Малахҷанг, дурӯғ ва бебаракатӣ

Иҷтимоъ 22.04.2013 14:24

Ё он қадар дурӯғ гуфтем, ки …

malakhХулқи хуш яке аз омилҳоест, ки дар ҳар давру замон писандидаю арзанда. Аз ин рӯ гузаштагонамон ҳамеша таъкид бар он кардаанд, ки ҳар яки мо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро фаромуш накунем. Ҳар фарде, ки кору рӯзгори худро дар асоси ахлоқу одоби шоиста ба роҳ мемонад, албатта саодати рӯзгор насибаш мешавад.

Ҳар чиз ба худ рақибе доштааст. Яке аз он омилҳо ё аъмоли ношоистае, ки дар муқобили ҳамаи фаъолиятҳои неки мо истодааст, дурӯғ ва дурӯғгӯӣ буда, бузургони ҷаҳон аз гузашта то ба имрӯза ин рафтори нангинро маҳкум менамоянд.

Бо вуҷуди он, ки дурӯғгӯӣ дар ҳеч давру замоне барои ҳеч касе раво нест, то ба имрӯз дар вуҷуди одамон боқӣ монда то ба дараҷаи гуруҳу ҷамъиятҳои калон касб шудааст. Агарчанде, ки қонунҳои шариат ва санаду аснодҳои воқеъии кишварамон амал кардани дурӯғро манъ кардаанд, бархе аз одамону гуруҳҳо бе истифодаи дурӯғ зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд.

Аз суҳбати чанде аз занҳо:

- Мо дар оила 5 нафарем, худам, ҳамсарам ва 3 нафар фарзандонам. Як халта ордро ду маротиба хамир мекунам, дар чор рӯз тамом мешавад.      Ҳамсӯҳбати дуюмаш мегуфт:

- Мазаам нест, дар як рӯз (тасаввур кунед !) дар як рӯз, яъне дар ним шабонарӯз) 4 маротиба капелнитсаю 5 (укол) сӯзандору гирифта, худро табобат кардам.

Сеюмин низ илҳомаш омада, чун дигар рӯзҳои муқаррарӣ ба сухан оғоз мекунад:

- Ҳаво ҳамин қадар хунук аст, ки дар як рӯз 25 маротиба алов мекунам, хона гарм намешавад...

Шояд ҳамин бехудона гуфтаҳои волидайну ҳамсоягон ва кӯчаю маъракаҳо таъсир кардааст, ки имрӯз аз хурд то бузург, аз кӯдаки ҳанӯз ба мактаб нарафта, то вазиру дабир ва ҳоҷию муфтиҳо дурӯғ мегӯем. (Албатта на ҳама, шукрона, ки ҳастанд одамони поквиҷдону вазирони боадолат ва ҳоҷиёну занҳои фариштахӯйе, ки гумон мекунам ба хотири рафтору кирдори онҳо ин замину замон барқарору осудааст. Ва агар на Худованди боҳикмат муҷозоти дурӯғгӯйиҳоямон дар як рӯз Заминро ба чанд бало гирифтор хоҳад кард.)

Акнун натиҷа чунин шудааст, ки дар хонаю кӯча, дар маҷлису маъракаҳо, дар тӯю маросимҳо, садою симо, рӯзномаю маҷаллаҳо ва суҳбату маҳфилҳо дурӯғ мегӯем.

Он қадар ба дурӯғгӯӣ одат кардаем, ки кас гумон мекунад, ки дурӯғ рост бошаду рост дурӯғ.

Ба замину осмон ва ҳар сангу чӯб маълум аст, ки баъди пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ нарху навои молу мавод чанд дараҷа боло рафту мансабдоре дидаю дониста дурӯғ мегӯяд, ки баъди ба истифода додани нуқтаи пулчинӣ дар роҳи номбурда нарху навои маводи рӯзгори мо арзон шудааст.

Дар барномаҳои мухталифи садою симо низ дурӯғгуӣ ба суръати бемайлон идома дошта, рӯзро шабу талхро ширин мегӯянд.

Аз бозе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" қабул карда шуд, хароҷот чанд маротиба зиёд шудааст, аммо ҳам мутахассисону масъулон, раисони маҳаллаю ҷамоатҳо ва дигар мақомоти дахлдор дар баромаду суханрониҳои қолабияшон таърифу тавсифро аз дараҷаи иғроқ ҳам мегузаронанд.

Ё худ раиси хоҷагии деҳқоние, ки барои ташкил кардани хоҷагияш сабабу омилҳои зиёде сади роҳаш шуда, бо сад баҳона муҳлати ташкили хоҷагияшро аз 2 то 4 сол кашол дода буданд, ҳанӯз аз зери бори гарони қарзҳои гуногун набаромада, мегӯяд, ки аз ҳисоби сарфаю сариштакорӣ ва ёрию мадади раиси ассотсиатсия, раиси ҷамоат, раиси ноҳия ва боз чанд амалдори мақомотҳои дигар нақшаи истеҳсоли солонаро 150 % иҷро кардааст.

Аз нуқтаи назари дигар ба ҳисоботҳои оморию мансабдорони соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намоем, хурсанд шудан мумкин аст, ки ҳар рӯз садҳо корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад, ки на танҳо мардуми бекори Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин мешаванд, балки аз хориҷа низ коргарони кирояро ба ин ҷо даъват кардан лозим меояд. Ва чун рӯйхати муҳоҷирони меҳнатии барои кор ба хориҷ аз кишвар мерафтаро мебинему ҳар рӯз гуруҳ-гуруҳ рафтани онҳоро шоҳид мешавем, ки ин ҳама дурӯғ будаасту худситоию хушомадгӯии муқаррарии мансабдорону мутассадиён будаасту бас.

Он қадар НБО-ҳои хурде дар саросари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, ки аз рӯи иқтидори истеҳсолии онҳо тамоми марзу буми деҳоти ҷумҳурӣ ва корхонаҳо бо барқи доимӣ таъмин гардида, дар ҳолати ба истифода додани НБО- и Роғун нируи он фақат барои фурӯш ба кишварҳои хориҷӣ зарур асту халос.

Он қадар боғу ҷангалзорҳои зиёде бунёд кардаем, ки масоҳати умумии онҳо аз масоҳати умумии ҷангалистонҳои анбуҳи Русияву Амрико зиёдтар аст.

Ҳар сол ин қадар ғаллаю меваҳое истеҳсол мекунем, ки аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти ҳисоботҳои раисони хоҷагиҳо, ки ҳисоботҳои омори аз рӯи онҳо тартиб дода мешаванд, ҳаҷми умумии истеҳсоли як солаи он барои даҳсолаҳо басанда буда, нарху навои онҳо рӯз аз рӯз поён меравад. Азбаски ин ҳисоботҳо дурӯғ аст, боз мебинем, ки ғаллаю орди зиёдеро аз Қазоқистону Русия ва меваю дигар маводи заруриро аз Чину Покистону Ирон меоварем.

Агар аз кӯдаке, ки ҳанӯз чи будани дурӯғро намедонад, намояндаи омор ё ягон мақомоти дигари дахлдор пурсон шавад, ки чанд сар бузу гӯсфанд ё гову асп доранд, бе ғалату бе дурӯғ саршумор ва рангу намуди ҳамаро бе хато қоил мешавад. Ва дар ҳамин вақт падар ё модари он кӯдак, ки нав аз рӯи ҷойнамоз хеста омодааст, айнан ҳамин саволро диҳанд, ҳатман дурӯғ гуфта, ба ҷои 10 сар гов 1 сару ба ҷои 20 сар бузу гӯсфанд 3-4 сар моли майда дорем, мегӯяд.

Агар мутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пеш аз оғози ягон тӯйи хонадоршавӣ падар ё модари арус ё домодро пурсон шаванд, ки чӣ қадар молу мавод харҷ кардан мехоҳанд, ҳатман дурӯғ мегӯянд, ки ҳеч сарфу харҷи беҳуда накардаанду чунин ният ҳам надоранд. Пасон бо сабабҳои гуногун маълуму ошкор мешавад, ки ҳарду тараф ҳам нишондодҳои қонуни мамлакат ва шариатро поймол карда, хароҷоти зиёди булҳавасонаро амалӣ сохтаанд.

Ҳамин тавр дурӯғгӯӣ дар ҷомеаи мо реша давонда барои ҳар кас ҳар гуна сабабу маром касб кардааст. Агар барои баъзеҳо одат шуда бошад, барои тоифае чун намаки хӯрок лаззату кайфиятбахш шудааст. Дар ин миён гуруҳу тоифаи дигаре дурӯғро ҳамчун восита моҳирона истифода бурда, соҳиби мансаби дилхоҳ низ мешаванд.

Дар замоне ки пешрафти илму технология ҳар рӯзу ҳар дақиқа натиҷаҳои самарабахши худро собит намуда, мардумону мамлакатҳои тараққихоҳ дар соҳаҳои мухталиф пеш рафта истода аз дурӯғгӯйиву макр канорагирӣ мекунанд, мутахассисону амалдорони мамлакати мо ҳарчи бештар дурӯғу воҳимаҳоро касб карда, бо далел овардани садҳо баҳона ба пешрафти ҷомеа, иқтидори иқтисодӣ, маънавиёти мардум ва буҷаи мамлакат зарари калоне ворид месозанд.

Дар бисёре аз мамлакатҳои тараққихоҳу муқтадир, ки сари кор шахсиятҳои арзандаю дилсӯз ва ватанпарасту миллатдӯстро ҷо ба ҷо гузоштанд, бисёр масъалаҳои буҳронию таъҷилиро сари вақт бе овозаю воҳима аҳлонаю муттафиқона ҳаллу фасл намуда, қадам ба қадам ва зина ба зина дар пешрафту тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар кишвари мо бошад, амалдорону мансабдорони бо воситаи ришваю чоплӯсӣ сари қудрат омада, фаромӯш кардаанд, ки замони феодалию мардумфиребӣ кайҳо гузаштаю дар қарни ХХ1 мавҷҳои нави ҷаҳо-нишавӣ бо хавфу хатарҳои гоҳе аёну гоҳе ноаёни худ пояи устувори давлату миллатҳои зиёдеро ба ларза овардааст. Ва агар чунин нест, чи ҷойи гапу воҳима аст, ки чанд сол боз дар мавсими баҳорон дар қисмати ҷанубии мамлакат ба муқобили ҳуҷуми малах (на ҳуҷуми идеологию технологӣ ва на ҳуҷуми техникаҳои пуриқтидори заминию ҳавоии ягон мамлакати хориҷӣ) истодагарӣ карда натавониста, аз буҷаи мамлакат маблағҳои зиёде сарф шуда истода, дар гузоришҳои пайдарҳами васоити ахбори умум "муваффақияту дастовардҳои фидоиён"-и соҳаҳои дахлдор тараннуму тарғиб мешаванд.

Ин фақат яке аз он далелҳои хурду назарногири дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи мо ҷой дошта мебошад, ки реша дар заминаи тақаллубу коршиканиҳои муқаррарӣ ҷой дорад. Ҳоло, ки дер нашудааст, пешгирии сирояти ҳама гуна амалу рафторҳои ношоистаи ҷомеа шарт ва зарур аст.

Дар фитрати ту фурӯғ   бошад,

Дур аз бари ту дурӯғ бошад.

Дар тинати ту дурӯғ бошад,

Дур аз бари ту фурӯғ бошад.    

             

Гар фурсати умр бефурӯғ аст,

Ҳар лаҳзаи умр бо дурӯғ аст.

Осоиши зиндагӣ фурӯғ аст,

Ҳам файзу нишот аз фурӯғ аст.

 

Субҳи шараф аз фурӯғ бошад,

Фатҳу зафар аз фурӯғ бошад.

Сад дому дад аз дурӯғ бошад,

Ҳар кори бад аз дурӯғ бошад.

 

Ранҷу ситам аз дурӯғ бошад,

Фақру алам аз дурӯғ бошад.

Ашки қалам аз дурӯғ бошад,

Асли адам аз дурӯғ бошад.

 

Паймону вафо аз фурӯғ аст,

Ҳам сулҳу сафо аз фурӯғ аст. 

Кошонаи макр аз дурӯғ аст,

Дарёи сахо аз фурӯғ аст.

Имомалӣ Табаралӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97