Соли нав ғалат будаст, Наврӯзро таҷлил кунед!

Иҷтимоъ 14.12.2012 14:43

Ё иштибоҳ дар таваллуди Исои Масеҳ ва солшумории милодӣ

bless-you-sydney-and-farewellDaily Telegraph як рӯзномаи Бритониё хабар медиҳад, ки раҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Бенедикти XVI тақвими масеҳиро бар пояи як иштибоҳ танзим шуда дониста ва гуфтааст, ки Исои Масеҳ чанд сол қабл аз он ба дунё омадааст.

Поп Бенедикти XVI дар китоби худ, ки ба тозагӣ чоп шудааст, мегӯяд, ки тақвими масеҳӣ бар пояи як иштибоҳи солшумории таърихӣ танзим шуда ва Исои Масеҳ чанд сол қабл аз таърихе, ки тасаввур мешавад, зода шудааст.

Поп дар китоби худ бо номи "Исои носирӣ, ҳикояти кӯдакӣ", ки рӯзи 12.12.12 муаррифӣ шуд, менависад, ки ин иштибоҳ маҳсули хатои як роҳиби масеҳӣ аст, ки бо номи Дионусиюс Ексигюс дар қарни шашум зистааст.

Дар ин китоб, ки дар аввалин чопи он, як миллион нусха вориди бозор шудааст, Поп менависад, "солшумории вобаста ба оғози тақвими мо, ки бар асоси таваллуди Исои Масеҳ танзим шудааст, тавассути Дионусиюс Ексигюс анҷом ёфт ва ӯ дар ҳисоби худ чандин сол иштибоҳ кард. Таърихи таваллуди воқеии Исои Масеҳ чандин сол зудтар будааст."

Қаблан низ баҳсҳое дар мавриди ин ки пояи тақвими масеҳӣ иштибоҳ аст радду бадал шудаанд ва таърихнигорони зиёде низ бар онанд, ки Исои Масеҳ байни ду то ҳафт сол қабл аз милод зода шудааст. Аммо тарҳи ин мавзуъ ва изҳори шакку тардид дар мавриди яке аз муҳимтарин унсурҳои суннати масеҳӣ тавассути як раҳбари католикҳои ҷаҳон, як нуктаи бисёр муҳиме аст.

Дионусиюс Ексигюс, роҳиби масеҳии қарни шашум ба унвони бунёдгузори тақвими нави масеҳӣ шумурда мешавад, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз он истифода мекунанд ва Тоҷикистон низ ба ин шумор аст. Яке аз сабабҳои ихтирои чунин тақвиме, дурӣ гирифтани дунёи масеҳият аз тақвиме буд, ки нуқтаи оғози он, шуруи даврони ҳукмронии Диослетиан, императори Рум буд. Ин император дар даврони худ масеҳиёнро саркӯб карда буд. Бинобар ин масеҳиён, ки аз қарни V ва VI қадам ба қадам қудрати худро дар Аврупо мустаҳкамтар карданд, афзал шумурданд, ки ба ҷои даврони зимомдории вай, таърихи таваллуди Исои Масеҳро пояи оғози тақвими нави худ қарор бидиҳанд.

Бино ба навиштаи Daily Telegragh шеваи муайян кардани замони таваллуди Исои Масеҳ тавассути Дионусиюс Ексигюс комилан мушаххас нест ва бисёре аз таърихнигорон ба назари Поп, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар мавриди иштибоҳи мавҷуд дар ин тақвим мувофиқанд.

Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашудааст. Ба назар мерасад, ки Дионусиюс Ексигюс барои муъайян кардани соли таваллуди Исои Масеҳ ба як ишораи норӯшан ба оғози даврони паёмбарии ӯ дар матнҳои муқаддас ва ҳамчунин замони "ғусли таъмид"-и ӯ, ки дар даврони зимомдории Тибериюс, яке аз имрераторҳои Рум сурат гирифт, такя кардааст.

Замони таваллуди Исои Масеҳ танҳо мавзуи баҳсбарангези ин китоби Поп нест. Ӯ дар бахши дигаре аз китоб мегӯяд, ки бар хилофи суннати роиҷ байни аксарияти масеҳиён, дар лаҳзаи таваллуди Исои Масеҳ, ки тибқи ривоятҳо дар як оғил рӯй додааст, ҳеч ҳайвоне, аз ҷумла хар дар он оғил набудааст.

Аксари католикҳои ҷаҳон ҳанӯз тибқи сунатҳои дерина, ҳангоми фаро расидани таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ ба унвони бахше аз ороиши Кресмес, саҳнаи таваллуди вайро ороиш медиҳанд, ки фазои даруни як оғил, Марями муқаддас, Довуд, Исои навзод ва чанд ҳайвони хонагӣ, аз ҷумла хар низ шомил мешавад.

Поп Бенедикти XVI дар мавриди маҳали таваллуди Исои Масеҳ низ назари муаррихонеро, ки муътақиданд вай дар Носирия таваллуд шудааст, рад мекунад ва мегӯяд, ки вай дар Байтуллаҳм ба дунё омадааст.

Рӯзномаи Daily Telegraph аз қавли профессор Ҷон Бартон, устоди инҷилшиносии донишгоҳи Оксфорд менависад, ки аксари таърихнигорон ба назари Поп мувофиқ ҳастанд, ки тақвими милодӣ иштибоҳ аст ва Исои Масеҳ байни чаҳор то шаш сол қабл аз милод таваллуд шудааст. Ба гуфтаи вай, дар китоби муқаддаси масеҳиён ба замони таваллуди Исои Масеҳ ҳеҷ ишораи дақиқе нашуда ва тамоми ончӣ, ки мушаххас аст, ин аст ки вай дар даврони зимомдории Ҳероди Бузург, зода шуда, ки як сол қабл аз мелод даргузашт.

Ба гуфтаи профессор Ҷон Бартон, ин эътиқод, ки Исои Масеҳ дар рӯзи 25-уми декабр таваллуд шуда аст, низ ҳеч пояи илмӣ ва дақиқе надорад. Ба гуфтаи вай, ҳатто ҳеч санаде вуҷуд надорад, ки фасл ё моҳи таваллуди вайро мушаххас кунад.

Ва акнун дар Тоҷикистон низ бояд дар пайи бозгашт ба асли хеш, ба хусус бозгашт ба солшумории аҷдодӣ биандешанд. Ва дар тараддуди пешвози соли нав дар Наврӯзи хуҷаста бошанд, Рӯзе, ки бебаҳс ва бунёдӣ аст.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97