Аз "Ланд Крузер"-и Толиб то "Лексус"-и писари Эркин Раҳматуллоев

Иҷтимоъ 29.08.2012 19:40

lexsus"Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, дар ихтиёри шахсиаш автомашинаи тамғаи "Тойёта Прадо", "Мерседес" ва шумораи зиёди ҳайвони калони шохдор дорад…

Толиб Аёмбеков, дар ихтиёраш автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаҳои хориҷии "Тойёта Ланд Крузер", "Ауди", "Хаммер", "Фолсваген", "Инфинити", "Мазда" ва дигар намуд дорад. Дар шаҳри Хоруғ якчанд хонаи истиқоматӣ дорад. Дар ҳудуди санаторияҳои табобатии "Авҷ"-и ноҳияи Ишкошим ва "Ҷелондӣ"-и ноҳияи Шуғнон меҳмонхонаи бисёрошёна сохтааст. Хешовандони наздикаш барои амалҳои ҷиноятиаш ба ӯ кӯмак мерасонанд."

(Ташкилкунандагони ҳодисаҳои охирин дар ВМКБ. "Ховар". 30 июли соли 2012.)

Амри парвардигор … ва мошинҳои гаронбаҳои фарзандони соҳибмансабон

Бино ба иттилои Раёсати Бозрасии Автомобилии пойтахт соати 8-и шоми 14-уми август дар кӯчаи Шестопаловаи шаҳри Душанбе автомобили Ораз Раҳматуллоев бо мошини як сокини Душанбе бархӯрда, ки бар асари ин садама ронандаи "Опел" фавтидааст.

Ин садама бо бар хӯрдани "Лексус"-и Ораз Раҳматуллоев, писари Эркин Раҳматуллоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ , бо рақами давлатии ЕР 80-80 (01) РТ (шояд рақамаш ҳам тибқи музояда бо қиммати на он қадар кам дастрас шуда бошад-"М.") бо сабукрави тамғаи "Опел-Астра"- и Неъмат Раҳматови 55-сола, сокини кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт, бо рақами давлатии ВХ 42-28 (01) РТ рух додааст. 

Аммо ба навиштаи расонаҳо ин аввалин садамаи нақлиётие набудааст, ки бо ширкати наздикони афроди боломақом сурат мегирад.

"Озодӣ" менависад, "3-юми майи соли ҷорӣ писари 21-солаи раиси ҲНИТ бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтид. Муҳаммади Тиллозода бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз зиндон раҳо шуд.

Дар як соли пеш фарзанди 24 солаи Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар асари як садами ронандагӣ, корманди як ширкати роҳсозии Чинро кушта буд. Фарҳод Абдуллоев, бо ҳукми додгоҳ панҷ сол равонаи зиндон шуд ва бар асоси қонуни афви соли 2011 аз ҷазо озод шуд.

Дар соли 2008  Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як садамаи ронандагӣ як нафарро ба ҳалокат расонда буд. Ӯ низ бар тибқи моддаи 212 қонуни ҷиноии Тоҷикистон панҷ сол равонаи зиндон шуда, се соли баъд аз зиндон раҳо ва аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шуд. Бобур Азимов замони рух додани ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа менамуд…"

Хуб, ин ҳама садамаҳо тасодуф ҳастанд ва касеро аз қисмат ҷои гурез нест. Ва дар ин шакке ҳам нест. Аммо он чӣ ки ҷойи баҳс ва истодан сари ин мавзуъ дорад, мошинҳои гаронбаҳои фарзандони "эрка"-и соҳибмақомҳо аст. Дар ҳамаи ин садамаҳо фарзандони соҳибмақомҳо савори мошинҳои гаронбаҳои на камтар аз 20 ҳазор долларӣ будаанд.

Дар кишваре, ки аксарияти мардум камбизоат ҳастанд, иқтисод пешрафт надорад, аксарияти нируи корӣ берун аз кишвар аст, ин фарзандони чиновникҳо ё соҳибмақомҳо аз куҷо (ҳоло нагӯем, ки ба худ эб дидаанд) соҳиби мошинҳои гаронбаҳо шудаанд? Саволи матраҳ аст.

Як бому ду ҳавои хабаргузориҳои расмӣ - миллӣ

Аслан ҷонибдори ин андеша, ки ба ҷойи писарони болиғ падарон бояд посухгӯ бошанд, нестем. Ва аз ин рӯ дар гузашта низ садамаҳои рухдода бо ширкати фарзандони соҳибмақомҳо ва шахсиятҳои сиёсиро нашр накардем. Аммо агар хабари ба садама дучор шудани писари мушовири Президентро дар хабаргузориҳои расмӣ нашр мекарданд, шояд матраҳ кардани ин мавзуъ дар саҳифаҳои матбуот пеш намеомад. Ва боз ҳам агар Ораз Раҳматуллоев ҳадди ақал савори "Некси" мебуд, ба ҳеч ваҷҳ мавриди гуфтугӯи ин баҳс қарораш намедодем. Ба хотири муайян кардани тамғаи "Лексус"-и писари мушовири президент, ки яке шояд аз арзонтарин дар миёни "Лексус"-ҳои мошинбозори Тоҷикистон бошад, ва писари мушовир тавоноии хариди онро дошта бошад, хабари ин ҳодисаро дар ду сайти расмии давлат "Ховар" ва "сводкаи" ВКД ҷустуҷӯ кардем, аммо онро натавонистем пайдо кунем.Дар ҳоле ки садамаи фарзанди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар садри «сводка»-ҳои расмӣ ва сармақолаи нашрияҳои давлатӣ қарор дошт. Вале агар он аз назари мо уфтода бошад, маъзарат мехоҳем, аммо агар аз нашри он худдорӣ шуда бошад, хидмате "хирсона" шудааст. Аммо маҳз савори мошини гаронбаҳо будани писари мушовири Президент боис шуд, ки ин мавзуъро атрофи номи ӯ мутамарказ кунем. Зеро ҳеч имкон надорад, ки мушовири раиси ҷумҳур он қадар маоше бигирад, ки битавонад барои харидории ҳамчунин мошини гаронбаҳо, он ҳам барои писараш, онро захира бикунад. Магар ин ки дар ин ҳама муддати мушовирӣ мушовири муҳтарам нахӯрдаву напӯшида, онро захира карда бошад. Аммо нахӯрдаву напӯшида, ки намешавад. Боз он ҳам бо ин қимматҳои бозорҳои кишвар, ки ҳатто як бандча гашничаш (кабудӣ) 1 сомонӣ арзиш дорад.

Агар мавзуъи кори муносиби писари мушовири президентро дар миён бигузорем ҳам, ҳеч ҷойи худсафедкунӣ надорад, зеро бештар аз 1 миллион нафар ба хотири ҷустуҷӯи кор берун аз Тоҷикистон рафтаанд, ки дар миёнашон нируҳои зеҳнии хеле зиёд ҳастанд ва сафи корҷӯён дар дохили кишвар ҳам зиёд аст, ки бархе ҳатто ду диплом дар зери болишт ҳам доранд. Намешавад, ки тамоми мансабҳову шуғлҳои мавҷуд дар кишварро падарону писарон ишғол кунанду мардум, ҳатто аз як хонавода тамоми мардҳо дар ҷустуҷӯи кор овораву саргардони мулки бегона бигарданд. Ва агар ин писар вазифаеро ишғол карда бошад ҳам, ба ҳеч ваҷҳ бо маош намешавад, ҳамчунин автомобили гаронбаҳои тамғаи "Лексус"-ро, ки дар бозори Тоҷикистон аз 25 то 70 ҳазор доллари амрикоӣ қиммат дорад, харид. Не?!

"Мошинҳои гаронбаҳои қочоқчиён ва бачаҳои соҳибмансабон"

Дар чанд рӯзи пеш мо шоҳиди даргириҳо дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти худмухтори Бадахшон шудем ва гурӯҳҳои норозӣ мавҷудияти фасод дар миёни соҳибмансабони давлатиро омили сар задани хушунатҳо донистаанд. Аммо прокуратураи генералӣ сабабгорони ин даргириҳоро, аз ҷумлаи соҳибвазифаҳои боз ҳам ниҳодҳои давлатӣ, аммо "ҷинояткор" (зеро ҳам Толиб ва ҳам Боқир аз ҷумлаи афсарони аршади нируҳои Тоҷикистон буданд) дониста, онҳоро бо роҳи қочоқ ба соҳиб шудан ба моликият гунаҳкор кардааст. Мо ба иттиҳомоти дигаре, ки мақомот алайҳи фармондеҳони Хоруғ матраҳ намудаанд, коре надорем ва онро ба баррасӣ ҳам намегирем. Зеро ин ҳаққи прокурор ва ниҳодҳои дигари зирабт аст, ки кассро гумонбар бидонанд ва иттиҳом ворид кунанд. Агар командирони помирӣ гуноҳ карда бошанд, бояд бидуни шак посух бигӯянд. Вале рӯи сухани мо ба як нуктаи ин иттиҳом аст, ба иттиҳомоти молӣ ва дороӣ. Аз ҷумла Прокуратураи генералӣ дар як иттилоияе, ки нашр намуд, мегӯяд, ки "онҳо соҳиби якчанд автомашинаи гаронқиммати хориҷӣ (мо автомошинаи дохилӣ надорем! -"М.") ҳастанд":

"Ташкилкунандагони ҳодисаҳои охирин дар ВМКБ:

1. Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 3 марти 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ… Дар ихтиёраш автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаҳои хориҷии "Тойёта Ланд Крузер", "Ауди", "Хаммер", "Фолсваген", "Инфинити", "Мазда" ва дигар намуд дорад…

2. Имомназаров Имомназар Оғоназарович, соли таваллудаш 18.11.1964, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ. Маъюби дараҷаи якум мебошад… …Дар шаҳри Хоруғ якчанд хонаҳои шахсӣ ва автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаи "Тойёта Ланд Крузер", "Хаммер", "Фолсваген", инчунин автомашинаҳои боркаши тамғаи "Камаз" дорад.

3. Мамадасламов Ёдгор Шомусаламович, соли таваллудаш 15.07.1958, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон... Дар ихтиёраш зиёда аз 10 адад нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 3 адад "КамАЗ", 5 адад автомашинаи сабукрави "БМВ", "Мерседес", "Ҷип", "ВАЗ" ва автомашинаҳои махсус барои интиқоли сӯзишворӣ. Дар минтақаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон меҳмонхона, нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва мағозаҳо дорад…

4. Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ… Дар ихтиёри шахсиаш автомашинаи тамғаи "Тойёта Прадо", "Мерседес" ва шумораи зиёди ҳайвони калони шохдор дорад…"

Ташаккур аз мақомоти додситонӣ, ки мавзуи муҳиммеро барои андеша кардан ба миён гузоштаанд. Аввал ин ки агар ин чор нафар бо роҳи ғайри қонунӣ ин дороиҳоро ба даст оварда бошанд, бигузор тафтишот онро собит кунад ва онҳо посухи ин амали худро бигӯянд. Касе шубҳа накунад, ки ман аз ин афрод ҳимоят мекунам, не чунин нест, бигузор ҳар кас аз худаш ба тариқи қонунӣ ҳимоят кунад ва посухгӯи аъмоли хеш бошад. Баҳси ман сари масъалаи дигар аст, сари дороӣ ва нодорӣ дар Тоҷикистон. Масъалае, ки ҷанги Тоҷикистонро дар 20 соли пеш сабаб шуда буд. Зеро ки сабаби ҳама ҷангҳои дохилӣ бозтақсими сарватҳои молӣ ва модист. Ин қонуни таърих аст, инро касе наметавонад дигар кунад. Дар ҳар кишваре, ки сарватҳои модӣ бе адолатона тақсим шуда бошанд, эҳтимоли боз як низоъи дигар ҳамеша таҳдид мекунад.     

Яъне доштани чанд хона, чанд мошин ва тавре дӯст медоранд, бигӯянд, мошини хориҷӣ ва чорвои калони шохдор, агар гуноҳ бошад, пас аз ин мантиқ бар меояд, ки пеш аз ҳама аксарияти кулли мансабдорон ва фарзандону наздикони онҳо гунаҳкоранд? Маоши ягон вазиру вакили тоҷик барои харидории "Лексус" ва "Ланд-Крузер" басанда нест, аммо кадом вазир ва вакилу мансабдори ҳатто сатҳи миёнаи Тоҷикистон метавонад, бигӯяд, ки ҳам худаш ва ҳам ҳамаи писарон ва духтаронаш чунин мошин надоранд? Чунин мансабдоре нест, шояд бошад, агар бошад, ангуштшумор ҳастанд ва ман аз онҳо узр мехоҳам.

Ҳоло мисли замбуруғи баъди борон дар Душанбе хона мерӯяд. Як суол:  Ҳамин нуҳқабатаи пушти Град Ҳотел, рӯ ба рӯи "Барқи тоҷик" ва даҳҳо кӯчаи дигари Душанбе кӣ медонад, ки аз они кист? Мардум шояд надонад, вале мутмаинан касоне, ки медонанд, ки мошинҳои Аёмбеков аз куҷо ҳастанд, инро ҳам медонанд. Нагӯед, ки ин аз бачаи фалон вазир аст ва ҳич касе аз ӯ ҳаққи ин кор ва сармоя доштану тиҷоратро нагирифтааст. Ин дар асри 21 ва ҷомеъаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд тавҷеҳ нест. Чаро садҳо ҳазор тоҷикбачаи муҳоҷиру дарбадар дар Русия аз чунин ҳаққи худ дар Тоҷикистсон наметавонад истифода кунанд? Ӯ низ чунин ҳаққеро дорад, ки кредит бигирад, замин барои сохтмон бигирад, бисёрошёна бисозад ва ба савдо бизнанад, аммо падараш, ки вазир нест, аз ин ҳаққи худ наметавонад истифода кунад. Ба назарам ин масъала рушан шуд. Ҳоло нуҳқабата месозанд, дар назди ин нуҳқабатаҳо ду се ошёнаҳои вазирон, ки додситону раиси коррупсияву амният ҳам онҳоро дидаанд, дигар наменамоянд. 

Дар бораи чорпои калони шохдор, ки ҷолибтарин бахши ин суҳбат аст, вале дар як мақолаи дигар суҳбат мекунем. Ҳоло тақдири одамон муҳимтар аст.    

Ин ҷо мехоҳем, масъаларо бо мақоми олии Тоҷикистони дар миён бигузорем.

Хуб, фарз бар ин шуд ва ҳама бовар карданд, ки Толиб Айёмбекови подполковники КДАМ як қочоқчӣ будаву соҳиби се автомашинаи гаронбаҳо шудааст ва дигар ҳамроҳони ӯ низ ҳамчунин. Боз мегӯям, бигузор онҳо худ посухи амалашонро бигӯянд. Аммо суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки пас писари мушовиру вазиру раиси суду генералҳо "Лексус"-ҳоро аз куҷо ва бо чӣ пуле ба даст меоваранд, ки дар охирин садамаи ин бачаҳои мансабдор бар асари садама як муаллими бечора кушта шудаву фарзандонаш аз саробон халос шудаанд?

Собиқ прокурори генералии Тоҷикистон бисёр ба содагӣ ба ин суол, ки мақомдорон ва аз ҷумла кормандони Шумо аз куҷо мошинҳои гаронқимматро харидорӣ мекунанд, посух дода буд, ки хешовандонашон дар Русия кор мекунанд ва барои онҳо мефиристанд. Дар ҳар ҳол матраҳ кардани иттиҳомоти молӣ ва дороӣ аллайҳи афрод ба нафъи мақомот нест, зеро мардум медонад, ки доротарин афрод касоне ҳастанд, ки наздиктар ба ҳукуматанд. 

Ин ҷо танҳо масъалаи мошинҳои қимматбаҳои писарони соҳибмақомҳоро ёдовар шудем. Зеро ҳодисаи ахир, ягона ҳодисаи нохуш нест, ки бар асари ба садама дучор шудани писарбачаҳои мошинсавори соҳибмансабон инсонҳои бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд. Мансабдорон хубтар медонанд, ки чанде пештар фарзанди як бонкири дигар ҳам як занро бо мошини гаронбаҳояш зада ва зан мурдааст, вале ин ҳодиса ҳанӯз барои мардум дар пардаи ибҳом аст.

Ман фарқе миёни кушта шудани афроди бегуноҳ чӣ дар Хоруғ ва чӣ дар силсиласадамаҳои фарзандони соҳибмансаби ҳукуматӣ дар ҷодаҳои Душанберо намебинам. Шумо чӣ?

Ин айби мо нест, ки кур нестем, мебинем, кар нестем, мешунавем ва гунг нестем мегӯем. Ба бузургии худ моро бубахшед, соҳибмансабони сарватманд.

А. Мирзо
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97