Тоҷикистони пурхайрот

Иҷтимоъ 17.02.2013 16:32

Jamshedi quvvatТашвиқи ба садақа, ё хайр кардан, хусусан аз минбари масоҷид дар ҳолест, ки мардуми азияткашида худ гирифтори садҳо камбуди молию норасоии моддӣ, вазъи ногувори иқтисодӣ ва ба замми ин ба дарди бекорӣ гирифторанд. Бо ин ҳама нигоҳ накарда бештари имомхатибон садақа ва хайр карданро мавзуъи меҳварии худ қарор медиҳанд.

 

Ончунон бо шавқу шӯр ва ба гуфти русҳо "азартно" дар боби хайр сухан мекунанд, ки кас гумон мекунад аз садақа дида кори хубтаре дар зиндагӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯз вориди масҷид нагашта назари кас ба қуттии "Сандуқи хайрия" бар мехӯрад, қутии дигар дар саҳни масҷид ва боз дар дохили бино. Бо насби қуттиҳои "Сандуқи хайрия" ва аз минбар даъват кардани мардум ба хайрот кифоят накарда, рӯзҳои намози иди Қурбон ва Рамазон ходимони масҷид қопҳо дар даст аз қатори саффи намозгузорон гузаштан доранд, ки ин худ иҷборан ба садақа додани одамон ишора дорад. Зеро кас дигар илоҷу чора надорад, ки "хайр" накунад, чун аз нафари дар паҳлӯяш буда шарм медорад. Метавон гуфт, ки ин як навъ маҷбур сохтани мардум ба садақа кардан аст. Фаромӯш набояд кард, ки ба ғайр аз тоҷикҳо, дигар ақвому миллатҳо он ҷо ҳузур доранд ва ин навъ "садақа" гирифтан аз намозгузоронро дида, чӣ гуна ба одату равишҳои мо баҳогузорӣ хоҳанд кард? Бо садақа кардан дар масоҷид ҳанӯз кори мардуми заҳматкаш ба охир намерасад. Пардохти чандин анвоъи андоз, пардохти пули кӯдакистон, макотибу мадорис, донишгоҳу донишкада, пардохти "чекчин" - и бозору таваққуфгоҳҳо… ба дӯши ин мардум аст. Дар ҳоле ки на масҷид рисолати тарбияро ва на мактабу маъориф рисолати таълим доданро ва на дигар хидматрасониҳо рисолати худро дар баробари мардум пурра ва комил анҷом дода наметавонанд, балки доранд то охири фулусро аз ҷайбашон мекашанд.

Паёмбари ислом дар ҳадисе мегӯяд; "Ибда би нафсик фатасаддақ алайҳо, фаин фазула шайун фалиаҳлик, фаин фазула ан аҳлики шайун фали зиқаробатик, фаин фазула шайун ан зи қаробатик фаҳаказо ва ҳаказо", маънӣ ин аст, ки нахуст садақа карданро аз худ бояд шуруъ кард, пас ба аҳли худ, чун аз аҳли худ фузунӣ кард, пасон барои хешу табор ва чизе агар боқӣ монд пас ба ҳар кӣ ва кадом тарафе, ки хоҳӣ садақа намо. Бештари мардум ҳатто худ ва хонаводаи хешро аз пӯшоку либоси нав ва хӯрок таъмин карда наметавонанд, куҷо расад аз садақа карданҳо. Куҷост мантиқи тарғиби садақа ва хайрот намудан? Ахир ба ин "маъракаи муҳим" ҳама табақаи ҷомеъа шомил шуданд, фақат ин ки тарзу дастури гирифтани онҳо каме ба шаклҳои дигар. Ба садақаву хайрот ва умуман дигар воситаҳои пулию моли бе заҳмату ранҷ ба даст оварда, такя намудани дастандаркорон оқибатҳои бадеро барои наслҳои оянда дар пай дорад. Ин чиз ба ҳолати равонии насли наврас сахт таъсири манфӣ мерасонад ва дар руҳияи умедворӣ ва такия кардан ба заҳмати дигарон, ки билохира дар руҳияи касолат ва танбалию муфтхӯрӣ тарбия шудани онҳо кумак мекунад. Ин аъмол рахнае ба истиқлолияти фикрӣ ва созандагӣ хоҳад буд. Истиқлолияти миллӣ ин аз истиқлолияти фардӣ маншаъ мегирад. Дар охир фармудаҳо дар боби садақа пешкаши хонандаи азиз хохад шуд, ки бори дигар боиси интибох ва бедорӣ бошад.

Садақа танҳо садақаи молӣ ва пулӣ нест. Беҳтарин садақа ин садақаи забон аст, хусусан дар замони ҳозир, ки аз забони наврасону ҷавонон садҳо анвоъи фаҳшу носазо мерезад, шиъори худ қарор додани чунин фармуда аз фоида холӣ нахоҳад буд. Дур кардани ашёи музир ва касиф аз сари роҳҳо ҳам аз беҳтарини садақот аст. То бошад, ки "мусор" ва пасхӯрдаҳои худро шаҳрвандони шаҳр дар роҳҳо нагузоранд, то боиси озор ва сархамии мардуми тоҷик дар назди дигар миллатҳо нагардад.

Паёмбари ислом фармудаанд: "Беҳтарин садақа садақаи забон аст".

Дар ривоёти исломӣ ба мафҳуми "садақа", ё худ "хайр" маънои густурда ва васеътар қоиланд ва аз он маънои тангу кучаке, ки дар зеҳни мост бисёр фаротар рафтаанд. Дар маҷмуъ фармудае аст: "Ҳар кори неку писандидае садақа" аст.

Омӯхтани илм ва донише, ки муҷиби рушд ва ҳидояти касе гардад, садақа ба ҳисоб омадааст. Эҷоди тафоҳум ва оштӣ миёни ду нафар ва ислоҳи байни онҳоро низ садақа шумурдаанд. Ҳатто лабханду табассум дар чеҳраи одамон ва роҳнамоии каси гумшуда ва бардоштани сангу хор ва устухон низ аз сари роҳи мардум садақа шумурда шудааст. Ва аҷиб ин аст, ки лозим нест инсон коре анҷом диҳад, то садақа ба шумор ояд, балки гоҳе тарки бархе корҳо ва анҷом надодани он садақа маҳсуб мегардад. Чунончи гуфтаанд: "Зиёнатро нигоҳ дор, ки ин садақае бар худат мебошад". Инчунин тарки шару бадӣ садақа аст.

Дар мавриди беҳтарин садақот бояд гуфт, инҳо: "Садақаи забон, яъне ҳарфи хубу писандидаро ба забон овардан аст, то сабаби озори равонии одамон нагардад, инчунин беҳтарин садақа ҳифзи илм ва пасон омӯхтани он ба дигарон аст ва билохира бар заъифону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан беҳтарин садақа ба шумор меравад".

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97