Чаро …«вич»-у «уф»-у «туф» аз президент пайравӣ накарданд?

Иҷтимоъ 21.11.2012 17:57

Ба таваҷҷуҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ЉТ

Rahmonov EmomaliҲар як халқу миллат нишону хусусиятҳои хоси худро дорад. Ба ин мафҳумҳо дар даврони кӯдакию мактабхонии худ эътиборе надодаму маълумоте ҳам надоштам. Ба хусусиятҳои фарқкунандагӣ, урфу одат ва ифтихори миллӣ асосан дар даврони донишҷӯии худ дар солҳои 1978-1982 кам -кам сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Баъдан ҳар чи бештар тарғибу ташвиқоти ифтихори миллӣ вусъат ёфту ҳанӯз ҳам давом дорад.

Ифтихори миллӣ шояд як баҳонае ё омиле бошад барои ба вуҷуд овардани рақобатҳо дар раванди пешрафти тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ. Агар чунин аст ё на, ба ҳар ҳол ин таълимот тавассути васоити ахбори умум ва дигар адабиёту воситаҳои тарғиботӣ идома дошта, дар баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, зиракии сиёсӣ ва нангу номуси миллӣ саҳми худро гузошта истодааст.

Дар баробари дигар муқаддасоти хусусиятҳои хоси миллӣ, усули номгузорӣ ва сабти ному насаб низ яке аз нишонаҳои фарқкунандаи халқу миллатҳо буда, аз қадимулайём миллати мо ному насабгузории хоси худро дорад.

Дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти худ ному насаби мо тоҷикон (фақат Тоҷикистон) дар даврони мавҷудияти Ҳукумати Шуравӣ усули ному насаби русиро қабул карда ва то ба имрӯз ҳамон тартиб идома дорад.

Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари мо дигарбора бо ташаббуси сарвари кишвар, як кӯшише оид ба тарзи аслӣ, яъне давраи пеш аз инқилоби русӣ (Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр соли 1917) ному насабгузории миллӣ оғоз шуд, вале бо сабабҳои номаълум ин иқдом ҷомаи амал напӯшид.

Барои чӣ ташаббуси Президенти кишварро ҳама ҷонибдорию амалӣ накарданд? Ангуштшуморанд он амалдорону мансабдороне, ки усули насабгузории русиро ба тоҷикӣ баргардонданд. Магар боқӣ ҳама гӯё тоҷик набошанд ва ё ифтихори миллӣ надоранд, ки чунин ташаббусро нашунидаю намедониста худро вонамуд карда гаштаанд.

Пеш аз даврони соҳибистиқлолӣ ва баъд аз он низ дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии кишвар бо шавқу ҳавас ва ифтихормандию шарафмандӣ одамон фарзандони нав таваллудёфтаи худро бо усули хоси миллӣ ному насабгузорӣ намуда буданд. Албатта дар ин раванд бо сабабҳои гуногун баъзе хатогию масъулиятношиносиҳониз содир шуда буданд, ки як мароми низоми дақиқу аниқ вуҷуд надошт.

Мардум бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ фарзандони худро бо усули миллӣ ному насабгузорӣ карда, ҳеч гумоне надоштанд, ки рӯзе пушаймон шуда, аз ноилоҷӣ боз усули ному насаби тоҷикиро ба ҳамон усули пештараи русӣ иваз менамоянд.

Чанд соли охир ин раванд идома дорад. Одамон роҳу восита ҷӯста, ба чор тараф медаванд. Маблағу вақти зиёде сарф намуда, усули насабу номнависии як вақте ифтихормандона тоҷикӣ қайд кардаашонро бо афсӯсу пушаймонӣ боз ба усули русӣ ба қайд мегиранд. Барои чунин сурат гирифтани кор якчанд омил асос гардидаанд, ки мардум дар саргардонию ҳайронӣ мондаанд.

Яке аз омилҳо ин буд, ки дар бисёре аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ба шаҳрвандони синашон ба 16 расида, бо баҳонаи мувофиқат накардани усули ду қоида, яъне танҳо ному насаб, аввал ному баъд насаб бе куният (отчества) шиноснома намедоданд. Онҳоро маҷбур месохтанд, ки аз нав бо усули русӣ шаҳодатномаи нави таваллуд гирифта, баъд мувофиқи он шиноснома бигиранд.

Омили дигар ин буд, ки ҷавононеро, ки барои мардикорӣ ба Русия сафар доштанд, бидуни ҳич асосу далеле маҷбур мекарданд ва ҳоло низ ин раванд идома дорад, ки аввал шиносномаҳои усули нави ному насаби русиро омода сохта, баъд озими сафар ба Русия шаванд.

Бо баҳонаи он ки дар Русия бо чунин ному насаби усули тоҷикӣ  шаҳрвандонро ба кор қабул намекунанд, баъзе гуруҳу мақомоти ғаразпеша одамонро ба сарсонию саргардонӣ андохта, мардуми бе ин ҳам камбизоату нодор ва аз фарҳангу қонун, сиёсату забондонӣ ва ифтихори миллӣ дур бударо гӯлу гаранг сохта, онҳоро аз ватану миллати худ дилмонда мегардонанд.

Мардуми камбизоату бекор акнун зери қарзҳои навбатӣ монда, маблағи зиёде сарф намуда, бо воситаи шиносу ошнобозӣ ҳуҷҷатҳои нав омода сохта, усули ному насабгузории худро тағйир медиҳад.

Ин ҳама раванди хараҷу мараҷ усулҳои сохтаю бофтаи гуруҳҳои манфиатҷӯй буда, раванди фаолияташон шабеҳи кирму канаҳои зери пӯсти решаю танаи дарахти нангу номуси миллӣ мебошад, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани ин беморӣ дарахти сарсабзу гулбасар ва ҷавону ояндадори ватану миллатро нобуд месозад.

Охир ҳар рӯзе ба хоки Тоҷикистон шумораи зиёди мутахассисону кормандони кишварҳои гуногун ворид мешаванду дар истгоҳи роҳи оҳану фурудгоҳҳо ва ё нуқтаҳои гумрукӣ мутасаддиёну кормандони масъули мо ягон нафар амрикоию чинӣ ва ё фаронсавию аъробиро нагуфтаанд, ки усули ному насабгузории шиносномаҳои шумо бо усули ному насабгузории мо мувофиқат намекунаду мо шуморо аз ин лиҳоз ба хоки Тоҷикистон ворид шудан намемонем.

Ҳар кишвар ва ҳар миллату халқият мувофиқи хости худу талаботи қонуну санадҳо ва меъёру дастурҳои худ амал мекунад.

Ҳангоми бастани шартномаҳои байни давлатию ҳукуматҳо ва вазорату ташкилотҳо ин меъёрҳои ному насаб баҳона нест ку?

Чаро мо худ мардуми худро дар нимароҳи ҳаракати худшиносию ифтихори миллӣ гӯлу гаранг сохта, аз ватану миллати худ безору гурезон мекунем?

Магар вақти он нарасидааст, ки решаю тухми чунин бемориҳои сироятии ҷисми ватану миллатро аз байн бубарем?

Имомалии Табарӣ,

вакили Маҷлиси ҷамоати Деҳмалик, ноҳияи Варзоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97