Дӯстам Музаф-фар дар Паша-дарра замин гирифту хонаи боҳашаммате орост. Вақте кас вориди ин хона мешуд, бо чашмони худ медид, ки Музаф-фар бо чӣ тарҳе хона бунёд кардаасту чӣ боғе сабзонда, ки ту гӯӣ ҳамон боғи Фирдавс дар биҳишт бошад.
Дар ду тарафи ҳавлӣ анору гелосу себу ноку зардолуву шафтолу мисли арӯсони зебои ҳурсифат қад афрохта, дар қисмати васат, пеши ҳавлӣ чанд токи ангур болои чойлоб паҳну пареш гашта, ки тамоми саҳни ҳавлиро соя меафканд. Дар байн кати бузурге бо тамоми наққошиву гулкорӣ ва кандакории аҷибе гузошта шуда, дар се тарафи он кӯрпачаҳову болиштҳои зарҳалин фарш гардидааст. Шамолаки нарме аз сӯи дара мевазад, ки ҳаловаташ болотар аз ҳама давову дармонҳост.
Аслан Пашадарра собиқ як даррае буд, ки на дарахт дошту на об. Гармии ин дарра оташи ҳамон дӯзахеро мемонд, ки агар банохост роҳгузаре аз ин ҷо мегузашт, барои тамоми умр ранҷу заҳматҳояшро фаромӯш намекард. Мардуми шаҳр тамоми касофату ахлотҳояшонро ба ин ҷо меоварданду мераехтанд. Дар ҳар қадам тӯдаи касофатҳо дида мешуд ва бӯи ғализи онҳо даму нафасро ба тамом месӯзонду нафасгир мекард. Паша ва дигар ҳашаротҳои музир ин ҷо хеле зиёд буд ва номи Пашадарра худ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бо ибтикор ва ташаббуси чанд тан аз ҷавонмардони шаҳрӣ ин дарра дар як муддати тӯлонӣ тоза карда шуд ва аз қисмати шарқии шаҳр ба ин ҷо лӯлаҳои об гузарониданд. Ба мардум иҷозат доданд, ки мувофиқи лоиҳа ва меъмории шаҳрсозӣ барои худ хона бунёд намоянд ва ин дарраи солҳо ба ахлоттӯда табдилёфтаро обод намоянд. Хатти барқро низ гузарониданд.
Ҳамин тавр Пашадарра ба як маконе дилрабову мусаффо табдил ёфт ва имрӯз анору ангури ин ҷо дар муқоиса ба дигар манотиқи кишварамон назир надорад.
Музаффар дар баробари он ки боғ бунёда намуда буд, хост то аз мавқеъи хуб истифода намуда, дар бари теппа мурғпарвариро ривоҷ диҳад. Ӯ дар азми худ қавӣ буд ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист 50 сар мурғҳои хонагиро дар ин ҷо парвариш диҳад. Дигар ӯ аз бозору мағоза тухм намехарид. Ҳар рӯз тухмҳои хонагӣ мехӯрду гоҳ ногоҳе як-ду мурғро кушта пар мекарду дар оташи тафдон пухта ҳамроҳ бо хонаводааш мехӯрд. Ҳар гоҳ меҳмон меомад, аз ҳамин мурғакон ҳатман барои онҳо низ мурғбирён мекарду зиёфаташон медод.
Мегӯянд, ки иштиҳо дар таги дандон аст. Музаффар рӯзе нақша кашид, ки ҳамин баргаҳи пеши тепаро ба як мурғхонаи калон табдил медиҳад, саршумори мурғҳоро иншооллоҳ ба 1000 мерасонад. Агар рӯзе 400 дона тухм бигирад, ин худ як маблағи калонро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби фурӯши гӯшти мурғ ва мурғи зинда ҳам даромадҳои калоне ба даст меоварад. Барои оянда низ накшаҳое кашид ва ба хулосае омад, ки дар як сол имкони миллионер шуданро дорад. Бо ин мақсад ҳисобу китоб кард, фоидаву зараршро баровард ва тасмимашро ҷиддӣ гирифт.
Афсӯсу сад афсӯс, ки ҳисоби хона ба бозор рост намеомадааст. Як рӯз аз хоб барвақт хеста мебинад, ки пари мурғҳо пеши мурғхона рехта шудааст. Ҳисоб карда дид, ки чанд мурғакашро ҷонваре рабудааст. Аввал фикр кард, ки шояд рӯбоҳ онҳоро бурда бошад, аммо зуд аз тасмимаш гашт. Охир Барбос, ки баробари як хар бузург аст, капааш ба танаи мурғхона часпидаст ва ҳеҷ имкон надорад, ки рӯбоҳ ба ин ҷо сар биоварад. Аз тарафи дигар сагу рӯбоҳ ду махлуқи бо ҳам зид ва душмани якдигаранд. Ҳарчанд майна об кард, мурғдуздро наёфт ва ба хулосае омад, ки шояд ин тасодуф бошад…
Хуласи калон, дар байни як ҳафта тамоми мурғҳояшро рабуданд ва аз селаи мурғон танҳо ду мурғаки дигар боқӣ монду халос.
Тасмими ҷиддӣ гирифт, ки имшаб намехусбаду асли воқеаро ошкор менамояд. Тамоми шаб ҳамроҳ бо дӯсти кӯдакияш Эраҷ болои суфраи назди ҳавлӣ дар камин нишаста посдорӣ карданд. Саг ҳамоно пеши мурғхона якпаҳлӯ мехобид ва гоҳ-гоҳ сарашро боло мекарду ба атроф менигарист.
Тақрибан соатҳои сеи шаб аз болои тепа рӯбоҳи калоне, ки думи дароз дошт, рост ба сӯи мурғхона поин шуд. Саг бо дидани рӯбоҳ якбора аз ҷой бархост. Тасаввур кунед ин ҳар ду ҷонвар мисли одам болои пойҳои қафояшон рост шуда, якдигарро ончунон бо меҳру муҳаббат оғӯш мегирифтанд, ки бинанда дар ҳайрат мемонд. Пас аз лаҳзаи бӯсобӯсӣ рӯбоҳу саг ба ишқварзӣ пардохтанд. Ҳамин, ки саг аз рӯбоҳ ком гирифт, аз пеши мурғхона дуртар рафт ва рӯбоҳ озодона, чун хӯҷаини ин хонадон вориди мурғхона шуду боқимонда ду мурғи дигарро дар як он парту пӯст канда, гирифта бо худ бурд.
Бо дидани ин манзара ҳуш аз сарамон парид. Ҳеҷ боварамон намеомад, ки сагу рӯбоҳ бо ҳам ин қадар наздикӣ кунанду дӯст шаванд. Барои ман аламовар хиёнати сагам буд, ки ҳар рӯз устухонҳои гӯштдору дигар навъи хӯрокиҳоро пешаш мегузоштам. Дар масъалаи хобу хӯр ҳеҷ мушкилоте надошт ва шахсан дӯсташ медоштам, ки дар воқеъ қобили дӯстдоштан ҳам буд. Феъли хубе ҳам дошту чун посбони хона дилам аз ин саг пур буд.
Аз камин берун шудаму оҳиста-оҳиста назди саг рафтам. Саг ҳеҷ интизор надошт, ки ман дар чунин соате бедор бошам. Ҳамин, ки саг маро дид, яку якбора як қад аз ҷояш парид. Лаҳзае карахт шуду фаҳмид, ки хиёнаташ ошкор шудааст. Дигар ӯ чораеву илоҷе надошт, ки худашро сафед кунад. Чун гунаҳкоре пеши поҳоям ба шикам зада, бо забони сагонааш уллоси паст мекашиду бад-ин васила мехост, ки аз гуноҳаш гузарам. Дар чунин як ҳолати ҳаяҷономез худам намедонистам чӣ кор кунам. Ба хулосае омадам, ки сагро ҷазои сахте диҳам…
Субҳ воқеаро ба аҳли хонадон як-як қисса кардам. Соатҳои даҳи рӯз мошинро рушан кардаму бағочи қафоро боз намуда, сагро фарёд кардам. Саг, ки аз шарм худро аз пеши чашмонамон паноҳ нигоҳ медошт, аз куҷое пайдо шуду бо сари хам назди ман омад. Ҳамин, ки ба наздам расид, мисли шаб боз рӯи поҳояш ба шикам зада, дубора талаби бахшиш менамуд. Ҳарчанд лобаву зориву тавалло кард, дигар ман наметавонистам ӯро бубахшам. Бо садои хашину қаҳролуд гуфтам:
-Ту хойин, зуд ба бағоч даро!
Саг дафъаи чандум зориву тавалло мекарду ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, вале дигар кор аз кор гузашта буд. Дид, ки гузашт намекунам, ночор ба бағоч ҷаҳид ва ман зуд дарашро бастаму ба роҳ баромадам.
Вақте мо ба биёбонҳои Данғара расидем, соат аз дувоздаҳ гузашта буд ва аз гармои офтоби сӯзон нафас дар гулӯ танг меомад. Дар дашти паҳноваре, ки на дарахт дошту на об мошинро маътал карда, бағочро кушодам. Саг зуд ба поин ҷасту боз ба бӯсидани пойҳоям шуруъ кард. Ин дафъа воқеан об аз чашмонаш беист мерехту уллоскунон худашро ба пойҳоям мешакиду узру зорӣ менамуд.
Тасмимам нисбат ба саг қатъӣ буд.
Хоинро дар ин дашти паҳнову беобу бедарахт танҳо гузоштам…
Беихтиёр байти шоир, ки дар ин бора гуфтааст, ёдам омад.
Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,
Надонистам, ки саг чун хун хӯрад, хунхор мегардад.
Ибодуллоҳи Оқилпур