Ё таҷлил аз Истиқлол ин ёд кардани фарзандони вораставу фарзона аст
Истиқлол ширинтар аз шаҳд аст, агар ба он даст ёфтан битавон. Имсол 21 -умин соли Истиқлоли Ватан ҷашн гирифта мешавад. Асосан масъулон дар ин рӯз тараддуд доранд. Ҳама ҷо пур аз нишоту шодист. Қаблан то 8-уми сентябри соли 2001 мо низ барои таҷлил аз ин ҷашни бузург тараддуд медидем, шодӣ мекардем.
Аммо 11 сол қабл, дар ин рӯз осмони пурнишоти моро тира сохтанд. Нохалафе, душмани ҷоне, хасме дар камин синаи падари моро ба нишон гирифту ҷони ширини ӯро аз баданаш берун кашид. Субҳи 8-сентябри соли 2001 барои мо фарзандон ва аҳли хонаводаи мо ин рӯз рӯзи пур аз ғаму андӯҳ буд ва пур аз нолаю ҷонгудозиҳо буд. Ин гунаашро ҳеч интизор надоштем ва бар душмани кас низ лоиқ намедонем, чунки ин дар китоби зиндагиномаи ҳар яке аз фарзандони Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич ва наберагони Ӯ бо алам дарҷ шудааст. Бефарҳанге Вазири фарҳангро кушт.
Зиндагӣ пардаи пурасрорест, ҳар кас дар он нақши худро ба ҳар гуна мегузорад. Нақши падарам дар зиндагӣ ва дар таърихи миллат чун "Родмарде дар фарози фарҳанг" ба ёдгор аст.
Ҳеч гумон надоштам, ки падарро, ин қадар бармаҳал аз байни мо мебаранд ва ман имрӯз ёдномаи ӯро менависам. Афсус, сад афсус, чаро банди тақдир ӯро аз мо канда кард?! Охир мо зиндагиямонро бидуни ӯ тасаввур карда наметавонем.
Мегӯянд, дардро вақт табобат мекунад, лекин аз он ки 11-сол гузаштааст, ҷои он дард, захм дар қалби мо фарзандон боқӣ мондааст.
Куфр намегӯям дар баробари парвардигори хеш, зеро риштаи умри ӯро қотилон, душманони на танҳо мо, душманони миллат, бале душманони миллат барканданд. Зеро душманони ин миллат хуб дарк кардаанд, ки чунин инсонҳо ҳар рӯз ба дунё намеоянд.
Падари мо дар роҳи Истиқлол қурбон шуд, лекин боре ӯро ақалан ба воситаи телевизион ё радио ёдовар намешаванд. Ин барои ман фарзанди бепадар дард аст. Ҳафт ҷое аз бадани падарамро сурох намуда, аз байни мо фарзандон ӯро рабуданд.
Аммо падари фарҳангдӯстам, на ҳама фарзанди ин миллат метавонад вориси волову фарзонаи ин фарҳанг бошад. Туро падар, бо некӣ ба ёд меорем, ҳар сухан ва ҳар меҳрубониҳои ту чун хотироте дар зеҳни мо боқӣ мондааст.
"Фарҳанг аз оила сарчашма мегирад, фарҳанг якдилии инсоният аст" - бо иншои ин мисраъҳо дар 11 соли пеш барои табрики миллат дар тараддуди таҷлил аз ҷашни Истиқлол будӣ, то ин ҷашн дар сатҳи олӣ баргузор шавад. Ту фарҳангро садо мекардӣ, меҷӯстӣ, ситоиш мекардӣ, мегуфтӣ; "фарҳанг ибтидои зиндагист, ибтидои сухан аст". Ман он солҳо хело хурд будам, ба дарки ин мисраъҳо сарфаҳм намерафтам, аммо имрӯз ба маънии ин суханони оқилонаи Шумо сарфаҳм меравам, меомӯзам аз ин гуфтаҳои Шумо.
Ва садо дармедиҳам, ки эй фарҳангиёни вораставу ҳушманд, Истиқлолро ҷашн бигиред, на танҳо бирақседу пой бикӯбед, балки аз шодобҳояш бинӯшед, аз комёбиҳояш комгорӣ кунед ва дар сояаш сар панаҳ кунед, аммо он азизони дилро, он фарзандони қурбонии роҳи Истиқлолро ҳам аз ёд набаред!
Эй падар, эй қиблагоҳи фарзандон, туро ман ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар лаҳза, ҳар сония ба ёд меорам.
Саъдиё, нолам ба гетӣ номи ман ҳам бепадар,
Чун маро ҳам мисли ту аз сар бирафтааст падар.
Ман бидонам дарди бепадар бетоқатист,
Сила хохам кард доим бар сари ҳар бепадар.
Номи нек доштан давоми умр аст. Ҳар як инсоне, ки падарамро мешинохт, бо як меҳр аз ӯ ёдовар мешавад: "Худо раҳматаш кунад, бисёр инсони хуб буд!"
Вақте инро мешунавам, он барои ман ниме аз давлат аст:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Шаҳло Раҳимова