Нақшаи генералӣ; хонаи кӣ дар "план" аст?!

Иҷтимоъ 05.12.2012 19:50

genplanМинтақаҳои маскунии бартарафшаванда

Маълумотнома баҳри раҳнамоии сокинонн шаҳри Душанбе

оид ба минтақаҳои маскунии бартарафшаванда, тибқи талаботи

Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр:

Агарчӣ замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат аст, аммо аз чанд сол ба ин сӯ дар кишварамон он хариду фуруш мешавад. Шояд бархе ноогоҳона ва бархе ҳам дониста аз қонун убур карда, ба хариду фуруши замин даст мезананд. Ба хусус эълоноти зиёде дар мавриди ба фуруш гузоштани қитъаи замин (участок земли) ба чашм мехурад. Ҳамчунин барои ғайриқонунӣ тақсим кардани замин (ё фурухтани замин) мансабдорони маҳаллӣ ба ҳабс ҳам гирифта шудаанд. Аммо ин иқдоми ғайриқонунӣ ҳамоно идома дорад, балки акнун он ба тамоми манотиқи Тоҷикистон сироят кардааст. Дигар на танҳо заминҳои боби ноҳияи Рӯдакӣ (Ленинский р/н аз замони раисии Хол Машраб) гирди забонҳост, балки акнун дар дуртарин навоҳии кишвар ҳам хариду фуруши замин дар авҷ аст, ё бо пул, ё бо ошнобозӣ ё бо навбатпоӣ, ҳар кас мехоҳад соҳиби қитъаи замине шавад. Мутаассифона фишанги ин иқдоми ғайриқонунӣ аз сӯи ниҳоде контрол намешавад ва ҳамон гуна ба мушкили бузурге табдил шудан дорад. Мардум сармояи зиёдеро ба харҷ дода дар пеши чашми масъулон хона месозанд, боғ бунёд мекунанд, аммо замонаш, ки фаро расид, дар як мижа задан ин ҳама дороӣ "туъма"-и "даҳон"-и булдозер мешавад. Тахриби хонаҳо дар гирду атрофи шаҳри Душанбе дар ин авохир бо сабаби хунукназари масъулони маҳаллӣ бо эътирози густурдаи мардум табдил шуд. Бо назардошти печида шудани мушкил ва муроҷиати рӯз дар миёни мардуми хона ба дӯш нашрияи "Миллат" қаблан пешниҳод дод, то нақшаи куллии шаҳрсозӣ ё "генплан" нашр ва аз буҳрон дар ин маврид ҷилавгирӣ шавад.

Билохира шаҳрдории пойтахт даст ба кор шуда, дар сомонаи худ Нақшаи куллии шаҳрсозиро нашр кард. Нашрияи "Миллат" аз ин иқдом истиқбол карда, тасмим барои чоп ва нашри густардаи ин Нақша гирифт. Инак он нақшаро пешкаши хонандаи гиромӣ месозем. Худ бубинед, то дар мушкил банд намонед: 

дар ноҳияи Сино

1. Маҳаллаи "Шараф": аз шимол-хиёбони И.Сомонӣ, аз ҷануб-Канали калони Ҳисор, аз шарқ- кӯли Ҷавонон ва аз ғарб-ҳудуди касалхонаи №3, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сайргоҳи оммавӣ - маданӣ пешбинӣ карда шудааст.

 2. Маҳаллаи "Авул-1" дар сарҳади: аз шимол- Канали калони Ҳисор, аз ҷануб- кӯчаи Сана (шаҳраки 103), аз шарқ- хиёбони Б.Ғафуров  ва аз ғарб- маҳаллаи "Авул-1", дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

 3. Маҳаллаи "Авул-2" дар сарҳади: аз шимол- Канали калони Ҳисор, аз ҷануб- роҳи оҳан, аз шарқ- маҳаллаи "Авул-1", аз ғарб- сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва тибқи нақши шаҳраки 104 сохтмони биноҳои истиқоматии миёнаошёна ва бисёрошёнаи бисёрквартирадор пешбинӣ шудааст.

 4. Маҳаллаи "Деҳи боло" дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи Навободи Поён, аз ҷануб-хиёбони И.Сомонӣ, аз шарқ- кӯчаи Ал Берунӣ ва аз ғарб- хиёбони А.Сино, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ ва маданӣ пешбинӣ шудааст.

 5. Маҳаллаи "Қазоқон -1" дар сарҳади: аз шимол- мактаби миёна, аз ҷануб- хиёбони Н.Махсум, аз шарқ-маҳаллаи Қазоқон-2 ва аз ғарб-кӯчаи Испечак, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, маданӣ ва биноҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

6. Маҳаллаи "Қазоқон-2" дар сарҳади: аз шимол- сарҳади шаҳраки    112, аз ҷануб-хиёбони Н.Махсум, аз шарқ-хиёбони Б.Ғафуров ва аз ғарб- маҳаллаи Қазоқон-1, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, маданӣ ва биноҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.  

7. Маҳаллаи "Наврӯз" дар сарҳади: аз шимол- Қисми ҳарбии № 08010 Гвардияи Президентӣ, аз ҷануб- наҳри обёрикунанда, аз шарқ- кӯчаи Балъамӣ ва аз ғарб- маҳаллаи  Чортути ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр - сабзазоркунии истифодаи умум   пешбинӣ шудааст.  

 8. Маҳаллаи "Дӯстӣ" дар сарҳади: - аз шимол- Канали калони Ҳисор, аз  ҷануб- роҳи оҳан, аз шарқ-  кӯчаи Хувайдуллоев ва аз ғарб- маҳаллаи "Ҳаёти Нав", дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, маданӣ ва сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

9. Маҳаллаи "Меҳнатобод" дар сарҳади: аз шимол- роҳи оҳан, аз ҷануб ҳудуди базаи истеҳсолӣ, аз шарқ- хиёбони Ҷ.Расулов ва аз ғарб- ҳудуди собиқ анбори ангишт, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- иморатсозии истеҳсолӣ- корӣ пешбинӣ шудааст.

 10. Маҳаллаи "Мовароуннаҳр" дар сарҳади: аз шимол- ҳудуди Бӯстонсарои Президентӣ, аз ҷануб- роҳи оҳан, аз шарқ- дарёи Душанбе ва  аз ғарб- кӯчаи Хувайдуллоев, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сайргоҳи омавӣ- маданӣ пешбинӣ шудааст.

11. Маҳаллаи "Навобод Боло" дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Карамов, аз  ҷануб- маҳаллаи "Навобод-Поён", аз шарқ-ҳудуди базаи автомобилҳои мусофиркашонӣ ва аз ғарб- кӯчаи А.Сино, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, коммуналӣ ва маданӣ бо сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

12. Маҳаллаи "Навободи Поён" дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи   "Навободи Боло", аз ҷануб- маҳаллаи "Деҳи Боло", аз шарқ-ҳудуди Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)  ва аз ғарб-хиёбони А.Сино, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ ва маданӣ, хонаҳои истиқоматии бисёёрквартирадори ошённокиаш аз 4-ошёна зиёд пешбинӣ шудааст.    

13. Маҳаллаи "Ҳаёти Нав" дар сарҳади: аз шимол- Канали калони Ҳисор, аз ҷануб- ҳудуди Терминали мусофиркашонӣ, аз шарқ-маҳаллаи "Дӯстӣ" ва аз ғарб- хиёбони А.Сино, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, коммуналӣ ва маданӣ бо сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

 14. Маҳаллаи "Испечак-1" дар сарҳади: аз шимол- хиёбони Н.Махсум, аз ҷануб-Канали калони Ҳисор, аз шарқ- шаҳраки 102 ва аз ғарб-сафоратхонаи ИМА, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 121 пешбинӣ шудааст.

 15. Маҳаллаи "Испечак-2" дар сарҳади: аз шимол- канали Чоряккорон, аз ҷануб- хиёбони Н.Махсум, аз шарқ- кӯчаи Ҳисор ва аз ғарб-кӯчаи Испечак, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 113 пешбинӣ шудааст.

 16. Маҳаллаи "Карамишкор" дар сарҳади: аз шимол- сарҳади "Наврӯзгоҳ", аз ҷануб-хиёбони С.Шерозӣ, аз шарқ- сарҳади ноҳияи И.Сомонӣ ва аз ғарб- хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва роҳи лоиҳавӣ пешбинӣ шудааст.

17. Маҳаллаи "Р.Набиев" дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Севастопол (маҳаллаи "Роҳи Нав"), аз ҷануб- маҳаллаи "40-солагии Тоҷикистон", аз шарқ кӯчаи Р.Набиев ва аз ғарб- хиёбони Ҷ.Расулов, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони иншоотҳои  истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

18. Маҳаллаи "Роҳи Нав" дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи "Якка Чинор", аз ҷануб- кӯчаи Севастопол (маҳаллаи "Роҳи Нав"), аз шарқ- кӯчаи Р.Набиев (сарҳади ноҳияи Фирдавсӣ) ва аз ғарб-кӯчаи Маяковский, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

19. Маҳаллаи "Хуҷандӣ" дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи "Чортут", аз  ҷануб- ҳудуди Донишкадаи санъати Тоҷикистон, аз шарқ- хиёбони Борбад ва аз ғарб- канали Пахтакор, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои    истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

 20. Маҳаллаи "40-солагии Октябр" дар сарҳади: аз шимол- ҳудуди РХМК №1, аз ҷануб- қисми ҳарбии 2611, аз шарқ- маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ғарб- бозори "Мадад" ва маҳаллаи "Борбад", дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сабзазоркунии истифодаи  умум пешбинӣ шудааст.

 21. Маҳаллаи "Якка Чинор" дар сарҳади: аз шимол- хиёбони С.Шерозӣ, аз ҷануб- маҳаллаи "Роҳи Нав", аз шарқ- кӯчаи Р.Набиев (сарҳади ноҳияи Фирдавсӣ) ва аз ғарб- кӯчаи  Маяковский, РХМК №11, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 31 пешбинӣ шудааст.      

22. Маҳаллаи "Чортут" дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Абай, РХМК № 16 аз ҷануб- маҳаллаи "Хуҷандӣ", кӯчаи Деҳотӣ, аз шарқ- хиёбони Борбад ҳамсарҳад бо ноҳияи Фирдавсӣ ва аз ғарб- заводи ноқилбарорӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 52 пешбинӣ шудааст.

23. Маҳаллаи "Панҷруд" дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи Карамов, аз ҷануб- шаҳракҳои 91-92, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ пешбинӣ шудааст.

24. Маҳаллаи "Камонгарон" дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи Хувайдуллоев, аз ҷануб- кӯчаи К.Сеткин, аз шарқ-кӯчаи Хувайдуллоев аз ғарб- кӯчаи  Камонгарон РХМК №12, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 10 пешбинӣ шудааст.

25. Маҳаллаи "Пахтакор" дар сарҳади: аз шимол-маҳаллаи "Табачний"-и ноҳияи Рӯдаки, аз ҷануб- маҳаллаи "Пахтакор"-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ- сарҳади қитъаи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Руссия ва аз ғарб- маҳаллаи "Пахтакор"-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва сайргоҳ пешбинӣ шудааст.

26. Маҳаллаи "Шишхона" дар сарҳади: аз шимол- Канали калони Ҳисор, аз ҷануб- ҳудуди дурнамои шаҳраки 84, аз шарқ- хиёбони А.Сино ва аз ғарб- ҳудуди дурнамои шаҳраки 84, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони шаҳраки 84 ва дар қисмати шимолии он минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

27. Маҳаллаи "Чортеппа" дар сарҳади: аз шимол-роҳи оҳан, аз ҷануб- маҳаллаи "Арбоб Хотун"-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ-корхонаи "Нури Нав", аз ғарб- сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони минтақаи истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

28. Маҳаллаи "Ҳисорак" дар сарҳади аз шимол- кӯчаи Карамов, аз ҷануб- сарҳади Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз шарқ- дарёи Душанбе ва аз ғарб-дарёи Лучоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- идомаи сохтмони биноҳои таълимии Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ пешбинӣ шудааст.

29. Маҳаллаи "Комсомол" дар сарҳади: аз шимол- сарҳади ноҳияи Варзоб, аз шарқ дарёи Душанбе ва аз ғарб- сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии  истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

30. Маҳаллаи "Лучоби Боло" дар сарҳади: аз шимол- сарҳади ноҳияи Варзоб, аз ҷануб- ҳудуди маҳаллаи "Лучоби Поён" ва аз ғарб- дарёи Лучоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

31. Маҳаллаи "Лучоби Поён" дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи "Лучоби Боло", аз ҷануб- кӯчаи Карамов ва аз ғарб-дарёи Лучоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр-минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

дар ноҳияи Шоҳмансур

1. Маҳаллаи «Зафар» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Айнӣ, аз ҷануб- кӯчаи Назаршоев, шарқ- кӯчаи Ғ. Валаматзода ва аз ғарб- ҳудуди минтақаи истеҳсолӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр - сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурӣ ва иншоотҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

2. Маҳаллаи «Восифӣ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Айнӣ, аз ҷануб-кӯчаи Назаршоев, аз шарқ- кӯчаи Аҳмади Дониш ва аз ғарб-кӯчаи Умед, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ шудааст.

3. Маҳаллаи «Шодӣ» дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи Айнӣ, аз ҷануб-кӯчаи Назаршоев, аз шарқ-маҳаллаи Асирӣ ва аз ғарб- кӯчаи А.Дониш, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ шудааст.

4. Маҳаллаи «Бустон-1» дар сарҳади: аз шимол- маҳаллаи «Бӯстон-2», аз ҷануб- кӯчаи Айнӣ (пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷӣ), аз шарқ- теппаҳои «Шарқӣ» ва аз ғарб- кӯчаи Қаротегин, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони иншоотҳои саноатӣ ва минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

5.Маҳаллаи «Бустон-2» дар сарҳади: аз шимол- теппаҳо, аз   ҷануб- маҳаллаи «Бустон 1», аз шарқ- маҳаллаи Ховарон ва аз ғарб- кӯчаи Чинор Имомов, дар ин ҳудуд, мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

6.Маҳаллаи «Бадахшон» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Хоруғ, аз ҷануб- кӯчаи А.Шукӯҳӣ, аз шарқ- теппаҳо ва аз ғарб- кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар ин ҳудуд мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр-минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

7.Маҳаллаи «Бедил» дар сарҳади: аз шимол- роҳи оҳан, аз ҷануб-  кӯчаи Титов, аз шарқ-кӯчаи Шаумян ва аз ғарб-кӯчаи Аҳмади Дониш, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои истиқоматии миёнаошёна пешбинӣ шудааст.

 8. Маҳаллаи «Мирзобек» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Айнӣ (корхонаи Полиграфкомбинат), аз ҷануб-заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ- заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ғарб- минтақаи истеҳсолӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони минтақаи истеҳсолӣ ва минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

9. Маҳаллаи «Зебуннисо» дар сарҳади: аз шимол-теппаҳо, аз ҷануб-кӯчаи Айнӣ, аз шарқ- шаҳраки 191 ва аз ғарб- маҳаллаи «Бӯстон 1», дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

10. Маҳаллаи «Чиноро» дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи академик М. Назаршоев, аз ҷануб- сарҳади фурудгоҳ, аз шарқ- кӯчаи М.Назаршоев ва аз ғарб- анборҳои фурудгоҳ, дар ин ҳудуд   мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассисаву корхонаҳои истеҳсолӣ ва коммуналӣ пешбинӣ шудааст.

11. Маҳаллаи «Улуғбек» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Титов,   аз ҷануб-заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ фурудгоҳи баналмилалии Душанбе ва аз ғарб-кӯчаи Матросов, дар ин ҳудуд   мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассисаву корхонаҳои истеҳсолӣ ва коммуналӣ ва сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

12.Маҳаллаи «Камоли Хуҷандӣ» дар сарҳади: аз шимол- теппаҳо, аз ҷануб-кӯчаи Айнӣ, аз шарқ- маҳаллаи «Бӯстон» ва аз ғарб-кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои маъмуриву маишӣ пешбинӣ шудааст.

13.Маҳаллаи «Дилшоди Барно» дар сарҳади: аз шимол-роҳи       оҳан, аз ҷануб-кӯчаи Титов, аз шарқ- кӯчаи Аҳмади Дониш ва аз ғарб- маҳаллаи «Афзалӣ», дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ шудааст.

14.Маҳаллаи «Гастелло» дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи Титов,     аз   ҷануб- заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ- кӯчаи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ғарб- маҳаллаи Улуғбек, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони роҳи лоиҳавӣ ва минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

Эзоҳ: Бо тасдиқ гардидани тасҳеҳи нави Нақшаи генералии шаҳри Душанбе эҳтимоли тағйирёбии маълумоти мазкур дар минтақаҳои алоҳидаи зикргардида ба миён ояд.

дар ноҳияи Фирдавсӣ

1.Шаҳраки 23 дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи С.Шерозӣ, аз ҷануб-   3-юм гузаргоҳи кӯчаи Н.Қарабоев, аз шарқ-кӯчаи Н,Қарабоев ва аз ғарб- кӯчаи Р.Набиев, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

2. Шаҳраки 24 дар сарҳади: аз шимол- 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Н.Қарабоев, аз ҷануб кӯчаи Шестопавлов аз шарқ- кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб –кӯчаи Клара Сеткин, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

3.Кӯчаи А.Қаҳҳоров дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи С.Шерозӣ, аз ҷануб кӯчаи А.Ҷомӣ, аз шарқ кӯчаи А.Қаҳҳоров, ва аз ғарб дарёи Душанбе, дар ин ҳудуд, мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум, биноҳои ҷамъиятӣ ва майдонҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.

4.Кӯчаи А.Қаҳҳоров ва кӯчаи Машъал  дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи А.Ҷомӣ, аз ҷануб- дарёи Кофарниҳон, аз шарқ- роҳи ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ғарб- дарёи Душанбе, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ва сохтмони шаҳраки варзишӣ пешбинӣ шудааст.

5.Шаҳраки 62 дар сарҳади: аз шимол, кӯчаи А.Ҷомӣ, аз ҷануб-кӯчаи Фирдавсӣ, шарқ- кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб- хиёбони Борбад, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ, боғи фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматии миёнаошёнаву бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

6.Кӯчаи – Даври-ҷанубӣ (Южно обходная) ва кӯчаи Крупская-2 дар сарҳади: аз шимол кӯчаи Даври-ҷанубӣ, аз ҷануб сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ-кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб- роҳи Душанбе- Қурғонтеппа, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст.

7.Кӯчаи «Крупская» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Даври- ҷанубӣ (Южно обходная), аз ҷануб- сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ кӯчаи Н.Қарабоев, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шахри Душанбе- сохтмони иншоотҳои фарҳангӣ, майдонҳои истироҳативу фароғатӣ пешбиниӣ шудааст.

8.Кӯчаи «Даврӣ- ҷанубӣ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Даври- ҷанубӣ, аз ҷануб- дарёи Кофарниҳон, аз шарқ- дарёи Душанбе ва аз ғарб- роҳи Душанбе- Қурғонтеппа ва маҳаллаи Гулбутта, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шахри Душанбе биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

1. Маҳаллаи  «Шафтолузор» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи С.Ғанӣ, аз ҷануб- кӯчаи С. Носир, аз шарқ-   хиёбони Рӯдакӣ ва аз ғарб- кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони биноҳои миёнаошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст.

2. Маҳаллаи  «Аҳрорӣ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи С.Носир , аз ҷануб- хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз шарқ-  хиёбони Рӯдакӣ  ва аз ғарб- хиёбони  Ҳофизи Шерозӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст.

 3. Маҳаллаи  «Проектная» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи Хоҷамбиёни боло, аз ҷануб- бозори Варзоб, аз шарқ-  хиёбони Рӯдакӣ ва аз ғарб- канали Варзоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони иншоотҳои истеҳсолӣ ва минтақаи сабзазоркунии  истифодаи умум  пешбинӣ шудааст.

4. Маҳаллаи  «Заргар» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи Карамов, аз ҷануб ва ғарб-  Боғи Ирам ва аз шарқ - Факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони иншоотҳои истеҳсолӣ, роҳи лоиҳавӣ ва идомаи Боғи Ирам пешбинӣ шудааст.

5. Маҳаллаи  «Амиршоев» дар сарҳади:  аз шимол-  бинову иншоотҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷануб- кӯчаи Умари Хайём, аз шарқ-  теппаҳо ва аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва минтақаи сабзазоркунии  истифодаи умум  пешбинӣ шудааст.

 6. Маҳаллаи  «Шафақ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, аз ҷануб- обанбори шаҳрӣ, аз шарқ- канали Варзоб ва аз ғарб- хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии  таъиноташ махсус  пешбинӣ карда шудааст.

7. Маҳаллаи  «Гулистон» дар сарҳади:  аз шимол- Бозори Варзоб, аз ҷануб- кӯчаи Карамов, аз шарқ-  хиёбони Рӯдакӣ ва аз ғарб- канали Варзоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- дар қисмати шимолӣ ва марказии он роҳи лоиҳавӣ пешбинӣ шудааст. 

 8. Маҳаллаи «Телман» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Турдиев, аз ҷануб- боғи кӯдакон, аз шарқ- кӯчаи Бадахшон ва аз ғарб- кӯчаи  М.Турсунзода, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ва муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ, варзишӣ пешбинӣ шудааст.

9. Маҳаллаи  «Фирдавсӣ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Карамов, аз ҷануб- кӯчаи Ғанӣ Абдулло, аз шарқ- кӯчаи Умари Хайём ва аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр-  сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

10. Маҳаллаи  «Маҳмадулло Холов» дар сарҳади: аз шимол- кучаи Ғ.Абдулло, аз ҷануб-  кӯчаи М.Миршакар, аз шарқ- кӯчаи Заҳматобод ва аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони бинову иншоотҳои таъиноташ махсус ва биноҳои бисёрошёна ва баландошёна пешбинӣ карда шудааст.

11. Маҳаллаи  «Варзоб ГЭС» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Навобод, аз ҷануб- Варзоб ГЭС-и боло, аз шарқ- теппаҳо аз ғарб- дарёи Варзоб, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- минтақаи истироҳатӣ ва сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ, варзишӣ ва сабзазоркунии  истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

12. Маҳаллаи  «Умари Хайём» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи    С. Амиршоев, аз ҷануб- кӯчаи Сари-Осиё, аз шарқ- теппаҳо  ва аз ғарб- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии  истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

13. Маҳаллаи  «Ҳабибулло Назаров» дар сарҳади:  аз шимол- иншоотҳои Қасри Миллат, аз ҷануб- роҳи оҳан, аз шарқ- кӯчаи Шевченко ва Шероз ва аз ғарб- хиёбони Ҳофизӣ Шерозӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони бинову иншоотҳои таъиноташ махсус, маданиву маишӣ ва биноҳои бисёрошёнаву баландошёна, инчунин роҳҳои лоиҳавӣ пешбинӣ шудааст.

 14. Маҳаллаи  «Саҳбо» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи Бадахшон (собиқ заводи истеҳсоли хишт), аз ҷануб- муассисаи истеҳсолӣ машрубот, шарқ- боғи «Ғалаба» ва аз ғарб- кӯчаи М.Турсунзода, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи  генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ва баландошёна пешбинӣ шудааст.

15. Маҳаллаи  «Заҳматобод» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи Сари Осиё, аз ҷануб- кӯчаи К.Раҳимов, аз шарқ боғи «Ғалаба», аз ғарб- кӯчаи Заҳматобод, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр-  минтақаи сабзазоркунии  истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

16. Маҳаллаи  «Сари Осиёб» дар сарҳади:  аз шимол- кӯчаи Суворов, аз ҷануб- кӯчаи Ф.Шаҳобов, аз шарқ- кӯчаи Умари Хайём ва аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд  мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони биноҳои  истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ карда шудааст.

17. Маҳаллаи  «Азизбеков» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Шоҳтемур, аз ҷануб- кӯчаи Беҳзод, аз шарқ- кӯчаи Дӯстии халқҳо ва аз ғарб бо кӯчаи Пушкин, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи  Нақшаи  генералии шаҳр- . сохтмони биноҳои  истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ карда шудааст.

18. Маҳаллаи  «Мирзо Турсунзода» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Ф.Шаҳобов, аз ҷануб- кӯчаи Меҳнат, аз шарқ- кӯчаи Заҳматобод,  аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи    Нақшаи  генералии шаҳр- . сохтмони биноҳои  истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ карда шудааст.

20. Кӯчаи Шӯраксой ва кӯчаи Чашмасор дар сарҳади:       аз шимол- теппаҳо, аз ҷануб- кучаи С.Амиршоев, аз шарқ- теппаҳо ва аз ғарб- хиёбони Рӯдакӣ, дар ин ҳудуд тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ ва хонаҳои истиқоматии миёнаошёна пешбинӣ шудааст.

Эзоҳ: Бо тасдиқ гардидани тасҳеҳи нави Нақшаи генералии шаҳри Душанбе эҳтимоли тағйирёбии маълумоти мазкур дар минтақаҳои алоҳидаи зикргардида ба миён ояд.

http://dushanbe.tj/masterplan/mintmaskbartaraf/

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97