Хавф аз марги боварҳо

Иҷтимоъ 17.10.2012 19:46

JaMshedI_quvvat____Ростӣ, кас аз зиндагӣ кардан дар ҷомеъае, ки дар он дигар ба қавонин арҷ намегузоранд ва танҳо қонунҳо рӯи коғазанд ва ҳатто камтарин арзишҳоро барои шаҳрвандон қоил намешаванд, эҳсоси хавф мекунад.

Хавфи ба куллӣ аз ҳама ақшори ҷомеъа. Хавф аз муаллиму маъориф. Хатар аз тиббу духтур. Хавфу хатари бадтар аз ҳама аз ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ. Ҳатто хавф аз гузаштан аз роҳу аз ронандаю пулчин. Хавф аз ҷавонону наврасон. Хавф аз фарзандону духтарон.

Оё то ин дам касе гуфта метавонист, ки аз "баклашка" низ метавон хавф бурд ва эҳсоси хатар намуд? Аз мусоҳибаи хабаргузориҳо бо духтури Икромзода (Ҳамза Икромзода ба иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 20- уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтидааст) дарк сохтам, ки ҳатто "баклашка" низ ба ҷони инсонҳо хатар доштааст.

То ин дам ду чизи аҷибу ғариб; яке "тири дайдуи Хадамоти алоқа" ва "баклашкаи зиндони рақами 1 - и Душанбе", яке барои қатъи алоқа ва дигаре ба ҷони одам хатар эҷод намуданд. Чи аҷаб гуфтаҳои хандазое.

Оё касе гумон мекунад, ки мардум аз духтурону дору дар хавфу хатаранд? Дар ҳоле ки аз оғози маъракаи рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории дифтерия (гулӯзиндонак) дар Тоҷикистон чанд муддате сипарӣ мешавад, аммо ин раванд бо кундӣ анҷом мешавад, ба хотири он ки мардум дар роҳи анҷом додани ин амал ба тардиду дудилагӣ мувоҷеҳ гаштаанд.

Родиёи "Озодӣ" дар гузорише аз номи шахсе бо номи Дилшод, ки соҳиби чаҳор фарзанд аст, чунин нақл мекунад: "Агар зарур ояд дару тирезаҳои мактабро шиканед, вале нагузоред, ки шуморо эм кунанд".

Ӯ афзудааст, ки ин гуна иқдомот ва барномаҳо бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешаванд, ки ӯ ба манфиъат доштани чунин маъракаҳо шак дорад: "Ҳар як формаи иммунизатсия бояд бе ҳузури иммунолог нашавад. Чунки организми ҳар як одам хусусиятҳои худро дорад. Созмони ҷаҳонии тандурустиро мумкин ҳамчун як омил истифода мебаранд барои сиёсатҳои рӯпӯши худ. Масалан барои кам кардани аҳолии замин. Он прирывкае, ки ба фарзандони мо мекунанд, мумкин дар оянда ин кӯдакро безурёт кунад ва ё ин ки қобилияти идрокиашро кам намоянд. Ду - се духтури шинос дорам, онҳо худашон фарзандонашонро аз ин чиз нигоҳ медоранд". Оё ҳаст дар ҷомеъа духтуре, ки мардумро итминон бидиҳад, ки чунин маъракаҳо дар воқеъ барои аҳолӣ ҳеч пайомади бадеро надоранд? Оё ин хатар нест?

Оё хонандаи азиз аз мактабу маъорифу муаллим эҳсоси хатар намудаӣ? Магар бо ришва дохил шудан дар макотибу донишгоҳҳо ва бо маблағ гирифтани имтиҳону санҷишҳо, дар оянда хавф барои ҷомеъа нест? Ҳазор - ҳазор ҷавонону духтарони бетарбия, ки сабаби озори калонсолон дар ҷомеъа мешаванд, тарбиятгирифтаи ҳамин даргоҳ нестанд? Ба фаҳшу фоҳишагӣ ва беҳаёӣ рӯй овардани духтарон, аз пиёда кардани барномаи фарҳанги бараҳнагии ғарбӣ дар мисоли ҷорӣ сохтани ҳамин либоси ягона барои мактаббачагон, хусусан барои духтарон, ки иборат аз юбкаю куртаҳои танг аст ва сабаби намоён шудани аъзои духтарони наврас мешавад, сарчашма намегирад?

Хавфу хатарро низ метавон дар бозору фурӯшгоҳҳо ба мушоҳида дид. Магар ин ҳама либоси аз синтетику пластик, ки барои саломатии инсонҳо зарароваранд, дарак аз хатар намедиҳанд? Аммо дар баробари ин ҳама хатарот шумо сипари муҳкамеро мебинед? Ҳомиеро мебинед?

Ҷомеъае, ки аз тоифаҳое чун маъорифу тибу органҳои ҳифзи ҳуқуқи хеш эҳсоси хавф намояд, пас вой бар ҳоли чунин ҷомеъа.

Хулоса на аз бурун, балки аз хатароти дарунӣ бештар хавф бояд бурд. Шахсан ман аз инҳо хавф дорам.

Шумо чӣ?

Љамшеди Қувват


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97