Матбуоти тоҷик - на шӯри шӯр, на бенамак

Иҷтимоъ 27.03.2013 21:05

(дар ҳошияи рӯзи матбуоти миллӣ)

QodishoiРавандҳои тозаи амниятӣ ва сиёсӣ, ки ахиран дар минтақаи Осиёи Марказӣ доранд шакл мегиранд, масъулияти дастандаркорони расонаҳои гуруҳии кишварҳои моро бештар мекунад. Ахиран Марс Сариев, таҳлилгари шинохтаи масоили амниятии Қирғизистон ба сароҳат изҳор намуд, ки барои минтақа барномаҳое таҳия шудаанд ва водии пурнуфузи Фарғона дар маркази таваҷҷуҳи  ин барномаҳо  қарор дорад. Дар як вақт ин таҳлилгари мустақил бо таасуф қайд кард, ки гуруҳҳои сиёсӣ ва намояндагони расонаҳои ҷудогонаи ватанӣ  бидуни дарки оқибатҳои ин бозиҳои хатарнок, ба осиёби саҳнасозони хориҷӣ об мерезанд.

Нашрияҳои қирғизӣ

Дар Қирғизистон тибқи гузориши масъулони Вазорати адлия 1698 расонаҳои гуруҳӣ сабти ном шудааст. Аз ин миён 934 тои онро рӯзномаву ҳафтанома ва 472 дигарро маҷаллот ташкил медиҳад. Аз ин миқдор расонаҳои чопӣ (манзур рӯзномаву ҳафтанома) танҳо сеи он ба ҳукумат марбут буда , мутабоқӣ моли ҳизбу созмон ва афроди ҷудогона мебошанд. Ба иттилои  Иттиҳодияи журналистони ин кишвар беш аз 70% расонаҳои гуруҳӣ ба аҳзоб ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ таалуқ дошта, аз ҷониби онҳо таъсис ва ҳимояти молӣ мешаванд. Ба ҳамагон рушан аст, ки Қирғизистон пас аз касби истиқлоли расмӣ дар соли 1991 дар ҷодаи  демократия ва озодии сухан гомҳои устуворро гузошт. Пас аз ҳодисаҳои маълуми солҳои 2005 ва 2010, ки ба тағйири ҳукумат дар ин ҷумҳурӣ боис шуд, таъсири расонаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеъа бамаротиб боло рафт.

Аксари расонаҳо дар дасти пулдорон

Ин раванд, албатта , дар кулл нуқтаи хуб буда ва қобили ризоят аст. Аммо, ба қавли маъруф "чӯб ду сар дорад" ва на ҳамаи дастандаркорони матбуот аз ин озодиҳои додашуда ба суди миллату ҷомеъа истифода мекунанд. Дар ин росто даҳҳо ва садҳо мисолҳоро метавон ироа кард, ки тайи ду соли ахир дар  Қирғизистон ба мушоҳида мерасанд. Ба ақидаи Лейло Саралаева, журналисти шинохтаи ин ҷумҳурӣ басо ҳолатҳое дида мешавад, ки хабарнигорон аз масъулияти касбии худ фаромуш карда, дунболи аҳдофи шахсиву гуруҳӣ мешаванд. Тавре дар боло зикр гардид, аксари расонаҳо дар ихтиёри ашхоси пулдор ва намояндагони ҳизбу созмонҳои сиёсӣ қарор доранд ва онҳо барои расидан ба мақсаду мароми гуруҳӣ аз ин фишанги иттилоотӣ кор мегиранд. Ва нигаронии Марс Сариеву дигар соҳибназарони қирғиз дар ин росто, ҳамин раванди хатарнок мебошад, ки аксар авқот бо манофеи милли муғойират мекунад.

Матолиби фармоишӣ ва бесуботӣ

Дар ҳоли ҳозир бисёр навиштаҳои нашрияҳои қирғизизабон дар заминаи тахмину фарзия ва овозаҳо таҳия мегардад, ки ҳадафи аслии он бадном кардани мухолофин, ин ё он гуруҳ ва ҷиноҳи сиёсиву молӣ мебошад. Дар нишасти коршиносӣ, ки ахиран дар Бишкек дар робита ба баррасии расонаҳо баргузор гардид, таъкид шуд: Расонаҳои қирғизизабон ба селоби муталотум табдил шудаанд, ки ҳама чизро дар пеши роҳи худ  руфта мебаранд. Манзур он аст, ки онҳо бо навиштаҳои худ ҷомеъаро музтариб сохта ва умеди мардумро ба ояндаи босубот  аз байн мебаранд. Яъне, дар ин ҳолат журналистҳо аз меъёри худсонсур хориҷ шуда ва матлаби фармоишӣ ва ба андешаи худ мувофиқро насанҷида ба руҳи ҷомеъа мекашанд.

Барои ҳамин, замоне баъзе ҳамқаламони тоҷик аз озодии зиёди сухан дар кишвари ҳамсоя (Қирғизистон) ҳарф мезананд, ман инро ҳамин тавр наметавонам қабул кунам. Зеро барои ҳар инсон ва узви ҷомеъа, қабл аз ҳама суботу оромӣ ва осоиштагӣ муҳим аст ва дигар неъматҳо дар сояи он ба вуҷуд меоянд. Дар рӯзҳои пуртаҳлукаи тобистони соли 2010, замоне дар вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон муқовиматҳои қавмӣ оғоз шуда буд,  сокинони Бишкек орому қарорро аз даст дода ва намедонистанд хонаводаҳои худро ба куҷо мунтақил кунанд. Он айём духтари хурдиам дар курси панҷуми Донишгоҳи миллии Қирғизистон таҳсил мекард ва то дифоъи рисолаи дипломиаш як ҳафта вақт монда буд. Маҷбур шудам ӯро бо модараш ба Душанбе бифиристам. Ӯ пас аз як сол ба Бишкек баргашт ва рисолаи худро дифоъ намуд.

Тафовут аз Душанбе то Бишкек

Ман ба таври доимӣ нашрияҳои чопии Душанберо аз тариқи интернет мехонам. Ва боз дӯстон зимни сафар ба Бишкек ҳафтаномаҳоро бо худ меоранд, ки аз он низ истифода мебарам. Ба назарам барасии авзоъи ҷории кишвар дар нашрияҳои хусусӣ қобили таваҷҷуҳ буда ва аз озодии сухан дар ҷумҳурӣ ҳикоят мекунад. Дуруст аст, ки то ҳол дар ин росто Тоҷикистон аз Қирғизистону Қазоқистон то ҳадде ақиб мондааст. Аммо бо Узбакистону Туркманистон қобили қиёс нест. Зеро дар ин ду кишвари минтақа кучактарин матолиби хилофи назари давлатро наметавон нашр кард. Дар ҳоле ки нашрияҳои Душанбе озодона таҳлилу баррасиҳои худро ба чоп мерасонанд.

"На шӯри шӯр, на бенамак"

GazetДар ин робита боз ҳамон формулаи машҳур ба хотир меояд, ки дар ҳама кор ифроту тафрит музир ва қобили қабул намебошад. Ва боз аз дӯстони иронӣ як мақолро шунидаам, ки андешаи пешкашидаро бозгӯ мекунад: "На ба он шӯрии шӯр, на ба он бенамакӣ". Аз ин лиҳоз барои ман ҳаёҳу ва сару садоҳои бархе таҳлилгарони хориҷӣ қобили қабул намебошад. Ба андешаи ман ин афрод бо тасвир кардани ояндаи торики минтақа, дунболи "ҳалол" кардани маблағҳое мебошанд, ки барояшон додаанд. Ба ҳеч ваҷҳ бовар намекунам дубновҳову леонтевҳо ва чанде дигар аз ин қабил афрод, ғами минтақаи мо ва сокинони онро мехурда бошанд ва воқеан дилашон бароямон бисӯзад. Ҳаргиз ин тавр набуда ва нест! Балки онҳо таҳти дастури кишварҳои якатоз амал карда, қабл аз ҳама ҳадафҳои онҳоро дар мадди назар доранд. Ва кормандони расонаҳои гуруҳӣ метавонанд дар муқобили ин гуна барномасозони хориҷӣ муқовимат кунанд. Зеро дар сурати таҳкими пояҳои дохилии кишвар ва ҷомеъа, рахна задан дар он кори осон нест. Ин нуқтаро таҷрубаи беш аз си соли Ирони ҳамзабон бармало намоиш медиҳад. Тайи ин ҳама солҳо, алорағми талошҳои мукарари абарқудратҳо ин низом ҳамоно побарҷо монда ва сухани худро ба ҷаҳон мегӯяд.

"Паёми Ала Тоо"

Дар фарҷом аз ин муносибати муносиб истифода намуда, тамоми кормандони расонаҳои тоҷикро бо 101- умин солгарди матбуоти миллӣ самимона табрик мегӯям. Мо низ дар Қирғизистон ба чопи нашрияи тоҷикии "Паёми Ала Тоо" аз 5 сол ба ин тараф камар бастаем ва худро як ҷузъи матбуоти тоҷик меҳисобем. Ин айёми хуҷастаро ба тоҷикони Қирғизистон низ муборакбод менамоям.

Қодиршои Мурувват узви Иттифоқи журналистони

СССР Бишкек, Қирғизистон

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97