Президенти Тоҷикистон метавонад дар ҷойгоҳи Куруши бузург бошад

Иҷтимоъ 27.05.2013 10:35

Emomali Rahmon 012Бо нигоҳе ба гӯшае аз саргузашти тоҷику порсигӯён мутаваҷҷеҳи як воқеъияти ҷовидона мешавем ва он ин ки, ин қавм аз табори хуршеданд.

Агар нигоҳро ба яке аз вақоъеи даврони давлати Ҳахоманишӣ дӯхта, мутаваҷҷеҳи бузургӣ ва озодихоҳӣ ва ҳақдиҳии падарони родмардамон мешавем, ки ҳатто дар авҷи қудрат ҳеч вақт инсониятро фаромӯш накардаанд. Курӯши бузург намунаи ошкоре аз ин бузургист. Ӯ баъд аз фатҳи Бобул ва замоне, ки ягона мардуми қудратманди курраи замин буд, нахустин фармони озодӣ ва баробарии инсонҳоро дод ва навиштае ба ҷо монда аз ӯро метавон нахустин қонуни ҳуқуқи башарӣ дар таърихи одамият донист.

Гуруҳе бехабар аз фарҳангу таърихи худ дастури Курӯшро аввалин фармон аз навъи худ дар бораи баробарӣ ва озодии инсонҳо намепиндоранд ва ҳеч гоҳ аз худ намепурсанд, ки чанд ҳазорон сол гузашт, то баъзе аз кишварҳои ҷаҳони ҳозир ба қабули озодӣ ва баробарии инсонҳо шуданд, аммо шӯрбахтона ҳанӯз теъдоди қобили мулоҳизае аз кишварҳо озодӣ ва баробарии инсонҳоро намепазиранд.

Тоҷикистон ягона сангари донишу фарҳанги ҳама порсиён ва тоҷикони ҷаҳон аст. Сукондори ин сангар родмарди замона Раҳмон наваи Курӯши бузург фарзанди Фирдавсӣ ва аламбардори дирафши Сомониён, нахустин подшоҳе, ки забону фарҳанги порсиро ҷовидона кард ва ҳамаи мо форсигӯёни ҷаҳонро мадюни худ сохт.

Ин сангар дар як даҳа ба диже табдил шуда, ки аз боду борон намеёбад газанд.

Ҷойгоҳи Раҳмон дар сарнавишти тоҷикон ягона ва мунҳасир ба фард аст. Ин абармард замоне ба доди тоҷикон расид, ки тоҷикон дучори як сардаргумии бузург дар таърихашон шуда буданд ва дасти ҳама фитнагарон ва душманони фарҳангу дониш барои тахриби ин ганҷина боз шуда буд, аммо ин бузургмарди тоҷик бо зиракӣ ва хирадмандии хосе ҳама ин мушкилотро аз сари роҳ бардошт ва Тоҷикистонро ба қуллаи шукуҳ расонд. Рушди фарҳанг дар Тоҷикистон мунҳасир фақат ба ин хита аз Иронзамин аст, чун порсиёни Ирон бо як низоми мустабиди динӣ даст ва панҷа нарм мекунанд, ки ҳатто кучактарин ҳуқуқи шаҳрвандӣ, мисли интихоби либос дар ихтиёрашон нест.

Афғонистон дуввумин кишваре аст, ки тоҷикон дар он аз нигоҳи ҷамъият дар муқоиса бо Ирон ҷойгоҳи дуввумро доранд, дар чанголи афғонҳои тундрав ва террористпарвар ва ҳомии терроризми ҷаҳонӣ қарор гирифта. Тоҷикони он диёр ҳатто ҳақи интихоби вожагони забонашонро надоранд, агар касе дар ин гуфта шаке дорад, нигоҳе ба пули Афғонистон бияндоз, ки як ҷумла форсӣ дар он вуҷуд надорад ва фақат чизе ба ҷуз афғонӣ навишта нашуда.

Шояд баъзе аз тоҷикон мушкилоту дилхӯриҳои баҷо ва маъқуле дошта бошанд, ки додашонро касе нашунида, ё онҳо натавонистанд додхоҳиашонро ба гӯши муроҷеъи масъул бирасонанд, аммо рабт додани ин мушкилот ба шахси аввали кишвар коре сахт нобихрадона ва ноҷавонмардона аст. Чун раиси ҷумҳур ҳайати раҳнамо ва муршидро дорад ва аз нигоҳи физикӣ имкони ҳузури ӯ дар ҳама ҷоро номумкин аст то ба додхоҳӣ ва мушкилоти ҳама расидагӣ кунад. Кормандони давлатӣ, сиёсиюн ва қишри равшанфикр масъули бахши огоҳӣ ва бедорию додхоҳии ҷомеъаанд.

Оё кадом кишвареро дар дунё суроғ доред, ки дар он мушкилоту сахтиҳои зиндагӣ вуҷуд надошта бошад? Барои намуна Амрико бузургтарин иқтисоди дунё теъдоди қобили мулоҳиза бекор ва бехонумон дорад, аммо ҳеч як аз мардумони кишвар, чӣ аз ҳизби ҳоким ва равшанфикрон шахси нахусти давлатро муқассири ин костиҳо намешуморанд.

Яке аз намунаҳои бориз таборузи фарҳанги форсӣ дар бахшу нашри мусиқӣ дар Тоҷикистон аст. Ин кишвар на худ ҳазорон ҳунармандро омӯзишу тарбия карда, балки ягона хонаи ҳама ҳунармандони порсизабони дунё шуда. Ҳунармандони порсигӯ наметавонанд дар ҳеч кишвари порсизабон ҷуз Тоҷикистон консерти гурӯҳӣ ё танҳоӣ барпо кунанд.

Намунаи дигар бузургдошт аз шахсиятҳои порсизабони дунё бидуни кадом табъиз аст, ки мутаассифона дар кишварҳои порсизабони мисли Ирон ва Афғонистон ба хотири табъизи мазҳабӣ ва нажодӣ таҷлил ба амал намеояд.

Тоҷикистон бо баргузории конфронсҳои бузург, ки дар он ҳама порсигӯёни ҷаҳон ширкат мекунанд, ягона ҷилвагоҳи фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ аст. Ин кишвар худ нишонгари ин тамаддуни бузург, ки дар он ҳеч навъ фарқе байни зану мард қоил намешавад, забони порсӣ намунаи равшане аз тарзи нигоҳи марду зан аст. Дар ин забон замири марду зан яке аст, ки дар бештар забонҳо ин чунин нест. Занон дар ин ҷо озодона бидуни ҳеч навъ мушкил қонуни либосу пӯшиши худро интихоб мекунанд.

Замоне, ки занони ҳамнажодашон дар кишварҳои порсизабон ба баҳонаи дину фарҳанг сахт дар табъиз қарор доранд ва онҳоро аз кучактарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум кардаанд.

Шояд теъдоде аз гӯли зарқу барқи пули нафти Ҷумҳурии Исломии Ирон ва кишварҳои арабиро хӯрда ва ба фарҳангу шукуҳи инсонии тоҷикӣ паст карда бошанд, ин гуруҳ дар кӯтоҳбинӣ, ки доранд, аз хубиҳо ва аз арзишҳои фарҳангашон бехабаранд. Дар фарҳанги порсӣ ҷой барои зулму хушунати давлатӣ нест, ҳамон тавр, ки Курӯши бузург ба мардум, ки дар манотиқи таҳти ҳукуматаш ҳама ҳуқуқи инсониро дод.

Кадом инсони бо виҷдоне ҳозир аст, ки дар бозор шаллоқ бихӯрад, ё дигаронро шаллоқ бизанад ва гуноҳи шаллоқхӯри нишон додани дӯстӣ ва меҳр, дар ҳоле ки дар фарҳанги арабӣ ва кишвари Ҷумҳурии Исломии Ирон ин як ифтихор аст, то инсонҳоро дар пеши як ҷамъияти бузург дурра зада, ё эъдом кунанд ва як муште одами бехирад ва ноинсон барои шодмонӣ назорагари татбиқи ин ҳукми ғайри инсонӣ бошанд, шояд як теъдоди фиребхӯрда ба ёдашон биёяд, ки "ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост" ва ҳама қавонини зиште, ки кишварҳои Афғонистон, Ирон ва арабӣ татбиқ мешавадро тавҷеҳ кунанд.

Гуруҳи кӯтоҳбин бар ин ақида ҳастанд, ки шароити татбиқи исломи ростин қаблан вуҷуд дошта ва баъд аз истеъмор барои бадном кардани ислом кишварҳои душман ба хусус ғарб нақша кашидаанд.

Аммо ин идда агар каме дақиқтар ба таърихашон нигоҳ кунанд, мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки теъдоди зиёде аз равшанфикрон ва шуъарои бузурги форс аз ин падида шикоят кардаанд, барои намуна ба ин байт аз Ҳофизи Шерозӣ таваҷҷуҳ кунед;

Воъизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Дархости ман аз ҳама равшанфикрон ва миллати тоҷик ин аст, ки биёед иттиҳоде, ки дорем, мустаҳкамтар кунем ва ин абармарди таърихро ба бузургтарин орзуяш, ки ҳамон саъодати рифоҳ ва сарбаландии ҷомеъаи тоҷик ҳаст, ёрӣ кунем, ҳамон тавре ки падарони мо Курӯшро додхоҳ ва шаҳаншоҳи дунёи куҳан кардаанд.

Муҳаммаднаими Сиддиқӣ Ҳиротӣ,

ховаршиноси муқими Норвег

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97