Навиштаи зер мавзуи аслии рӯз асту вобаста ба падидае, ки тамоми мо- гастарбайтерон ва муборак бодат(м)он, ки роҳбарони моро ба шӯр овард.Ин бор баҳси кутоҳи худамро бо як ҳамкасби русам бо номи Максим, ки доимо дар баҳс сари мавзуъи муҳоҷирату таъриху маданияту дастоварҳои илмии мардумони Осиёи марказӣ- тоҷикон мағлубаш мекардаму ин навбат маро бо далелҳо қонеъ сохт, ки хато аз худи мо-тоҷикон аст, на аз русҳо, ба гунаи мисол меоварам. Воқеан, барои аввалин бор буд, ки ӯ маро қонеъ сохт ва ман иқрор шудам, ки ӯ рост мегӯяд, агарчи андешааш бар зидди миллати ман буд.
Баҳси мо сари мавзуи нашр шудани "Роҳнамои муҳоҷири корӣ", ки асосан мо- журналистон онро ба баҳси ҷиддӣ кашидем, вагарна роҳбарияти моро аз худи мо парвое несту аз оне ки вуруди моро ба Русия ба воситаи шиносномаҳои хориҷӣ ва донистани забони русӣ маҳдуд кардан мехоҳанд, дам намезананд, ин навбат, агарчӣ баъдтар аз ҳама миллатҳо ҳам, ки буд, вокуниши ҷиддие карданд ва ҳатто намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Маскав он гуна бо лаҳни шадид бар зидди ин "Роҳнамо…" эътироз карданд, ки барои сари буридаи тоҷикписар, ки танашро аз наздикии шаҳри Пушкину сарашро дар ахлотҷое дар шаҳри Маскав пайдо карданд, ҳатто эътироз чи, ки ба ҷуз таслияту як хабари нопуррае дар сомонаи хеш, асосан коре ҳам накарда буд. Воқеан, масъулини расмии давлати Тоҷикистон дар Маскав аллакай ёд гирифтаанд, ки чун дар бораи ҳодисае дар қиболи муҳоҷирин занг бизаниву бипурсӣ, шояд аз он тараф каме аз хиҷолат сурхшуда, (афсус, ки гуфтугӯи телефонӣ скайп нест, ки чеҳрааш дида шавад), зуд посух медиҳанд, ки "мо аз ин ҳодиса огоҳ ҳастем ва барои ҳаллу баррасии ин ҳодиса кормандонамон муваззаф шудаанд".
Аммо намехоҳам аз мавзуъ дур биравем ва ин ҷо ҳамин муколамаро бо Максим, журналисти рус, ки ҳамроҳи ман дар як утоқ менишинад ва сармуҳаррири сомонае дар Маскав аст, манзури хонанда мекунам. Намедонам, шояд ин навбат зӯру тавон, ё донишу фаросати ман нарасид, ки Максим маро мулзам кард. Шояд хонандаи азиз, ҷавобе бар гуфтаҳои Максим дошта бошад…
Баҳси мо аз он шуруъ шуд, ки ман ҳам бо нишони эътироз барои нашри ин "Роҳнамо…" ғурунгидам. Муколамаро тарҷума мекунам, ки фаҳмотар шавад:
Ман: - Ин боз як амали инсонбадбинӣ бар зидди муҳоҷирин дар Русия аст.
Максим: - Ту зуд оташ мегириву ҳама чизро бар зидди муҳоҷирин баҳо медиҳӣ.
Ман: - Магар ҳамин тавр нест, моро мисли ҷорӯбу шётка тасвир кардаанд?
Максим: - Ин рамз аст, рамзе аст, ки муҳоҷирин асосан дар ҳамин гуна соҳаҳо кор мекунанд.
Ман: - Пас, чаро худашонро мисли одам тасвир кардаанд? Агар, мо муҳоҷирин асосан дар бахши тамизкориву сохтмон кор мекунем, мебоист худро ҳамчун партовгоҳу биноҳои нимсохта тасвир мекарданд.
Максим: - Чи гуна онҳо метавонанд худро партовгоҳ тасвир кунанд?
Ман: - Бо рамз, худат, ки гуфтӣ, ин рамз аст, рамзи тозагиву ифодагари он ки муҳоҷирин бештар дар соҳаҳои коммуналиву сохтмон кор мекунанд.
Максим: - Бале, аммо наметавонанд, ки инсонро дар шакли партовгоҳ тасвир кунанд.
Ман: - Пас, чаро одамро иҷозат аст, ки ҷорӯбу шётка тасвир кунанд?! Ин таҳқири миллати ман аст.
Максим: - Агар таҳқир бошад, роҳрӯбӣ накунед, ва нишон додани симои аслии корманд ба ин шакл таҳқир нест.
Ман: - Онҳо маҷбуранд, ки роҳрӯбӣ карда, хонаводаҳои худро бо хӯроку либос таъмин кунанд.
Максим: - Кӣ гуфт, ки онҳо маҷбур ҳастанд? Ин наметавонад далел бошад. Ҳич гоҳе ҳич касе ба ҳич чизе маҷбур нест. Онҳо танбаланд ва танҳо вонамуд мекунанд, ки танҳо аз уҳдаи иҷрои ҳамин кор мебароянду бас!
Ман: - Миллати маро ба танбалӣ муттаҳаму таҳқир накун.
Максим: - Сухани ростро инкор карда наметавонӣ. Бубин, чанд сол аст, ки тоҷикон барои муҳоҷират Русия меоянд?
Ман: - Хеле сол шуд.
Максим: - 10 сол шуд?
Ман: - Бештар.
Максим: - Агар дар тӯли 10 сол миллате, ки худро аз роҳрӯбӣ ҳади аққал то ба ҳадди роҳбари миёна боло набурда бошад, миллати танбал аст.
Одатан миллатҳои тамоми кишварҳои дунё баъди ҷангу харобкориҳои табиӣ дар кутоҳмуддат ба по мехезанд. Чунки онҳоро ҳамин наҳсу шикаст сарҷамъу бонангтар мекунад. Ҷанги шуморо қариб 20 сол шуд, ҳоло ҳам онро баҳона мегиред.
Ман: - Ту, ки ҷангро надидаӣ, намедонӣ, ки он чист. Ҷанг наҳсиҳое дорад, ки солҳо онро бояд таҳаммул кард.
Максим: - Ин танҳо худсафедкунӣ аст, дӯстам. Бубин, худат чанд сол боз дар Русия ҳастӣ?
Ман: - Соли 5-ум аст.
Максим: - Чаро ту ва чандеи дигар тавонистанд, ки дар ин муддат ба ҷое бирасанд. Воқеан, ман хелеҳоро (тоҷиконро- А.Ф.) медонам, ки муваффақанду тиҷоратҳои густурда доранд, дар соҳаи илм ва иктишоф дастовардҳое доранд, ки номи миллати шуморо муътабар мекунанд. Аммо аксарияти куллро медонам, ки беш аз 10 сол ба кишвари мо меоянд, ҳадди ақал соле аз 6 то 8 моҳ дар ин ҷо иқомат доранд, ҳатто 2 ҷумла бо забони русӣ ёд нагирифтаанд. Пас, шумо ҳар чизе ки мисли оина ҳаёти воқеии шуморо инъикос мекунад, мисли "Наша Раша"-ву ин "Роҳнамо…", мехоҳед инкор кунеду онро миллатгароиву таҳқири миллататон талаққӣ кунед?!
Ман: - Умуман, агар русҳоро дар Аврупо чунин тасвир мекарданд, чӣ мекардед?
Максим: - Барои мо осонтар аст. Аввал ин ки моро ҳам дар Аврупо таҳқирҳое мекунанд. Дигар ин ки русҳо кӯшиш мекунанд, дар тӯли соли аввал ва танбалтаринаш дар 2 соли аввал забонро ёд бигиранд, одоти мардуми маҳалро ёд бигиранд ва зуд боло мераванд. Ман дар бораи кулли мардумам гап мезанам, аммо дар мо ҳам ҳастанд чунин танбалон. Аммо аз ҷиҳати теъдод, баракс аст. Дар шумо танбалон, ки бо 15-20 ҳазор рубл қаноат мекунанду дар маҷмуъ онҳое, ки намехоҳанд ҷорӯбу шёткаро аз даст партоянд, аксариятанд, ва барои ман аҷиб аст, ки ин қадар озору таҳқирро аз сӯи пулис, роҳбарони соҳаи коммуналӣ ва ҳатто як роҳгузари майзадаи маҳаллӣ таҳаммул кардан ба чи хотир аст? Онҳо хоҳ -нохоҳ ифодагари симои ҳамин миллат хоҳанд буд. Фикр мекунам, ин ҷо айбро дар дигар ҷо бояд ҷӯст.
Ман: - Ба хотири зиндагӣ ва таъмини рӯзгор.
Максим: - Не, ман фикр мекунам, ки ба Русия омадан барои шумо мӯд шудааст. Чаро роҳро ба сӯи Аврупо ё кишварҳои Шарқ намекушоед, чунки танбалед. Тӯли беш аз 10 соли дар Русия будан, кореро ба ҷуз ҷорӯбу шётка наомӯхтед, ки бароятон дар Аврупо ё кишварҳои шарқӣ кумак карда тавонад. Ман таърихчӣ ҳастам, матолиберо дар бораи тоҷикон баъди ба кор омадани ту мутолиа кардам ва вақте ки ба он ҳама фарҳангу маданият, тавоноиву рушд дар соҳаҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва тиҷорату савдо, илмҳои дақиқ менигарам, ростӣ дар ин ҳама навиштаҳои таърих шак мекунам. Миллате бо ин ҳама сарбаландиву ғурур наметавонад 10 соли дароз чор танга пул гуфта, ба ин гуна таҳқир тоқат кунаду эътирозе дар ботини худ барои худ накунад. Чаро шумо роҳрӯбиро барои худ таҳқир намедонеду худро ба сифати ҷорӯбу шётка дида, ин қадар таҳқиршуда меҳисобед?
Ман: - Роҳрӯбӣ меҳнат аст, аммо тасвири инсоният ба ин шева таҳқир аст.
Максим: - Меҳнате, ки боиси ба ҳамин тартиб қаламдод кардани ман бошад, туф кардамаш.
Ман: - ...
Абӯбакри Файзалӣ, журналисти муҳоҷир, махсус барои "Миллат"
P.S.: Ин буд муҳтавои баҳси ману ҳамкори русам Максим дар Маскав. Шояд ту- хонандаи ин сатрҳо кумакам бикуниву ҷавобҳои обдоре бидиҳӣ ба Максим. Ё шояд ӯ ҳақ мегӯяду моро лозим аст, то сари кӣ будану дар кадом мартаба қарор додани миллатамон андеша намоем ва агарчи мушкил асту агар мо миллати танбал нестем, ҳар яке бояд бар дигаре донистаамонро биомӯзем. Хуб нест, ки ҳар яки мо 10 нафареро каме таълим бидиҳему бахилӣ накарда, касбамонро омӯзонем ва мебинӣ, ки дар 2-3 соли баъдӣ миллати мо метавонад ба симои дигару мусбӣ дар адабиёту расонаву муҳимтар аз ҳама дар саҳифаҳои таърих аз нав ҷилва намояд. Магар ғайри ин аст?