Ҷазо: Се рӯзи кӯчарӯбӣ барои аз девор кандани сурати Қаноату Осимӣ

Иҷтимоъ 14.02.2013 16:30

Ё чаро ба депутат шудани устод Қаноат зид будам?

Qanoat va OsimiCоли 1979. Дар таърихи 4 марти ин сол Маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, даъвати 10- ум ба кор шуруъ намуд. Ин сол ва ин маҷлис барои ман то имрӯз хотирмон ва фаромӯшно-шуданист. Дар ин сол мани 15 сола, шогирди синфи 8- уми мактаби миёнаи рақами 9- и ноҳияи Қалъаихумб (Дарвози имрӯзӣ) барои эътироз карданам алайҳи шеваи интихоботҳои сохтори Шӯравӣ муҷозот шудам, аз ин хотир ин солу он маҷлисашро дар ёд монданӣ гуфтам. Акнун хонандаи азиз, фурсате бо ман биншину гӯш дор:

Баҳманмоҳ буд. Рӯзе пас аз анҷоми дарс бо ҷамъе аз ҳамсинфонам аз назди мағозаи деҳа, ки 30 сол мудираш қиблагоҳи шодравонам буд, гузаштем ва чашмамон ба ду овеза (плакат)- и дар девори мағоза насб шуда афтод. Наздик рафтем ва дидем акси шоир Муъминшоҳ Қаноат ва академик Муҳаммад Осимиро, ки дар зераш ин навишта буд:

4 марти соли 1979 ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи халқ Муъмин Қаноат ва Муҳаммад Осимӣ овоз медиҳем!

Ман ҳамон вақт ҳам ин ду чеҳраи миллӣ, ду фарзанди донишманди кишварамро ғойибона хуб мешинохтам ва аз фаъолиятҳои эшон огаҳӣ доштам. Ва бемуҳобо он замон устодон Қаноат ва Осимӣ аввалӣ раиси Иттиҳодияи адибон ва дуввумӣ раиси Академияи улум аз маъруфият ва ҷойгоҳи беандоза баланд бархурдор буданд. Ман ба хондани тарҷумаи ҳоли номзадҳо саргарм будам, ки яке шарикдарсам Пируншоҳ "Эъ, бо ҳаминҳо номзад шудаанд" гуфту даст афшонда рафт. Ин ҳарфҳои шарикдарсам ба ман чунон таъсир кард, ки беихтиёр баланд садо кардам:

- Не, инҳо намешаванд!

Ва ҳарду овезаро аз девор канда пора- пора кардам. Субҳи рӯзи дигар дар мактаб қиёмат шуд. Дар ҷамъомади субҳгоҳӣ дигар гапу кор ҳама як сӯ буд, фақат ҷинояти гӯшношунуди хонандаи синфи 8 "б" Саидов вирди забонҳо мегашт. Муаллими ҷуғрофия маро "душмани давлат", котиби комсомолон "носипос" хонданд. Падари азизам (руҳаш шод бод) низ он ҷо даъват шуда буд ва чини абрӯ дар пешонӣ бо зарба ба директор гуфт:

"Агар ин кор ҷиноят бошад, ҷазояш диҳед!"

Баъди ҷамъомад роҳбари синфам бо ишораи директор маро ба кабинети ӯ бурд. Он ҷо муовинони директор, раиси кумитаи волидон, котиби комсомол, сарвожатий ва нозири минтақавӣ капитан Хушмуҳаммади Зингӣ ҳозир буданд. Директор аз ман бо нармӣ пурсид, агар бигӯям, ки кадом намакзада маро барои анҷоми ин кор ташвиқ кардааст, аз ҷавобгарӣ озодам, вагарна ба Сибир бадарға мешавам. Вуҷудамро ларза фаро гирифт ва худро лаҳзае дар ҷангалзорҳои анбуҳи Сибири хунук тасаввур кардам. Ва аз сӯйи дигар эҳсоси ифтихор доштам, зеро маро ба маконе бояд бубаранд, ки доҳии пролетариати ҷаҳон замоне он ҷо дар бадарға буд. Ва Пируншоҳи шарикдарсамро нафурухтам, ки аз як сухани ӯ илҳом гирифта акси бузургонро пора карда будам. Оҳиста ва бо сари хам гуфтам:

- Ман аз касе ва аз ҷое супориш нагирифтаам, дафъаи пеш низ ҳаминҳо депутат буданд, мехоҳам ин навбат Назри Хошок, ки 25 сол боз сарчӯпони хоҷагӣ ё холаи Бегимхонум, ки 40 сол боз тамоку мекораду меғундорад ва заҳролуду дардманд аст, вакили мо бошанд.

Директор сабру қарорро гум кард, бо мушт ба мизи кориаш куфт ва гуфт:

- Эй сағераи бесоҳиб! Эй ношукр, медонӣ, ки Қаноату Осимӣ кистанд?  Инҳо бояд дар Масков миллати моро намояндагӣ кунанд. Назри Хошоки ту синфи 2 тамом кардааст ва як калимаи урусиро намедонад, ун холаи Бегимхонумат ду карату дуро панҷ мега. Ва ин масъалаи депутатҳо дар боло ҳал шудааст. Як республика намедонад, ки Қаноат он ҷо зарур аст ё Назри Хошок?!

Хушмуҳаммади капитан, ки милисаро чунин хубу пурсабру хоксор дигар то имрӯз варнахурдам мисли ман бо сари хам менишаст ва протокол менавишт. Баъди чанд лаҳзаи муҳокимаву сарзаниш маро ботантана дар шоҳидии омӯзгорону шогирдони мактаб ва қисмате аз аҳли деҳа ба мотосикли сечархаи Хушмуҳаммад шинонданд ва бо ин "участкавой"- и аз пушти мани қонуншикан сархаму аз калонаш гапшунида озими маркази ноҳия шудем. Хушмуҳаммад тамоми роҳи дароз то маркази ноҳия чизе нагуфт ва гоҳ- гоҳ ба сӯям назари маънидоре мекард, ки нигоҳаш ларза ба ҷонам меафканд.

Дар шуъбаи корҳои дохилии но-ҳия омадани ҷинояткори хавфноки мухолифи давлати Шӯравиро интизорӣ мекашиданд. Маро вориди ҳуҷ-раи сардор карданд. Зиёд пурсупосам намуд. Он чиро, ки ба директори мактабам гуфта будам ва Хушмуҳаммади Зингӣ дар протокол қайд карда буд, такрор намудам. Сардор баъди дуғу пуписаи бисёр ҳукм кард:

- Се рӯз бо Забардаст кӯча мерӯбӣ!

Ва ман ҳамроҳи Забардаст се рӯз кӯчарӯбӣ кардам.

Амаки Забардастро дар ноҳия ҳама мешинохт. Ин марди тануманди содахислату беозор умри хешро дар рӯбучини растаҳои маркази ноҳия ба поён бурд ва ҳамин панҷ сол қабл аз дунё гузашт. Ва ҳар вақте маро медид: Ҳамкор чӣ хелӣ? гуфта муроҷиат мекард. Замоне, ки дар соли 2008 ба ҳайси хабарнигор ба Дарвоз рафтам, бо раиси ин ноҳия Саидалӣ Мусофиров дар кӯча сайр мекардам, яке амаки Забардастро дидам аз дур оғӯш кушода хушҳол садо кард:

-Бедаракӣ, бемеҳр шудаӣ, ҳамкор!  

Раиси ноҳия ҳайратзада гуфт:

- Забардаст, ту аз кай боз журналист шудаӣ?

Мушкили раиси ноҳияро ман осон кардам:

- Амаки Забардаст журналист нашудааст, ман замоне бо ӯ ҳамкасб, кӯчарӯб будам.

Баъди адои ҷазо ҳамроҳ бо падарам ба деҳа баргаштам. Модарам, ки руҳи азизаш аз ман шод бод, маро ба оғӯш гирифта "беинсофҳо, бачама ранги одамкушҳо бандӣ карданд", гуфта чунон нола кард, ки ҳама марду зани ҳамсоя ба гиря омад. Падарам он бегоҳ як табақ ош садақа кард. Баъди чанд рӯзи ин ҳодиса бюрои райком (маҷлиси коммунистони ноҳия) баргузор шуд ва як нафар патриоти дарвозӣ аз котиби аввали райком (раиси ноҳия) хостааст, ки ба падари ман, коммунист Саидов барои дар руҳияи зиддишӯравӣ тарбия кардани фарзандаш ҷазои сахт диҳанд, вале чун раиси ноҳия бо падарам дӯст буд, гуфтааст, ки писараш ҷазо гирифт, ҳамин бас аст. Дар ҳамон замони диктотурӣ, низоми шадид ва адами озодии баён дар Дарвоз зиёд буданд афроде, ки дар рӯ ба рӯи раисон ҳарфи хешро нотарсида изҳор мекарданд. Он патриот, ки аз дӯстии падарам бо роҳбари ноҳия огоҳ будааст, дубора аз ҷо боло шуда мегӯяд:

- Рафиқ котиб, кори давлат ҷойи дӯстиву ошнобозӣ нест!

Ва котиби якум маҷбур мешавад, ки ба падарам сарзаниш эълон намояд. Вале бо ин кор тамом нашуд. Раиси комсомолони ноҳия ба роҳбарияти мактаби мо супориш дод, ки маро ба сафи комсомол қабул накунанд. Ва ин сахттарин муҷозот барои ман буд, зеро зиёд мехостам, ки мисли Олег Кошевой, қаҳрамони китоби нависандаи машҳури Шӯравӣ Александр Фадеев "Гвардияи ҷавон" комсомол бошам.

Ба хона омада аз алам гиря кардам, падарам маро тасалло дода гуфт:

- Ҳеч гап нест, соли дигар ба сафи комсомол қабул мешавӣ, агар боз ягон номаъқулӣ накунӣ.

Ва дар ҳақиқат то соли дигар номаъқулие накардам ва маро ба сафи комсомол қабул намуданд, ки дар оғози соли 1990 бо нишони эътироз аз сафи ин созмон худро берун кашидам.  

Аз мухолифатам бо устодон Осимӣ ва Қаноат бо гузашти солҳо сахт пушаймон шудам. Ва он муҷозот шуданамро, кӯчарӯбиамро барои хеш акнун ифтихор медонам. Ва бояд зикр намоям, ки дар ҳамон соли 1979 устод Қаноат бори аввал ба вакилӣ пешниҳод шуда будаву устоди шодравон Осимӣ дафъаи сеюм. Аслан эътирози ман он замон ба чанд навбат депутат шудани як нафар буд. Ин имрӯз аст, ки мебинем масалан Зюганов ё Шабдолов беш аз 20 сол дар болотарин мақоми қонунгузории кишварашон аз номи ҳизб, вале вакили мардум мешаванд. Ва шояд дар навбати дигар низ ҳаминҳо ба касе дигар ҷойи гармашонро надиҳанд ва инро акнун ҳама як чизи маъмулӣ меҳисобем. На Шабдолов, на ҳизбаш, на ҳеч масъуле дар фикри он нест, ки як шахсияти нав, бо андешаи дигар рӯйи кор биёяд. Ин имрӯз аст, ки мебинем ҳазорон овезаву шиъору плакати номзадҳо ба вакилӣ аз дару деворҳо кандаву пора мешаванд, вале касеро мақомот маҷбур ба кӯчарӯбӣ намекунад. Банда ду бор соли 2000- ум аз ноҳияи Бохтар ва дар соли 2011 аз ноҳияи Синои пойтахт номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон будам. Ба ҳангоми маъракаи қабл аз интихоботӣ ҳар рӯз медидам, дар рӯи ҷодаву кӯчаҳо Толибшоҳи Сайидзода (аксҳоям) ва албатта расму плакатҳои дигар номзадҳо низ пораву нимпора хоб аст. Ба мақомот низ аз ин боб шикоят бурдам, як масъули умури дохила, ки марди зарифе будааст, гуфт:

- Душанбе имрӯз пур аз Толибшоҳи Сайидзода шудааст, мо он қадар ниру надорем, ки пеши ҳар акси ту посбон гузорем. Ба аксҳои рӯи замин пора- пора хобидаам нигариста онро як навъ муҷозоти тақдир ба он исёни кӯдакиам донистам.

Мани бехабар аз бозиҳои пасипардагии сиёсатҳои дунёӣ замоне бар алайҳи бузургоне чун Қаноату Осимӣ шӯридам, ҳол он ки аз ин ду нухбаи миллӣ дигар чӣ касе ба мақоми вакилӣ шойистатар буд? Валлоҳ, ки ҳеч кас! Аз устод Қаноат ва аз руҳи азизи устод Осимӣ маъзарат мехоҳам.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА,  узви ИЖТ

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97