Хабарнигоре, ки аз Фирдавсӣ хабаре надод...

Иҷтимоъ 03.05.2013 18:06

ayhaqiДар бораи "Таърихи Бай-ҳақӣ" сухан бисёр гуфта шудааст ва ҳар яке аз пажӯҳишгарон кӯшидаанд, то аз гӯшаи хос ин асарро таҳлил кунанд ва бахше аз азамати онро ошкор созанд.

Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ муҳаққиқи иронӣ, мегӯяд: "Аз миёни осори адабии форсӣ ба содагӣ наметавон якеро баргузид ва бо "Таърихи Байҳақӣ" санҷид, аммо "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ба далоиле, бо ин китоб қобили муқоиса аст".

 

Чунонки мулоҳиза мешавад, қисми бештари муҳаққиқон ба дурустӣ Абулфазли Байҳақиро ба унвони як муаррихи ҳақиқатбаён сутуда, талоши ӯро фаротар аз як муаррихи маъмулӣ арзёбӣ кардаанд. Аммо бояд арз шавад, ки Абулфазли Байҳақӣ дар айни ҳол як хабарнигор ҳам аст. Он чи ӯ дар кори касбу забт ва бахши хабар анҷом дода бо пешрафтатарин усули хабарнигории дунёи имрӯз мутобиқат дорад.

Ахбор ва гузоришҳои Абулфазли Байҳақӣ умуман аз се ҳолат берун нестанд:

а) Худаш дар саҳна ҳозир ва ё шоҳиди рӯйдод будааст, чунонки: "Рӯзи душанбе шонздаҳуми зулқаъда меҳргон буд, амир разия-л-лоҳу анҳ бомдод ба ҷашн биншаст, аммо шароб нахӯрд. Ва нисорҳову ҳадияҳо оварданд аз ҳадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми меҳргон тамомӣ ба ҷой оварданд сахт некӯ бо тамоми шароити он".

б) Аз шахси мавриди эътимод шунидааст ва ба таъбири худаш: "Ва ман ки ин таърих пеш гирифтам, илтизом (ба душ гирифтан -А.Ҷ.) ин қадр бикардам, то он чи нависам ё аз муоинаи ман аст ё аз самои (шунидаи -А.Ҷ.) дуруст аз марди сиқа (марди мавриди эътимод -А.Ҷ.)"

в) Аз манбаъҳои дақиқ истифода кардааст ва он чиро дар китобе хонда, ки маъмулан, китобро низ ба хонанда муаррифӣ мекунад: "Ва пеш аз ин муддате дароз китобе дидам ба хатти устод Абурайҳон ва ӯ марде буд дар адабу фазлу ҳандаса ва фалсафа, ки дар асри ӯ чун ӯ дигаре набуд ва ба газоф чизе нанавиштӣ ва ин дароз аз он додам (сухан ба дарозо кашондам -А.Ҷ.) то муқаррар гардад, ки ман дар ин таърих эҳтиёт мекунам…"

Бино ба гуфтаи Абулфазли Байҳақӣ пеш аз вай муаррихе бо номи Маҳмуди Варроқ ба гирдоварии таърихе пардохта будааст, аз оғози ҷаҳон то соли 409-уми ҳиҷрӣ ва ӯ кори вайро аз ин сол пай гирифтааст. Ба ибораи дигар, Абулфазли Байҳақӣ китоби худро бар асоси асари Маҳмуди Варроқ қарор додаст, чунонки худ ба сароҳат баён медорад: "...ва ин ҳолро устод Маҳмуди Варроқ сахт некӯ шарҳ додааст дар таърихе, ки кардааст дар санаи хамсина ва арбаъумиа (чаҳорсаду панҷоҳ -А.Ҷ.) чандин ҳазорсолро то санаи тисъа ва арбаъумиа (чаҳорсаду нуҳ -А.Ҷ.) биёварда ва қаламро бидошта, ба ҳукми он ки ман аз ин тисъа оғоз кардам. Ва ин Маҳмуд сиқа ва мақбулулқавл (ростгуфтору писандидагуфтор -А.Ҷ.) аст ва дар ситоиши вай сухан дароз доштам ва то даҳ понздаҳ таълифи нодири вай дар ҳар бобе дидам, чун хабар ба фарзандони вай расид, маро овоз доданд ва гуфтанд мо, ки фарзандони вайем, ҳамдостон набошем, ки ту сухани падари мо беш аз ин ки гуфтӣ бардорӣ ва фурӯ ниҳӣ (зоҳиран ба маънии кам ва афзун кунӣ -А.Ҷ.) ночор биистодам".

Яъне, Абулфазли Байҳақӣ аз навиштаҳои он таърихнигор баҳрагириҳое низ мекардааст ва чун хабар ба фарзандони Маҳмуди Варроқ мерасад, забон ба эътироз мекушоянд ва Абулфазли Байҳақӣ аз ин кори хеш даст мекашад ва ба таъбири худаш, ки гуфтааст; "ночор биистодам".

Ӯ ҳам дар маросими расмии ҳукуматӣ ҳозир буда, маросиме монанди хилъат пӯшидани вазирон ва ё маросими бар сари дор овехтани Ҳасанаки вазир бо баҳонаи қарматӣ будан, ки бисёр хабари ғамангезе аст: "Ва Ҳасанакро ба пойи дор оварданд, наузуби-л-лоҳи мин қазои-с-суъ (паноҳ бар Худованд аз қазои бад -А.Ҷ.) ва ду пайкро истонида буданд, ки аз Бағдод омадаанд. Ва қуръонхонон қуръон мехонданд. Ҳасанакро фармуданд, ки ҷома берун каш. Вай даст андар зер кард ва эзорбанд (банди эзор -А.Ҷ.) устувор кард ва пойчаҳои эзорро баст ва ҷуббаву (ҷомаи кушод -А.Ҷ.) пироҳан бикашид ва дур андохт бо дастор ва бараҳна ба эзор биистод ва дастҳо дар ҳам зада, тане чун сим сафед ва рӯйе чун сад ҳазор нигор. Ва ҳама халқ ба дард мегиристанд".

Абулфазли Байҳақӣ аз шоирони маддоҳ ва мадеҳасаро ҳам, ки қасидаҳои онҳо равнақбахши ҷалолу шукуҳи дарбори Ғазнавиён буд, номи эшонро дар асари хеш зикр кардааст: "Ва агар ин фозил аз рӯзгори ситамкор дод ёбад ва подшоҳе табъи ӯро ба некӯкорӣ мадад диҳад, чунонки ёфтанд, устодони асрҳо чун Унсуриву Асҷадиву Зайнабӣ ва Фаррухӣ раҳмату-л-лоҳи алайҳим аҷмаъин (бахшоиши Худованд бар ҳамаи онҳо бод-А.Ҷ.), дар сухан мӯй ба ду ним шикофад ва дасти бисёр кас дар хок молад."

Абулфазли Байҳақӣ дар асари худ аз паёмбарон: Сулаймон, Хизр; Мӯсо, Исо, Муҳаммад (с); аз халифаҳо: Абубакри Сиддиқ, Алӣ; аз Оиша ҳамсари ҳазрати Муҳаммад (с); аз Ҳусайн писари ҳазрати Алӣ; аз Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит; аз файласуфони бузурги Юнон: Ҷолинус ва Арасту ёд мекунад.

Инчунин аз давлати Сомониён ва дар бораи яке аз подшоҳони он хонадон Наср Аҳмади Сомонӣ мегӯяд: "Ва чунон хондам дар ахбори Сомониён, ки Насри Аҳмади Сомонӣ ҳаштсола буд, ки аз падар бимонд, ки Аҳмадро ба шикоргоҳ бикуштанд ва дигар рӯз он кӯдакро бар тахти мулк биншонданд ба ҷойи падар".

Аз Абулфазли Балъамӣ, ки вазири давлати Сомониён буд ва Бутайиби Мусъабӣ, ки ба гуфтаи Абулфазли Байҳақӣ соҳибдевони рисолати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва ягонаи рӯзгор буданд, дар бораи эшон низ хабар додааст: "Як рӯз хилвате кард бо Балъамӣ, ки бузургтар вазири вай буд ва Бутайиби Мусъабӣ, соҳибдевони рисолат ва ҳар ду ягонаи рӯзгор буданд…".

ҳамчунин дар ҷойи дигар чаҳордаҳ байт аз Бутайиби Мусъабиро дар беэътибории дунё ҳангоми марги Фаррухзоди Ғазнавӣ овардааст, ки матлаъи он ин аст:

Ҷаҳоно ҳамоно фусусиву бозӣ,

Ки бар кас напоиву бо кас насозӣ.

Дар радифи инҳо Абулфазли Байҳақӣ аз бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд намуда ва аз ӯ шеърҳоро дар асари хеш дарҷ намудааст, ки намунае аз онҳо ин аст: "Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда, шеър:

Ин ҷаҳони пок, хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст.

Чи нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.

Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст".

Вале боиси таассуф ва дар айни ҳол муҷиби тааҷҷуб аст, ки чунин таърихнигоре, ки аз хурдтарин рӯйдоду аз меҳтарону кеҳтарони ҳар давре ва аз суханпардозону ровиён ва таърихнигорони арабу аҷам сухан мегӯяд, аз ҳакими бузургу ба курсинишони назми форсии тоҷикии дарӣ Абулқосим Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-и безаволи ӯ, ки таърихномаи мардумони форснажод ба шумор меравад, ҳарфе нанигоштааст.

Бе шак хонандаи "Таърихи Байҳақӣ"-ро ин суол ба андеша мебарад, ки чаро таърихнигоре ҳамгуни Байҳақӣ аз ровию таърихпардозе ҳамчун Фирдавсӣ ёде нанамудааст, дар ҳоле ки ҳарду ҳамзабон буданду бо як забон эҷод мекарданд ва ҳадафашон низ зинда доштани таърихи форсҳо ва зикри ибратҳо барои ояндагон буд. Агар ёд накардани Байҳақиро аз Фирдавсӣ ба ихтилофоти мазҳабӣ вобаста донем, боз ҳам хато кардаем, ки ӯ аз таассуб фарсахҳо дур асту нисбат ба касе бадбинии мазҳабӣ надорад. Чунонки худ гуфтааст: "Ва дар таърихе, ки мекунам сухане наронам, ки он ба таассубе ва тазйиде кашад ва хонандагони ин тасниф гӯянд: "Шарм бод ин пирро". Балки он гӯям, ки то хонандагон бо ман андарин мувофиқат кунанд ва таъне назананд".

Аз Дақиқӣ, ки ӯ нахустин сарояндаи "Шоҳнома" буд ва ҳазор байт дар бораи достони Гуштосб ва зуҳури Зардушт сурудааст ва ҳатто  пеш аз Фирдавсӣ умр ба сар бурдааст аз ӯ низ Байҳақӣ ёд мекунад: "Ва он чи Дақиқӣ гуфтааст, бар асари ин фусул низ набиштам то хонандагони ин таърих чун бад-ин ҷо расанд ва бар ин воқиф шаванд, фоида гиранд. Ва пас аз ба сари таърихи рӯзгори султони шаҳид Масъуд, раҳмату-л-лоҳи алайҳ, боз гардам то аз он ҷо, ки расида будам ва қаламро бидошта, оғоз карда ояд, иншоаллоҳу азза ва ҷалла. Дақиқӣ гӯяд, шеър:

Зи ду чиз гиранд мар мамлакатро,

Яке парниёнӣ, яке заъфаронӣ".

Инчунин аз шоири машҳури араб Мутанаббӣ, ки маддоҳи Абулҳасан Алӣ ибни Абдуллоҳ мулаққаб ба Сайфуддавла, ки бунёдгузори давлати Ҳамдонӣ буд аз ӯ низ ёд кардааст: "Ва амирони гарданкаш бо ҳиммати баланд, ки суханро хазинадорӣ кардаанд ва ба мо наздиктар Сайфуддавла Абулҳасан Алӣ аст, нигоҳ бояд кард, чун марде шаҳм (боҳашамат -А.Ҷ.) ва кофӣ буд ва ҳама ҷидди (кӯшиши -А.Ҷ.) маҳз Мутанаббӣ дар мадҳи вай бар чи ҷумла сухан гуфтааст, ки то дар ҷаҳон сухантозӣ аст он мадрус (кӯҳна -А.Ҷ.) нагардад ва ҳар рӯз тозатар ва номи Сайфуддавла бад-он зинда мондааст…"

Пас чӣ ангезае монеи ёд намудани Фирдавсию "Шоҳнома" шудааст?

Шояд дар асри Ғазнавиён ва солҳои наздик ба он бо мулоҳизаи сиёсати ҳамон рӯзгор касе намехост ё наметавонист Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-ро ба забони қалам биовард.

ПАЙНАВИШТ:

1. Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). -Душанбе: "Шуҷоиён", 2010.     

2. Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ. Донишномаи забон ва адабиёти форсӣ. Ба сарпарастии Исмоили Саодат. -Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ. Ҷилди дувум, 1386.

3. "Таърихи Байҳақӣ" таснифи Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн Байҳақии Дабир. Ба кӯшиши Халил Хатиби Раҳбар. Дар се ҷилд. -Теҳрон: Маҳтоб, 1386.

Абдулаҳадов Ҷумъахон н.и.ф.,

 устоди факултаи забонҳоиОсиё ва Аврупои ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97