Бахтиёрро дар Нуробод куштанд ё фавтид

Иҷтимоъ 13.06.2012 21:29

Ё Мулло Абдулло ҳам дигар набошад, маргҳои асроромез дар Дарбанд вуҷуд дорад

nurobodМарги як ҷавони ҳабдаҳсола дар рустои Таги Камари ноҳияи Нуробод сару садои зиёдеро ба бор оварда, як сол боз боиси гуфтугузор ва баҳсҳои хонаводаи мақтулу ҳамсоягони онҳо шудааст. Шоҳидони ҳодиса баёнот медиҳанд, аммо падари Бахтиёри ҷавонмарг ба ҳодисаи нохуш будани қазия бовар надорад, таъкид мекунад, ки писари  ӯро куштаанд. Аслан сабаби ба ҷои ҳодиса роҳӣ шудани хабарнигори "Миллат" ҳам номаи Маҳмад Латипов, падари Бахтиёр Латипов ба унвонии идораи нашрия буд. Дар номаи мавсуф омадааст, ки прокуратураи ноҳияи Нуробод қазияи мазкурро дуруст насанҷида, баҳои мунсифона надодааст. Пойинтар дар мавариди ҷузъиёти ҳодиса ва бахшҳое аз номаи падари марҳум иттилоъ хоҳем дод.

"Миллат" дар ҷустуҷӯи ҳақиқат

Субҳи 1-уми июн аз Душанбе роҳ ба сӯи Нуробод гирифтем ва баъд аз зуҳр ба маркази ноҳия, ки бо номи "райони нав" маълум аст, расидем. Нахуст ба идораи додситонӣ рафтем ва хостем аз масъулини ин мақомот дар ин маврид пурсон шавем. Бо амри тақдир дар ин ҷо прокурори ноҳияро наёфтем, баъдан рӯшан шуд, ки он кас бо сафари хидматӣ ва барои ҳисоботдиҳӣ дар пойтахти кишвар қарор доштааст. Тӯфонбек0, ки худро ёрдамчии додситони ноҳия муаррифӣ кард, дар посух ба суоли мо гуфт: " Ҳоло як моҳ мешавад, ки ба ин ноҳия омадаам ва аз асли ин воқеъа пурра хабар надорам. Прокурори ноҳия ва муфаттиши қазияи мазкур Ҷалолов, ки парвандаро тафтиш дорад, ба Душанбе рафтаанд. Ман дар ин бора чизе наметавонам бигӯям".

Аз идораи додситонӣ баромада, ба ҷониби деҳаи Таги Камари ҷамоати Ҳакимӣ ҳаракат кардем ва ҳамроҳ бо Маҳмад Латипов, падари марҳум аз ҷойи ҳодиса дидан намудем.

- Писари ман дар он рӯз (10. 05. 2011, як соли пеш) бо  ду бародар; Саидов Раҷаб ва Саидов Маҳмадулло гӯё ба ҷамъоварии ҳезум меравад. Вале бегоҳии ҳамон рӯз соати 16 ҷасади ӯро ба хона меоранд. Ман худ дар маркази ноҳия будам ва омада ҷасади беҷони фарзандамро дар хона дидам. Чун пурсидам, ки чи ҳодиса рух дод, гуфтанд, ки вақти овардани ҳезум гӯё писари ман аз баландӣ сарозер шуда, сараш мекафад ва ҷароҳат бардошта, бар асари он ҳалок мешавад. Рӯзи ҷаноза намояндаи мақомот ба хонаам омаданд ва сабаби воқеаро пурсон гаштанд ва мо ба гуфтаи ҳамраҳони писарам бовар карда, ҳеч чизе нагуфтем,- мегӯяд бо сад андӯҳу дареғ, падари Бахтиёри ҷавонимарг.

Ба қавли ӯ, баъди чанд рӯз дар деҳа овозаҳое паҳн гаштанд, ки гӯё марги Бахтиёр тасодуфӣ набудааст ва ҳатто падари Раҷабу Маҳмадулло низ онро тасдиқ кардааст.

Падари ҷигархун мегӯяд: - Баъд аз гузашти се рӯз аз ин ҳодиса ман бо ҳамроҳии ҳамсояҳоямон Латипов Саидикром, Сайидаҳмад, Ёрмаҳмад, Карим, Раҷаббек ва Нозилшоев Исроил барои фотиҳа ба ҷои ҳодиса ва фавти писарам рафтем. Бародарон Саидовҳо ҳатто ҷойи афтидани писарамро мушаххас нишон дода натавонистанд. Ин амали онҳо шубҳаи моро зиёд кард ва мо асли воқеъаро пурсон шудем. Дар ин ҳолат Саидов Раҷаббек гирён шуда, иқрор намуд, ки дар ҳақиқат мо сангро гирифта ба сари Бахтиёр ҳаво додем, баъди расидани санг ба гарданаш Бахтиёр дар ҷояш афтод ва дар натиҷа аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷояш ҳалок гардид".

Маҳмад Латипов: "Марги писарам тасодуф набуд"

Сайидикром писарамаки Бахтиёр мегӯяд, ки ҳамроҳони ҳамонрӯзаи Бахтиёр рӯзи аввал гуфтанд, ки ӯ аз болои кӯҳ аснои фаровардани ҳезум афтидааст. Дигарбора изҳор доштанд, ки ӯро санг расид ва ахиран гуфтанд, ки аз шахи поён ла?жидааст. "Хулоса, ҳеч кадоми онҳо наметавонанд бигӯянд, ки асли воқеъа чӣ буд. Ҳатто ҷойи афтидани ӯро ҳам аниқ нишон дода натавонистанд. Чизи дигар ин ки ҳамон рӯз, пас аз сар задани ин ҳодиса онҳо нахуст моро не, балки аввал падари худашонро аз он хабардор карданд, ки 5-6 хона аз мо поёнтар иқомат дорад. Оё намешуд, ки аввал Сайидаҳмадро хабар кунанд, ки хонаи якум дар сари деҳа аст?",- савол медиҳад ӯ.

Наздикону пайвандони Бахтиёри раҳматӣ мегӯянд, ки ҳамсояашон Аҳмад Саидов (падари Раҷабу Маҳмадулло-ҳамроҳони Бахтиёр дар он рӯзи шум) бо гузашти се рӯз аз он ҳодиса, иқрор шудааст, ки яке аз фарзандони ӯ сангро ҷар карда, боиси марги Бахтиёр шудааст, аммо имрӯз аз гуфтаҳои худ даст мекашад. Сайидаҳмад Латипов, амаки марҳум гуфт: "Саидов Аҳмад, падари ду нафари гумонбар, рӯзи саввум чун ин  гапро гуфт, мо гуфтем, ки рафта бачаатро фарёд кун ва бачаи калонияш омада гуфт, ки додарам сангро ҷар карду Бахтиёрро расид. Аммо чун мо ба прокуратура арз кардем, онҳо аз гапи худ гаштаву моро туҳматчӣ эълон карданд".

Ба гуфтаи даъвогарон сабти овози Аҳмад Саидов дар бораи ин қазия ва омилҳои тахминии марги Бахтиёр мавҷуд аст, аммо мутаассифона, муфаттиши парванда ин ҷузъиётро ба инобат нагирифтааст ва аз он сарфи назар кардааст.

Сайидикром, яке дигар аз хешовандони наздики хонаводаи ҷабрдида мегӯяд, ҳодиса ҳеч ба тасодуф шабоҳат надорад: "Агар ғалтидагӣ мебуд, чаро онҳо аввал ба хонаи бачадор неву рафта падару бародари худро фарёд карданд. То Саидаҳмад меравад, ки онҳо ҳама дар гирди мурдаанд. Аммо аз чӣ бошад, ки муфаттишон сари ин масъала таваҷҷуҳи кам зоҳир кардаанд ва боре ҳам онҳоро напурсиданд".

Ба қавли шоҳидони воқеъа, ки баъди шунидан ба ҷои ҳодиса мераванд, вақти рух додани ҳодиса, ба нишондоди Саидов Раҷаб ва Маҳмадулло ба замони марги марҳум рост намеояд.

Порае аз номаи падари Бахтиёр, ки ба идораи "Миллат" омадааст

"…Дар деҳа соати 16 (рӯзи 10-уми майи соли 2011-муаллиф) оид ба фавти писарам овоза паҳн шуд. Аз хонаи мо то ҷои ҳодиса 10-15 дақиқа роҳ аст. Ва дар ҳоле ки Сайидаҳмад ва Раҷаб ба ҷои ҳодиса мерасанд, дар назди ҷасад Саидов  Аҳмад, Саидов Файз, Саидов Раҷаб ва Маҳмадулло қарор доранд, ки ҷасади  писарам аллакай хунук шуда будааст. Тибқи нишондоди Саидовҳо, Бахтиёр соати 15:20 дақиқа ҷар шуда ва аз он лаҳза то расидани ҳамсояҳо ба ҷои ҳодиса ба нишондоди Саидов 55 дақиқаро ташкил медиҳад. Аммо тавре дар қарори қатъи парванда дида мешавад, ин маврид ҳам, баёноти ҳамсояҳо, шоҳидон ва ҷавобгарон бе рӯбарукунӣ ва санҷида нашудааст".

Наздикони Бахтиёр ҳамзамон зимни суҳбат бо мо иброз доштанд, ки баъди чанд рӯзи воқеъа Саидов Раҷабро бемории рӯҳӣ гуфта, дар беморхона бистарӣ месозанд, ки ин тааҷҷубовар аст. Охир, ӯ боре ҳам нагуфта буд, ки чунин маризӣ дорад ва ақлу ҳушаш дар ҷояш аст. Пас, ин ҷо "зери коса нимкосаест", - мегӯяд падари марҳум.

Чаро  ин ҳодиса ранги дигар мегирад?

Мунира Давлатшоева, модари марҳум муътақид аст, ки писарашро бо нияти қасдгирӣ ва интиқом ба кӯҳ бурдаанд. "Писарамро чанд бор таҳдид карда буданд, ки дигар барои ҳезум ба пушта наравад. Бахтиёр ду рӯз пеш аз ҳодиса ба ман гуфт, ки ман дигар барои овардани ҳезум намеравам, зеро бародарон Саидов Раҷаб ва Маҳмадулло маро таҳдид намуда гуфтаанд, ки агар дуюм бор барои овардани ҳезум равӣ, мо туро мекушем". Ҳайратовар ин аст, ки модари Бахтиёр ин суханонашро дар баёноти додааш ба прокуратура низ навиштааст, аммо ин ҷузъиёт низ ба эътибор гирифта нашуда, дар қарор дарҷ наёфтааст.

Прокурор: "Мо мегӯем куштор нест, онҳо мегӯянд, ки ҳаст"

Файзалӣ Давлатов, прокурори ноҳияи Нуробод аснои як суҳбати телефонӣ бо хабарнигори "Миллат" гуфт: "Тавре мо хабар дорем, ин ду бародар ва Бахтиёр болои кӯҳ ҳезумҷамъкунӣ мераванд. Ӯ (Бахтиёр дар назар аст), мувозинатро риоя карда натавониста, ҷар мешавад ва тақрибан аз баландии 20 метр меафтад ва дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат мерасад. Мо экспертиза гузаронида, ҷасадро муоина (вскрытие) кардем ва онҳо мегӯянд, ки дар натиҷаи бархӯрдан дар кӯҳ ба ҳалокат расидааст. Аммо инҳо мегӯянд, ки "онҳо бачамона куштанд". Ягон аломати ҷиноят нест, аммо бо кадом сабаб аст, ки мехоҳанд ду бачаи ноболиғро гунаҳкор кунанд, намедонем. Мо мегӯем, куштор нест, онҳо мегӯянд, ки ҳаст. Мо қарор қабул кардем, ки аломатҳои ҷиноят нест ва парвандаро қатъ кардем. Куштор охир ягон "матив" ва асос доштагист,охир чаро инро онҳо намехоҳанд, бифаҳманд".  Ин дар ҳолест, ки модари марҳум мегӯяд, ки "бачам ду рӯз ҳамроҳи додарош рафт, аммо ҳамон рӯз онҳо (бародарон Саидовҳо) омада, бачама қатишон гирифта бурданд, ин тақрибан соатҳои 9 буд. Ман ҳамиқа кардам, ки намерава, уно бо хоҳиш карда, ӯро бурданд  ва баъд бачама дар ин ҳол ёфтам". Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар ҳамон рӯзи омадану бурдани фарзандаш чи нақшае доштанд ва сабаби асосӣ ҳамон чанд дарза ҳезум будааст. 

Аммо прокурори ноҳия, гуфтаҳои наздикони Бахтиёрро дар мавриди иқрор шудани падари Саидовҳо рад мекунад. "Ин гапҳо тамоман асос надорад. Зеро дар баёнотҳои аввал падараш ин гапҳоро нагуфта буд. Онҳо гуфтанд, ки насибу тақдираш ҳамин будааст ва ба касе даъво надоранд. Ҳатто намонданд, ки мурдаро экспертиза кунем ва гуфтанд, ки ӯ худаш мурдааст. Дар он рӯз ин хели гапҳо набуд. Аммо баъди як ҳафта омада ин гапҳоро гуфтанд. Инҳо чандин намуд баёнотҳо доданд. Хайр мо аниқ намедонем мақсад чист, вале парванда боз аз сари нав дар санҷиш қарор дорад ва мо боз аз сари нав ҳамаи хешу таборони ҳамон бачаҳоро даъват карда баёнот гирифтем. Дар ҷойи ҳодиса бурда сурат гирифтем ва имрӯз то пагоҳ қарор қабул мешавад ва ба прокуратураи генералӣ мефиристем ва як бори дигар онҳо меомӯзанд ва мебинем, ки чӣ супорише онҳо ба мо хоҳанд дод".

Далелҳо, гумон ва фарзия. Нобоварии наздикони Бахтиёр

Маҳмад Латипов, падари марҳум мегӯяд, ки таърихи 17.06.2011 аз сӯи Маркази ҷумуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ эсгуматсия (кушодани қабр) гузаронида шуд. Ва он 22.07.2011 ба итмом расид. Баъди ин хулосаи судӣ- тиббӣ муфаттиши прокурори ноҳияи Нуробод Буров К. Р. бо қарори худ таҳти рақами №224-11 аз 22 августи соли 2011 оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи аризаи ман нисбат ба марги писарамро қатъ намуд. Ман ин қарорро ғайриқонунӣ, рӯякӣ ва яктарафа шумурда, барои бекор намудани он ва аз сари нав дида баромадани асли воқеъа ариза пешниҳод намудам. "Ман аз он норозӣ будам ва ҳастам, ки ҳамаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ман оиди аз ихтиёри прокурори ноҳияи Нуробод гирифтан ва таҳти назорати Прокурори генералӣ қарор додани тафтиши ин ҳодисаи мудҳиш ҷавоби қаноъатбахш пайдо накардаанд. Ба назари ман, аз аввали қазия то кунун прокурори ноҳияи Нуробод нисбати аризаҳои ман ва қазияи мазкур бепарво буда, аз рӯи қонун ва адолат ҳалли ин қазияро муайян кардан намехост. Дигар ин ки тавре дар қарор омадааст, муфаттиш Буров парвандаро бар асоси он қатъ намудааст, ки гӯё писари ман аз баландии 10 метр аз беэҳтиётӣ афтидааст ва асоси дигари қатъ намудани парванда баёноти ҷавобгарон мебошад, ҳоло он ки баёноти додаи ман ва дигар иштирокчиёни ҷои ҳодиса сарфи назар шудаанд. Ва инчунин вақт, ҷойи ҳодиса санҷида нашуда, рӯбарӯкунии ҳамаи иштирокчиён ба пуррагӣ доир нашудааст. Ҳамаи ин беғаразии прокуратураи ноҳияро дар тафтиши ин ҳодиса зери шубҳа мебарад",- гуфт Латипов.

Зимнан, наздикону пайвандони Бахтиёр Латипов, аз ҷумла падару модари ӯ ҳам бовар доранд, ки писарашон бо марги табиӣ намурдааст, ӯ мавриди куштор қарор гирифтааст. Ҳамзамон, онҳо ба мунсифона ва дар чорчӯби қавонини роиҷу меъёри адолат баррасӣ шудани қазияро зери суол мегузоранд. Ин дафъа пофишорӣ доранд, ки ҳодисаро на прокуратураи ноҳиявӣ, балки Додситонии кулл тафтиш намояд ва хулосаи зарурӣ барорад.

Пораи дигари номаи падар ё хоҳиши пайвандон...

 «Ман борҳо дар ин маврид ба мақомоти мухталифи ҷумҳурӣ муроҷиъат намудам. Аммо мутаассифона, то кунун муроде ҳосил нашудааст. Бояд ташаккур кунам аз раиси ММ МО Тоҷикистон М. Убайдуллоев, ки баъди муроҷиъат ба мушкили мо таваҷҷуҳ намуданд ва баррасии дубораи қазия оғоз шуд. Аммо боз ҳам бо ҳар роҳу восита посухи прокурорҳо ҳамоне буд, ки дар аввал пешниҳод шуда буд. Балки қазия бо вуҷуди таваҷҷуҳи раиси Маҷлиси Миллӣ дар дасти прокурори ноҳия боқӣ монд ва ба мақоми бетарафи салоҳиятдор барои тафтиш вогузор нашуд.

Суоли ман акнун аз мақомоти олии кишвар, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ин аст, ки оё қарори муфаттиши ноҳияи Нуробод «ояи шариф» аст, ки тағийр пайдо намекунад ва барои тафтиши беғаразонаи марги писари ман парванда аз дасти прокуратураи Нуробод ба як ниҳоди бетарафи мавриди эътимоди мо дода намешавад? Оё ин бедодӣ нест? Пас куҷо бовар кунем ба адолати ҳуқуқӣ?

Барои барқарории адолат талаби мо ин аст, ки қарори муфаттиши прокурори Нуробод дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ бекор карда шавад. Ва баррасии дубораи парванда оғоз шуда, аз дасти прокуратураи Нуробод ба ихтиёри як ниҳоди бетараф, ё Оҷонси мубориза бо коррупсия дода шавад. Ба ҳар ҳол инсон ба умед аст, ман писарамро бар гардонида наметавонам, аммо умедворам, ки муаммои марги ӯро ниҳодҳои бетараф рӯшан кунанд, зеро ин корро прокуратураи ноҳияи Нуробод натавонист».

Аъзамшоҳ қӯқаншоҳ,Душанбе-Нуробод-Душанбе

Р.S: Аснои таҳқиқ ва омӯзиши ҷузъиёти ҳодиса ва шиносоӣ бо маҳалли марги Бахтиёр норӯшанӣ ва печидагиҳое рӯёрӣи хабарнигори "Миллат" мавҷуд буданд, ки аз онҳо сарфи назар кардан нашояд. Аз ҷумла, ҷои ҳодиса ва макону замони ба вуқуъ пайвастани фоҷиа, баёноти падару модар ва наздикони марҳум, "иқрор"-и Сайидов, бемории "ногаҳонӣ" ва он ҳам рӯҳии Раҷаб (яке аз шоҳидони ҳодиса) ва ғайра. Аз ин рӯ,  "Миллат" тасмим дорад, қазияро то охир  пайгирӣ намояд ва хонандаро дар ҷараёни он қарор бидиҳад. Рисолати касбии мо ҳам ҳаминро тақозо мекунад: Инъикоси ҳақиқат ва мунсифона пешниҳод кардани матлаб.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97