Эй, раисону вакилону вазирон! Чаро ақиб мондаем?!

Иҷтимоъ 24.04.2013 20:10

CHaro aqibЧанде қабл мақолаи ҷомеъашиноси шаҳир, марҳум устод Тоҳири Абдуҷаббор таҳти унвони "Чаро мо ақиб мондаем?" дар нашрияи "Миллат" интишор шуд. Устод бо далоили росих чанде сабабҳои қафомондагӣ ва иллатҳои суст рушд кардани ҷомеъа, махсусан соҳоти иқтисодӣ ва хадамотии кишварро ироа кардааст.

 Бо такия бо ин далоил таҳлилгарону ҷомеъашиносон, инчунин мутахассини соҳаи иқтисод ва хадамотро зарур буд, ки дар мавриди мушкилот ва сабабу иллатҳои дигари ҷомеъа андешаҳои хешро ба қадри тавон баён медоштанд, то кумаке мешуд дар боз намудани уқдаи камбудиҳои кишвар. Чун дигар инро ҳам атфол медонанд, ки дар ҳама бахшҳо камбудию фасоду ришвахорию фиребу найранг ҷой дорад. Ин дигар муҳим нест. Муҳим пайдо намудани решаи дард аст. Вале ҳайҳот, моро одат ин аст, ки болои масоили ҷиддӣ ва барои ҷомеъа зарур беэътиноӣ меварзем ва вақти гаронмояи худро сарфи баҳси мавзуъҳои ҷузъӣ ва идеологию ақидатӣ мекунем. Майдони фарохи шабакаҳои иҷтимоъии Интернет, ба вижа шабакаи иҷтимоъии Фейсбук, ки макони мубоҳасаи ҳамин гуна проблемаҳои мубрам ва ҷиддист, натавонистаем аз он ҳам ба манфиъат истифода бикунем. Мавзуъи мазкур он ҷо кошта шуд, вале касе ҷуръати андешаронӣ накард. Ин дар ҳолест, ки ҷомеъа гирифтори даҳҳо анвоъи мушкилот ва норасоиҳост. Мехостам бори дигар инони таваҷҷуҳи таҳлилгарони муҳтарамро сӯи мавзуъи баҳси "Чаро мо ақиб мондаем?", бикашам. Зеро перомуни ин мавзуъ андешидан ва хулосабарорӣ кардан хеле муҳим ва ба ҷо ба назар мерасад. Аз мутолиъаи андаки хеш тавассути ҷароид ва дигар васоити хабаргузорӣ натиҷаам ин шуд, ки қаламбадастону таҳлилгарон ва дар маҷмуъ онҳое, ки худро ба гуруҳи андешамандон шомил медоранд, ҳангоми коштани мавзуъҳои муҳим, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва хадамотӣ мегурезанд, ё чанд ибора ё ҷумлае ба касолат иброз медоранду бас. Аммо ҳини ба миён гузоштани мавзуъоти хусусиятҳои баҳси динӣ, ақидатӣ ё қавмию мазҳабӣ ва забонӣ дошта, гӯё дубора ҷон дар баданашон нафх гашта, бо тамоми ниру ба баҳсу мунозара мепардозанд ва баҳсро то сарҳади дашному ҳақорати ҳамдигар мерасонанд. Ҳатто одоби баҳсро риоят намекунанд. Акнун асли мақсад ин ҷост, ки чаро дар мавзуъҳои муҳим аз қабили масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ ҳарфе барои гуфтан надорем? Чаро? Чаро ҷуръате надорем, ки ҳар кадом ҳадди ақалл як иллати қафомондагиро рӯи сафҳа бикорем? Сабаб дар чист? Оё саводамон андак аст, ё кадом сабаби дигар? Чаро ин ҳама ниҳодҳои таълимӣ натавонистаанд шогирдоне тарбия бисозанд, ки оид ба дастовардҳои навини хадамотӣ ва технологӣ баёни андеша кунанд? Ва боз даҳҳо суол аст, ки дар зеҳнҳо хутур мекунад.

Яке аз сабабҳои аслии қафомондагӣ ин ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар таълиму тарбия ва шеваҳои нодурусти омӯзиш дар сохторҳои маъорифи кишвар аст. Чун кормандони ҳама сохторҳо таҳсилкардагони макотиб ва донишгоҳу донишкадаҳои ҳамин ниҳод маҳсуб меёбанд, онҳо ки аз осмон намеуфтанд. Вақте ки муаллим аз шогирди мактаб ба ҷойи дониш пул тамаъ мекунад дар оянда аз чунин шогирд, ки шомили шуғл дар сохторе гардад, чиро бояд интизор буд? Мавлавӣ дар ин маврид мефармояд:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Ё худ ҷойи дигар меорад:

Ин ҷаҳон куҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Ибни Ямин менигорад: "Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор, ки гар хор корӣ, суман надравӣ".

Эрод аз ҷониби муъовини вазорати маъориф дар мавриди нокифоятии далел дар навиштаҳо ёдам омад: "Аксаран, ҳатто одитарин мафҳумҳои соҳа, маъмултарин асноди марбут ба таълиму тарбияро намедонанд, омиёна, сарсарӣ, дар такя ба овозаҳо сухан мегӯянд ва ба ҳадди ақал, барои асосмандкунии навиштаҳояшон ба идораҳои дахлдор занг намезананд, аз маданияти гуфтор ва одоби навиштор низ начандон бархӯрдоранд". Дар ҷомеъаҳои мутамаддин ва пешрафта овардани далелу бурҳон дар бобати ҷой доштани камбудиҳо ниҳоят душвор аст, чаро ки он ҷо қариб, ки фасоду ришвахорӣ вуҷуд надорад ва аҳёнан ба чунин аъмоли шанеъ даст мезананд, аз ин лиҳоз мушкил аст овардани факту далел дар мавриди камбудиҳо. Бар хилофи ҷомеъаҳои қафомонда, ки фасод накардану ришва наситондан кори нодир ҳисоб меёбад. Ин ҷо дигар зарурат ба далел ҷустан намемонад, хусусан дар сохторҳои омӯзишӣ. Ҳар кас метавонад факту рақамро оид ба норасоиҳо на аз вазорати маъориф ва на аз омӯзишгоҳҳо, балки бевосита аз касони хонаводааш, ки дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, ба даст биёрад. Дар муддати панҷ сол барои хатми як донишҷӯ чӣ миқдор пул сарф мешавад? Тахминан аз 10 то 15 ҳазор доллар масраф мешавад, аммо дар баробари ин масруфот донишҷӯ аз донишгоҳ чӣ мегирад? Албатта савод не, балки як "обложка" ва халос. Нуктаи муҳим ин ҷост ва андеша болои ин нукта сахт зарур аст. Панҷ сол ба вуҷуди масрафи маблағ ва муҳимтар аз ҳама вақт аст, ки агар аз потенсиали нируи ҷавонӣ истифода нашавад, дигар ҳама имкониятҳо барои тамоми умр аз даст хоҳад рафт. Даҳҳо факту далели дигар метавон овард, бе занги телефон ба идораҳои дахлдор. Ё агар рафту журналисте бо шумо дар тамос шавад, аз ҷузъитарин камбудҳои худ хоҳед гуфт? Ду ё се сол қабл худ бевосита шоҳиди аз Донишкадаи нақлиёт хориҷ кардани ду донишҷӯи ҷавон, ки аз наздикони ман маҳсуб мешаванд, будам. Акнун дар бораи хориҷ кардани онҳо ҳарфе намегӯям, чун медонам хориҷ карданашон низ беасос аст. Дар оғози курси дуввум баъди ситондани маблағи хониш, ду моҳ пас аз донишгоҳ ронда шуданд. Суол ба масъулони донишгоҳ ва бевосита ба масъулони вазорати маъориф ин аст, ки чаро қабл аз супоридани маблағ хориҷ карда нашуданд? Ё худ чаро маблағи онҳоро барнагардонданд ва барнамегардонанд? Ё мебахшед дар донишгоҳу донишкадаҳо бахши "рекетӣ" ташкил шудааст?

Дигар аз иллатҳои қафомондагӣ ин аст, ки ҳар кору амал мувофиқ ба шахси муносиби соҳиби амал вогузор карда нашудаанд. Яъне маънӣ ин аст, ки ҳар фарде мувофиқ ба истеъдоду қобилияти худ амалу мансаби худро интихоб накардааст. Ба наздикӣ 90 фисад афроде дар курсии ҷоҳу мансаб нишастаанд, ки бидуни ҳеч шаку тардид шоистагии он ҷойгаҳро сазовор нестанд. Дар ҳама бахшу соҳот. Файласуф забоншиносӣ мекунаду рӯзноманигораш фақеҳӣ. Боз ёдам навиштаи муъовини вазири маъориф ҷаноби Фарҳод Раҳимов омад, ки нигошта буд: "… ҳамакнун замоне фаро расида, ки журналистони соҳавӣ, аз ҷумла, дар соҳаи маъориф ба камол расонида шаванд". Аҷиб аст, шахсе, ки қариб масъулияти як ниҳоди муҳими кишвар ба дӯши ӯст, ақида дорад, ки гӯё навиштан танҳо кори журналист аст. Баръакс, дар ҷомеъаҳои пешрафта ва демукросӣ ифшои камбуду норасойиҳои ҷомеъа кори ҳама қишри аҳолист, чун дар сохти демукросӣ давлатро бояд мардум идора кунад ва дар маҷмуъ рӯи коғаз овардани камбудиҳо на танҳо кори журналист, балки кори таҳлилгарон ва ҷомеъашиносон аст. Дар мавриди ин ки журналисти соҳавӣ тайёр кард. Тӯли солҳои истиқлол, анқариб чор насл донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуданд, агар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ истисно шавад, се насл. Пас чаро дар ин муддат журналисти соҳавӣ тайёр накардед? Магар ин ҳам айби донишгоҳу донишкадаҳои вазорат нест? Ман ҳам, ки сарсарӣ ва бепоя менависам, низ хатмкардаи донишгоҳҳои шумоям. Миннат худойро, ки таҳсили илм дар мактаби миёнаи аҳди шӯравӣ насибам гашт, вагарна ин чанд ҷумлаи хому хаталаро низ гуфта наметавонистам. Вой бар ҳоли насле, ки таълиму тарбияи шӯравиро надида.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97