Раҳоӣ аз ғуломӣ

Иҷтимоъ 24.12.2012 10:15

rahoiБо  аз байн рафтани Девори Берлин гӯё дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ раъду барқи ғайриинтизор ва дар як вақт нузули пари иқбол ба амал омад. Халқиятҳои Аврупои Шарқӣ аз нороҳатии "волейболи идеологӣ"-и системаи дуқутба раҳо ёфтанд. Масалан,  вилояти Трансилвания, ки аҳолиашро румину маҷорҳо (венгрҳо) ташкил медоданд, то соли 1918 мутааллиқи Венгрия буд, баъд тобеи Руминия гардид. Дар соли 1940 Гитлер ин вилоятро ба иттифоқчии худ адмирали маҷори Хортӣ дод ва баъд аз хотимаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ин ҳудуд боз ба ҳайати Руминия ҳамроҳ гардид.

Ин "волейболи сиёсӣ" амалан манфиатҳои аҳолии Трансилванияро, ки гоҳ як қисм ва гоҳ қисми дигари он ба ақаллиятҳои миллӣ табдил меёфтанд, ба ҳисоб намегирифт. Ё ки ҳокимияти Шуравӣ бо дарёфти розигии Гитлер дар соли 1940 Руминияро маҷбур кард, ки Бессарабияро ба ӯ баргардонад. Ба хотири доштани сарҳади умумӣ бо Венгрия, Сталин Чехословакияро маҷбур сохт, ки як қисми ҳудудаш - Закарпатеро ба ҳайати СССР ҳамроҳ кунад. Сталин бо ин амал  давлати Шӯравиро аз Балтика то Балкан бо "давлатҳои буферӣ" иҳота кард. Вазъияти мураккабе, ки моҳи ноябр аз сари нав дар Шарқи Наздик сар зад маншаъ аз ғизои сиёсати ҷаҳонхоҳии сард мегирад. То тақсимоти Фаластин Ҳокимияти Шӯравӣ ба Сионизм ҳамчун идеологияи тиракунандаи ақли яҳудиҳои шӯравӣ бо чашми нафрат менигарист. Роҳбарияти СССР хилофи мавқеъ қарор кард, ки бо бунёди Исроил муносибати Ғарбро бо давлатҳои арабӣ ба зиддият оварда, бо ҳамин роҳ ба ӯ муяссар мегардад, ки ба Шарқи наздик ворид шавад. Ҳоло СССР несту қариб 65 сол мешавад, ки оташи ҷанг дар ин миёни замин паст намешавад.  Пас  аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ -  тағйирот дар ҷомеа чунин имкониятҳоеро тавлид кард, ки ҳатто шахсиятҳои пешқадами давлати Советӣ дарк, таҳлил ва орзу карда наметавонистанд. Чунки  шуури сиёсӣ, худшиносӣ, муҳоҷират ва муколамаи беруна набуд. Мардуми оддӣ аз макони зисти худ берун ҷоеро намедонист. Агар касе ба хориҷа мерафт, ҳатман хонаводаи ӯ ҳамчун гарав(гон) дар ватан меистоданд. Бисёр илмҳои бунёдӣ ва озодиро чун хурофоти  (Ленин) буржуазӣ эълон намуданд. Тарғиби идеалҳои коммунистӣ аз радиоспектакл фарқ надоштанд, дар ҳоле ки баъзе инсонҳо  аз намоиши зиндаи театрӣ баҳра бурда наметавонанд. Ҷавҳари ҳастии инсоният- арзишҳои модарзодии инсон зери по карда шуданд. Тавба!  Халқи   Шӯравӣ бо сабаби аз даст додани озодӣ, идеалҳои хоси миллӣ, тафаккур ва иродаи  шахсӣ ба робот мубаддал шуда буд ва аз нуқтаи ягонаи марказонидашудаи идоракунӣ (координирование) ба ҳар як қадамаш назорат бурда мешуд. Ҳанӯз Декарт ва Френсис Бекон (франсузу англис) ба бутҳое (санам) ишора карда буданд, ки инсонро дар шинохти олам халал мерасонанд. Дар хотимаи асри нуздаҳ мутафаккири беназири олмонӣ Нитсше (гарчи фалсафааш пурихтилоф аст) ба олами ноҳамвори фасод, фиреб (иллюзия), хурофот ва роҳгумиҳои одамӣ даст ба гиребон шуда буд. Ӯ ба сотсиализм ва идеяи баробариву адолати он бовар надошт. Вай чунин меҳисобид, ки ин идеяҳо мутобиқати табиати инсонро доро нестанд ва ҷону тани одамро ба дард меоранд. "Сотсиализм махфиёна ба ҳокимияти террористона омодагӣ мегирад ва ба сари оммаи бе хату савод (низший вид человек- "стадо") калимаи  адолатро ҳамчун гулмех дарун мекӯбад, то ки комилан онҳоро аз ақл маҳрум кунад".  Мардуми СССР ҳатто дар райъпурсии умумииттифоқ аз системаи ҷавҳаркуши шӯравӣ дил канда наметавонист то ҷомаи арзишҳои либералиро бар тан андоза кунад. То ҳол "Сегонаи Беловежск"-ро лаънат мефиристанд. Системаи шуравӣ (болшевизм, коммунизм, сверхфашизм ва ё чизи дигар) ҳамчун варами иҷтимоии зараррасон бар дили оммаи аслгумкардаи худ чунон микроберо (вируси ваҳм, фалаҷи мустақилият) ворид кард, ки ҷомеаи пасошӯравӣ таи 20 сол боз дар ҳамдастӣ бо олами мутамаддин дар лабораторияи  либералӣ-демократӣ бо ақл-ҳои муштарак оқибатҳои онро бартараф карда, ба сабади (корзина) таърих  барои бебозгашт (неподлежит восстановлению) партофта истодааст. Инсоният, ки чунин фалаҷии бесобиқаи ногуворро бо оқибатҳои марговар маротибаҳои аввал аз сар гузаронд, пас аз ҳаёти як насли нав комилан ба худ хоҳад омад. Дигар имрӯз мард аз ҳамсари худ нобоварӣ  ва ҳарос (зани ашхоси машҳурро хадамоти шӯравӣ ҳамчун хабаррасон  истифода мебурд) надорад. Одам аз маймун нашудааст, шӯравӣ одамро маймуну маймунбозӣ намуд. Метавон  гуфт, ки ҳокимияти шӯравӣ 70 соли дигар давом мекард, ба ҷои "отмирание государства" ними аҳолии он ва Аврупои Шарқӣ нобуд мешуд. Феълан интизорӣ меравад, ки акнун симчубҳои (столб) ақл бо симшохаҳои баландшиддат дар чашму дили мардум  барои абадӣ мустаҳкам насб шуда, аз зеристгоҳҳои неъматҳои индивидуалӣ, боварӣ, масъулият, ҳаҷми имкониятҳо ва интихоби шахсӣ энергияи белимити (бемеъёр) ройгон гирифта, эҳтиёҷоти "чароғи дастӣ"-ро бартараф мекунад. Барҳамхӯрии ИҶШС барои насли  ҳамсоли хушбахти ман гӯё як  амри таъхирнопазир буд. Мо аз дарвозаи асосии бинои озодиву боварӣ, даромадгоҳи овони муҳим ворид гардидем, ки боварӣ ҳаст овони густариши фарҳанги масъулият ва корбасти ақли мустақили худӣ хоҳад шуд.

Асри 20- ҳамчун асри бефаҳмӣ, авантюризми сиёсӣ ва даҳшатафкании муташаккил, асри фарҳанги бемасъулиятӣ,  асре, ки олам дар гирдоби даҳшати идеологӣ буд, ҳунарпешаҳои носолимро ба саҳнаи театри драмавӣ-сиёсӣ дар  нақшҳои манфур тасдиқ кард. Аз силсиланамоишҳои идеологӣ, ки драматургияаш кайфияти халқҳоро лоиқи эътибор надонист, тамошочии  "Ла-Скалаи идеологӣ" гумон кард, ки маъюсӣ аз ин пас бузургтарин аз чаҳор арзиши батнии (модарзодӣ) ӯ шуда, ӯро то лаҳзаи марг ҳамроҳӣ хоҳад кард. Чӯҷаи кабутари либералӣ (либерализм), ки парвози озмоиширо аз лонаи  эҳё (ренессонс), аз макони андешаҳои озодипарастии айвони Париж оғоз кард, дар парвозҳои марҳилавии (минбаъда) аз болои Балтику Сиёҳ ба тундбоди сахти муқобил, ба ҳуҷуми лошахӯрҳои коммунистӣ рӯ ба рӯ омад ва яқин аст, ки номи баҳри Сиёҳ ҳам ёдгори ҳамон манзара аст. Дар ҳақиқат, либерализмро, ки  дар охири асри 19 идеологияи марксистӣ фишороварӣ кард, дар асри 20 онро мубориза бо болшевизму фашизм - ду тарафи як медал, медали даҳшати глобалӣ пешорӯ омад. Тифлони лаънатии идеологие чун Холокост ва ГУЛАГ бо дастури мағруронаи волидайн пусти дарахти муғчагули иродаву арзишҳои инсониятро бо "табарча"-и кунд тарошида партофтанд.

Баъд аз озод шудан аз занҷири коммунистӣ аввалин имкониятҳо барои халқи тоҷик, ки нафаси озодиро бо бӯи хуни " қурбонии ифротии одам", ба машом гирифт, ин демократия ҳамчун шакли ҳукмронӣ буд. Имрӯз ҳар як шахси солимақл дар зери фаҳмиши ҳокимияти хуб ин ё он шакли демократияро тасаввур менамояд. Баъд аз манқуртии якасра проблемаи интихоби шахсӣ барои насли нави банда аҳамияти хоса касб кард. Кунун  ҳар яки мо дар интихоби кору фаъолият, тарзи либоспушӣ, интихоби ҳамсар, макони (география) таҳсил ва ғайра озодиро ҳис менамоем. Шакли ҳаёти дилхоҳро пеш мебарем. Инсони муосир аз як ҷиҳат маҳсули давлат аст агар бигӯем хато намешавад. Бояд қайд кард, ки на ҳама гуна давлат вазифаҳои худро муваффақона иҷро мекунад ва ягон шаҳрванд аз мутааллиқияти худ ба давлати заъиф манфиатдор нест. Давлати шакли имрӯза 4  - 5 аср пеш дар Аврупо пайдо шуд ва аз ҳамон давра проблемаи ҳокимияти сиёсӣ дар андешаронии меҳварии мутафаккирон мустақар шуд. Пӯшида нест, ки истифодаи нуфуз ва маҷбуркунӣ бар талаби итоат хоси ҳокимияти сиёсист. Ҳаёти хушу хурсанд дар ҷомеа бе ҳокимияти сиёсӣ; бе ҳифзи ҳуқуқу тартибот, бе артиш, бе хадамоти амният, бе қонунҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ тасаввур карда намешавад. Бе гуфтаҳои боло чӣ мешавад? Ба андешаи мутаффаккири англис Томас Гоббс одамон табиатан худпараст ва носер ҳастанд, барои ҳамин бе маҳдудият аз тарафи давлат онҳо талоши ғасби ҳарчи бештари неъматҳо мекунанд. Ё ки Артур Шопенгауер мегӯяд, ки "дар ҳар инсон пеш аз ҳама худпарастии фавқуллода  лона карда, бо як сабукӣ аз сарҳадоти ҳуқуқ ҷаҳида мегузарад, ки ҳар як саҳифаи таърих баёнгари барҷастаи он аст". Ҳокимияти сиёсӣ дар ҳама гуна ҳолат зарур аст, чунки ба шаҳрвандон эҳсоси бехатарӣ мебахшад. Ба назари Гоббс одамон дар фазои боварӣ ҳамкорӣ карда, барои истеҳсоли неъматҳое, ки дар "ҳолати табиӣ" намерасанд, ҳаракат мекунанд.  Ҳодисаҳои тобистони Бадахшон нишон доданд, ки Гоббс ҳақ аст.

Ба ҳар ҳол саволе ба миён меояд, ки ҳокимияти сиёсӣ чи гуна ва дар кадом ҳолатҳо  бояд маҳдуд бошад? Дар баъзе ҳолатҳо худдорӣ ё гузашт кунад ва ё ки ваколатҳои бештаре дошта бошад?

Чи хеле, ки мо медонем, системаҳои сиёсие, ки мо демократӣ меномем, нақши шаҳрвандро дар роҳбарии давлат маҳдуд мекунанд. Ҳокимияти аслӣ, ки ояндаи ҷомеаи демократиро муайян мекунад, амалан фарогирии иштироки аксариятро дар идоракунии  бевоситаи ҳокимият таъмин карда наметавонад. Мумкин аст саволе пайдо шавад, ки барои чӣ кор ин хел сурат мегирад? Гуфтан мумкин, ки дар амал хеле муаммозост масалан, даъвати  аҳолии ҳафтмиллионнафараи кишвари моро (на ҳамаи онҳоро) дар ҳалли қарорҳои сиёсӣ, ки барои ҳукумат бори аз меъёр зиёд мешавад.  Агар мо кӯшиши роҳандозии чунин система кунем, ин чиз кори ҳукуматро фалаҷ менамояд ва мо барои он корҳое, ки муҳимтар аз сиёсатанд вакт ёфта наметавонем. "Инқилоби информатсионӣ" имкон медиҳад, ки андешаи шаҳрванд оид ба доираи васеи масъалаҳо фаҳмида шавад. Аммо аксари инсонҳо аз шаҳди  ин неъмати технологӣ бархурдор нестанд. Демократия худ бо мурури вақт имкон медиҳад, ки инсон узви лозимаи организми сиёсӣ буданашро эҳсос намояд.

Як сабаби бевосита напурсидани фикри аҳолӣ (ба ғайр аз райъпурсиҳои истисноӣ) он аст, ки омма дар масоили сиёсӣ салоҳияти кофӣ надорад ва бо эҳсоси мамнун  қабули қарорҳои сиёсиро ба дасти шахсиятҳои ҳирфаии ин соҳа медиҳад. Йозеф  Шумпетер дар асараш  "капитализм, сотсиализм ва демократия" ишора мекунад, ки вазифаи шаҳрванд дар он аст, ки гуруҳи пешвоёнро (аристократияи интихобӣ) интихоб намояд, ки онҳо муаррифгари орзую омоли у бошанд ва худи ӯ ҳаргиз кӯшиши бевоситаи таъсир ба қабули қарори сиёсиро дар сар напарварад.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки сабаби дар сатҳи паст қарор доштани ҳушёрӣ, маърифат, огаҳӣ  ва завқи  сиёсии аксари шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ дар чист? Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нисфи аҳолии ҶТ аз фаъолияти  қонунбарории парлумон, вазирон, ҳизбҳои сиёсӣ ва умуман аз ҳаёт ва равандҳои сиёсии давлату минтақа  огаҳӣ надоранд.

Дар бораи демократия сухан ронда ба озодии шахсӣ дахл накарда намешавад. Давлат кадом шакли ҳукмрониро, ки доро бошад , озодии шахсиро бояд аз ҳар гуна дахолати беасоси (произвол) сохторҳои он ҳифз бояд кунад. Демократия дар кадом шароит, ки татбиқ шавад, муҳим он аст, ки чи гуна шароитҳоро муҳайё бояд кард, то ки одамон ба ҳамдигар эҳсоси боварӣ пайдо карда, қонунгузории демократиро риоя ва дар фазои боварии якдигарӣ муҳокима ва ҳалли муаммоҳоро чун амали шоиста анҷом бидиҳанд.

Идеяи марказӣ дар идеологияи сиёсии либерализм ин дастгирии фазои озодии шахсӣ мебошад. Либерализм нидо мекунад, ки давлат ҳарчанд хуб аст, аммо дахолати он ба фазои озодии шахсӣ, ки дар алоҳидагӣ арзиши бузургро дорост, маън карда шавад. Озодии инсон аз шумораи имкониятҳои руҳафзову умедбахш ва аз қобилияти ӯ дар интихоби яке аз онҳост. Давлат дар ҳақиқат метавонад, ки озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд намояд (баъзан асоснок). Масалан қонун дар бораи маъни суҳбати телефонӣ ҳангоми рондани нақлиёт, ки дар нигоҳи аввал озодии моро агар маҳдуд мекунад, аз нигоҳи бехатарӣ ин амалкард асоснок бар манфиати шаҳрванд аст. Ҳар як индивид маҷмуи ҳуқуқҳои инсониеро дорост, ки давлат дар ҳолатҳои нозук ваколати дахолат ба онҳоро надорад.

Андешаи гиромидошти ҳуқуқи инсон оғози қувваи эътибори худро аз лаҳзаи ташкилшавии СММ ва имзои «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» мегирад. Аслан худи мафҳуми ҳуқуқи инсон хеле барвақт пайдо шуда,  решаи он ба идеяи «ҳуқуқҳои табиӣ», ки мавқеи марказиро дар фалсафаи либерализм соҳиб аст, рафта мерасад.  

Дар таълимоти либерализм инкишофи минбаъдаи ҷамъият дарк карда намешавад ва ба нақша гирифтани (таҷрибаи экс-ИҶШС, нақшаи панҷсола) инкишофи он номумкин аст. Имрӯз, хислати умумиҷаҳонии сиёсат аз ҳар як шаҳрванд талаби мутобиқшавӣ ба тағйиротҳои ногаҳонии иҷтимоиву сиёсӣ менамояд, ки инсон аз дарки пешомади онҳо огоҳ нест ва яқин аст, ки огаҳӣ пайдо кунад (дар ҳоле ки фарҳанги сиёсӣ заиф асту аз 7 то 70 сола ба китоб чун ба ҳайвони кӯча муроҷиат менамояд).

Таҷрибаи коллективизми Шӯравӣ ин ғарқи умумӣ буд, дар ҳоле ки инсон аз озодиҳои иқтисодӣ маҳрум карда мешуд. Ба рафтори чӯпонҳо назар карда, беихтиёр ба хулосае омадам, ки фаросат ва амалкарди онҳо нисбати чаҳонбинии кураторҳои назариявию амалии «давлатсозӣ»-и коммунистӣ даҳҳо андоза мақбултар аст. Ба ҳайати рамаи гӯсфандон ҳамроҳ кардани буз ин руҳияи мустақилият ва доираи васеи гардиш, ҳаракати озод ва босуръатро дар вуҷуди ҳайвонҳо бедор мекунад. Гӯсфандҳо дар вақти ҳаракат аз ҳамдигар дуртар ҳаракат карда, ба якдигар халал намерасонанд, хатар ва ҳамлаи ногаҳониро пешакӣ ҳис мекунанд. Роҳбари маънавӣ ва идеологии рама - буз аз ягон хатар наҳаросида, талу теппаҳои баланд ва ҳатто дарахтонро фатҳ карда, гӯсфандони лоғарро аз неъматҳои фаровони табиӣ баҳравар мегардонад. Ба ғайр аз буз аз ақиби рама сагҳои ба назар гӯё ботамкин вазифаи полисро бар дӯш доранд. Барои ҳамин ҳам кӯшиш ба муваффақияти шахсӣ ва эҳсоси мустақилият озодиро болу пар дода, ҳушёриро комил ва дороиро афзун мекунад.

Ғарқи марксизм дар киштии «Манифести коммунистӣ» дар уқёнуси ороми таърих парчами(титул) куратории ҳастиро барои абадӣ ба назарияи нодири Таърихи Универсалии Фридрих Гегел супурд. Гегел бовар надошт, ки гӯё ҷараёни таърихӣ беохир давом мекунад ва чунин ҳисобид, ки ин ҷараён бо ташкили ҷомеаҳои озод дар олами ҳақиқӣ ба охир мерасад. Яъне, ки хотимаи таърих.  Аммо Гегел таърихро ҳамчун ҳаракати пешқадами инсон ба сатҳи нисбатан олии ақл ва озодӣ муайян кард ва ин ҷараён фақат дар ҳоли ноилшавӣ ба худогоҳии мутлақ натиҷаи ниҳоии мантиқиро доро буда метавонад.

Проблемаи хеле ҷиддии имрӯзаи олам, ки ҳар як шахси боиродаро бетараф ва ором гузошта наметавонад, ин таҳқиру туҳмат аст, ки давлат бояд  шаҳрвандонашро аз он муҳофизат кунад. Дар ин ҳолат дахолати давлат зарур аст, чунки ин масъалаҳо дар байни тарафҳои ҷабрдидаву зараррасон ҳалли худро ёфта наметавонад.  Дар ин замина ба андешаи мутафаккири хушгуфтори олмонӣ Карл Ясперс мавҷудияти инсон 2 чизро талаб дорад; муҳофизат аз зуроварӣ ва аҳамияти андешаҳову ихтиёри худ.

Дар ин самт имрӯз фақат Демократия метавонад ҳамчун барандаи фавқултамаддун (сверхцивилизация, -С.Н) хидмат намояд. Аз нигоҳи сиёсатшиноси амрикоӣ Алмонд Габриэл боварӣ ба ғалабаи  ҳатмии ақли одамӣ ва озодӣ, ки маҳсули давраи Эҳёст (ренессанс), дар аввали асри 20 ду бор мувоҷеҳи ларзиши садамавӣ шуд. Инкишофи фашизм ва коммунизм пас аз ҷанги якуми ҷаҳон дар тақдири ҳатмияти демократия дар Ғарб хавотирии ҷиддӣ ба бор овард.

Ф. Хайек (иқтисодчии фавқулодаи асри 20, дорандаи ҷоизаи Нобелӣ, муаллифи шоҳасари «Роҳ ба ғуломӣ») дар асари номбурда муносибати либералӣ ба ҷамъиятро шабеҳи боғбоне медонад, ки он бояд ҳарчи зиёдтар аз ҳаёти растаниҳои парвариш мекардааш огоҳ бошад.  А. де Токвилҳ муаллифи асари калидии «О демократии в Америке» дар соли 1848 манзалати демократияро бар сотсиализм чунин баҳои холисона медиҳад; демократия ва сотсиализм ягон ҷиҳати умумӣ надоранд, ба ғайр аз як калима; баробарӣ. Вале  бубинед, ки чи тафовут аст; агар демократия кӯшиши баробариро дар озодӣ мекунад, сотсиализм баробариро дар ғуломиву зулм.

Масъалаи дигар ин озодии сиёсист, ки ҳамчун кафили озодии иқтисодиву шахсӣ баромад мекунад. «Озодии сиёсӣ манофеи асосиро ба омӯзиш мекашад, ақлро вусъат медиҳад, тафаккурро сиришти нек медиҳад, таҳкурсии шарафу иқтидори халқро, яъне баробарии зеҳниро барқарор мекунад», гуфта буд Бенҷамин Констан, ходими давлатии Фаронса, ҳамасри В. Гюго.

Инкишофи босуръати  тамаддуни муосир ва халқиятҳои чаҳон аз ҳукуматҳо хостори эҳтироми беҳтар бар истиқлоли шаҳрванд мебошад.  Барои Фридрих Хайек ҳамчун либерал, озодӣ нафақат арзиш байни дигар арзишҳо, балки сарчашмаи дигар арзишҳо ва шароити  мавҷудияти онҳо мебошад. Дар таълимоти ӯ маҷбурияти камтар арҷгузорӣ мешавад. Дар мо ҳеч кас як каси дигареро маҷбур намекунад.  Фикр мекунам, ки шароити зисти инсонҳо бад шавад, демократия гунаҳкор нест, ин камбудии худи онҳост, ки наметавонанд бо сабабҳои ноуҳдабароӣ, беэътиноӣ, характери иртиҷоии оилавӣ ва ё нарасидани мероси падар дороии худро афзун кунанд. Тибқи омори умумиҷаҳонӣ дар соли 1996 маҷмуи дороии 358 нафар бойтарини олам ба маҷмуи даромади 2,3  млрд аҳолии камбизоати сайёра баробар буд. Барои ашхосе, ки коллективизмро аз сар гузаронидаанд, аз бемории танбаливу тайёрхурӣ (ба ҳар кас …, аз ҳар кас…,) табобат ёфтанашон осон нест ва ин тафовути болоро ҳунари эътироф надоранд. Ҷаззобияти пул дар меҳнати сарфкарда баҳри он аст. Черчилл ҳам дар ҳикматаш ин чизро барҷаста бозгӯ мекунад; руҳафтода дар ҳар як имконият мушкилиро мебинад; некбин дар ҳар мушкил имкониятҳои худро мебинад.

Моддаи  3-и  Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро моддаи батнии ҳуқуқи байналхалқӣ гуфтан мумкин аст. Чунки арзишҳои олии инсон; ҳар як инсон ҳуқуқ ба ҳаёт ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсро доро мебошад, нуҳ моҳ пеш аз тавлиди он дар парлумони батнии модараш аз «поправка» гузашта, ба иродаи ӯ замима мешавад ва шахсияти оянда тули ин нуҳ моҳ зери назорат ё худ мандати фраксияи ғолиб қарор мегирад. 

Дар масъалаи роҳбарии кадрии сиёсӣ Берк Эдмунд ( асосгузори консерватизм) фикр мекунам, тавсияи хуб медиҳад, ки дархӯри замон аст; ходими хуби давлатӣ бояд се сифатро доро бошад; роҳбарӣ карда тавонистан, моликияти хусусиро доро будан ва насаби баланд (аристократичност)доштан.

Давлат барои мутобиқати аҳдофи либералӣ на фақат қобили ҳифзи  моликияти хусусӣ бошад. Он бояд вазифаҳои худро чунон амалӣ намояд, ки риштаи раванди босуботи инкишофи ҷомеаро ҳар гуна инфиҷорҳо (таркиш дар шуъбаи шашуми РКД- и в. Суғд, инфиҷори танҳо хоси Тоҷикистон нест, ки даҳшати он аз даҳшати Освенима ҳам бадтар аст), бетартибиҳои оммавӣ (ҳаводиси Бадахшон, ки субъекти ҳокимият бо усули бобоӣ ба қатл расонида шуд), ҷангҳои шаҳрвандӣ, ҳамлаҳои ногаҳонӣ (ҳодисаи Камароб) ва ғайра гусаста накунанд. Давлати демократӣ бояд сари вақт аз зуҳури сарчашмаҳои хатаровар огаҳӣ пайдо карда, онро пайгирӣ намояд. Ақли одами солим бо ҳодисаҳои куштани худ ҳамроҳи дигарон (камикадзе ё «фидоӣ») дар Тоҷикистон муросо карда наметавонад. Характери миллии тоҷикӣ дар олам бесобиқа аст, набояд иқтибос аз арабҳои Шарқи Наздик гирад. Харобкориву инфиҷор таърихан хоси миллатҳои ҷоҳил аст, ки барои нишон додани садоқату тақвои худ ба пири руҳонӣ ва ё унсури дигар, аллакай шуруъ аз асрҳои миёна аз манфуртарин усулҳои тахриб истифода мебурданд. Имрӯз Моссад ва Лубянкаи Маскав (муваффақтарин марказҳои иктишофии олам) дар фаҳмиши тайёр, коркард ва истифодаи воситаҳои таркандаи «фидои»-ҳои (ҳеч кас муҳтоҷи ҷони ту нест) ин минтақа оҷизанд. Магар салла барои он аст, ки дар куштори Раббонии холис (шояд абр ҳам ба хашм омаду ашки талх гирист) аз он кор бигирӣ!

Ин суханҳоро ба он хотир мегӯям, ки миллати сарбаланди тоҷик аз оромии феълӣ нанозад ва ҳушёриро тобеи гароишҳо насозад, пойбанди популизми диниву мазҳабӣ нашавад.  Минтақаи  Суғд, ки садсолаҳои охир яке аз минтақаҳои ором, пешрафта , дорои саноати касбиву ҳавзаи адабӣ, макони илм ва фарзандони фавқулода беназир ва поягузори ҳукумати имрӯза ва то андозае таъсиргузор ба тамаддуни оилаи халқиятҳои мусофири Роҳи Абрешим аст, аз Маҳмуди нохалаф оғоз карда, то ифротгароҳову аз модар хато таваллудшудагоне, ки дар таркиши бинои мақомоти корҳои дохилаи вилоят даст доштанд, мехоҳанд, ба чашмони зебои Тоҷикистон нил бикашанд. Аз ин сабаб барои коршоям будани демократия инсонҳо бояд аз тарсу бадбинӣ ва нобоварӣ эмин бошанд. Дар ҷомеаи имрӯз баъзе оилаҳо тарбияи бачаҳоро аз кӯшиши талқини итоати маҷбурӣ (агар мехоҳӣ ва агар ҳам намехоҳӣ ҳамин касбу илму равиши ҳаётро интихоб мекунӣ!) оғоз мекунанд, ки натиҷаи он ё ғуломзодагӣ ва ё ваҳшигарӣ хоҳад буд, ки ҷои тарбия дар руҳияи талаботҳои демократиро ишғол карда истодааст. Чашмҳоро калонтар кушода, агар назар намоем, мо мардуми Осиёи Марказӣ пойбанди бисёр анъанаҳову хурофотҳои динӣ ҳастем, ки шикастаруҳии мо сарчашма аз ғуломзодагии гаҳворагӣ мегирад. Ба ғайр аз Шарқи Миёна дар ягон миллати дунё тифли навзодро дар гаҳвора ресмонпеч намекунанд. Кӯдак дар мо марҳилаи «зеки табиӣ»-ро аз сар мегузаронад, маҳбуси озодшуда дар ҷамъият ислоҳ намешавад ва боз  сари чанд вақт ба гаҳвора бар мегардад, ки ҳар бор ин макон барояш тангӣ мекунад ва хашм, кина, бадбинӣ, ғуломтабиатӣ, ноқобилӣ ва дигар омилҳои манфӣ аз ҳамин лаҳза ба ӯ сироят мекунанд ва ӯро барои оянда аз меҳвари аҳамият дур мепартояд. Агар зан бо организми қавияш ҳангоми таваллуд 10000 ҷоул энергия сарф кунад, кӯдаки оҷиз вақти фиғон кардан ҷоули ГУЛАГу Холокосту крематорияи Гитлериро якҷоя ба таври насия (дар ин ҳолат шири модар кредит ҳисобида мешавад) сарф мекунад, ки то охири умр аз пардохти фоиз раҳоӣ намеёбад.

Мутафаккири барҷастаи олмонӣ Фридрих Нитсше то поёни умраш эътиқодро хатарноктарин зуҳурот мепиндошт. Хурофот ҳам яке аз даҳшатҳои аҳриманӣ буда, ҷавҳари одамиро фузунтар аз коммунизму (фавқулфашизм) фашизм ба ларза меорад.

Нитсше чунин ҳикмати хубе дорад; агар ту ғулом ҳастӣ, пас дӯст буда наметавонӣ, ва агар золим (тиран),- рафиқҳо дошта наметавонӣ.

Дар хотима гуфтаниям, ки эҳтиёт бошед, боиродаву дӯсту озод бошед, масъулиятро, ки асли бунёди одамист, ДАРК намоед, ҳаргиз матоъе аз бозори ғуломӣ нахаред, вақте ки абри сиёҳи мазҳабӣ намудор шуд, либоси ғафсу нарм ба бар кунед… Рӯ ба адабиётҳои ғарб ҳам биёред, одами аз олам бехабар шабеҳи хонаи беандова аст, ки аз такя ба он меҳаросӣ. Оптимист (хушбин) бошед, чунки гиреҳи хушбахтӣ дар оптимизм аст.            

Сарвар Наврӯзов

донишҷӯи ДДҲБСТ дар в. Суғд

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97