"Ҳалол"-у "ҳаром"-ро Тоҷикистон акнун ҷудо мекунад

Иҷтимоъ 06.04.2013 14:47

halal haramМақомоти Тоҷикистон меъёрҳои расмии маҳсулоти ҳалол ва забҳи исломии чорпоро таҳия кардаанд.

Боварнокарданист, вале Тоҷикистони беш аз 90 дарсади аҳолиаш мусалмон то ҳамагӣ як моҳи пеш меъёрҳои расмии маҳсулоти ҳалолро надошт, ки марзи байни “ҳалол”-у “ҳаром”-ро дар бозори маҳсулоти ғизоияш маълум кунад.

Муродалӣ Ашӯров, сухангӯи идораи давлатии “Тоҷикстандарт” ба Озодӣ гуфт, дар таҳияи меъёрҳои маҳсулоти ҳалол, ки дар оғози моҳи март тасвиб шуд, аз таҷрубаи кишварҳое, чун Русияву Малайзия ва Туркия истифода шудааст. Оқои Ашӯров афзуд, ҳар ширкате ки мехоҳад рӯи маҳсулоташ тамғаи “ҳалол” бизанад, бояд акнун аз ин идора иҷозати расмӣ бигирад: “Қабул шуд ва ҳанӯз як моҳ нашудааст, ки дар “Тоҷикстандарт” барои татбиқи ин меъёрҳо як бахши вижаеҳам таъсис ёфт ва дар он се нафарро, ки махсус дар Малайзияву Туркия таҷруба омӯхтаанд, ба кор гирифтанд.“

Ғизои ҳалол, яъне чӣ?

Дар зеҳни аксар ғизои ҳалол ҳамонест, ки аз гӯшти дасткуши чорвои ба таври исломӣ забҳшуда бошад. Вале меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ  фаротар рафта, маҳсулотеро “ҳалол” унвон мекунанд, ки дар таркибаш алкогол, гӯшт ё равғани хук, гӯшти ҳайвоноти дигаре, ки ба тариқи исломӣ забҳ нашудаанд, гӯшти ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ, маводи заҳрогин, барои мисол, рангҳое, ки аз ҳашарот сохта мешаванд, надошта бошад.

Мақомоти “Тоҷикстандарт” ҳам мегӯянд, меъёрҳои тасвибшуда вуҷуди маводи дигари мамнӯъ дар таркиби маҳсулот, барои мисол, вуҷуди равғани растанӣ ё чарби ҳайвон ё желатини хукро, ки дар тавлиди маҳсулоти қаннодӣ фаровон истифода мешавад, низ дар бар мегирад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломӣ - танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон - бо истиқбол аз ҷорӣ шудани меъёрҳои “ҳалол” дар кишвар гуфт, ки ин як филтри лозим бахусус дар роҳи маҳсулоти ғизоие хоҳад шуд, ки ба Тоҷикистон аз кишварҳои фарҳангашон ғайр, бавижа аз Чин, сарозер мешаванд: “Мо масоили зиёде дорем, ки ба ҳалолу ҳаром тақсим мешаванд. Вале ҳадди ақал агар маводи хӯрокаро дар асоси ҳалолу ҳаром ба роҳ андозанд, ҳаматарафа ба ҷомиа таъсир хоҳад дошт. Бавижа  дар заминаи равонӣ.”

Сирри арзонии ҳасибҳои тоҷикӣ

Феълан нархи як кило гӯшти гов дар Тоҷикистон дастикам 32 сомонист. Вале як кило ҳасиб вобаста ба сифаташ аз 8 то 25 сомонӣ қимат дошта, табъан барои аҳолии ин кишвар, ки 46 дарсадаш зери хатти фақр ба сар мебарад, нисбат ба гӯшт дастрастар аст. Феълан танҳо дар Душанбе 155 навъи ҳасиб тавлид мешавад. Аммо чунин нархи арзонаш бисёриҳоро дар мавриди то куҷо дар воқеъ “ҳалол” будани ин маҳсулот ба шубҳа меандозад.

Мояи дигари шакк эҳтимоли истифодаи равғани хук дар сохтани ҳасиб аст, вагарна он, ба бовари бисёриҳо, дер намепояд. Аммо Шоҳнаим Каримӣ, муассиси як корхонаи хурди ҳасибсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки ин иддао ягон асос надорад: “Корхонаи гӯшти даврони Шӯравӣ чизи дигар буд. Ҳоло мо дастур дорем, ки барои исботи ҳалолияти маҳсулотамон бояд аз муфтиёт ҳам қоғаз бигирем. Яъне мисли кишварҳои дигар мӯҳр гузоранд рӯи гӯшт, ки ба таври ҳалол забҳ шудааст. То ки ин идораҳо низ бояд ҷавобгӯ бошанд барои пок ҳалол будани мол барои мардум.”

"Ҳалол" ҳамчун бренди бозоргир

Гӯшаи маҳсулоти ҳалол дар намоишгоҳи AgroWorld Kazakhstan-2010Гӯшаи маҳсулоти ҳалол дар намоишгоҳи AgroWorld Kazakhstan-2010

Тамғаи “ҳалол” дар бозори ҷаҳонӣ ба як бренд табдил ёфтааст, ки харидорони чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмонро ба покии маҳсулот мутмаинтар мекунад. Аммо тавре як таҳқиқоти моҳи март дар Норвегия нишон дод, ду ширкати Kuraas ва Norsk Mesterkjoett бо тамғаи “ҳалол” маҳсулотеро ба фурӯш гузоштаанд, ки дар таркибаш 60 дарсад гӯшти хук доштааст. Ҳамин тавр, дар як мактаб дар Лондон - пойтахти Бритониё - барои кӯдакони мусалмон маҳсулоти беш аз нисфаш иборат аз гӯшти хукро низ зери тамғаи “ҳалол” фурӯхтаанд.

Муродалӣ Ашӯров, сухангӯи “Тоҷикстандарт” мегӯяд, дар Тоҷикистон низ мавридҳои сӯъиистифодаи ҳасибсозони беинсоф аз хушбоварии харидорон кам нест: “Чунин ҳолатҳоро зиёд ошкор мекунанду ҷарима мебанданд. Вале азбаски мо меъёрҳои қабулшудаи маҳсулоти ҳалолро дар даст надоштем, фурӯшандаҳоро асосан ба ин далел, ки бе ягон ҳуҷҷат ба ҳасибашон тамғаи “ҳалол” мезаданд, ҷарима мекардем. Акнун ки ин стандарт қабул шуд, дигар барои риоя накардани ин меъёрҳо ба соҳибкор амри манъи фурӯш хоҳанд дод ё бо ҳамин далел ҷаримааш хоҳанд баст.”

Анҷумани маҳсулоти ҳалоли Қазоқистон мегӯяд, ахиран истифодаи тамғаи “ҳалол”-ро ба як корхонаи маҳаллии тавлиди равғани офтобпараст манъ кард, чунки дар офтобпарасте, ки ин корхона ҳамчун ашёи хом истифода мебурд, ба хотири ҳифозат аз ҳамлаи мушҳо гени гурбаро мезаданд. Гӯё мушон бӯи гурбаро ҳисс карда, ба ин мол наздик намешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бархе ширкатҳо барои тару тоза нигоҳ доштани себ ба ин мева ҳатто гени пингвинро мезананд, ки дар шариат ин ҳайвони ваҳшӣ билкулл ҳаром ҳукм шудааст ва табъан себе, ки “бӯй”-и пингвин мекунад, наметавонад ҳамчун моли  “ҳалол” фурӯхта шавад.

Мирзои Салимпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97