Ҷанги эълоннашуда

Иҷтимоъ 23.05.2012 20:53

ё кӯдакони хиёбонӣ ё "биёбонӣ"-и мо?!

ҚHomiyn_1отили аслии ҷавоне дар либоси "Бобои барфӣ" кист?

Дер боз фазои ороми кишварро сару садои "ҷанги мактаббачаҳо" олуда кардааст. Нашрияи "Миллат" ҳам гузориши вижаеро охири моҳи октябри соли 2011 таҳти унвони "Алибобо ва чил роҳзан" - и ӯ дар мактабҳои Душанбе?! (http://www.millat.tj/ijtimo/2751-alibobo-va-chil-rohzani-u-dar-maktabhoi-dushanbe.htm) дар ин маврид ба нашр расонида, ба мақомот ҳушдор дода буд, ки ба сарнавишти фарзандони ватан бепарво набошанд. Ҷойи истиқбол аз ҳамчунин матлаби таҳқиқотӣ масъулон бо посухҳои сафедкунандаи хеш мақоланависонро зери маломат гирифтанд ва иддаъо доштанд, ки ҳамчунин мушкиле вуҷуд надорад.  Аммо аз чопи он мақола ним сол сипарӣ шуд, ҷомеаи Тоҷикистон амалҳои нангинеро, ки мактаббачагон ва ҷавонон ба он даст заданд, шоҳид гардид, ки қатли ҷавоне таҳсилдидаву огоҳу шодмон дар либоси "Бобои барфӣ" аз сӯйи қотиле мактабхон аз мудҳиштарин ҳаводисе буд, ки иттифоқ афтод. Вале ҷуз расонаҳои хабарии мустақил гӯё ҳеч касеро ғами ин амалу расвоӣ набуд. На дунявиён ва на диндоронро. Мисле ки чӯҷаи гунҷишкро куштаанд, на як ҷавони баркамолу фарзанди инсонро. Ва он ҳам қотилаш як кӯдаки дар ҳукми гул. Дуруст аст, ки он кӯдаки қотилро ба 10 соли зиндон ҳукм карданд. Аммо оё ҷомеа ба ин суолҳо, ки "Кӣ гунаҳкори аслӣ дар ин қазия буд?", "Чаро як писарбачаи пушти мизи мактабӣ ба ҳамчунин ҷинояти вазнину даҳшатноке даст зад?", "Оё онҳое, ки дар тарбияти ин ноболиғ саҳм доштанд, маҳкум ба ҷазо нестанд?", "Вақте ки ин мактаббача ҷиноят содир кард, волидон, ки посухгӯи амалкарди фарзанди ноболиғи худ мебошанд, куҷо буданд?" "Оё мудири мактаб, роҳбари синф, ки шояд ҳам ҳар моParvizҳ гирифтани моҳонаи мактаб аз сӯйи шогирдонро амре зарурӣ медонанд ва ҳеч гоҳе фаромуш ҳам намекунанд, посухгӯи ин кирдори зишти шогирди худ нестанд?" "Оё то содир кардани ин ҷиноят ин навҷавон бачаи хубу гапдаро буд?" "Ҳеч кори хилофе накарда буд?" ва даҳҳо суоли дигар посух гирифтанд?! Посухи ин суолот пеши кист: Вазорати маориф, Вазорати дохила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила…??? Пеши кист?! 

Ҳомиёни қонуни расвоӣ ку? Ё қонун чаро иҷро намешавад?

Замони навиштани ин матлаб хабари мамнӯъ шудани тарҷума ва нашри филми "Ҳомиён" аз сӯйи Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино", ки аз ҷумла нашри 5 филми туркиро мамнӯъ кардааст, дар расонаҳо пахш шуд. Нӯшдоруе пас аз марг. Коре, ки хеле пештар бояд анҷом мешуд.

Зимни нашри ин хабар гуфта мешавад, мақомот мегӯянд, дар гузашта чанд ҷинояте аз сӯи кӯдакону ноболиғон содир шуда буд, ки натиҷаи тамошои инчунин филмҳо ва пайравӣ ба қаҳрамонони ин филмҳо буд. Яъне ҳадаф аз мамнӯъ кардани панҷ филми туркӣ дар Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз таблиғи зӯроварӣ, тероризм ва тундгароӣ унвон шудааст.

Худои ман! Ин мақомот то ин дам куҷо буданд?! Ҷуброни хисороти ҳангуфтеро, ки аз тамошои ин филмҳо ҷомеаи мо дидааст, кӣ пардохт мекунад? Ҳомиёни қонун? Дастандаркорону ҳомиёни нашру пахши филми "Ҳомиён"? Кӣ?! "Ҳомиён"-ро, ки акнун метавон қазоват кард, ки "ҷурмаш" исбот шудаасту нашри онро "Тоҷиккино" мамнуъ кардааст, кӣ, кадоме аз масъулини "ватандӯсти" давлати мо иҷоза дод, ки тамоми марзҳои ахлоқиву фарҳангиро убур кунаду тухми ҷангу нифоқу хушунатро дар ин фазои холии фарҳангии кишвари мо бикорад?! Чаро он ҷавононе, ки аз тамошои ин филм ба ваҷд омада, ҷиноят содир кардаанд, маҳкуманд, аммо онҳое, ки барои амалӣ шудани ин ҷиноятҳо иҷозат додаанд ва мусоидат кардаанд, бояд ҳамин гуна раҳо бишаванд? Бинамоед чеҳраҳояшонро, то бубинем, ки кистанд, ки бачаҳои моро ба ҷиноят тела медиҳанд ва ба сарнавишти мову бачаҳои мо бозӣ мекунанд?! Мо ҳаққи конститутсионӣ дорем, то бидонем, он кист, ки ба тақдири мо бозӣ мекунад ва оё аз ин ба баъд ҳам масъулияти фазои фарҳангиву амниятии мо бар уҳдаи ҳамин ашхос аст?!  

Ёдам наравад, ҳамин ҷояш аст, то бипурсам, ки ҳамин як қонуни пурсарусадое қабул кардем, бо номи "ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД", оё он амал мекунад?! Шумо хабар доред?! Ба гӯши мо танҳо як ду хабар дар мавриди ба додгоҳ кашида шудани чанд волидайни камбағал расид, ки гӯё монеъи таҳсили фарзандонашон шудаанд. Ҳамин охирин хабар дар бораи  ба додгох кашида шудани як бонуи русзабон буд, ки исбот шудааст, аз нодорӣ ва тангдастӣ бачаҳояш натавонистаанд ба мактаб бираванд. Аз баҳри Худо, бо ин гуна амалкард на худатонро шармсор кунеду на бигузоред мо хиҷолат бикашем. 

Воқеан дар мавриди волидони ноболиғе, ки боиси ҷавоне дар либоси "Бобои барфӣ" шуд, ин қонун иҷро шуд? Мо хабар нашудем, Шумо чӣ?

Биёед, пеш аз қонунеро тасвиб кардан, аввалтар дар мавриди паёмадҳо ва иҷрои он биандешед. Агар иҷрояш намекунед, доштани ҳамчунин қонуне зарурат ҳам надорад. НЕ?!

"Ҷанги мактабҳо" аз нигоҳи вазири дохила

Билохира,  мақомоти баландпояи ниҳодҳои марбута зарур донистанд, ки барои ҳалли мушкили домангири ҷавонон бо онҳо мулоқот доир бисозанд. Гуфта мешавад, ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, роҳзаниву ғоратгарӣ даст доштани ҷавонону наврасон зарурати ин мулоқотро фароҳам кардааст.

Дар ин мулоқот, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯён барпо шуд, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи кишвар гуфтааст, ки танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин шумор 12 ҳодисаро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вазир, танҳо аз оғози соли ҷорӣ то ҳол 230 нафар аз ҷавонон зиндонӣ шудаад, ки 6 нафар аз онҳо донишҷӯ будаанд.

Нигаронӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, афзоиши гирифторони вируси ВИЧ-СПИД, танфурӯшӣ ва истифодаи маводи синтетикии нашъаовар дар марказҳои дилхушӣ тавассути ҷавонон низ дар ин мулоқот баён шудааст. 

Аз ҷумла Вазири корҳои дохилӣ ба муноқишаи миёни мактаббачагон ё ба истилоҳ "ҷангҳои байни мактабӣ" ишора карда, бо нигаронӣ сабаби аслии ин гуна падидаи номатлубро дар вуҷуди маҳалгароӣ миёни ин насл арзёбӣ кардааст.

Як саволи муҳим ба вазири дохила

Аммо ҳамин ҷост, ки мехоҳем аз вазири муҳтарами корҳои дохила  бипурсем, ки ин сабаби асл аст ё ҷузъе аз сабабҳо?! Зеро аз он чи дар мактабҳои Тоҷикистон иттифоқ меуфтад, аз ҷумла муноқишаҳои мактабӣ дар расонаҳои хабарӣ иттилои камтаре нашр мешавад, ин дар ҳолест, ки мақомот аз вазъи ба вуҷуд омада дар ниҳоят нигарон шудаанд ва барои ҷустани тадобир иқдомҳоеро рӯйи даст гирифтаанд, аз ҷумла ҳамин мулоқоти беназире, ки вазир бо донишҷӯён дошт, даракгӯ аз вахимтар шудани аҳвол дар ин самт аст.

Фикр мекунем, ки як фишанги аслии тарбияти насли наврас дар дасти ҳомиёни қонун ва аз ҷумла нозирони минтақавии корҳои дохиласт, ки инҳо ҳар гӯшае аз шаҳру навоҳиро зери назар доранд. Кишвари мо кишвари кӯчакест, агар як иттифоқоти баде ба вуқуъ биояд, тамоми кишвар бидуни ёрии кадом як расонае ҳам бохабар хоҳанд шуд. Аммо чаро ҳамчунин ҷиноёте, ки муддатҳост боиси нигаронии ҷомеа шудааст, нозирони минтақавӣ аз он гӯё бехабаранд ва ё онро нодида мегиранд.  Ин чӣ гуна давлатдорист, ки тамоми шаҳр, ҳатто "занакои лаби об" ҷузъиёти онро медонанд, медонанд, ки бачаи кӣ кордча мекашад, бачаи кӣ корд мехӯрад ва бачаи кӣ дар бемористон захмашро табобат мекунаду ҳомиёни тартибу интизом гӯё хабар надоранд? Лозим нест, ки раису вазире дар либоси Ҳоруннарашид берун бишавад ва аҳвол бигирад, ки дар кишвар чӣ хабар аст. Гузориши ҳатмӣ ва сареъ аз вазъ ба марказ аз сӯйи ниҳодҳои тобеъ бояд роҳандозӣ шавад. Имрӯз дунёро оне идора мекунад, ки иттилоъи дақиқро дар даст дорад. Ва ҳам мутолиаи матбуоти мустақил ва расонаҳои озод ва қазовати дуруст аз ин матолиб кифоят аст, ки бидонем, дар кишвар чӣ мегузарад. Ва агар ҳар кас аз рӯйи инсоф ва виҷдон вазифаашро иҷро кунад, яъне волидайн посухгӯи амали фарзандон дар вақтҳои фориғ аз дарс бошанд, муаллимон ҷавобгарии замони ҳузури талаба дар мактабро уҳдадор бошанд ва нозирони минтақавӣ вазъро берун аз мактаб дар минтақаи таҳти назарашон таҳти контрол дошта бошанд, аз ин иттифоқоти бад кам рух хоҳад дод.  Ҳоло овозаест, ки дар назди мактаби №88-и пойтахт байни мактаббачагон муноқиша бархоста, гурӯҳе бо сангу чӯб мусаллаҳ ба ҷони ҳам уфтоданд. Аммо хабари расмиро дар ин маврид дар ҳеч яке аз расонаҳо пайдо накардем. Вале боз ҳам "занакои лаби об" мегӯянд, ки волидоне аз маҳаллаи Калинин барои ин "беодоби"-и бачаҳояшон 1000 доллар ҷамъ карда, "ҷарима" супурдаанду "халос" шудаанд. Магар ин роҳи ҳалли масъала аст, ҷаноби вазир?! Бо ин андешаи ботил, ки "ҷарима супурданду халос шуданд" фарзандони мову шумо аз хатарот халос хоҳанд шуд? Оё мутмаин бошем, ки бо ин тарзи мубориза бо ҷиноёт фарзандони мову шумо аз ҳамчунин хушунату муноқишаҳо эмин хоҳанд буд?  Фикр намекунам, ки ин роҳи дурусти тарбияти насли нав бошад. Бояд бо ҷиноят, ки сол аз сол ҷавонтар шудан дорад, ҳама бо ҳам мубориза баранд, ба хусус нозирони минтақавӣ.

"Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан"

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки тибқи омор 23 дарсади ҷиноятҳоро насли ҷавон содир кардаанд, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон, ки низ дар мулоқот бо донишҷӯён ширкат доштааст, бетафовутии ҷомеа ва масъулиятношиносии волидайнро боиси дар рӯҳияи носолим тарбият ёфтани насли нав донистааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳамеша ба варзишгарон тавсия мекунад, ки ботаҳаммул ва фурӯтан бошанд: "Ман ҳар боре, ки бо варзишгарон сӯҳбат мекунам, ба онҳо мегӯям, ба шумо Худованд бозу додааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо ба сари касе мушт бардоред. Ҳар боре, ки хиҷил мешавед ва ё нафаре шуморо маҷбур мекунад, ки ба хотири ҳимояи худ коре кунед, дастҳоятонро ба киса андозед."

Вале маълум аст, ки раиси муҳтарами Кумита ин тавоноӣ ва имконро надорад, ки ҳамзамон ба тамоми ҷавонони варзишгар дар саросари кишвар сӯҳбат кунад. Аммо ба таъкиди ҷаноби Неъматов, ҷалби ҷавонон ба варзиш метавонад онҳоро аз ҷинояткорӣ дур кунад. Ба гуфтаи вай, дар соли 2011 варзишгарони тоҷик 307 медал оварданд. Ва дар соле, ки гузашт, Тоҷикистон 15 қаҳрамони ҷаҳон ва Осиёро тарбият карда, аллакай 12 роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондонро соҳиб шудааст. Маълум аст, ки ҷаноби раис зиёд кӯшиш ба харҷ медиҳад, то варзишгаронро дастгирӣ кунад. Аммо дар соле, ки гузашт, ҷомеъаи Тоҷикистон таҷиба кард, ки ифрот дар ҳар коре дар ҷомаи маслиҳат намеғунҷад. Аз ҷумла дар ҷалби саросарӣ ва сохтаи ҷавонон ба варзиш. Беназмиҳои майдони  футболи Тоҷикистон ва моҷароҳо атрофи мухлисони футбол дар Тоҷикистон бори дигар инро ба намоиш гузошт.  Варзиш ба сиҳатии инсонҳо ҳам муфид аст. Аммо беҳтар ин аст, ки аз тарғиби ифротгароёна дар ин самт худдорӣ бикунем. Зеро ҳамин мисоле, ки дар мавриди муноқиша дар назди мактаби №88-и пойтахт овардем, нақл мешавад, ки аз толори варзишии ба номи Фрунзе шуруъ шудааст. Пас аз ин бармеояд, ки кашонидани саросарии ҷавонон ба самти варзиш низ роҳи ҳалли масъала нест. Ва "кори ҳар бӯз нест хирман кӯфтан". Беҳтар аст, то афроди хос машғули варзиши ҳирфаӣ бошанд ва дигарон кифоят аст то ба варзишҳои маъмулии муфид ба сиҳату равон машғулият биварзанд.

Рӯ ба илму омӯзиш оваред!

Аввалтар аз варзиш аҳамияти омӯзиш барои ҷавонон бояд таъкид шавад. Дур мондани насли наврас аз донишу илмомӯзӣ, сатҳи пасти таълим, дар тарбияти модарони бесавод вогузор шудани насли нав боиси осебпазир шудани ин қишри муҳимми ҷомеа шудааст.

Ахиран дар ин маврид гузориши нави солонаи рушди инсонӣ, ки аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола омода мешавад, дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Муаллифони ин тарҳ гуфтаанд, ки ко?иши сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар кишвар тадриҷан равандҳои рушди башариро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.  Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, Александр Зуев, дар ин маросим гуфтааст, ки дар гузориши рушди инсонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои муҳимме ҷой дода шудааст, ки ба таҳияи сиёсати муайян дар ин самт ёрӣ хоҳанд дод.

Маълум аст, к ибо насли бесавод ба ҷое намерасем. Агар фарз кардем муҳоҷири меҳнатии тоҷик кадри шоиста буд ва метавонист дар ниҳодҳои калидии кишвари муҳоҷирпазир кор бикунад, ин ҳам барои ӯ ва хонаводааш судовар буд ва ҳам барои кишвар боиси ифтихор. Ҳоло лашкари муҳоҷирони аробакаши мо дарди саре ҳам барои худ ва ҳам барои кишвар шудаанд, агарчӣ саҳми боризе дар иқтисоди кишвар доранд. Аммо агар ин қишр таҳсилдидаву мутахассис мебуд, бештар аз ин суд меовард ва ҳеч дарди саре ҳам эҷод намекард. Не?!   

Инро ҳама дар бозори "Корвон" медонанд

Он чи ин ҷо гуфта гузаштем, тахайюл нест. Кашфиёте ҳам накардем.Инро ҳама медонанд. Ҳатто савдогарони бозори "Корвон" низ (тоҷирони боиззати бозори "Корвон" моро маъзур доред!).

Ба маврид аст, ки ин ҷо мисоле биоварам. Соле қабл зимни сафаре ба Туркия бо ҷамъе аз бонувони тоҷир сари дастархоне ҳамнишин шудам. Ҳангоми муаррифӣ исмамро гуфтам. Аммо бонувон аз шуғлам пурсон шуданд. Кутоҳ посух додам, журналистам. Онҳо сар аз ман барнамедоштанд ва бештар мехостанд, дар бораам бидонанд, ба хусус бонуе, ки дар миёнашон кунҷковтар ба назар мерасид, зиёд суол мекард. Бо табассум гуфтам, ки дар рӯзнома кор мекунам. Чун номи дақиқи нашрияро пурсиданд, сабрам ба сар омаду гуфтам. Дар рӯзномае, ки шумо онро намехонед! Боз ҳам номи нашрияро пурсиданд. Гуфтам: "Миллат". Занон ҳам аз мулоқот бо намояндаи нашрияи "Миллат" хушҳол буданду ҳам барошуфта аз посухи ахири ман, эътироз карданд: - Фикр мекунед, савдогарони бозор ҳамагӣ бесаводанду рӯзнома намехонанд. Гуфтам: - На, чаро, мехонанд, кроссворду сканворду нашрияҳои саргармкунандаву зард. Оне, ки зиёд чолок буду фаҳмида, гуфт: - На, ҳаргиз чунин нест. Ӯ гуфт, ки аз хонандаҳои доимии матбуоти ҷиддӣ аст ва ҳатто аз бархе мақолаҳои матбуоти саргармкунанда дилбеҳузур аст. Тоҷирзан ҳатто пурсид, ки намедонӣ, фалон, фалон мақоланависони фалон нашрияҳои саргармкунанда солиманд магар? Чун аз нигоштаҳояшон кас фикр мекунад, ки ин мақоланависон мушкили равонӣ доранд, ва аз матолибашон фикр мекунӣ, ки ин нигоштаи ягон "маняк" аст. Аз он "ҳампешагон" ва нашрияҳои ишон танҳо ба он хотир ном намебарам, ки мавзӯъе, ки ҳоло матраҳ мешавад, дар мавриди тарбияти ҷомеъа меравад, на тарбияти ишон. Ва фурсате дигар дар ин маврид хоҳем гуфт.

Бубинед, тоҷирони бозори "Корвон" ки аксарият фикр мекунем, танҳо дар фикри ба даст овардани фоидаанд, дар бораи маънавиёти ҷомеа ва он чи ки нашру пахш мешавад, фикр мекунанд. Аммо масъулони мо, ки барои ҳамин вазифа таъин шудаанду маош мегиранд, чаро вазифаашонро иҷро намекунанд?  Ва танҳо вақте даст ба кор мешаванд, ки корд аз устухон гузаштааст. Таъхир дар мамнуъ кардани филми "Ҳомиён" намунаи ошкори фаъолияти ин масъулон аст. Кор аз кор гузашта дигар, ҳоло инҳо фурӯши наворҳоро мамнуъ кардаанд, бо даҳҳо ҳазор кулоҳу майкаву дигар афзори "Ҳомиён", ки дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта шудаанд чӣ хоҳанд кард? Масъулиятношиносии онҳо то кай зарба ба ҷайби мардуму тоҷирон мезанад? Чаро ба ҷойи онҳо бояд дигарон пардохти ҷуброн бикунанд? Ё Тоҷикистон як озмоишгоҳи бузург аст, ки ҳар ки хост, ин ҷо таҷриба мегузаронад? Куҷостанд ҳомиёни амният, биёед посух бигӯед. Матбуот мегуфт, аз хатарот бонги изтироб дармедод, гӯши суханшунаве набуд. Акнун боз ҳам мардум ҳастанд, ки бояд ин ҳама кишти кардаи масъулони масъулиятношиносро дарав кунанд. Аммо то ба кай?!

Тоҷири соҳибандеша замоне муаллим буд

Аммо касби ду нафар аз ин бонувони тоҷир, ки бо мо ҳамсафар буданд,  муаллимӣ будаву ногузир тиҷоратро пешаи худ кардаанд. Яке, ки муаллимаи забони англисӣ буд, акнун бо маслиҳати дугонааш, барои таъмини рӯзгор аввалин бор ба қасди тиҷорат Туркия омада буду дигарӣ тоҷири ботаҷрибае буд, ки аз забони русӣ дар мактаби ноҳия замоне дарс мегуфтааст. Тоҷирмуаллимаи ботаҷриба нақл кард, ки чӣ гуна дар ибтидои солҳои 90, замони ақлбохтагии аксарият аз ноҳияи Совети минтақаи Кӯлоб муҳоҷир шуду ба пойтахт омад. Аз сахтиҳо ёдовар шуду зимни нақли мухтасароти ин давраи зиндагиаш ҷое садояш гиреҳ хурд, ашки гулӯбандро фуру бурду гуфт: - Ҷанг тамом шуду ангуштнамоиву душманхонии қисмати таҳсилдидаи ҷомеа аз сӯйи афроди камхондаву ифротӣ ҳамроҳ бо сахтиҳо пушти сар шуданд. Аммо ман дигар нахостам ба мактаб баргардам, зеро аксарияти сангандозҳо шогирдонам дар мактаб буданду ҳатто якеаш дар кӯчаҳои Душанбе боре маро диду дашноми қабеҳ доду ба ҳамроҳонаш гуфт, сангаш андозед…

Насли бепадар, бе муаллим, бекитоб

Чаро инро мисол задам?! Чунки мушкили таълиму тарбият дар замони шӯравӣ, ба хусус дар даҳсолаҳои ахир мавҷуд буд, ки ҳамин таълимдидаҳои ин мактаб даст ба аслиҳа бурданду бачаи ҳамсояро куштанду худ низ кушта шуданд. Яъне ҷанги миёни мактаббачаҳо таҷрибаи нав дар ҳаёти мо нест. Ин вабо буд, аммо бо гузашти солиён фарогир шуд ва ҳам ҷавонтар гардид. Агар дар солҳои нобасомониҳову худкушиҳои тоҷик насли аз 18-20 сола ва бузургтар дар саҳнаи хушунатҳо қарор доштанд, ҳоло ин насл гирифтори муҳоҷирату заҳамот ҳастанд ва "эстафета" ба насли ҷавону бозмонда дар кишвар гузаштааст. Насле, ки аксар дар хона на падар доранду на дар мактаб муаллим. Падарон ва муаллимонашон ба думболи дарёфти ризқанду насл бесоҳиб. Насле, ки ҳам аз навозиши падар маҳурманду ҳам аз таълими устоду ҳам аз маънии китоб бехабар. 

Вале бо ин насл чӣ бояд кард? Суолест, ки дар пешорӯи масъулони давлати Тоҷикистон меистад.

Адолати Мирзо

 

Маҳмуд КаMahmud_Kabiriбирӣ, равоншинос

Яке аз самтҳои равоншиносӣ ин равоншиносии наврасон аст. Ва аз ҳама зинаи хатарноктарин дар равиши ҳаёти камолоти инсон аст. Албатта дар Тоҷикистон равоншиносӣ, психологияи кӯдак, умуман наврасон ва мактаббачагон дар сатҳи кофӣ ва лозимӣ омӯхта намешавад. Барои ҳамин касоне, ки дар бораи масалан, ҳолати равонӣ ва психологияву рафтори наврасон гап мезананд, мутаассифона хато мекунанд.

Он чӣ, ки дар миёни мактаббачагони тоҷик шуда истодааст, дар мадди назари мо ҳам қарор дорад ва ба мо роҳбарони мактаб, муаллимон, падару модарон, ё худи ҳамон наврасон дар масъалаи рафтори номувофиқе, ки дар ҷамъият онҳо мекунанд, ки бисёриҳоро нигарон кардааст, муроҷиъат мекунанд.

Яке аз сабабҳояш ин аст, ки ҷавонон дар зинаи эҳсосотӣ қарор доранд ва дарсҳои махсус ё касоне нестанд, ки онҳоро тарбияи эҳсосотӣ кунанд. Тарбияи эҳсосотӣ, яъне чӣ? Эҳсосоти худро ба чи равона сохтан ва чи гуна эҳсосотро назорат кардан ва онро чи тавр мусбат гардонидан. Мутаассифона мактаббачагон, ки рафторашон эҳсосотӣ аст ва дар зинаи эҳсосотӣ қарор доранд, онҳо бештар аз он хоҳишу дархосте, ки замонавӣ ҳастанд, сар карда аз телефонҳои нав ва дигар чизҳо, муносибатҳои писару духтар дар ин марҳала сар мезанад, либосҳо ва алъон дигар арзишҳои нави моддӣ пайдо шудаанд, доштани аз он ҷумла либос, мошин ва дигар чизҳои қимматбаҳо сабаби он шудааст, ки аксари эҳсосоти наврасон манфӣ мешаванд, яъне онҳо қонеъ нестанд. Ва бо сабабҳои норозигиашон боис мешавад, ки конфликт ё  ҷанҷолҳои байни якдигар рух медиҳад. Ин норизоятии эҳсосотӣ аст. Тарафи дигар ин қувваи физикӣ, ҷисмии онҳо аст, ки дар ин давра масалан кӯдак фақат медавад, яъне нируи ҷисмонии зиёд дорад. Мутаассифона на ҳама ҷавонон ба варзиш машғуланд ва агар ба варзиш ҳам машғул бошанд, онҳо ҷисман бақувват шаванд, ин ё он намуди варзишро ёд гиранд, бадбахтона, маърифати онро намеомӯзанд. Инро албатта дар он ҷойҳое, ки машқ медиҳанд, бояд омӯзонанд. Онҳо намедонанд, ин қувваи ҷисмонии худро дар куҷо сарф кунанд. Ба монанди деге, ки меҷӯшад, хоҳед нахоҳед, сарпӯшашро боло мекунед. Аз ин рӯ ин қувва дар муносибатҳои байни онҳо зоҳир мешавад.

Сабаби дигаре, ки мактаббачагон ба ҳамдигар ҷанҷол мекунанд, ин бо усули тоталитарӣ дарс додани муаллимон аст. Аксари муаллимон ба шакли фармон ва амр дарс мегӯянд ва аз талабагон оромӣ, оромии амиқ, мутлақ ва гӯшдиҳии мутлақро талаб мекунанд. Ин албатта аз боқимондаҳои дарсдиҳии ҳукумати шуравӣ аст, ки муаллим - марказ ва ҳоло медонем, ки дар ҷаҳон талаба - марказ шудааст, яъне талаба дар маркази дарс аст, муаллим ба ӯ кумак мекунад. Дар ин вақт ин албатта сабаби он мешавад, ки дар дарс агар онҳо фишори зиёдро ҳис кунанду хап кунанд, дар кӯча онҳо ана ҳамон қувваи ҷамъшуда дар мактабро ба сӯйи якдигар сар медиҳанд ва сабаби он мешавад, ки ба занозании якдигар оварда расонад.

Сабаби саввум он аст, ки аксари муаллимаҳо дар мактаб занон ҳастанд. Ва онҳо пеш аз ҳама на муаллима, балки модар ё ки зан ҳастанд ва онҳо монанди тарбияи модар тарбия мекунанд талабаҳоро ва акнун тасаввур кунед, ки модари тоҷик чи гуна фарзандашро дар хона тарбия мекунад. Албатта ба эҳсосоти баланд ва ҷисмӣ ҷазо додан, ки мо баъзе вақт мебинем, ки бархе талабаҳо маҷбуранд, ки ба онҳо ҷавобҳои ҷисмӣ диҳанд, яъне ки ҳатто ба ҷанг хезанд ба муаллимон. Сабаби дигар он аст, ки мактабҳо, шумо агар дар мактабҳои шаҳри Душанбе гардед, миқдори талабаҳо аз ҳаҷми пешибиншуда дар мактаб зиёдтар аст. Аз ин рӯ тарбияи ин насл кори сода нест ва барои ин тамоми ин шароитро таҳти контрол бояд дошт ва муҳайё сохт.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97