гармо хуб бихӯред ва хуб бинӯшед то баданатон оби худро аз даст надиҳад. Зеро аз даст рафтани оби бадан осебрасон хоҳад буд.

Аммо бояд чӣ бихӯрем?

Мизони натрий ва калийи бадани мо бояд мутаъодил бошад. Аммо мутаассифона ба далели ин ки дар тули рӯз маводи ғизоии саршор аз натрий ва намаки бештаре масраф мекунем ин мувозина барҳам мехурад. Калий ба хусус агар варзиш мекунед вазифаи эҳёи энергиро бар уҳда дорад ва хастагиро аз ҷисм бадар мекунад. Ин унсури муҳим дар банан, зардолу, ҳандалак ва бештари меваҳо ва сабзиҷот ба мизони қобили таваҷҷуҳ вуҷуд дорад. Тавсия мекунанд барои ҳифзи таъодули натрий  ва калийи баданатон дар ҳар навбати ғизоӣ сабзаҷот (ҳамон кабути)-и  тару  хушк, картошка, меваҳои тар ва хушк майл кунед. Қатъан гузинаҳои зиёде барои интихоб доред.

Аз масрафи ғизоҳои обакӣ, ки боиси таъмини оби бадан мешаванд, ғофил нашавед. Ба ёд дошта бошед, масрафи маводи ғизоии шӯр, мисли чипс, сосиска ва колбаса, моҳии дуддодашуда ва ғайраро маҳдудтар кунед.

Мизони протеин

Ҳарчӣ маводи ғизоии саршор аз протеини бештаре  масраф кунед, бештар эҳсоси гармо хоҳед кард. Мутахассисон тавсия мекунанд, ки масрафи рӯзона як грамм протеин ба ивази як килограмм вазни бадани  масрафкунанда кофӣ аст. Яъне ин ки агар шумо як зан ҳастед ва вазнатон 60 килограмм ҳаст, рӯзона ба 60 грамм протеин ниёз доред. Ин мизон бо масрафи 100 грамм гӯшти гӯсфанд ё гов, моҳӣ ё гӯшти мурғ ва се маҳсулоти ширӣ (шир, ҷурғот ва панир) таъмин мешавад.

Об!!!

Аввалин силоҳи мубориза бо гармо об аст. Дар фасли гармо оби зиёде бинӯшед. Ҳамеша об бояд дар  дастрасатон бошад ва ба таври мураттаб об бинӯшед. Мунтазир намонед, ки ташнагӣ ҳалокатон кунад ва баъд ба суроғи об биравед. Албатта мизони оби масрафӣ ба фаъолияти физикии шумо вобастагӣ дорад, аммо бидонед, ки нӯшидани камаш як литр об, яъне баробари 8 стакан лозим аст. Баъд ё пеш аз ғизо об бинӯшед. Метавонед оби холис бинӯшед ва ё ин ки миқдоре оби лимон ва ё чанд барги пудина ба он изофа карда ва ташнагиатонро бартараф созед.

Агар тарафдори обҳои газдор ҳастед, кӯшиш кунед  навъҳои камнатрийи онро истифода кунед. Агар хеле оби ба истилоҳ холӣ дӯст надоред ё ин ки мехоҳед илова бар рафъи ташнагӣ офтобхӯрда (загар) ҳам шавед, тавсия мекунем аз оби меваи саршор аз каротиноидҳо ва витаминҳо истифода кунед, мисли оби зардак (сабзӣ). Ин мавод мағзи шуморо аз осеби нури офтоб дар амон нигоҳ медорад.

Чанд тавсияи умумӣ

Аз нӯшидани моеъоти ба истилоҳ хеле сарду гуворо ва хӯрдани маводи ғизоии хеле сард бипарҳезед. Бар хилофи он чи ки ҳамаи мардум тасаввур мекунанд, нӯшидани обҳои хеле хунук ба ҳангоми ташнагӣ на танҳо ташнагиатонро бартараф намекунад, балки боиси арақ кардани бештари бадан мешавад. Бадан бо ҷазби сармо ба тасаввури ин ки бояд худро гарм кунад аксуламал нишон медиҳад, бар иваз замоне ки нӯшидании гарм ё доғ  хӯрда мешавад, баракси он  иттифоқ меуфтад ва бадан ба дунболи хунук кардани худ вориди амал мешавад.

Бинобарин нӯшиданиҳоро бар асоси дамои муҳит интихоб кунед ва аз нӯшидани моеъоти сарду гуворо бипарҳезед. Ҳамчунин аз масрафи доругиҳое мисли қаламфур ва хардал (горчица) низ бипарҳезед, зеро боис мешаванд шумо бештар эҳсоси гармо кунед. Дар ниҳоят тавсия мекунем  барои муқобила бо гармои шадид, таъриқи зиёд ва эҳсоси хастагӣ ғизои саршор аз моеъот истеъмол кунед, то баданатон моеъот ва оби худро аз даст надиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97