Чӣ гуна муҳаббат устодро аз бистари марг берун кашид

Иҷтимоъ 26.02.2013 14:24

K. R. VegnerДар 80 -умин солгарди таъсиси мактаби рақами 1-и пойтахт, ки мутобиқ ба моҳи декабри соли 2012 буд, худро вомдор медонистам, ки матлабе бинави-сам. Аммо қалам ҳеч пеш намерафт, шояд аз он рӯ ки иттилои кофӣ надоштам, то матлабе хонданӣ бинависам. Агарчӣ навиштани як матлабе қолабӣ ғайриимкон набуд.

Ҳамин гуна мо аз рӯзи санаи таърихӣ, таъсиси яке аз нахустин мактаб дар Душанбеи шӯравӣ дур мерафтему ман ҳамчунон вомдор бори дӯшамро вазнинтару гаронтар эҳсос мекардам. Мисле қарзам фисадӣ боло мерафта бошад.

Рӯзи 16 феврал Парвин духтари бузурги мо, ки муҳассили ин мактаб аст хушхабар овард, ки муаллимаи мо баргашт!!! Чашмони маъюси Парвин аз оғози соли таҳсили ҷорӣ акнун чун барқ медурахшиданд ва ӯ беист қиссаи истиқболи ҳамсинфонашон аз муаллимаи муддатзамоне маризашонро мекард. Парвин, ки соле боз аз он рӯ, ки муаллимаи азизаш бемори бистарӣ шуда буд, маҷбур роҳии мактаб мешуд, акнун пар-парзанон мисоли парастуҳои баҳорӣ болу пар кушодаву сӯи мактаби хеш раҳсипор шуд. Худоё, азизони моро нигаҳ дор! -нидое аз қалбам берун меҷаҳад.

Вагнер Кристина Робертовна, устоди забони англисӣ 33 сол дорад. Тобистони соли 2012 пас аз хатми имтиҳоноти талабагон ӯро бемории муҳлике, ки домангираш шуда буд, аммо ӯ ба хотири кор ва шогирдонаш, ки дар марҳилаи сарнавиштсози хатми синфи 9 буданд, ба беморӣ тан намедод, билохира ӯро аз по даровард. Ӯ моҳе чанд дар бемористони маризиҳои сирояткунандаи пойтахт бистарӣ шуд, ва чун дардашро бедаво ёфтанд, ба хона рухсташ доданд. Кристина, ки аз хурдӣ ятим мондаву тарбияти ду бародари сағирашро бар уҳда дошт, ин бор ҳам бо фидокорӣ мехост аз ду тифли хурдсоли худ, ки як соли пеш аз падар маҳрум шуда буданд, муроқибат кунад. Бо тани абгору руҳи шикаста ба хона баргашт. Бо баргаштан баргашту аз по фитод, акнун соатҳо беҳолу бемадор рӯи бистар дароз кашидаву танҳо бо ҳарф задан фарзандонашро ба зиндагӣ ва таҳсил ҳидоят мекард. Ӯ дар миёни чордевори хонааш бо ду тифли маъсумаш ва дарди бедавояш тани танҳо монда буд. Ду бародари ҷигарбандаш, ки ҳанӯз роҳи худро дар зиндагӣ пайдо накардаанд, низ ӯро танҳо нагузоштанд ва ба қадри тавон аз ӯ аҳвол мегирифтанд. Вале танҳоӣ ва бечорагӣ, ба хусус барои касе, ки ҳамеша дигаронро дар зиндагӣ раҳнамун буд, бисёр гарон аст. Дар ин миён дӯсту ҳампеша Ҷамила Илҳомовна ба кумаки ӯ шитофт. Бедиранг аз аҳволаш хабар мегирифт, нозу итобҳои дӯсти маризашро, ки хоси ҳар бемори бистарист бо ҷон қабул мекарду бо ҳар тариқе ба Кристина ёрӣ мерасонид. Ҷамиларо гуруҳи омузгорони мактаби рақами 1 бо раҳбарии Ҳусейнзода барои дастгирӣ ва тасаллои ҳампешаи маризи худ ҳамраҳӣ мекарданд. Ин коллективи иттифоқ ва ғамхор, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва маоши нокифоят дастҷамъона ба кумаки ҳампешаи бемори худ шитофтанд. Ба ҷои Кристина барои ду гулписари ӯ дар соли нави таҳсил тамоми ашёи хонишро муҳайё карданд, то онҳо дар миёни дигар ҳамсолони худ кам наоянд ва модари беморашон ғусса нахӯрад. Muallimaho01Чун таътилот буд, волидони шогирдони муаллимаи бемор аз аҳволи ӯ ғофил монда буданд. Аммо аз шуруъи таҳсил рӯзҳо сипарӣ мешуданду Кристина Робертовна ба ҷойи кори дӯстдоштании худ ва ба назди шогирдони сахт пазмонгаштаи худ барнамегашт. Акнун шогирдони ҳамеша аз лутфу марҳамат ва таваҷҷуҳи муаллимаи азизи худ баҳравар эҳсоси дилтангӣ мекарданд, ки бе устоди азизи худ мактаб барояшон бегона аст. Дар рафтору гуфтори шогирдон асабоният ва ноумедӣ ба назар мерасид. Ақибмонӣ аз таҳсили донишмоӯзони ҳамеша фаъол волидонро нигарон карда буд. Ҳамин лаҳза буд, ки волидон адами ҳузури муаллимаи фидокорро эҳсос карданд. Ва рафтанд ба суроғи муаллимаи гиромӣ. Ӯро рӯи бистар бечораву афкор дарёфтанд. Яке дигареро аз аҳволи муаллима хабардор мекарданд. Билохира ҷаласаи волидон дар мактаб доир шуд ва чанд падару модар эрод гирифтанд, ки муаллима бемор шудаву аслан мавриди бетаваҷҷуҳии волидон қарор гирифтааст. Аз Ҷамила Илҳомовна ҳам гила карданд, ки чаро волидонро барои кумак ба муаллимаи бемор даъват накардааст. Ҷамила Илҳомовна дар ҳузури волидон вазъияти муаллимаро гузориш додаву гуфт, ки баргаштани муаллимаро ба кор баъид медонад. Аз ин рӯ бояд волидон мутаваҷҷеҳи рафтору таҳсили фарзандони худ бештар аз ҳар вақти дигар бошанд. Чун аз даст додани муаллимаи бас азизу гиромӣ барои талабагони ӯ, ки ба муаллими худ аз бас одат кардаанд, мумкин аст бад тамом шавад. Ҷамила бо дард гуфт, ки талабагон ӯро танҳо ба хотири дӯсти наздик буданаш бо муаллима Кристина муваққатан ҳамчун роҳбари синф қабул кардаанд. Зеро ҳанӯз бача ҳастанду намехоҳанд, муаллимаи меҳрубони худро ба дигаре иваз намоянд ва ин мумкин аст ба равони бачаҳо таъсири амиқ ва манфӣ ба ҷо гузорад. Ин ҷо буд, ки волидон пайхас карданд, ки чи ганҷеро доранд аз даст медиҳанд. Мураббӣ, ғамхор ва дӯсти бачаҳои худро.Ҷамила Илҳомовна гуфт, дар илоҷи дарди муаллима табибон бечораанд ва аз дасти ҳеч кадоме аз мо чизе бар намеояд, ҷуз аз аҳвол гирифтан аз бемор, ки коллективи мактаби рақами 1 инро ҷузъе аз кор ва вазифаи инсонии худ медонанд. Ҷамилабону маҷлисро ҷамъбаст намуда, бо волидон худо ҳофизӣ кард. Аммо волидон ба ин сарнавишти талхи муаллимаи ҷавон тан додан намехостанд. Тасмим бар ин шуд, ки ҳар кӣ бо тавоноии худ ва ёру ошнои худ барои дарди муаллима даво биҷӯяд. Акнун волидону талабагон бо навбат аз муаллимаи бемори худ аҳвол мегирифтанд. Ин аҳволпурсии ҳамкорону волидон ва муҳаббати шогирдон муаллимаро водор кард, ки бори дигар ба зиндагӣ умед бубандад ва дубора розӣ шуд ба бемористон барои табобат баргардад. Пас аз табобати бардавом ва талошҳои табибон сиҳатии муаллима рӯз ба рӯз беҳтар мешуд. Кристина рӯи бистари беморӣ хоб буду танҳо як орзу дошт. Орзуи баргаштан ба мактаб ба назди шогирдони худро. Орзуеро, ки аксарият имрӯз ба он бо тамасхур назар меандозанд. Аммо SHkola1ин орзуву нияти нек Кристинаро, ки аз по мондаву аз ҷо буланд шуда наметавонист, дубора роҳрав кард. Акнун барои аввалин бор аз аввали моҳи июли соли 2012 ӯ 16 феврали 2013 ба мактаби рақами 1 ба назди шогирдон ва ҳамкорони мушфиқи худ, ки ӯро бо муҳаббати инсонӣ аз кӯи навмедиву бистари марг ба зиндагӣ баргардонданд, баргашт.

Вале беморӣ вуҷуди ӯро тарк накардааст. Ҳанӯз ӯ ба табобат ниёз дорад. Ҳоло танҳо ишқ ба кор ва муҳаббат ба шогирдон ва ирсияти инсон будан ӯро ба мактаб ва зиндагӣ баргардондааст. Ӯ бо тани афсурдаву руҳи саршор аз муҳаббат барои дарс гуфтан ба фарзандони мо баргаштааст, аммо оё мо, ҷомеаи 8-миллион нафараи тоҷик метавонем подоши ин аз худ гузаштагии як тан аз омӯзгорро баргардонем? Вазорати маориф, вазорати тандурустӣ оё имкон доранд, ба ҷамъи коллективи муаллимон ва волидони мактаби рақами 1 бипайванданд ва устодро, касеро, ки арзишаш баҳо надорад, наҷот бидиҳанд? Ба зиндагӣ баргардонидани як омӯзгори фидокор шояд битавонад заминаи миллат шудани моро фароҳам бисозад ва қадру манзалати омӯзгорро дигарбора ба минбар бинишонад.

Ҳоло месазад, ки барои ин коллективи иттифоқ ва инсонҳои фидокору муаллимони заҳматкаш дар саҳни қадимитарин мактаби Душанбе мактаби №1 пас аз бозсозии ин мактаб як муҷассамаи муаллимро бунёд кард. Муҷассамаи касонеро, ки сиҳатӣ, фурсат ва имконоти худро дареғи фарзандони мо медоранд.

Зиҳӣ муаллим, зиҳӣ устоди мушфиқ, ки ҷони азизатро фидои илму дониш кардаӣ!!!

А.Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97