Бо гузашти се сол аз офати табиъии пурдаҳшат дар минтақаи Кӯлоб ҳанӯз ба назар мерасад, ки мушкили баъзе аз сокинони офатзада пурра ҳали худро наёфтааст.
Аз ҷумла, бархе аз сокинони офатзадаи ноҳияи Восеъ тақсими манзили зист барояшонро ғайримантиқӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, бо ҷой кардани ду хонавода дар як хона ҳукумати маҳаллӣ миёни онҳо низоъ андохтааст. Гулмоҳ Саидалиева, яке аз ин сокинони зарардида бо чунин мазмун ба мо муроҷиат кард. Ин зан мегӯяд, комиссияи ҳукуматӣ онҳоро ҳамчун хонаводае, ки аз офати табиъии 50 фисад зарар дидааст, сабт кард.
- Панҷоҳ фоиз комиссия тасдиқ кард, ки хонаҳои моро сел задааст. ҳама дар хонаҳои панҷоҳ фоиза ду нафари ҷой гирифтанд, вале ман танҳо ғалтидам. Аммо баъдан, дар паҳлӯям Шарифова Моҳшариф гуфтанӣ занро, ки хонаҳояш аз сел зарар надидааст, ҷой доданд. Гуфтам, ки ман маъюби гуруҳи дуюмам, аммо ӯро раиси ноҳия гуфт, ки ин хизмат кардааст, зеро ба назди меҳмони олӣ ҳангоми сафараш кулча бурдааст. Мо дар оила ҳафт нафарем, гуфтем, ки биё хонаҳоро иваз кунем, вале накарданд. Тасаввур кунед, ки дар як хонаи чор ҳуҷрадор, ки долони алоҳида ҳам надорад, чи хел ду оила зиндагӣ мекунад? Дар он ҷо ду оила умуман зиндагӣ карда наметавонад,-мегӯяд, ин зан.
Шавҳари ин зан, Зиёвиддин Сафоев мегӯяд, ҳоло дар ҳамон хонаи нимвайронаашон зиндагӣ доранд, зеро имкони дар он хонаи туҳфашуда зиндагӣ кардан вуҷуд надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, хонаи нимвайронаашон ҳам хонаи туҳфашудаи навбунёд зери хатари офати табиӣ қарор дорад.
-Мо гуфта будем, ки дар ин ҷо хона бунёд накунед, ки дар роҳи сел аст, аммо гуфтанд, ки соҳилро мустаҳкам мекунем. Ҳоло боронгариҳо наздик шудааст, вале ҳеч дигаргунӣ дар соҳилмустаҳкамкунӣ ба назар намерасад. Аз он хавф дорем, ки боз сел назанад. Ҳар ду хонае, ки мо дорем, зери хатари сел қарор доранд. Барои он хонае, ки ба мо доданд, шикоят кардем, вале мақсадашон ин аст, ки ин ҳамсояро 5 ҳазор долар диҳем ва баъдан ин хонаро гирем,-изҳор дошт ин мард.
Ин мард ҷоеро дар болооб нишон дод, ки ҳоло сел наомада, сад хароб шудааст. Суҳбату мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари сокинон аз хатари офати табиӣ дар ташвишанд.
Файзуллои Нурулло, сокини дигари ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеъ дар тақвияти ин гуфтаҳо афзуд; "ҳар сол селомад мешавад ва мо доим дар хатар зиндагӣ мекунем. Ҳукуматдорон ҳар сол чор дона санг мерезанд, вале сел омада онро мебарад. Дар баҳор хоб надорем. Илтимос дорем, ки ҳамин дамбаҳоро соз кунанд".
Сокини дигари ин маҳалла бо номи Дилафрӯз Маҳмадалиева низ шикоят дорад. Ӯ мегӯяд, дар як манзили барои офатзадаҳо сохта зиндагӣ мекунад, аммо ҳукумати маҳаллӣ мехоҳад, ӯро берун созад.
Ӯ мегӯяд, "соли 2010 хонаамонро сел зад, нам кашиду дар пайи боридани як барф валангор шуд. Дар ин хонаҳо зиндагӣ дорем. Ҳар рӯз аз ҳукумату аз милиса ба таги дари мо омада таҳдид мекунанд, ки ба зудӣ хонаро холӣ кунед. Агар хонаро холӣ кунем, куҷо равем? Дар он хонаи селзадаамон зиндагӣ кардан хатарнок аст. Ба ҳамаи мақомоти маҳаллӣ ариза навиштем, ба додамон нарасиданд. Ахиран, аз моҳи августи ҳамин сол ба унвони раиси вилояти Хатлон мактуб навиштем, то ҳол ҷавобаш ба мо нарасидааст".
Аммо Авазова Нодира, сокини дигар ба мисли ҳамсояҳояш шикоят аз зиндагии ду оила дар як хона дорад. Ӯ ҳангоми суҳбат бо мо гуфт: "Дар як хона зиндагӣ мекунем, бо ҳамсояам ҷанг кардам. Ахир маҷбур шудем, дарро канда, аз мобайни хона девор кунем. Дар як ҷойи танг зиндагӣ кардани ду оила мушкил аст. Ба мо аз ҳукумат коғази замин доданд, рафта заминҳоро дидем, аммо баъд гуфтанд, ки ин заминҳо ба шумо тааллуқ надорад".
Ба назар мерасад, ки мушили сокинони офатзадаи ноҳияи Восеъ он қадар гиреҳхӯрда аст, ки ба умқи он сарфаҳм рафтан мушкил аст. Ҳатто бархе сокинони зарардида мегӯянд, аз онҳо барои соҳиб шудани манзили зист мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ маблағ талаб кардаанд. Раҷабгул Шарипова, яке аз онҳост, ки мегӯяд, аз офати табиӣ зарар дидааст, аммо "як намояндаи ҳукумат (номашро наовардем) аз ман барои он даҳ ҳазор доллар ва дар ҷамоат 5 ҳазор доллар талаб карданд".
Аммо Абдураҳмон Толибов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ин гуфтаҳоро беасос медонад.
- Мо ягон хонаро аз пеши худ тақсим накардаем. Ин ҷо комиссияи ҷумҳуриявӣ кор кард ва онҳо хонаҳоро тақсим карданд. Онҳое, ки ҳоло шикоят доранд, ки дар як хона бо ду оила зиндагӣ карда наметавонем, пештар розигӣ дода буданд. Дар ҳақиқат зиндагии ду хонавода дар як оилаи тоҷикӣ мушкил аст. Мо ҳам инро мефаҳмем, аммо дар ҳамин бинои ҳукумат маҷлис шуда буд ва ин масъаларо гуфтем. Онҳо гуфтанд, ки мо худамон бо ҳамдигар созиш мекунем. Бархе гуфт, ба як оила нисфи биноро мефурӯшем. Ҳамин тавр онҳо ба мувофиқа расида буданд ва зери санаде ҳам имзо гузошта буданд,-мегӯяд, Толибов.
Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Гулмадов, сардори бахши амволи ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯяд, 82 хона бар зарардидагони офати табиӣ сохта шудааст. Аз ин 30 хонааш барои 60 оилае дода шудааст, ки 50 фисадӣ зарар дидаанд ва 53 хонаи дигар ба оилаҳои ҷиддӣ зарардида тақсим шудааст. Аммо ба гуфтаи Гулмадов, 7 хона дар ин миён зиёдатӣ боқӣ монд, ки бо қарори комиссия ба 14 оилаи бесарпаноҳи аз офати табиӣ заранодида дода шудааст.
-Инҳоро комиссия додааст. Ва дар ҳақиқат онҳо ба ин хонаҳо ниёз доштанд. Ҳамаи кор дар асоси қонун шудааст ва дар тақсими хонаҳо касе аз доираи қонун берун нашудааст,-гуфт, ӯ.
Ин хонаводаҳое, ки то ҳанӯз баҳсашон идома дорад, дар моҳи майи соли 2010-ум дар паи як офати табиӣ зиён дида буданд. Бештари онҳо ҳанӯз аз тақсими манзили зист барои зарардидагон норизоянд.
Абдулмуъмини Шерхонд