"Сафедорак" муфидтар аз "Талко",

Иҷтимоъ 25.12.2012 09:49

аммо агар инро бихоҳед!

SafedorakБа диққати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Вазорати энергетика ва саноъати Тоҷикистон ва

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шунидани сухани гуворо ба ҳар кас илҳом ва руҳияи тоза мебахшад. Махсусан ҳангоме, ки калом дар бобати шараф, нангу номус ва комёбиву муваффақиятҳои миллӣ меравад, ҳар шунаванда мехоҳад, ки чунин калому паём бештар бошаду ифтихормандиямон низ бештар гардад.

Масалан ҳангоме, ки дар ойинаи нилгун бобати дастовардҳои варзишгарони тоҷик намоиш ё хабаре нашр мегардад, ё тавассути родиё дар бораи дар хориҷи кишвар комёб шудани ҳамватанонамон хабару лавҳае пахш мегардад, ҷисму ҷони кас осудаю болида гардида, бо камоли майл ҳар бинандаю шунавандаро ҳисси ифтихори миллӣ фаро мегираду мехоҳад, ки ҳамчунин дастовардҳо бештар бошад.

Оре, мо чунин имкониятҳоро дорем. Шароиту имкониятҳое дорем, ки ҳисси ифтихори миллии худро боз ҳам баландтару васеътар тарғибот намоем. Вале сад афсӯс, ки боз чанд далелу сабабҳо мавҷуд мебошанд, ки мо чунин имкониятро аз даст дода истодаем.

Базаи лижаронии "Сафедорак" ягона муассисаи варзишии зимистона дар ҷумҳурӣ буда, метавонад дар бобати тайёр кардани варзишгарони дараҷаи байналхалқӣ саҳми арзанда дошта бошад.

Вале афсӯс, ки мавзеъи беназири табиъат ҳанӯз ноободу муҳтоҷи дисӯзию пуштибонист.

Базаи номбурда солҳои 50-60 - уми асри гузашта таъсис ёфта, Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаю ниятҳои то ба охир обод сохтану ба гӯшаи афсонавӣ табдил додани онро доштанд. Ба сабабҳои маълум ин давлат дигар вуҷуд надорад. Ва акнун ин мавзеъ метавонад дар ҳолати пурра обод шудану ба сокинону сайёҳони хориҷӣ пешкаш шудани он ба буҷаи давлати Тоҷикистон беш аз "Талко" ва дигар муассисаю корхонаҳои коркарди тилло низ даромад оварда, дар баробари ифтихор инчунин иқтидори иқтисодию молиявии кишварро баланд бардорад.

Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон бисёр мамлакатҳое, ки қариб ягон сарвати зеризаминӣ ва имкониятҳои кишоварзию саноъатӣ надоранд, буҷаи давлат ва беҳбудии рӯзгори шаҳрвандонашонро аз ҳисоби ҷалби сайёҳони хориҷӣ баланд мебардоранд.

Мутаассифона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор ба ин масъала диққат надода, яке аз имкониятҳои асосию зарурии раванди беҳгардонии зисту зиндагии мардум ва афзуншавии буҷаи давлатро аз даст дода истодаанд.

Ҳангоми пурра обод шудани ин маркази варзишию сайёҳӣ на танҳо дар зимистон, балки дар тобистон ва дигар фаслҳои сол низ аз ҳисоби ҷалби сайёҳон ҳазорон нафарро ба ҷойи кору маъоши хуб таъмин кардан мумкин аст. Вақте ки сайёҳони зиёд ҷалб шуданд, ошхонаю меҳмонхона, мағозаю нуқтаҳои савдо, нуқтаҳои бензинфурӯшию таъмири мошинҳо ва чандин номгӯи хидматрасониҳо дар ду тарафи роҳи мошингард бунёд мешаванду аз ин ҳисоб шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор ва маъоши хуб мешаванд.

Мисоли дигар.

Мувофиқи хулоса ва маълумотҳои мавҷуда, вақте ки сарояндаи ҷавону умедбахши саҳнаи ҳунари тоҷик Таҳмина Ниёзова ғолиби яке аз озмунҳои байналмиллалӣ гардида буд, Созмонҳои хайриявии байналмиллалӣ хостанд, ки дар Тоҷикистон як барномаи консертии ройгон ба ин муносибат тақдим намоянд. Вале мутаассифона бинобар сабаби набудани ягон иншооти кушоду барҳавои ҷавобгӯ ба талаботҳои дараҷаи байналмиллалӣ пайдо карда натавонистанду ин нияти хайрашон амалӣ нагардид.

Маҳз барои гузаронидани чунин чорабиниҳо ва дигар маъракаҳои дараҷаи байналмиллалӣ дар тобистон мавзеъи "Сафедорак" хубу мувофиқ буда, дар ҳолати сохта ба истифода додани чунин иншоот, боз як манбаъи ифтихормандию сарбаландиҳои миллати соҳибистиқлоли мо хоҳад буд.

Мутаассифона айни замон ҳар хоҳишманду сайёҳ ё варзишгару меҳмоне, ки ба ин ҷо меояд, хоҳишу майли маротибаи дигар ба ин ҷо омаданро аз даст медиҳад.

Набудани шароити дамгирӣ ва хидматрасонӣ дар меҳмонхонаю ошхона, таъмини сару либос ва анҷомҳои варзишӣ, набудани қувваи барқи доимӣ, роҳҳои тангу валангор ва чандин омилҳои дигар далелу баҳонаҳое мебошанд, ки сафу шумораи хоҳишмандони азми сафари "Сафедорак" доштаро барбод медиҳад.

Бо дар назардошти ҳамин омилҳо банда ҳамчун вакили Маҷлиси ҷамоъатӣ дар чанде аз маҷлису вохӯриҳо бо намояндагони мақомотҳои дахлдор таклиф ва пешниҳод карда будам, ки:

1. Роҳи мошингарди аз мавзеъи Пуғуз то базаи лижаронии "Сафедорак" ҳамчун роҳи дорои стандарти байналмиллалӣ сохта ба тавозуни Вазорати роҳ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Точикистон вогузор карда шавад.

2. Ба мақсади тайёр кардани варзишгарони дараҷаи байналмиллалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба сайёҳону меҳмонон қувваи барқи доимӣ дар давоми ҳар 12 моҳи сол ба таври шабонарӯзӣ таъмин карда шавад.

Вале мутаассифона вақти пурқиммат дар шитоб мегузараду ҳеч натиҷае нест.

Фикр мекунам, ки барои сохта ба истифода додани роҳи аз гардиши Пуғуз то "Сафедорак" ва бо қувваи барқ таъмин намудани ин мавзеъ барои буҷаи як давлати соҳибистиқлол он қадар душворӣ надорад.

Дар ҳолати сарф шудан ҳам ин маблағ аз ҳисоби даромадҳое, ки дар боло зикрашон кардем, дар муддати кӯтоҳ барқарор хоҳад шуд.

Барои иҷрои ин кор фақат хоҳишу азми мутасаддиён зарур асту дигар ҳама баҳона.

Дар ҳолати иҷро нашудани ин пешниҳодҳо эҳтимоли дигаре низ вуҷуд дорад, азбаски мафкураи бисёре аз амалдорону мансабдорони мо камтар сӯи нангу номуси миллӣ равона шудаасту гаравиши бештар ба фасоду коршиканиҳо зиёданд, фурсату вақтро кашол дода мепоянд, ки ҳама чизу воситаҳои мавҷуда ба ҳолати нестӣ бирасанду баъд ба нархи пасту дилхоҳ ин мавзеъро харида, хусусӣ гардонанд, ки фурсати зиёде мегузараду имкониятҳои амалӣ гардидани орзуҳои миллӣ аз даст меравад.

Имомалӣ Табарӣ,

 вакили Маҷлиси ҷамъоати деҳоти  Деҳмалики н. Варзоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97