Тамоми ҳаққи пардохтам аз нақш офаридан дар филми зидди исломӣ 500 доллар буд.
"Синдлӣ Горсиё" нақшофарини филми тавҳиномези "Бегуноҳии мусалмонон" гуфт:
"Сум Босил" коргардони филм бояд товон бидиҳад, шояд дар ин дунё товон надиҳад, вале мутмаинан дар он дунё дар пешгоҳи худованд бояд ҷавобгӯи коре, ки анҷом додаааст, бошад.
Нақшофари амрикоӣ, ки дар филми тавҳиномези "Бегуноҳии мусалмонон", нақши модари духтари 12 солаеро бозӣ карда, дар мусоҳибае дар сайти синамои "Ҳоливуд рюртер" аз ҷузъиёти филми тавҳиномези " Бегуноҳии мусалмонон", чи гунагии бозӣ дар ин филм ва ғайра гуфтааст.
-Нақш бозидан дар ин филм чи асаре дар зиндагии шумо гузоштааст?
- Ман шуғламро, ки парасторӣ аз кӯдакон аст, аз даст додам, ҳама аз атрофи ман пароканда шуданд, онҳо аз ин ки бо ман дар иртибот бошанд, метарсанд.
- Чӣ касе шуморо барои бозӣ дар ин филм кироя кард?
- "Сум Босил". Ман фаровон талабгори бозигар дидам ва барои гузиш рафтам ва он ҷо номҳои одамҳои саршиноси зиёдеро дидам, вале наметавонам аз онҳо ном бибарам, чун ҳар кадом аз онҳо дар марҳилае аз ин барнома ширкат намуданд.
- Оё ин афрод ҷузъи бозигарон буданд?
-Бозигар, таҳиякунанда ва ҳамчунин коргардон.
-Чӣ касе филмро коргардонӣ кард?
- Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки чӣ касе онро навиштааст, ӯ марде бо номи "Сум Босил" буд, муқассири аслӣ ӯст.
- Оё коргардони филм касе аст, ки мо ӯро мешиносем?
- Бале, мумкин аст шумо ҳам ӯро бишносед.
- Саҳнае ҳаст, ки шахсияте, ки ту ба ҷои он бозӣ кардаӣ, ба ҳазрати Муҳаммад (алайҳис-салом) тавҳин мекунад?
- Бозигарони ин филм ҳақиқатан фиреб дода шуданд, садои ман комилан дубляж шуда буд ва он садои ман набуд. Ман, то замоне ки клипи филм мунташир шуд, дар ин бора ҳеч намедонистам, танҳо нақши ман, бозӣ дар нақши модаре буд, ки бо духтар ва ҳамсараш дар бораи марде бо номи "Мистр Ҷорҷ" сӯҳбат мекард. Ман филмномаи комил, ҳар он чи ки дар филм гуфтаамро дорам. Дар ин филм духтари ман тавассути шавҳарам ба ҳамсарии марде бо номи "Мистр Ҷорҷ" даромада буд ва ман ба хотири он ки ин мардро ситоиш мекард, масхарааш мекардам. Онҳо (созандагони филм) баъдан номи "Мистр Ҷорҷ" - ро кулан ба "Муҳаммад" тағйир дода буданд.
- Оё онҳо чизи дигаре аз гуфтаҳои туро дубляж карда буданд?
- Ин танҳо қисмате аз бозии ман буд, ки таҳриф шуда буд. Ман ҳатто ба хотир намеоварам, ки дар ин кори аҳмақона чӣ гуфтам ва чӣ кардам. Ман ҳатто наметавонам онро тамошо кунам, чун ба шиддат маро озор медиҳад.
- Охирин боре, бо " Сум Босил" сӯҳбат кардӣ, чи замоне буд?
- Ман субҳи рӯзе, ки дар Либия хушунатҳо ба авҷ расид, ба ӯ занг задам ва аз ӯ пурсидам "чаро ин корро кардӣ?", ӯ гуфт: "Синдӣ, ба дунё бигӯ, ки бегуноҳӣ"! Ӯ гуфт, ки як нависанда аст ва ин корро ба хотири ин анҷом дода, ки дигар аз ҳамлаи мусалмонони тундрав ба мардуми бегуноҳ хаста шудааст!
Ӯ ба ман гуфт, ки аҳли Исроил аст, дар ҳоле ки замоне филмро месохтем, ӯ ба ман гуфта буд, ки аҳли Миср аст.
- Саҳнаи марбут ба бозии шумо дар куҷо филмбардорӣ шуд?
- Дар калисои воқеъ дар хиёбони Ҳамилтон дар шаҳри Дуорта, дар ин калисо як солуни намоиш буд. Авомиле он ҷо буданд, ки кори тарроҳии либос, грим ва филмбардориро анҷом медоданд, вале ҳама он ҷо низ бегуноҳ буданд. Онҳо ҳатто пеш аз он дар пружаи "Масоиби Масеҳ" ҳам мушоракат доштаанд.
- Тамоми филм чи қадар тӯл мекашад?
- Ин филм қарор буд ду соат бошад, вале ман ҳанӯз нусхаи комили онро надидаам. Саҳнаҳои зиёде ҳангоми филмбардорӣ буд, ки ҳеч кадом дар клипҳое, ки дидам, набуданд. Саҳнае, ки "Мисто Ҷорҷ" духтарамро аз ман дур мекунад ва тамоми саҳна фарёд мекашидам, дар поёнии ҳамин саҳна буд, ки ногаҳон марде девонавор васат парид ва гуфт: Фавқулодда буд. Рӯзи баъд ин мард пеши ман омад ва пурсид, медонӣ, ман чӣ касе ҳастам? Замоне ки исмашро гуфт, доштам ғаш мекардам, ӯ коргардон ва нависандаи бисёр машҳуре буд.
- Оё мутмаинӣ, ки ӯ ҳамон касе аст, ки иддаъо мекард? Оё ӯро шинохтӣ?
- Ман пеш аз он ӯро ҳаргиз надида будам, вале ӯ хеле ба падараш шабеҳ буд.
- Падари ӯ чӣ касе аст?
- Ӯ мурдааст, ӯ як бозигари машҳур буд.
- Исмашро намегӯӣ?
- Ман мехоҳам ҳирфаи бозигариро идома диҳад. Ҳама он одамҳое, ки сари саҳнаи филмбардорӣ буданд, бегуноҳ буданд, мо бегуноҳем. Ман ҳақиқатан ба ин масъала эътиқод дорам, чун ҳамаи онҳо дар бораи бархе аз чизҳое, ки "Сум Босил" аз онҳо хоста буд, ки дар филм бигӯянд, нороҳат буданд.
- Оё замоне, ки бозӣ дар ин филмро пазируфтӣ, фикр мекардӣ, чунин чизе аз об дарояд?
- Замоне ки ман барои тести бозигарӣ рафтам, онҳо ба ман гуфтанд, ки ин филм як филми икшин аст, ки достони он 2 ҳазор сол пеш аз ин дар саҳро рӯй додааст.
- Оё шумо дар иртиботи ин филм аз касе шикоят кардаед?
- Эҳтимолан алайҳи "Сум Босил" шикоят кунам, ман вакиле дорам, ки дар ин маворид ба ман кумак мекунад.
- Вакили мудофеъи шумо чӣ касе аст?
- Шахсе аст хориҷ аз Лос- Анҷелос, ки ба бозигарон кумак мекунад, ӯ то кунун ба ман хеле кумак кардааст.
- Оё нигарони он чи дар Ховари Миёна мегузарад, ҳастед? Оё барои зиндагониатон метарсед?
- Ман ба худо имон дорам ва бо ҳазрати Масеҳ иртиботи қалбӣ дорам. Ман аз ҳеч чиз наметарсам, нигаронии ман фақат бобати ҳамсар ва хонаводаам аст, ба ҳамин хотир ҳам акнун аз хонаводаам низ дур шудаам.
- Шумо чанд бор аз масеҳият ном бурдед, оё ин як филми сохтаи масеҳиён аст?
- На, ба ҳеч ваҷҳ, фақат "Босил" аз як калисо, ки утоқи намоиш дошт, ба унвони лукишн истифода кард, калисоҳои зиёде ҳастанд, ки барои касби даромад, утоқҳои холиашонро иҷора медиҳанд.
- Чи теъдод э-мейл ва телефон аз матбуот ва расонаҳо дарёфт кардаед?
- Ҳадди ақалл 300.
- Оё ин филм дархӯри ин ҳама сарзаниш, эътироз ва қатл аст?
- "Босил" бояд товон бидиҳад, шояд дар ин дунё товон надиҳад, вале мутмаинан дар он дунё дар пешгоҳи худованд бояд ҷавобгӯи коре, ки анҷом додааст, бошад.
- Дастмуздат барои ин филм чи қадар буд?
- 500 доллар барои ду рӯз ва ним бозӣ.
- Аз мулоқотатон бо "Сим Босил" бигӯед.
- Ин номи ҳақиқии ӯ нест, ман исми воқеъии ӯро наметавонам талаффуз кунам, ӯ ба ман гуфт, ки аҳли Миср аст ва филмаш барои аввалин бор низ дар Миср экрон хоҳад шуд.
- Гуфта мешавад, ки Уф Би Ои дар ҷустуҷӯи "Босил" аст. Оё то кунун алайҳи шумо низ иқдоми қонунӣ сурат гирифтааст?
- Хайр. Анна Гурҷӣ дар аввалин мусоҳибае, ки бо ӯ анҷом шуд, бисёр ваҳшатзада буд ва гуфт: "Тавассути мудири 55 солааш фиреб хӯрдааст".
Ин бозигари ҷавони 21 сола изофа мекунад: "Ман католик ҳастам ва муддати чанд рӯз аст, ки доруи хоб истифода мекунам, ҳамааш гиря мекунам, мардум ба хотири ин филми ифтизоҳӣ, ки бозӣ кардам, аз ман мутанаффир ҳастанд.
Филми мазкур аз сӯи Терри Ҷонз, кашиши зидди ислом аҳли Флоридаи Амрико мунташир шуда, ки эълон кардааст, интишори ин филм ба муносибати солгарди ҳамалоти 11 - уми сентябр сурат гирифтааст.
Дар ин филми ду соъата шахсияти арзишманди паёмбари акрам (С) ба танз гирифта шуда ва ин чеҳраи пок фарде тарсим шудааст, ки гуноҳони бисёреро муртакиб мешавад.
"Сум Босил", нависанда ва коргардони ин филм, ки "Бароат аз мусалмонон" ном дорад, як яҳуди амрикоии аҳли Калифорниё ва шоғил дар бахши муштағилот аст, аммо пахш ва тавзеъи филмро Терри Ҷонс бар уҳда дорад.