Ғазна: Ҳазор сол пас аз Султон Маҳмуд ва Фирдавсӣ

Иҷтимоъ 20.04.2013 14:43

ghazni 2Ғазнин шаҳри шукуҳмандест, ки дар мақтаъе аз таърих қисматҳои бузурге аз қораи Осиё аз инҷо фармон мебурд.

Ин диёр бо номи Маҳмуди Ғазнавӣ таркиби фаромушнашуданиеро дар зеҳни таърих сохтааст. Дар даврони Маҳмуд, Ғазнин ба унвони бузургтарин маркази ҷаҳони ислом шинохта мешуд. Инак пас аз ҳазор сол бори дигар номи некӯи ин шаҳр бар сари забонҳост ва унвони маркази фарҳангии ҷаҳони исломро камоӣ мекунад.

Ҳама ононе, ки бо таърих ва фарҳанг машғуланд ба азамати таърихии ин шаҳри бостонӣ иқрор доранд. Умедворем шаҳри Ғазиниро имсол аз чашмандози Фаррухи Сиистонӣ бубинем.

Ҳар ваҷаби ин хок хотираи ҷовидонаеро дар зеҳни таърих тадоъӣ кардааст. Мо баргеро аз ин фарҳангсарои бузург бардоштаем, то руйкарде ба як рӯйдоди ҷолибе аз он дошта бошем. Ин барг хотироти Фирдавсиро дар зеҳни мо зинда месозад. Хотироти шоъири бузург ва ҳакими сутургеро, ки дигар модари гетӣ назирашро назоид.

Бегумон, ки бузургтарин шоъири забони форсӣ - Фирдавсӣ ва бартарин асари адаби ҳаммосӣ дар забони форсӣ "Шоҳнома"-и ӯст.

Ин шоъири шаҳир асари фанонопазири хешро дар шаҳри шукуҳманди Ғазнин ва дар зери парчами Султон Маҳмуд суруд ва ба пояи камол расонд. Пас Маҳмуд ва Ғазнин ва "Шоҳнома" ва Фирдавсӣ аз ҷумлаи мақулоте ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам дар зеҳн тадоъӣ мешаванд ва сухан аз яке ёди дигареро низ зинда мекунад.

Ҳоло ки баҳси Ғазна ва он азамати таърихӣ ва ҷойгоҳи фарҳангии пешини он матраҳ аст, баҷо аст, ки аз онҳое, ки ному осорашон Ғазнаро шауҳраи офоқ кард ёд кунем, ки яке аз онҳо бидуни шак Фирдавсӣ аст. Шоъири бузургтарин ҳаммосаи форсӣ, ки дар охир умри миёнааш бо бузургтарин шоҳи давронаш шакароб шуд.

Фирдавсӣ дар Тус ба дунё омад ва ҷозибаҳои фарҳангиву сиёсии Ғазна ӯро ба ин диёр кашонд.1015 сол пеш аз имрӯз дар соли 995 мелодӣ, ки мусодиф буд бо соли нишастани Маҳмуд бар тахти салтанат, Фирдавсӣ ба Ғазна расид ва то шаш сол дар ин шаҳр ба сар бурд.

Ба ҳамон андоза, ки Фирдавсӣ бо афсонаҳо ва ривоят сару кор дошт, зиндагии худи ӯ низ дар ҳолае аз ин афсонаҳо печид, то ҳадде ки бархеҳо ӯро як шахсияти афсонавӣ ангоштанд.

Трагедияи зиндагӣ ва марги Фирдавсӣ қобили санҷиш бо трагедияҳои офаридаи худи ӯст. Ҷавонии дар нозу танаъ-ъум, истодагӣ дар баробари лаъну нафрину бедод ва пас аз ин ҳама заҳмат ҳасодату рақибону бадгӯӣ дар ҳаққи ӯ, баргашт ба зодгоҳи худаш, рӯзи марги ӯ, ки силаи Маҳмуд низ дар он рӯз фаро мерасад ва пас аз ин марг, ки ҷанозаашро иҷозаи дафн дар гӯристони муслимин намедиҳанд, ҳама ба ғамангезии трагедияҳои бузурги ҷаҳон аст.

Афсонаҳои зиндагии Фирдавсӣ

Чаро чунин афсонаҳое дар бораи ин шоъир пардохта шудааст. Чаро қадри Фирдавсӣ шинохта нашуд ва ин шоъир чаро Ғазнаро тарк кард? Инҳо ҳама саволотеанд, ки аз ҳамон оғоз то кунун ҳаводорони Фирдавсӣ ва мухолифони Султон Маҳмуд ҳазорон сафҳаро дар посух ба ин саволот сиёҳ кардаанд. Ва инак ман аз зовияи дигар чанд сатре ба он меафзоям.

Нахустин манбаъе, ки дар бораи ихтилофи назари Маҳмуд ва Фирдавсӣ сухан гуфтааст, "Таърихи Сиистон" аст. (Оғози таълиф 445 ҳиҷрӣ) Дар ин китоб омадааст, ки "Шоҳнома"-ро ба Маҳмуд арза карданд, магар мавриди қабули Маҳмуд воқеъ нашуд.

Фирдавсӣ қавли Султонро такзиб ва аз дарбор берун шуда, Ғазнинро тарк кард. Аммо бо як диди шитобанда метавон ба ин натиҷа расид, ки қавли нависандаи таърихи Сиистон дар бораи гуфтугӯе, ки дар дарбори Маҳмуд, миёни Фирдавсӣ ва Маҳмуд иттифоқ уфтода ва муҷиби фарори Фирдавсӣ аз Ғазна шудааст, қобили таъаммул аст.

ferdowsi Фирдавсӣ ва Султон Маҳмуд

Нахустин касе, ки ҳаҷвномаи Фирдавсӣ дар ҳаққи Маҳмудро оварда Низомии Арӯзии Самарқандӣ аст. Ба гуфтаи ӯ ҳаҷвнома 100 байт буда, ки подшоҳи Табаристон онро аз Фирдавсӣ харида ва ба об шуста ва аз он танҳо шаш байт боқӣ мондааст.

Пас аз ин аст, ки мудофеъони Фирдавсӣ мехоҳанд аз Маҳмуд интиқом бикашанд ва ҳамон 100 байт ҳаҷвияи Фирдавсӣ дар ҳаққи Маҳмудро бозгӯянд.

Аммо ин ҳаҷвияи ба Фирдавсӣ нисбатдодашуда аз 100 байт гузашта ва то 150 байт расид. Чунон, ки дар муқаддимаи миёнгии "Шоҳнома" 25 байт шуда, дар муқаддимаи "Шоҳнома"-и Бойсунқурӣ 119 байт ва дар "Шоҳнома"-и Умед Баҳодурӣ , чопи Теҳрон ба 150 байт расидааст.

Теъдоде аз шоҳномашиносон ба нисбат додани ин ҳаҷвия ба Фирдавсӣ ҳам иктифо накарда, худ лаб ба накуҳиши Маҳмуд гушудаанд ва ӯро гоҳе шахси китобсӯз, вайронгар, ношоиста, бефарҳанг ва сияҳкор қаламдод кардаанд. Ва гоҳе ӯро баднажод, мутакаббир, худписанд, дастнишондаи Хилофати бағдод ва ин ки ӯ дину имони дурусте надошта ва ба румузу дақоиқи шеъри форсӣ намефаҳмидааст, хондаанд. Ва боз ба ғуломборагӣ ва ҳариси ҷоҳу мол ва суистифода аз дину камфарҳангӣ ва ғуломзодагӣ ва бетаборӣ сифаташ кардаанд.

Дар ҳоле, ки як нигоҳи гузаро ба таърих нишон медиҳад, ки Султон Маҳмуд аз ин гуна иттиҳомот барӣ аст.

Ӯ Султоне номовар ва шоъирнавоз ва фарҳангдӯст аст ва таъассуботи мазҳабӣ дар назди ӯ рангу равнақе надорад.

Агар ӯ гуфта буд, ки "Ман аз баҳри қадри аббосиён ангушт дар кардаам дар ҳама ҷаҳон қарматӣ меҷӯям ва ончӣ ёфта ояд ва дуруст гардад ба дор мекашам" дар ҷавоби халифаи Бағдод ва аз баҳри он халифа буд.

Аммо дар амал ӯ ҳамон қарматии дарбори хешро, ки хилофати Бағдод аз ӯ ва робитааш бо фотимиёни Миср дар ғазаб буд, низ ҳифз ва ҳиросат кард. Ҳамлаи ӯ ба Рай бо ангезаи аслии саркӯби мухолифони буяҳиаш буд, на куштори шиъаён.

Ӯ барои Ғазоирии Розӣ, шоъири шиъамазҳаб аз Ғазна ба Рай подош мефиристод ва хоҳари хешро ба ақди никоҳи сипаҳбуд Шаҳриёр аз мулуки Табаристон, ки шиъамазҳаб буданд дароварда буд. Ононе, ки ба Маҳмуд душманӣ меварзанд ба гуфтаи Дабир Сиёқӣ Фирдавсиро василаи ҳамла бар ӯ набояд қарор диҳанд.

Аз сӯйи дигар, Фирдавсӣ инсоне баландҳимат, бо маноъати нафс, сабур ва бурдбор, дар баробари фақр ва тангдастӣ муқовим ва душмани ҳирс буд. Бо ин сифоти ӯ, ки аз саросари "Шоҳнома"-аш ҳувайдост, чигуна мешавад, якбора ба марди озманде бадал шавад.

Ва инак гӯё Фирдавсӣ "Шоҳнома"-ро дар баробари ҳар байт як динор бо дарбори Султон Маҳмуд қа-рордод баста буд, як шоеъа ва як иттиҳоми нораво дар ҳаққи ин шоъири бузург аст.

Мо дар саросари таърихи якҳазорсолаи забони форсӣ чунин қарордодеро надидаем, ки миёни шоҳу шоъире ақд шуда бошад.

Фирдавсӣ Маҳмудро бо сифот, шаҳаншоҳи гарданфароз сутудааст:

Чун ӯ шаҳриёре наёмад падид,

Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид.

Ва шоҳи бузург ва одил, ки аз адли ӯ мешу гург ба обишхӯр меоянд. Дар маҷлиси базм, офтобу моҳ ва дар рӯзи разм тезчангу аждаҳост. Чунон бахшандааст, ки динор хор аст дар чашми ӯ ва ба каф абри баҳман ва ба дил руди Нил аст.

Фирдавсӣ дар 33 ҷой аз "Шоҳнома" Султон Маҳмудро вориди мадҳ кардааст ва ӯро бо беҳтарин сифот сутудааст. Чигуна мумкин аст, ки якбора варақ бармегардад ва ҳамаи мадоиҳи хешро фаромӯш карда, лаб ба ҳаҷви Маҳмуд мегушояд? Барои Фирдавсӣ ин кор осонтар буд, мадоиҳи хешро аз "Шоҳнома" месутурд.

Ин масъала дуруст аст, ки Маҳмуд қадри Фирдавсиро нашинохт, чун аз Фирдавсӣ ба Маҳмуд шикоят карданд ва шоъир озурда шуд ва ба ватани хеш (Тус) бозгашт. ӯ дар "Шоҳнома"-и хеш овард, ки:

Чунин шаҳриёре ва бахшандае,

Ба гетӣ зи шоҳон дурахшандае

Накард андарин достонҳо нигоҳ

Зи бадгую бахт бад омад нигоҳ

Ҳасад бурд бадгӯй дар кори ман

Сияҳ шуд бар шоҳ бозори ман

Ва ин бадгӯй ҳам бояд аз синфи шоъирон бошад. Чун Фирдавсӣ бо кори шеър дар дарбори Маҳмуд таваққуъи вазорат надошт, мусалламан шеъри ӯ сабаб шуда буд, ки шоъир ва ё шоъироне бар ӯ ҳасад бибаранд ва аз ӯ дар назди султон бадгӯӣ кунанд.

Фирдавсӣ ба ҳар далеле, ки буд, аз шоҳ ранҷид ва раҳсипори зодгоҳи хеш шуд. Гумони мо бар ин аст, ки ӯ ба ҷуз аз ин се байт дигар лаб аз мадҳу зам фуру баст.

Агар иддаъо шавад, ки Фирдавсӣ фарзанди даврони худаш набуд, беҷо нахоҳад буд. Фақат пас аз марги ӯст, ки дигарон мехоҳанд ӯро фарзанди даврони худ бисозанд. Ки гӯё ӯ бо сурудани ҳаҷвнома аз Маҳмуд интиқом кашид, "Шоҳнома"-ашро ба касе дигар эҳдо кард ва аз дарборе ба дарбори дигар рафт ва аз ҳамин қабил.

Фирдавсӣ Маҳмудро ҳаҷв нагуфт ва бад-ин гуна аз он шоҳи бузург ва душманони хеш интиқом накашид. Ҳаҷвнома баъд аз марги ӯ падид омад ва дар ҳар замон ва тавассути ҳар шоъире байт ё абёте бар он афзуда шуд ва бо вуҷуди он ки аксари мардум медонанд, ин ҳаҷвия моли Фирдавсӣ нест, бо он ҳам нақли ҳар маҷлис шуд ва ин бузургтарин муҷозоте буд, ки шоҳе аз шоъире дид.

Юнус Туғён Сокоӣ устоди донишгоҳи Кобул, Би-би-сӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97