Шумо аз Ҳамрохон Зарифӣ пуштибонӣ мекунед ё не?!

Иҷтимоъ 19.02.2013 10:40

Hamrokhon ZarifiВазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сароҳат гуфт, ки Тоҷикистон танҳо пас аз он ки Кремл шартҳоеро дар мавриди статуси муҳоҷирон ва бидуни боҷи гумрукӣ ворид кардани маводи сӯхт тасвиб кунад, он гоҳ Тоҷикистон ҳозир хоҳад буд, то фурудгоҳи низомии Айниро дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад. Ин мавзеъгирии вазири хориҷаи Тоҷикистон дар расонаҳои Русия шадидан интиқод шуда, ҳатто матолиби истеҳзоомезе мунташир шудааст, ки онро навъе муқовимати мӯрча бо фил ва зӯрозмоии кӯрмуш бо шер унвон кардаанд.

Аммо дар Душанбе ва ҳамватанони мо дар хориҷ аз Тоҷикистон ба ин мавзеъгирии Ҳамрохон Зарифӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунанд?!

ShokirjonШокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲУСДТ:

- Дар муносибат миёни давлатҳо бояд манфиатҳо ҳимоя шаванд ва бинобар ин дар ин хусус ман бародари калонӣ, кишвари бузургу кучак ва ғайраҳоро қабул надорам. Бисёр кишварҳоро дар ҷаҳони муосир номбар кардан мумкин аст, ки нуфузи шаҳрвандонашон ва масоҳаташон аз Тоҷикистон камтар аст. Аммо дар муқоиса аз давлатҳои бузургтар чун низоми сиёсии мукаммал ва аз нигоҳи иқтисодӣ пуриқтидортар ҳастанд, дар дунё таъсири муассиртар доранд. Мо низ бояд мамлакатҳои хориҷӣ, ба хусус собиқ кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро водор намоем, ки бо риояи тартиби муқарраркардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо давлати мо муносибат намоянд. Бинобар ин мавқеъгирии вазири корҳои хориҷӣ ва шартҳои минбаъдаи густариши муносибатро, ки пешниҳод намудааст, комилан ҷонибдорӣ мекунам.

Hamza SiddiqҲамза Сидиқ, пизишк:

- Бедил ту маяндеш зи гуфтори рақибон,

 Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.

Ин ду мисраъ шеър дар ҷавоби матолиби истеҳзоомези расонаҳои Русия. Аммо дар бораи мавзеъгирии Ҳамрохон Зарифӣ: Манфиати миллӣ бояд ҳамеша дар дараҷаи аввал қарор бигирад. Умедворам, ки таҳти ҳеч шароите манфиати миллиро нодида нахоҳанд гирифт, иншоаллоҳ.

Офарин ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ!

Ajamsho KalonovАҷам Калонов, пажуҳишгар, Олмон:

- Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мо ба ҳар як садо ва матлабе ки дар он руҳи истиқлолхоҳӣ ва ҷонфидоӣ ба хотири манофеъи миллат дида мешавад, ба камоли майл аз он истиқбол мекунем. Ин садо ва пофишории оқои вазир барои расидан ба он ду шарти дар боло матраҳшуда, яке аз иқдомҳои мусбат барои манфиъати кишвар ва миллат мебошад.

Аммо то он андозае, ки ман медонам, ин ду шарти матраҳшуда яке статуси муҳоҷирон ва дигаре ворид кардани маводи сӯхт бидуни боҷи гумрукӣ шартҳое буданд, бояд бар ивази он бохти бузург, яъне имзои созишнома дар мавриди тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 30 соли оянда, анҷом мешуданд. Тамдиди пойгоҳи низомие, ки Тоҷикистон аз он фоидаи камтарин ва ночизро соҳиб шуд. Дар сурате ки қарор буд бар ивази ин пойгоҳ (ба мисли қирғизҳо) маблағи муайяне биситонем. Вале тавре ки мебинем, на пул ба даст омаду ҳам боз ёр биранҷид. Як нуқтаро дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки дар робита ба ройгон додани пойгоҳи низомӣ ба Русия худи ҷаноби вазир чанд вақт пеш гуфта буданд, ки; "Агар касе дар хориҷи кишвар фикр кунад, ки пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ройгон аст, мо чунин ҷавоб дорем: Хоки Тоҷикистон сармояи бобоии вазири хориҷа ё дифоъ нест. Вай арзиш дорад. Бояд барои он музд пардохт карда шавад". Яъне аз ин шартҳои имрӯзӣ ва он орзуҳои дирӯзӣ бармеояд, ки мо дар муқоиса аз он чизи аз даст дода ҳоло барои шартҳои хеле кӯчак дорем мубориза мебарем.

Ва ин ҷо аз суханони босароҳати гуфташудаи Ҷаноби вазир дар мавриди тасвиби он ду шарт чунон ба назар мерасад, ки ҳукумати Русия чун суннати дерина боз ҳам ба ваъдаҳои худ ба таври бояду шояд амал намекунад (гарчанде 8- уми феврал созишнома дар хусуси яке аз пунктҳои шарти аввал ба имзо расид.) Аз ин хотир аст, ки ҷаноби вазир ба таври ҷиддӣ масъалагузорӣ карданд ва корти дигарро низ, яъне фурудгоҳи низомии Айниро, ки қарор буд масъалааш дертар баррасӣ шавад, пеш гузоштанд.

Аммо ба андешаи банда то ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон барои манофеъи давлатӣ ва миллии хеш бо Русия то ин андоза, ки имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, даст ба гиребон нашуда буд ва талошҳои дипломатӣ ҳам суръат нагирифта буд. (Гарчанде муносибатҳо борҳо тезутунд шуда буданд.) Дар баробари ин қадар ваъдаҳои дурӯғин ва бевафоиҳои Русия, ки дар тӯли солҳо барои тоҷикон дареғ намедошт, саранҷом ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҷавобҳои чашмрас доданро фикр мекунам оғоз бахшид. Яъне метавон гуфт, ки Тоҷикистон имрӯз дар талоши табдил додани дӯсти доимии худ ба интерес ва ё манфияти доимии хеш мебошад. 

Sulton HamadСултон Ҳамад, коршинос:

- Дар масъалаи мазкур банда низ ҷонибдори пешниҳоди Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳастам. Агарчи фикр мекунам ҷониби Тоҷикистон ҳангоми имзои созишномаи тамдиди ҳузури низомии пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон манофеи миллии кишвар ва давлати Тоҷикистонро ба он ҳадде, ки дили мо мехоҳад, ба инобат нагирифтанд.  Сиёсат низ як навъ тиҷорат аст. Фарқ ин ҷост, ки хато дар сиёсат дар тафовут аз  саҳв дар тиҷорат ба нудрат ислоҳ мешавад. Имрӯз ин талаботи вазири умури хориҷа шояд кӯшишҳои ҷуброн кардани ҳамон каму костиҳои даврони гуфтушунидҳои дуҷониба дар ин масоил ҳаст. Ба ҳар ҳол ибрози чунин шарт дар матбуот аз талошҳои ин вазорат дар роҳи ба даст овардани манофеи бештар барои миллат ва давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Чунин як шартҳоро ошкоро гуфтан, ба хусус дар замони мо, ҷуръат мехоҳад. Ва чунин сайъу талошҳоро албатта тарафдорӣ мекунем.

Мунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

Мутаассифона инҳо шартҳои Кремлинро ҳанӯз 21 сол қабл пазируфта буданд... Шарти ёрии низомӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Фронти халқӣ ин буд, ки ҳаргиз не нагӯянд ва ҳама шартҳоро қабул кунанд...

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷир аз ш. Маскав:

- Ҳар падидаеро бояд аз пайомадаш арзёбӣ кард. Ин мавзеъгирии киё Зарифӣ ҳанӯз пайомаде надошта, ки онро баррасӣ ва арзёбӣ кунем. Гоҳе исторҳо чандон устувор нестанд ва дар паи фишорҳо дигаргун мешаванд.

 

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, журналист:

- Расонаҳои русӣ ба Тоҷикистон то ҳол аз назари империяи шӯравӣ назар мекунанд ва фаҳмидан намехоҳанд, ки Тоҷикистони муосир мисли Русия як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Илова бар ин, қисмати аъзами ҷомеаи бесаводи рус (!) то ҳол андеша доранд, ки Тоҷикистон бояд ба ҳайси кишвари мустаъмараи Русия боқӣ бимонад.

Хушбахтона, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз шахсиятҳои огоҳ аст, ки манфиатҳои миллати худашро навобаста ба таҳдидҳо ва хоҳишҳои кишвари абарқудрат хеле хуб эҳсос мекунад. Хеле хуб аст, ки як нафар вазири тоҷик ба даъвоҳои кишваре, ки дар муқобили кишварҳои собиқи шӯравӣ худашро абарқудрат медонад, посухи мувофиқ медиҳад. Бигузор ҳар вазири дигари тоҷик ҳам чунин амал кунад, он гоҳ моро дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари воқеан мустақил эътироф хоҳанд кард.

Вале, агар мо ба ҳар нозу нузи кадом як абарқудрат ҳар қадамамонро мувофиқ гардонем, пас мо думравони онҳо хоҳем буд. Зиҳӣ Зарифӣ, бигузор Кремл ба шумо ҳар соат интиқод кунад. Аз ду сар дар пушти шумо Тоҷикистон ва миллати тоҷик қарор дорад. Ин омил, тавре дар ҳазор соли қабл буд, аз ҳар гуна Кремлу Қасрҳои сафеду Бундестагу ғайраву ҳоказоҳои ҳубобӣ баландтару устувортар аст!

NekvarzНекварз Ҳошими Холзода, хабарнигори муҳоҷир, ш. Машҳад:

Ин гуна мавзеъгирии  шуҷоъонаи Ҳамроҳхон Зарифӣ ,ки дар гузашта чанд намунаи дигари ҳаммонандро низ аз ӯ шоҳид будем, аз назари манфиатҳои миллӣ қобили ситоиш аст. Зеро усул  ва мантиқи давлатдорӣ ҳукм мекунад чун ҳукумати Тоҷикистон бар ҳар далеле, ки ҳаст фурудгоҳи Айниро дар ихтиёри Русия қарор доданист, дар иваз бояд чизе дар шаъни ин муомила ё ҳадди ақал наздик ба он ба даст оварад.

Бо истифода аз фурсат мехоҳем ҳақиқатеро дар мавриди муносибатҳои байниякдигарии Русия ва Тоҷикистон гӯшзад  намоем ва он ин ки ба ҳамон андоза, ки Тоҷикистон ба Русия ниёзманд аст, Русия низ аз вуҷуди Тоҷикистон бениёз нест. Аз ҷумла Русия ба вуҷуди кишвари форсизабони Тоҷикистон дар пушти сари кишварҳои туркзабони минтақа  ба ҳайси як "қалъа"-и нигаҳбони манфиатҳои минтақаии хеш нигоҳ мекунад. Илова бар ин Тоҷикистон маҳдудае геополитикие аст, ки Кремл аз тариқи он метавонад ба таҳаввулоти Чин, Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ва низ ҳаракатҳои Амрико ва НАТО, ки ба баҳонаи мубориза бо Алқоида ва Толибон дар ин минтақаи таҳти нуфузи суннатии русҳо ҷойгир шуданд, назорат кунад.

Русия ҳамчунин аз вуҷуди муҳоҷирини кории тоҷик барои ободонии худ суд мебарад. Ҳарчанд ки мақомоти рус ҳар сари чанд вақт бо иддаои ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирин, аз ин қишри бедифоъ ба ҳайси як абзори фишор бар зидди давлати Тоҷикистон истифода мекунанд. Мутаассифона роҷеъ ба ин воқеият, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳам барои кишвари худ ва ҳам барои Русия ва дигар ҷумҳуриҳо маҳалли будубошашон судовар ҳастанд камтар менависанду мегӯянд  ва аксаран аз масоил ва мушкилоте сухан ба миён меоранд, ки гӯё сабабгори онҳо тоҷикистониёни муҳоҷир ҳастанд. Аз ин назар метавон гуфт муҳоҷирони меҳнатӣ як табақаи осебпазир ҳастанд ва ҳар мақомеву қаламбадасте бо истифода аз ҳар фурсат ва замону макон аз онҳо ҳимоят кунад  кори савоб ва ба нафъи имрӯзу фардои миллат мекунад.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97