Зинда бод дурӯғ!!!

Иҷтимоъ 01.01.2013 12:16

IbodulloСоли мелодии 2012 ҳам дорад ба поён мерасад. Тибқи одат расонаҳо маҳз дар поёни сол аз хонанда суол мекунанд: Соли равонро чи гуна дарёфтед?

Маъмулан, иддае онро хуб арзёбӣ мекунад ва аз барорҳову комёбиҳояшон ҳарф мезананд ва қисмати дигар бо беэътиноӣ ба ин суол посух медиҳанд ва гӯӣ, ки ҳама солҳое, ки сипарӣ намудааст, барояш чандон аҳамияте надоштааст.

Шахсан аз рӯи мушоҳидаҳо ва дидҳоям, назари ашхоси маъруф ва таҳлилҳои коршиносон ба хулосае омадаам, ки мо дар тӯли умри худ кӯшидаем ҳақиқатеро, ки бояд бигӯем, пинҳон доштаем ва бештар маврид кизбу дурӯғро ба хотири ба даст овардани ҳадафе авлотар аз ҳақиқат пазируфтаем. Суоли матраҳ ин аст: Чаро дурӯғ мегӯем?

Дар бисёр мавридҳо бидуни фикр дурӯғ мегӯем ва аз чунин як амали зиште, ки содир мекунем, мисли ин ки дар ғафлат уфтода бошем, онро нодида мемонем. Дар зиндагӣ ин қадар дурӯғ мегӯем, ки ин амал яке аз одатҳои рӯзмарраи мо шудааст. Бавижа мо пас аз ба даст овардани истиқлол дар тӯли 20 сол ба хотири расидан ба ҳадафҳои шахсии худ он қадар дурӯғ гуфтаем, ки рӯзе агар дурӯғ нагӯем, зиндагиамон ба талхиву тундӣ сипарӣ мегардад. Ва боре ҳам аз худ суол накардаем, ки оё бидуни дурӯғ метавон зиндагӣ кард?

Дар ҷомеъаи суннатии мо бо боварӣ метавон гуфт, ки шахси дурӯғгӯ авлавият касб карда, дар ҳама корҳо пешрав аст. Шахси дурӯғгӯ танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи дигарон нисбат ба худ маҳз аз шеваи дурӯғгӯӣ истифода мебарад ва ё ба хотири расидан ба мақсад ва ё ба даст овардани фоидаву ҷоҳу ҷалол қасдан дурӯғ мегӯяду шахсеро, ки пешрафтҳояш ба ӯ вобастагӣ дорад, таърифу тавсиф мекунад.

Дар соле, ки сипарӣ мешавад, бисёр дидаем, ки аз қавл то амал чӣ тафовутҳое вуҷуд дорад. Ҳамасола чун одат мо натиҷагирӣ мекунем, мегӯем, ки сатҳи зиндагии мардум чанд фисад беҳтар шуда, садҳо корхонаҳои тавлидотӣ мавриди истифода қарор гирифта, истеҳсоли маҳсулот фалон қадар зиёд ва мардум ба ҷойҳои корӣ  таъмин гардидаанд. Истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ пурра талаботи мардумро таъмин менамояд. Ин суханҳо пайваста аз тариқи расонаҳои давлатӣ, бахусус радиёву телевизион садо медиҳад ва он қадар садо медиҳад, ки ҳатто як шунавандаи одӣ дигар онро афсонаи куҳан ном ниҳодааст.

Як замоне мо дар Афғонистон хидмат мекардем ва ҳамарӯза гузориш меомад, ки дар чандин вилоёти кишвар амалиётҳои густурдаи урдуи афғонӣ ва шуравӣ бобарор анҷом ёфта, зиёда аз сад нафар "душман" куштаву ба ҳамин теъдод асир шуда, беш аз дусад аслиҳаҳои мухталиф ба ғанимат гирифта шудааст. Дар як ҷаласае генерали олирутба, раиси ситоди кулли урдуи шуравӣ Ахрамеев иштирок дошт ва пас аз хатми гузориш гуфт: Ин қадар шумо қаҳрамонӣ кардаед, ки агар ҳамин ҳашт солро ҳисоб кунем, дигар дар Афғонистон як нафар ҳам зинда намондааст ва силоҳҳое, ки ғанимат гирифтаед, аз ҷамъи силоҳҳо ва муҳиммоте, ки дар худи Иттиҳоди Шуравӣ аст, чанд баробар зиёд аст.

Ростӣ ин хандаовар аст, вақте мо гузоришҳои эҳсосиявиро роҷеъ ба пешрафту истифодаи корхонахои саноатӣ, истеҳсоли маводи ғизоӣ ва таъмини мардум бо ҷои кор мешунавем, бегумон ёдамон меояд, ки чаро бо ин ҳама пешрафтҳо беш аз ду миллион сокинони мо дар хориҷ аз кишвар ба мардикорӣ машғуланд. Шахсан тааҷубе намекунам, ки соҳаи кишоварзӣ, ки гоҳ-гоҳе ба он таваҷҷуҳ дорам, бо ин ҳама таърифҳову таблиғоте, ки аз тариқи телевизион сурат мегирад, дурӯғе беш нест. Дар мақолае "Миллат" таърихи 04.06.2012 навишта будам, ки сухани мансабдорон ба бозор рост намеояд.

Соли 2011 пас аз ҷамъоварии ҳосил дар таҷлили ҷашни Меҳргон, ки дар Вазорати кишоварзӣ баргузор гардида буд, хабари хуше садо дод, ки маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 1997-ум 2,8 маротиба афзуда, истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 2,3, картошка 6, сабзавот 3,3 ва мева 2 баробар афзудааст. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ 12 барномаи давлатӣ дар соҳоти мухталифи аграрӣ амалӣ мешавад. Бо шунидани ин хабари хуш дар дили сокинони кишвар умеде пайдо шуд, ки дигар аз Ирону Афғонистону Чину Покистон ба ҷумҳурӣ картошкаи ширин ворид намегардад, вале афсӯс...

Дар посухи ин мақола аз шаҳри Конибодом аз номи муаллиме чунин ҷавоб омад, ки мо онро айнан меорем:

"муаллим 08.06.2012. 09:20

Рӯзҳои наздик Ҷаноби Олӣ ба шаҳри Конибодом бояд биёянд. Ин аст, ки раисону мансабдорон шаҳрро оро дода истодаанд, ки ин корҳо аз ду сар ягон вақт мушоҳида карда намешуд. Дар заминҳои киште, ки Ҷаноби Олӣ бояд бубинад, ягон чиз кишт карда намешуд. Вале бо омадани Ҷаноби Олӣ ин мансабдорон мактаббачаҳоро зӯран ба ин заминҳои кишт бурда, аз бозор пиёзҳои ройгон ё зӯран аз савдогарон гирифтаашонро ба он замини холӣ дароварда истодаанд. Ҷаноби Олӣ меоянд, мебинанд чи хел пиёзҳои калону хушрӯ дар ин заминҳо мерӯяд ва таъриф мекунанду мераванд. Ин пиёзҳоро боз аз замин гирифта бозор мебаранд. Ҳамин хел Ҷаноби Олиро фиреб дода истодаанд. То кай мо якдигарро фиреб медиҳем. Охир ин мансабдорон кай ба худ меомада бошанд, кай сер мешуда бошанд. Худо ҳаст эй мансабдорон, охир аксарияти шумо намозхонед. Дар ин ҷо моро фареб медиҳед, аммо худоро фиреб дода намешавад."

Мегӯянд, ки мо мардуми мутамодӣ дар ҳама давру замонҳо душмани дурӯғу дурӯғбофӣ будаем ва мутаассифона бо гузашти солҳо аз ин одати малакутӣ дар вуҷуди мо чизе боқӣ намонда, ҳама муқаддасоти худро қурбони ҳасодату боло бурдани мақоми худ бо дурӯғ гуфтан  намудаем. Ҳатто ба хотири амалӣ намудани ҳасодатҳо дурӯғ гуфтанро як маслиҳати маъмулӣ муаррафӣ намудаем. Аксар маврид мекӯшем дурӯғро ба ҳақиқате табдил бидиҳему дар пеши мансабдор ба қавле худро ширин намоем ва аз ин амали худ ифтихор ҳам мекунем. Албатта ин яке аз роҳҳои расидан ба манфиати шахсӣ аст ва дигар ба ҳама чиз, ба хусус ба манфиати милливу иҷтимоӣ туф мегӯем. Ба хотири кореро, ки анҷом надодаем ва пос доштани мансабу гирифтор нагардидан ба сазову ҷазо дурӯғ мегӯем. Аҷиб ин аст, ки мо кореро, ки қобили таърифу ситоишу дастгирӣ нест, ҷонибдорӣ мекунем ва аз дурӯғ истифода менамоем. Вақте дурӯғ мегӯем, маҷбурем ба хотири расидан ба аҳдофи шахсӣ фикрамонро ба каси дигаре, ки дар ақидаву андешаи дигар аст, таҳмил намоем. Ин яке аз роҳҳоест, ки мо ҳамаро ҷонибдори як ақида кардан мехоҳем. Бо ин мегӯем: Агар ту бо мо ҳамақида набошӣ, пас ту бо мо нестӣ! Ба қавли равоншиносон ин амалро дурӯғи муҳофизатӣ мегӯянд. Мақсад аз ин гуна дурӯғ гуфтан ин аст, ки робитаи худро бо дигарон ҳифз намоему ин амали "манфиатовар" аз байн наравад. Бо забони имрӯза бояд мо ҳама аз як "команда" бошему манфиатҳои худро ҳимоя намоем. Агар ин шарт муроот нагардад, мавриди бемеҳрии якдигар қарор мегирем ва мо дар ин "команда" комилан бегона ва оқибат аз он ронда мешавем.

Дар ҷомеъаи мо одат шуда, ки  ҳатман бояд худро дар пеши чашми мардум хуб тасвир намоем ва бад-ин васила мардум моро беҳтар аз оне, ки ҳастем, бубинанду бишносанд. Дар ин маврид дар зеҳни мо танҳо манфиати шахсӣ ва расидан ба ҷоҳу ҷалол чарх мезанад, ки бояд ба хотири он то тавонем дурӯғ бигӯем.

Гоҳҳо инсони комил ба худ меандешад: Бояд дурӯғ гуфт ва ин падида оё воқеан лозим аст? Инсони манфиатҷӯ бидуни истиҳола ва тафаккуре посух медиҳад, ки бале, бояд дурӯғ гуфт, зеро бидуни дурӯғ гуфтан кас наметавонад дар чунин як ҷомеъа зиндагӣ кунад. Дурӯғ барои идомаи зиндагӣ дар иҷтимоъи мавҷуда лозим аст. Барои он ки робитаи шумо бо "команда" қатъ нагардад, бояд дурӯғ бигӯед. Мақсад аз ин дурӯғ гуфтанҳо рост кардани дурӯғи ҳамон "команда" аст, ки бетакрор бист сол аст идома дорад.  Ва ҷомеъа ҳам медонад, ки дурӯғ ин меъёри зиндагии мо гашта, раҳоӣ аз он  мушкилтар аз гузаштани Пули Сирот аст. Зеро, рад кардани дурӯғ гоҳҳо барои ашхосе оқибатҳои нохушеро ба бор меорад, ки шояд ба қиммати ҷонаш баробар гардад. Дар соле, ки гузашт мо шоҳид шудем, ки мансабдоре  дурӯғро рад кард ва имрӯз аз "команда" хориҷ шуд, вале ҳеҷ гоҳе аз ин изҳори нороҳативу навмедӣ нишон надод, зеро дарк карда, ки дурӯғ пояи мустаҳкам надорад. Сарбаландиро аз бешарафӣ авлотар донисту бо сари баланд рӯзгорашро дорад идома медиҳад. 

Дурӯғ дар решаву пайвандҳои мо ҷо гирифта, саросар ҳамаро ба дурӯғ гуфтан дорем одат медиҳем. Бист сол аст мегӯем, ки соли баъдӣ зиндагии мардум беҳтар мегардад. Аммо дар шаҳр бист сол аст мардум аз оби гарм дар фасли сармои зимистон маҳруманд, ба ҷуз қисмате аз маҳалоти марказӣ. Бист сол аст мардум ба хотири он ки шаҳрванди ин кишваранд, аз барқ маҳрум гашта, соле беш аз шаш моҳ дар торикиву сардӣ ба сар мебаранд. Неруи корӣ ва зеҳнии кишвар мисли муру малах ба шаҳрҳои бегона сарозер шуда, солҳо зану фарзанду қавму хешовандонашонро намебинанд. Бешак ин ҳама пеш аз ҳама дар тарбияи атфоли онҳо бетаъсир намемонад ва мо мебинем, ки падидаи дурӯғ гуфтан аз синни хурдсолӣ дар зеҳни бача ҷой гирифта, ки рӯзе чанд маротиба дурӯғ мегӯяд ва ин як меъёре дар зиндагии ояндагони ҷомеъа гардидааст.

Дар ҷомеъаи мо дурӯғгӯӣ ба ҳадди ифротии худ, яъне ба дараҷаи афсонабофӣ расидааст, ки аз ин ба баъд мо ҳама дурӯғ мегӯем. Ба назар мерасад, ки дигар имкони пешгирии ин падидаи шум намондааст. Мо сабаби ин ҳама дурӯғбофиҳоро пеш аз ҳама дар шикасти пешравии ҷомеъа, ки зикрашро кардем, мебинем. Дурӯғ руҳи ҷомеъаро дарҳам мешиканад ва дар зиндагии шахсиву иҷтимоъӣ диду шунидҳои манфиеро ба вуҷуд меоварад. Хоҳу нохоҳ шахсони дурӯғгӯ ва ҷомеъаи дурӯғин сабаби гурези ашхоси комил аз ҷомеъаи воқеӣ мегардад.

Зинда бод дурӯғ ва афсонаҳои дурӯғин!!!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97