Роҳи Мақсуд

Иҷтимоъ 09.01.2013 20:14

Turgun DadaboevДар даврони шӯравӣ ҷамъияти "Дониш" фаъолияти худро вусъат дода, ходимони он зуд-зуд ба ноҳияву шаҳрҳо ба сафари хидматӣ мерафтанд ва бо аҳолии маҳалҳо робитаи мустаҳкам барқарор намуда, дар назди мардум маърӯзаҳо хонда, перомуни ин ё он мавзуъ баҳсу мунозира меоростанд. Илова бар ин ба фаъолони прокуратура, суд, милиса, кумитаи партиявии ноҳияҳо такя намуда, онҳоро даъват мекарданд, ки дар мавзуъҳои мухталиф дар ҳузури заҳматкашон суханрониҳо намоянд.

Рӯзе дар он айём ходими ҷамъияти "Дониш"-и ҷумҳурӣ Сабоҳи Эшматов ба прокуратураи шаҳри Роғун занг зад:

-Алло, ин прокуратураи шаҳри Роғун аст?

-Ҳа, гӯш мекунам.

-Ассалому алайкум, ман ходими  ҷамъияти "Дониш"-и ҷумҳурӣ Сабоҳи Эшматов мебошам. Ман ба Мақсуд Сатторов кор доштам.

-Во алайкум ассалом, Мақсуд манам, гӯшам ба шумо, домулло.

-Мо як гуруҳ маърӯзакунандагон пагоҳ ба шаҳри Роғун рафтанием. Дар он ҷо мехостам бо меҳнаткашон вохӯрда, дар мавзуъҳои гуногун баромад кунем. Аз ин рӯ, мо номи шуморо  низ ба рӯйхати воизон дохил намудем, то ки дар байни ҷавонон баромад кунед. Бо ин мақсад занг зада, шуморо огоҳ намуда  истодаам.

- Хуб шудааст, домулло. Ман ҳамеша барои иҷрои супоришатон тайёрам. Вале лутфан шарҳ медодед, ки дар кадом мавзуъ суҳбат кунам?

-Дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон, аз ҷониби онҳо эҳтирому риоя намудани қонуну қоидаҳои ҷумҳурӣ сухан ронданамон мумкин аст.

-Майлаш аз рӯи гуфтаҳои шумо амал мекунем.

Ҳамин тариқ олимону воизони шаҳри Душанбе роҳи шаҳри Роғунро пеш гирифтанд.

Аз ҷумла доктори фанҳои фалсафа, профессор Мансурхон Бобохонов, доктори фанҳои ҳуқуқ, академик, Фозил Тоҳиров, Cабоҳи Эшматов ва дигар як гуруҳ олимон ба роҳ баромаданд. Онҳо дар ҳузури меҳнаткашони корхонаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, бунёдкорони барқ суҳбатҳои мароқангез биоростанд.

Навбати сухан ба ходими прокуратураи шаҳри Роғун Мақсуд Сатторов дода шуд. Ӯ як ҷавони миёнақади хуш қаду қомат дар ҳолате, ки мӯйсари сиёҳашро ба қафо шона зада буд, ба минбар баромада бо таҳаммул сухан оғоз кард.

- Рафиқон, ба ҳама маълум аст, ки ҳафтод фисади аҳолии ҷумҳуриамонро ҷавонон ташкил мекунанд. Пас, ояндаи мо дар дасти ҷавонон аст. Ба гулгулшукуфии мамлакатамон низ ана ҳамин ҷавонони соҳибдилу меҳнатдӯст ҳисса мегузоранд. Ободкорӣ ва созандагие, ки алҳол мо шоҳиди онем ва дар ин замина аксари онҳое, ки барои бартараф кардани норасони барқ сохтани НБО-и Роғунро дар зимма доранд, ана ҳамин ҷавонон мебошанд. Онҳо кайҳо дарк кардаанд, ки сохтмони ин манбаи нур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳуриямон объекти муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дар ин сохтмони бузурги стратегӣ намояндагони миллатҳои гуногункасб-аз қабили муҳандисону техникадонҳо, коргарони таҳамтану кордон даст ба даст дода, бо аҳли байташон  камари ҳиммату ғайрат баста, қонуну қойида ва расму русуми моро эҳтиром намуда, шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд.

Ҳамагон огоҳем, ки дар моддаи 93-и Конститутсияи мамлакатамон гуфта шудааст: "Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ тадбиқ менамоянд". Кормандони прокуратура дар маҳалҳо ба ҳаёт тадбиқ шудани қонунҳои Маҷлиси олӣ ва қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорат қарор медиҳанд. Дар зарфи се моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ агар ҳодисаҳои начандон ҷиддии ҳолатҳои дуздӣ, ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва монанди инҳоро ба назар нагирем, ҳаракатҳои сӯиқасд ба ҷони одам, одамкушӣ, ғасб кардани молу амволи давлатӣ барин корҳои ҷиноӣ қайд нагардид. Дар доираи прокуратураи генералӣ эътироф шудани чунин ҳодисаҳои номатлуб барои мо низ хурсандиовар аст.

Дар ин бобат ба падару модарони ҷавонону наврасони шаҳрамон месазад, ки аҳсану офарин хонем. Зеро нисбати онҳое, ки фарзандони худро боодоб, ба атрофиён меҳрубон, ҳурмати дигаронро ба ҷо оваранда карда тарбия менамоянд, таҳсину офаринҳо мехонед. Ин дар натиҷаи назорати қатъии волидайн аз болои рафтори фарзандон ба даст меояд.

Ҷавонони дар толор нишаста, баробари бо диққат шунидани  суханони наттоқ хеле бардавом кафкубӣ карданд.

М.Сатторов вазифаҳои худ ва супоришҳои роҳбариятро аз рӯи виҷдон ба ҷо меовард, ман-маниро намедонист. Ин хидматҳои софдилонааш бо мукофотҳо қадр гардонида шуданд.

Ман бо чанд родмарди намоёни Ҷумҳурӣ вохӯрда, аз онҳо хоҳиш кардам, ки дар бораи Мақсуд Сатторов фикрашонро гӯянд. Онҳо номи ӯро шунида хушҳол мешуданд ва аз ӯ ба некӣ ёд меоварданд:

Маниёзов Абдуқодир:

"Ту дар ҳақиқат Мақсуд достони асри бистум мебошӣ. Олим ҳастӣ, барои халқамон хидматҳои калон кардаӣ. Ту соҳиби фазилату одамияти баланд ҳастӣ, дилкушоду саховатпешаӣ. Худованд ба ту ҳама чизро додааст. Мегӯянд-ку: бо Худододагон ситеза намекунанд. Ту Мақусдҷон кони сухан ҳам ҳастӣ, аз суҳбати ту шунаванда сер намешавад. Ту ҳамсуҳбати худро насиҳат мекунӣ ва ҳам аз ҷар шудан нигоҳ медорӣ. Одамон дар ҳақи ту суханҳои басо нек мегӯянд".

Академик Ғулом Алиев:

"Вақте ман шунидам, ки Мақсудҷон диссертатсияи номзадӣ дифоъ кардааст, хеле хурсанд шудам. Ман бо узви вобастаи АИКТ Юсуф Акрамов бо кор борҳо вохӯрдаам ва ҳар бор Мақсудҷонро дар ҳузури ин олими машҳури хокшинос медидам. Баъд фаҳмидам, ки мавзуи хеле муҳим-экалогияро ба риштаи илм мекашидааст. Юсуф аз шогирдаш хеле мамнун ва розӣ буд".

Академик Исломхон Эшонов:

"22 январ соли 2002-юм буд. Дар ҳимояи кори илмии Мақсудҷон иштирок доштам. Мавзуъаш ҷолиби диққат буд: "Асосҳои экологияи баланд бардоштани ҳосилхезии замин".

 Ин аз муҳақиқ омӯзиши хеле амиқро тақозо мекард, чунки мавзуи мазкур кам омӯхта шуда буд. Тасаввур кунед: Тоҷикистонро минтақа ба минтақа ҷудо карда, ҳар якеро олимона таҳқиқу таҳқиқ кардааст. Ман баъдтар ба монографияаш шинос шудам, ақидаам дар бораи ин олим баланд гардид. Аз Худованд ва олимони дар ин ҷо ҳузур дошта хоҳиш мекардам, ки барои ҳимояи докторӣ низ мусоидат мекарданд. Монографияи ӯ бо каме иловаҳо ба докторӣ сазовор аст.

Академик Раҳимҷон Маъруфов:

"Мақсудҷон аз пулод сохта шудааст, гӯям хато намешавад. Ӯ чи ҳодисаҳоро аз сар нагузарондааст, агар мо ба ҷои ӯ мешудем, ба онҳо дошт дода наметавонистем. Зиндадилиаш, шӯхиҳояшро намегӯед. Ман ҳеҷ маъюсию ноумедии Мақсудҷонро надидаам. Чунин одамро қавихур мегӯянд. Ӯ номзади илм не, балки академики ҳақиқӣ аст.

Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Саидов:

"Мақсуд Сатторов аз оилаи тифоқу баруманде мебошад, ки бо беҳтарин арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик ва даврони шӯравӣ тарбия гирифтааст. Ӯ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бисёр корҳо кардааст ва ба доираи камшумори инсонҳое мансуб аст, ки дар бораи онҳо метавон гуфт: Ӯ дорои сари сард, дили гарм ва достони пок мебошад".

Китоби "Пайраҳаҳо…"-ро ба даст гирифтаму ба расми даруни муқова нигаристам Мақсудҷон Сатторов акс ёфтааст, китобча дар бораи ӯ. Солҳои пешин пеши назар омаданд, ки ӯ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард. Вақтҳои фориғ аз кор назди мо-адибону драматургҳо меомаду дар ҷараёни суҳбат баъзе масъалаҳоро барои худ рӯшан мекард. Охир дар ҳаёт ҳама чиз ба ҳамдигар алоқаманд аст. Аз асарҳои бадеию драмавӣ низ бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтан мумкин аст. Чунон ки устоди бузургвор, одам-уш-шуаро Рӯдакӣ фармудаанд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Мақсудҷон меомӯхту дар кори ҳаррӯзааш ҳамин омӯхтагиҳояшро дар амал тадбиқ мекард. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хидмати калоне кардааст. Ҳамчун инсон ҷони одам аст. Офарин бо саъйю кӯшиши  Мақсудҷон китоби калонҳаҷме бо номи "Баҳору Бӯстони Одешт" аз дасти чоп баромад, ки ба падару модараш махсусан модараш-зани барӯманди тоҷик пахтакори номӣ Бӯстон Сулаймонова бахшида шудааст. Ман аз ин хидмати писар дар ҳақи волидон хеле хушнуд шудам. На ҳар фард мисли  Мақсудҷон Сатторов шуда метавонад. Ӯ ба ҳамаи суханони нек меарзад.

-Ман одатан, худам сергап ҳастам, аз тариқи телевизону радио, дар ҷамъомадҳои гуногуни вазорату идораҳо муттасил баромад карда меистам,-мегӯяд корманди шоистаи Тоҷикистон, Ғолиб Тағоймуродов. Ман фикр мекунам, ки ин фоидаи кор аст. Охир масъалаи обёрию мелиоратсияи замин, ки ҳоло ба нестӣ расида истодааст, соатҳо сухангӯиро мехоҳад. Аммо Мақсудҷон дар суханварӣ, рости гап, аз ман ҳам мегузаронад. Ва аҷибаш ин аст, ки ҳама ӯро таъриф мекунанд. Охир ӯ ҳуқуқшиносу олими кишоварзӣ аст. Мантиқи гапро медонад. Дар ҳақиқат, шахси донишманд, бамаънӣ, кордон, ва аз ҳама асосиаш масъулиятшинос аст. Фикр мекунем, ки ба чунин родмардон, ки шабу рӯз дар хидмати халқу Ватан буданд, ҳайкале ё лоақал лавҳае гузошта шавад. Албатта вақти зинда буданашон.

Боре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба вилояти Хатлон ба боғчаи сабзу хуррами роҳ тавваҷуҳ намуда, фармуд, ки муҷассамаи занро зиёрат намоянд.

Сарвари давлат лавҳаи муҷассамаи ёдгории "Бисту панҷ соли муттасил сардори бригадаи пахтакорӣ будани бонуи тоҷик "Бӯстон Сулаймонова"-ро хонда, мутаҳайир шуд.

-Ин кас фарзандон доранд?- пурсид аз нигаҳбони боғча раиси ҷумҳурӣ.

 -Ҳа, Ҷаноби олӣ. Бӯстон Сулаймонова чор писару се духтар доранд. Ҳамаи онҳо маълумоти олӣ гирифта дар идораҳои бонуфузи ҷумҳурӣ кор карда, дар осоишу ободии Ватан саҳм мегузоранд. Ҳатто ду нафари онҳо роҳи илму маърифатро пеша намуда, чун олимони варзида дар байни мардум ном баровардаанд,-гуфт нигаҳбони боғча. -Бӯстон Сулаймонова дар соҳаи пахтакорӣ машҳур гашта паси ҳам се маротиба ба депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд аъзои бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд.

-Аҳсан ба чунин касони номдори кишварамон,-гуфт сарвари давлат.-Пас аз ҳаёту фаъолияти чунин одамони соҳибтаҷриба ва фарзандони обрӯманди онҳо ибрат гирифтан ҷоиз аст.

ҷаноби Олӣ гузарондани семинари ояндаи мутахассисону пешқадамони соҳаи пахтакориро дар ҳамаи ҷо қарор дода, аз дил гузаронд, ки дар назди ҳозирин перомуни ин мавзуъ суханронӣ хоҳад кард.

Бӯстон Сулаймонова ва ҳамсафари ҳаёти ӯ Абдусаттор Рашидов ба туфайли меҳнати ҳалолу намунавии худ ва ҷигарбандонашон дар байни мардум, ҳақу ҳамсояҳо сазовори шаъну шуҳрат ва обрӯю эътибор гаштанд.

Дидани истиқлоли Тоҷикистон ба Бӯстон Сулаймонова насиб нагардид. Дили дӯсту ҷигарбандонашро доғ намуда, соли ҳаштоду чоруми асри гузашта, олами фониро падруд гуфт. Ҳамсари ӯ Абдусаттор Рашидов ҳам ба танҳоӣ тоқат накарда, чор сол пас, аз дунё чашм пӯшид. Меҳнаткашони хоҷагӣ бригадаеро, ки ӯ сарварӣ карда буд, Бӯстон Сулаймонова ном гузоштанд.

Бо ташаббуси ҳамдиёрону писари калониаш Мақсудҷон Сатторов барои абадӣ гардонидани хотираи ин модари мушфиқ ба яке аз мавзеъҳои ободу зеботарини маҳалла нимпайкараи ёдгорӣ ба зиёратгоҳи одамон мубадал гардидааст.

Турғун Дадабоев,

Корманди шоистаи Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97