8 зани соҳибэҳтироми таърихи Тоҷикистон

Иҷтимоъ 14.03.2013 14:35

Gulrukhsor10Барои аввалин бор нашрияи «Миллат» дар Рӯзи модар рейтинги бонувони таъсиргузор дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар як назархоҳии кучак дар доираи намояндагони аҳзоби сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, донишгоҳӣ ва рӯзноманигорӣ мушаххас кард.

 

Тибқи ин назарсанҷӣ, ки афроди таҳсилдида, огоҳ ва соҳибназар дар он ширкат варзиданд, аз ҳудуди 100 нафар бонувон ном бурда шуд, ки аксарият дар сатҳи ҷумҳурӣ шинохта шудаанд. Аммо дар ин миён аз бонувони заҳматкаши кишвар, ки дар деҳот ва навоҳӣ
фаъолият мекунанд, низ ном бурда шуд.

BurinisoДар рафти ин назарсанҷӣ муайян шуд, ки аксарияти бонувон, ки дур аз пойтахт фаъолият доранд, чун расонаҳо роҷеъ ба онҳо кам матлаб нашр мекунанд ва шахси онҳо низ кӯшиши бо расонаҳо ҳамкорӣ карданро то ин замон накардаанд, аз мадди назар дур мондаанд. Аммо бо ин вуҷуд бархе аз занон ҳам тавонистаанд дур аз пойтахт фаъолияти пурсамаре дошта бошанд, то самари заҳматашон дар арсаи ҷумҳурӣ шинохта бишавад.

Агарчӣ назарсанҷӣ дар аввал каме сода ба назар мерасид ва баҳсҳое ҳам ба миён омада буд, ки бояд теъдоди бонувони саршинос ва таъсиргузор ҳадди ақал аз 10 то 100 нафар бошад. Аммо зимни назарсанҷӣ мушаххас шуд, ки аксарияти назардиҳандагон дар муайян сохтани афроди мушаххас душворӣ мекашанд. Аслан се номи бонуи муътабар Гулрухсори Сафӣ, Бӯринисо Бердиева  ва Ойниҳол Бобоназарова фавран сари забонҳо меомад ва дар идомаи назарсанҷӣ  раъйдиҳанда фурсатеро барои фикр кардан сарф мекард. 

OyniholДар ҳамин маврид Абдулфаттоҳ Шафиев, хабарнигори озод, ки аз ӯ низ назар хостем гуфт: «Маъмулан, назари мардум оид ба афроди соҳибэҳтиром ва соҳибноми кишвар дар аксар ҳолат аз рӯи пайдоиши исмашон дар расонаҳо шакл мегирад. Аз ин рӯ, назари ман низ истисно нест. Бар илова, фикр мекунам, вақте агар аз касе чунин як суол мекунед, бояд ҳамон лаҳза исмҳое, ки ба ёдаш меояд,
бигӯяд. Агар ба фикр фурӯ равад ва талош бикунад, ки исмеро ба ёд биоварад, пас он нафар ҳам он қадар шинохта набудааст, ки ба ёд овардани исмаш вақт талаб дошта бошад. Ҳамин ҳоло танҳо се исм ба ёдам меояд; аз сиёсатмадорони собиқ ва ҳомии феълии ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова ва Мукаррама Қаюмова бонуи ҳунар ва шодравон Буринисо Бердиева».

Мустафо Сурхов, як ҷавони соҳибназар дар посух ба суоли мо гуфт: «Модари миллат -Гулрухсори Сафӣ! Дигар ҳама занҳои Тоҷикистон соҳибэҳтироманд, аммо ман ба ғайри Гулрухсор дигар касро намедонам».

Ҳамчунин як нафар аз пурсидашудагон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт: "Дар Тоҷикистон кам занҳоеро метавон пайдо кард, ки дар байни маъруф ва шинохта бошанд. Ба хусус дар ин ду даҳсолаи ахир. Агар чанде мешавад аз чанд нафари онҳо ном бурд, ки онҳо дар аваллҳои соли 90 дар ҷабҳаҳои сиёсиву фарҳангии кишвар нақши муассир доштанд, вале аз чи бошад, ки имрузҳо онҳо низ камфаъоланд ва то ҳануз миллати тоҷик занеро дар баробари Farzona01Отунбоева,  тоҷикзани вазир дар Афғонистон Омина Афзалӣ, ва Фавзяиву дигарон надорад. Ба ҳар ҳол чанд нафареро мешавад метавона зикр кард, ки дар миёни ҷомеъа шинохтаву соҳибэҳтироманд мисли: Гулрухсор Сафиева, Ойниҳол
Бобоназарова, Гавҳар Ҷӯраева, Файзиннисо Воҳидова, ҳамчунин камонвари номӣ Зебуннисо Рустамова, Мавзуна Чориева, Руқия Қурбонова, Сайрам Исоева, ки ба назари банда чеҳраҳои шинохтар дар миёни занони тоҷик мебошанд".

Олег Панфилов, журналисти шинохташуда, ки Тоҷикистонро ватани худ медонад, дар посух ба суоли назарсанҷии «Миллат» гуфт, ки агарчӣ солҳо боз аз фазои дохилӣ дар Тоҷикистон бехабар аст, аммо чеҳраҳои мондагореро дар ёд дорад. Ӯ аз Наргис Бандишоева, овозхони шодравону маҳбуб, аз Гулрухсор, аз Фарзона, шоирони маъруфи кишвар, Саъдинисо Ҳакимова табиби шинохта ва модари марҳуми худ Анастасия ном бурда, дар охир тамоми занони азияткашидаи ҷанги шаҳрвандиро ба унвони занони бошахсият ва соҳибэҳтироми Тоҷикистон донист.Myram Isoeva01

Мирзои Салимпур, хабарнигори шинохтаи тоҷик низ ба иловаи пешниҳоди номи бонувони бошахсият гуфт: «Як нафар аз дӯстон дар ин ҷо (яъне дар Прага) мегуфт, ки фарқи байни фарҳанги Ғарб аз шумо дар муносибат ба зан ин аст, ки инҷо ҳамаи 365 рӯзи сол ба зан як хел муносибат мекунанд, яьне бо эҳтироми тамом, аммо мо фақат як рӯзи сол он ҳам 8 март ба эҳтироми зан расиданӣ мешавем.. . Орзуи ман ин аст, ки Зани тоҷик ҳамаи 365 рӯзи сол болои сари мардони тоҷик бошад!»

Бахтиёр Ҳамдамов, як хабарнигори тоҷик, ҳатто узр пеш овард, ки агар суоли осонтаре пайдо шуд ба ӯ муроҷиат бикунем. Яъне маълум шуд, ки назарсанҷии дар аввал бисёр сода, на танҳо сода набудааст, балки посух ёфтан ба он кори осоне набуда ва шояд ҳам мардон бо камоли эҳтиром ба бонувон дар остонаи ид нахостанд касеро дар ин миён биран-ҷонанд, ки аз овардани номи мушаххасе худдорӣ варзиданд.

Zebuniso Rustamova01Ҳатто як сиёсатмадори хушзавқ бо шухӣ гуфт, ки имрӯз пайдо кардани шахсият дар миёни мардон мушкил ва буҳрон шудааст, шумо, ки моро маҷбур ба ҷустуҷӯи бонувони соҳибном кардаед, ки кори осоне нест.

Ҷолибтарин посухро аз суроғаи Фейсбуки овозхон Ҳабиб Ҳакимов дарёфт кардем, ки бо танз навишта буд: «Шарифаи семичкафурӯши 101 мкрн, холаи Қурбонгули самбӯсафурӯши бозори Саховат, ойти Салимахони халадетсфурӯши бозори зелений, ва боқӣ занҳои роҳрӯби 82 калтсевой! Аҳсан ба ин шахсиятҳо, мо бо онҳо мефахрем!» Агарчӣ дар поён таъкид шуд, ки овозхон пушти компутар ҳузур надорад ва кадоме аз ошноҳо ҷойи ӯ «шӯхӣ» кардааст. Вале воқеан ва бидуни ҳазл ин занҳо қаҳрамонони даврони моянд, ки имрӯз зиндагиро бо дастони худ мечархонанд. НЕ?!

SadinissoБа ҳар сурат бо камоли эҳтиром ба тамоми бонувони кишвар аз миёни ҳазорон гул 8 шоҳгулро, ки аксарияти ороро ба даст овардаанд, ва гули сари сабади маҳфилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва варзишии Тоҷикистони азиз ҳастанд, муаррифӣ мекунем: Номи Модари миллат -Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷикро 99 дар сади пурсидашудагон дар рӯйхати занони бошахсият ва соҳибэҳтиром ном бурданд, чун ӯ 99 дар сади раъйро ба даст овардааст ва бидуни ҳеч истиҳолае дар миёни раъйдиҳандагон овози аввал ва бештарро соҳиб шудааст, дигар ба шар-ҳу тафсире ниёз надорад. Ҳамчунин 98 дар сади пурсидашудагон ба рӯи номи Бӯринисо
Бердиева, рӯзноманигори ҷасур ва соҳибноми тоҷик таъкид карданд ва 97 дар сад аз Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ба унвони зани таъсиргузор дар ҷомеъаи имрӯз ва ҳомии ҳуқуқи башар пуштибонӣ карданд. Фарзона, шоири хушном ва хушзавқи тоҷик низ 80 дар сади раъйро ба даст оварда дар мақоми 8 бонуи соҳибном ҷо гирифт. Марям Исоева, ҳунарпешаи шинохта, ки бо офаридани тимсоли зан-модар дар театру синамо маҳбуби дилҳо шудааст, раъйи 73 дар сади пурсидашудагонро ба даст овард. Зебуннисо Рустамова, нахустин Gavharқаҳрамонзани варзиши тоҷик, камонвари номдор 68 дар сади раъйро соҳиб шуда, дар миёни 8 нафар бонуи саршинос ҷои худро ишғол кард, 54 дар сади раъйдиҳандагон аз Саъдинисо Ҳакимова, пизишки шинохта ва бошахсият, ки ҳазорон тифлону модаронро аз марг наҷот додааст ном бурда, ӯро дар миёни 8 нафар чеҳраҳои намоёни бонувони тоҷик ҷойгузин карданд. Гавҳар Ҷӯраева, ки аз чеҳраи намоён ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Маскав аст ва ба унвони модари муҳоҷирони тоҷик ном бурда мешавад, 50 дар сади раъйро ба даст оварда, дар миёни 8-гонаи бонувони соҳибэҳтиром ҷой ишғол намуд. 

1. Гулрухсори Сафӣ

2. Бӯринисо Бердиева

3. Ойниҳол Бобоназарова

4. Фарзона

5. Марям Исоева

6. Зебуннисо Рустамова

7. Саъдинисо Ҳакимова

8. Гавҳар Ҷӯраева


Ҳамчунин тибқи назарсанҷӣ аз бонувони дигари кишвар, ки дар арсаҳои мухталифи сиёсат, фарҳанг, ҳунар, варзиш ва иқтисод фаъолияти пурсамар доранд, ном бурда шуд:

Аз ҷумла Файзинисо Воҳидова -6 %, Ҳурринисо Ғаффорзода- 5 %, Хайринисо Юсуфӣ-5 %, Зарафо Раҳмонӣ - 4 %, Матлуба Улҷабоева-2 %, Озода Раҳмонова  -2 %, Гулбаҳор Маҳкамова-2 %, Мукаррама Қосимова-2 %, Олга Тутубалина-2 %, Рамзия Мирзобекова-2 %, Дилбар Самадова-2 %, Галия Рабиева-1 %, Гулнора Ҳасанова- 2 %, Рухсора Каримхуҷаева-1 %, Раъно Бобоҷонова-1 %, Ҳуринисо Ализода-1 %, Наргис Бандишоева-1 %, Саодат Амиршоева-1%, Зайтуна Қаландарова-1%, Зиёда Ашурова-1%, Майрамбӣ Ғафурова- 1 %, Руқия Қурбонова -1 %, Низорамоҳ Зарифова-1 %, Муқимова Сабоҳат-1 %, Мавзуна Чориева-1 %, Хуршеда Отахонова-1 %, Зуҳро Ҳалимова -1 %, Каримова Ирина -1 %, Муқимова Сабоҳат-1 %, Манзура Маҳкамова-1 %, Гулҷаҳон Бобосодиқова -1 %, Зебо Аминзода-1 %, Гулафзо Савридинова-1 %, Нигина Баҳриева-1 %, Марям Давлатова-1%, Шабнами Сураё-1 %, Оят Сабзаалиева-1 %, Бӯстон Сулаймонова-1%, Малика Собирова-1 %, Марҳабо Ҷабборова-1%, Сураё Қосимова-2 %, Назира Ғаффорова-1 %, Майрамбӣ Ғаффорова-1 %, Зиёда Ашӯрова-1 %, Адолат Раҳмонова-1 %, Зайтуна Қаландарова-1 %, Бозгул Додхудоева-1%, Низорамоҳ Шарифова-1 %, Рухсора Каримхуҷаева-1 %, Ҳурринисо Ализода-1 %, Сумангул Тағоева-1 %, Парвина Ибодова-1 % ва Гулнора Амиршоева-1  % ба даст оварданд.

Тарроҳон ва иҷрокунандагони назарсанҷӣ:

Ноила Воҳидова, Замира Сулаймонӣ ва Рашид Қосимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97