Кӣ "помещик" шудан мехоҳад?

Иҷтимоъ 09.03.2013 14:25

zaminЗамин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад…

                                                                                     Моддаи 13, Конститутсияи ҶТ

Порлумони Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ хиёнат кард ё…?

Замин дар Тоҷикистони камзамин, ки 93%-и онро куҳ ва танҳо 7% онро ҳамворӣ ташкил медиҳад, аз рӯзи ба имзо расидани санади тасвиб шуда дар порлумони кишвар, яъне тарҳи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"" аз сӯи Раиси ҷумҳур ҳамчун тазмини қарз ба моли байни қарзгиранда ва бонк табдил хоҳад шуд.

Агарчӣ ба ихтиёри бонк гузаштани он дар ҳоли варшикастагии қарзгиранда тартиби муайянро тақозо мекунад, вале ба эҳтимоли зиёд бонкҳо акнун ба заминдорони бузург ва аслии Тоҷикистон мубаддал хоҳанд гашт.

Дар гузашта, ба далели моликияти давлатӣ будани замин, бонкҳо наметавонистанд, онро ба ҳайси гарави қарзҳои худ қабул кунанд. Ин монеаро рӯзи 20--уми феврал Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз миён бардошт. Ҳассосияти масъала сабаб гашт, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни ипотека баъд аз баҳсу кашмакашҳое ворид карда шаванд.

Зимни баррасии ин тарҳ Маҳмадалӣ Ватанов, вакили порлумон ва яке аз пуштибонони ин тарҳ дар иҷлосияи Порлумони кишвар гуфтааст: "Аслан ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад, аммо ҳолатҳое, ки мо заминро чун объекти хариду фурӯш дар қонунгузори иҷозат медиҳем, хеле зиёд аст. Масалан, вақте мо манзили истиқомати худро мефурӯшем замине, ки ҳамшафати ҳавлии мост низ фурӯхта мешавад ва ё ин, ки ҳангоми хусусӣ гардонидани корхонаҳо, қитъаҳои калони замине, ки ба ин корхона тааллуқ доранд, хусусӣ мешаванд. Дар ин қонун тамоми механизмҳое, ки барои пешгирӣ намудани бесарусомониҳо ба ҳангоми ипотека аст, нишон дода шудааст."

Тарафдорони заминфурӯшӣ

Коршиносони умури бонкӣ бар инанд, ки аз ин ислоҳот дар баробари бонкҳо худи давлат низ манфиат мебинад. Зеро рушди кишвар ба ҳаҷми қарзҳое, ки бонкҳо ба муштариён пешниҳод мекунанд, вобаста аст. Дар навбати худ аз нигоҳи ин коршиносон, ба ҳайси замонат истифода шудани замин аз сӯи қарзгирандагон барои бонкҳо аз он лиҳоз беҳтар аст, ки нархи замин назар ба дигар амвол ҳамеша рӯ ба болост.

Абдукарим Неъматов, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо пуштибонӣ  аз зарурати ислоҳи ин қонун мегӯяд, ин иқдом метавонад раванди гирифтани қарз тавассути муштариёнро густариш бахшад: "Амалӣ шудани ин қонун бевосита аз ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста аст. Мо ҳоло дар ягон манотиқи кишвар шоҳиди он нашудем, ки ягон замин аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба тариқи бегона намудан ва ба сифати ба гарав гузоштани он қарор қабул карда бошад. Аз ин лиҳоз хоҷагиҳо то имр?з ин мушкилотро аз сар мегузаронанд ва наметавонанд қитъаи замини худро ба сифати гарав барои гирифтани қарз аз бонк истифода кунанд. То имрӯз яке аз сабабҳои ба кундӣ пеш рафтани қарзҳои ипотекӣ дар нисбати қитъаҳои заминҳои кишоварзӣ низ ба он вобаста буд, ки дар сурати барнагардонидани қарз, бонкҳо имкони фурӯхтани ин заминҳоро надоштанд. Аз ин хотир онҳо манфиатдор набуданд, ки заминро ба унвони гарави қарзҳои худ бипазиранд".

Мухолифони заминфурӯшӣ

Шодӣ Шабдолов, намояндаи ҲКТ дар порлумон ва яке аз мухолифони сарсахти ин ислоҳот мегӯяд: "Аз ин иқдом мешавад танҳо дар кишварҳое истифода кард, ки замин моликияти хусусӣ бошад. Ворид кардани ин тағйиру иловаҳо ба фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон роҳ боз мекунад. Дар ин ислоҳот пешниҳод шудааст, ки гарави ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин нисбат ба қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаашон бе ҳуқуқи бегона намудани онҳо ба даст оварда шудааст, манъ аст. Г?ё ягон кас пайдо шудааст, ки аз давлат ҳуқуқи истисоноии соҳибмулк буданашро имкони бегона кардан дорад. Ба назари ман, агар ба ҳамин шакл идома кунад, на Бонки Миллӣ ва на ҳукумати кишвар пеши роҳи хариду фурӯши пинҳонии заминро гирифтан наметавонад. Мо бояд сари ин масъала дуруст фикр кунем ва равзанаро барои суистифодаи бешармона ва густохонаи истифода замин боз намонем."

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи ҲНИТ дар порлумон низ мегӯяд: "Ин як навъ бидуни тағиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон ба муомилоти молӣ ворид намудани замин аст, ки дар ниҳояти кор аз ин муомилаҳои болои замин танҳо бархе аз мансабдорони ришвахор, он касоне ки сертификати истифодаи заминро мегиранд, суд хоҳанд бур два ба буҷа ҳеч маблағе ворид нахоҳад шуд. Ман инро муғойир ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонам ва ба он мухолиф ҳастам. Агар воқеан мехоҳанд, ки замин вориди муомилоти молӣ бишавад, бояд он ба таври шаффоф сурат бигирад ва ҳар як қитъаи замин бо дар назардошти ҳосилнокӣ ва мавқеи ҷойгиршавии он муайян карда шавад".

Баҳси куҳна ва моҷарои нав

Баҳси таъсиси бозори хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2007 шуруъ шудааст ва сари лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон низ баҳсу баррасиҳои тезу тунде сурат гирифта буд ва мухолифони хариду фурӯши замин он замон дастболо шуда буданд.

Аммо акнун ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни ипотека аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод шудаву дар Маҷлиси намояндагон раъйи аксарро гирифтааст, бархе аз расонаҳо аз қавли соҳибназарон ҳадс задаанд, ки дар пушти ин ҳама иқдомот низ доираи муайяни мансбадорон қарор доранд, ки манфиати гуруҳҳои муайянро "лоббӣ" мекунанд.

Акнун интизор хоҳем буд, ки "армуғон"-е ки намояндагони мардумӣ бо тасвиби ин тарҳ дар порлумони кишвар барои мардум пешкаш кардаанд, чӣ самаре ба бор хоҳад овард, "помещик"-ҳои нав ва деҳқонони бехонумон ё дастурхони пурнеъмат аз ҳосили деҳқон?!

"Миллат"

P.S.  "Миллат" бознашри мақолаи иқтисодшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон марҳум Тоҳири Абдуҷабборро, ки дар шуруъи баҳси ба гарав гузоштан ё нагузоштани замин дар чанд соли пеш нашр шуда буд, ин ҷо зарур мешуморад.

Қазоватро ба хонандаи гиромӣ вогузор мекунем.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97