Ислом Каримов орзуи ҳокимиро бо худ хоҳад бурд…

Иҷтимоъ 05.04.2013 15:10

GulnoraГулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон хабарҳои дучори ҳамлаи шадиди қалбӣ шудани падарашро рад карда ва дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, ки падараш зинда ва саломат аст. Ва гирифтори ҳич мушкиле бо саломати худ нест. Аммо дар посухи духтари президент ба як корбари дигари интернет ба забони узбакӣ лаҳни ӯ тунд мешавад, ки нишоне аз асабонияти Гулнораро нишон медиҳад, ки гуфтааст, ин хабарҳо нотавонбинии душманона аст.

Аммо ин вокуниши духтари президент билофосила шаку гумонҳоро бештар кард ва расонаҳои бештаре навиштанд, ки ин вокуниши Гулнора гумони дучори сактаи қалбӣ шудани Ислом Каримовро ба яқин наздик мекунад. Ин таҳлилгарон ва корбарони интернет суол мегузоранд, ки чаро ба рағми маъмул, на худи Ислом Каримов, балки духтараш ба ин хабарҳо вокуниш мекунад? Гуфтанист, дар гузашта низ борҳо расонаҳо, дар мавриди сиҳатӣ ва ё даргузашти Ислом Каримов хабару овоза нашр карда буданд, вале ҳамеша ва зуд худи Ислом Каримов дар барномаи ахбор ба баҳонае зоҳир мешуд ва шубҳаву гумонро аз байн мебурд, аммо акнун ин корро духтари президент ба ҷои ӯ мекунад. Вале тавре гуфта шуд, ин кӯшиши рад кардани хабари маризии шадиди Ислом Каримов аз сӯи духтараш гумонҳо дар мавриди зинда ва саломат будани ӯро бештар кардааст.

Хабари дучори сактаи қалбӣ шудани Ислом Каримов рӯзи 22 март дар саҳифаи итернетии Ҷумбиши мардумии Узбакистон, ки мухолифи режими Каримов аст, нашр шуд. Баъдтар расонаҳо дар мавриди ин қазия ахбори мухталиферо нашр намуда ва талош карданд, ки тасдиқ ё ради ин хабарро аз мақомоти Узбакистон дарёфт кунанд.

РИА Новости аз қавли як манбаъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Узбакистон навиштааст, ки хабари мазкурро наметавонад тасдиқ ва ё рад кунад. Аммо як манбаъи дигар ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, Каримов мисли пешин сиҳату саломат аст ва нишоне аз маризӣ дар ваҷоҳати ӯ дида намешавад.

Як манбаъи дигар дар ниҳодҳои қудратии Узбакистон ба хабаргузории Регнум гуфтааст, ки агар иттифоқе ба Ислом Каримов меуфтод, аз рӯи муқаррарот бояд амру дастурҳое ба ниҳодҳои қудратӣ дода ва тадобире рӯи даст гирифта мешуд. Аммо чунин чизе нест.

Аммо Росбалт аз қавли як корманди расонаи давлатии Узбакистон, ки таҳти назорати Шӯрои амнияти миллии ин кишвар кор мекунад, гуфтааст, ки ба расонаҳои давлатӣ амр шудааст, ки бо истифода аз наворҳои куҳна, ки дар онҳо Каримови бардаму саломт дар ҳузури мардум дида мешавад, фазоро пӯшиш бидиҳанд, то овозаи маризии ӯ рад шавад.

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифони Ислом Каримов, ки дар Туркия ба сар мебарад ва паноҳандагии сиёсӣ низ дорад, гуфтааст, ки хабари сактаи қалбӣ кардани Ислом Каримовро аз манбаъи қобили эътимоде дар дохили ҳукумати Узбакистон дарёфт кардааст. Ӯ гуфтааст, ки феълан Ислом Каримов дар ҳолати бемории вазнин қарор дорад. Ҳаракати мардумии Узбакистон дар шарҳи ин хабар инчунин навиштааст, ки «аксари касоне, ки дучори сактаи қалбии шадид мешаванд, дар роҳ то бемористон ҷон медиҳанд». Ин ишораи мустақими ин ҷумбиш ба он аст, ки ҳатто эҳтимоли даргузашти Ислом Каримов низ вуҷуд дорад, ки мақомот то ҷо-баҷоии кадрҳо мехоҳанд онро пинҳон кунанд. Ба ҳар ҳол ин ҳама ҳадсу гумон аст ва тасдиқ ва ё рад мехоҳад. Расонаҳои русӣ менависанд, Ислом Каримов маризиҳои музмини зиёде дорад, аммо дар ҳич бемористоне, ки ӯ то кунун муолиҷа шудааст, роҷеъ ба таърихи бемории ӯ маълумоте мавҷуд нест. Ӯ мисли ҳамаи корҳои дигараш ин маълумотро низ пинҳон медорад.

Аммо сардабири сомонаи мухолифони Узбакистон навиштааст, сиҳатии президент кори шахсии ӯ нест. Ин масъалаест, ки аҳамияти давлатӣ дорад ва мо бояд бидонем, ки Ислом Каримов зинда ва саломат ҳаст ё не. Агар ӯ сиҳат ва саломат аст, навиштааст, сардабири Узнюс.нет дар маърази ом зоҳир шавад ва овозаҳоро рад намояд.

Ислом Каримов, ки 75 сол дорад, аз соли 1989 ба ин сӯ Узбакистонро раҳбарӣ мекунад ва ба унвони як диктатор дар дунё ном баровардааст. Ислом Каримов дар оғози фаъолияти худ аввал ҳамаи ҷумбишҳои фарҳангии эҳёи тоҷикони Узбакистонро буғӣ кард, мактабҳои тоҷикиро дар баст ва ҷумбиши фарҳангии тоҷикон дар Узбакистонро фурӯкаш кард. Ва шояд барои ҳамеша. Аммо Каримов баъдтар мухолифони сиёсии худро ба зиндонҳо андохт ва бенишон гум шуданд ва ё ҳам феълан дар хориҷ ба сар мебаранд. Ӯ ин мухолифонро, аммо натавонист нобуд кунад, балки бо нудрат ба минтақа таҳдид мекунанд, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон. Бархе аз онҳо ба гуруҳҳои исломии тундрав ва террорист ҳамроҳ шуданд ва ба номи Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҷумбише гирд омадаанд, ки ҳамаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.

Ислом Каримов ҳамеша орзу дошт, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҳарфи ӯ гуш бидиҳанд ва ҳокими минтақа бошад ва ба ин далел ҳамеша бо кишварҳои минтақа мушкил ва моҷаро доштааст. Як нигоҳи иҷмолӣ ба равобити Узбакистон бо ҳамсояҳояш кофист, ки бубинем, робитаи яксону хубе бо ҳич яке аз ин кишварҳо, мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон надоштааст. Бо Қазоқистон низ дар ҳоли рақобат барои пешвоии минтақа қарор дорад ва амалан муносибати хубе надорад. Ва далелаш ҳам худхоҳӣ ва орзуи Каримов барои ҳокимӣ ба минтақа аст. Орзуе, ки онро бо худ хоҳад бурд. 

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97