Вокуниш бар "Њалол" - у "њаром"

Иҷтимоъ 01.05.2013 19:00

halolu haromАссалому алайкум кормандони њафтаномаи "Миллат"

Дар шумораи №13 (395) аз 27.03.2013 маќолае зери сарлавњаи "Њалол"-у "ња-ром"-ро Тољикистон акнун људо мекунад" чоп шуда буд. Аз ин ки маќомоти Тољикистон меъёрњои расмии мањсулоти њалолро тањия намудааст, бисёр кори хуб ва писандида мебошад, зеро ба ин восита пеши роњи мањсулоти њароме, ки аз хориљи кишвар ба Тољикистон ворид мегарданд гирифта, мешавад.

 Бо ин маќсад ман рамзњоеро ба ин маќомот пешнињод менамоям ва хоњиш менамоям, ки маќомоти мазкур сари ин рамзњо тањќиќот гузаронида, натиљаи онро тавассути матбуот ба мардум бифањмонанд. То љое, ки медонам дар таркиби кадом мањсулоти истеъмолї, иловагињо (индигрент) тањти ин рамзњо бошанд, истеъмоли он мањсулот барои мусалмонон ва дар умум барои башарият эњтимолияти хатар дорад. Чун ин рамзњо ба доштани равѓани хук ва дигар ашёи зиёновар ва ё таъсироташон барои инсоният номаълум дар таркиби мањсулоти содиршуда далолат мекунад.

Инак рамзњоро барои баррасї ва тадќиќу тањлил пешнињод менамоям:

Е. 142, Е. 152, Е.153, Е.210, Е. 213, Е. 214, Е. 226, Е.234, Е. 252, Е. 270, Е.280, Е.325, Е.326, Е.327, Е.335, Е.336, Е.337, Е.420, Е.431, Е.432, Е.433, Е.435, Е.436, Е.442, Е.470, Е.471, Е.472, Е.473, Е.474, Е.476, Е.477, Е.489, Е.491, Е.492, Е.493, Е.494, Е.495, Е.542, Е.550, Е.570, Е.572, Е. 591, Е.631, Е.632, Е.633, Е.635, Е.904.

Маќомоти муњтарам, он чи дар зиммаи ман буд, анљом додам, тањ-ќиќу тањлил ва баррасии рамзњои мазкур дар зиммаи шумост. Худованд шуморо дар ин коратон муваффаќ гардонад.

         Бо камоли эњтиром  

Инъомуддин Шодизода н. Ќубодиён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97