Дар Наврӯз чӣ ҳадя доред?

Иҷтимоъ 22.03.2012 17:22

Navruz_nazdi_sirkАлбатта, бовар накарданист, ки сардиҳои зимистон пушти сар шудаву аввалин нурҳои офтоби баҳорӣ охирин яхпораҳои соягии шаҳри Душанберо ҳам об кардааст. Ҳамакнун, сабзаҳо аз хок сар мекашанду дарахтон месабзанд. Табиати инсонҳо ҳам, сарфи назар аз сахтиҳои рӯзгор, андак - андак нарм мешавад.

Аз ин ҷиҳат ки Наврӯз воқеан ҷашни табиӣ аст, овезаву навиштаҳо ва гулкориҳои маснуъии кӯчаҳои Душанбе, ба фарқ аз ҷашнҳои сохта камтар дил мебаранд. Аммо муҳимтар аз ҳама рӯҳияи мардум аст, ки омодаи таҳаввуланд.

Дар сайри як кӯчаи Душанбе ин таҳаввулро мушоҳида кардам, ки хеле ҷолиб буд.

Субҳи қабл аз рӯзи Наврӯз, ки ба коргоҳ меомадам, кормандони идороти марбутаи ободонии пойтахт ҳарфҳои шиори табрикии наврӯзиро дар рӯ ба рӯи "Агроинвестбонк" насб мекарданд. Аз коргоҳ, ки бо дастгоҳи суратгир берун шудам, аллакай дар рӯ ба рӯи бонк навиштаи "Наврӯз муборак!" бо чанд гули оҳанӣ ва тасвире аз суманаку парандаҳо рӯнамоӣ мекарданд.

Бо ин бовар, ки шояд дар дуконҳои ҳадяфурӯшӣ тӯҳфаҳои Наврӯзӣ ҳам ба фурӯш гузошта шудааст, ба чанд фурӯшгоҳи маҳаллаи маъруф ба "Гулистон"-и пойтахт сар задам. Аз чанде фурӯшандаҳо мепурсам, ки оё ҳадяҳои наврӯзӣ доранд? Ба ҳайрат аз ман суол мекунанд, ки ҳадяи наврӯзӣ чӣ гуна аст? Боз ҳам суол мекунам, ки "открытка"-ҳои хоси иди Наврӯз ҳам надоред? Посух ҳамоно манфӣ аст. Аммо ҳадяҳои барои "8 март" ва барои "23 феврал" омода шуда, дар рафии фурӯшгоҳҳо паҳлӯи ҳам хобанд. Фурӯшандаҳо ба онҳо ишора мекунанд, ки шояд инҳоро дар назар дорам.

Ба умеди пайдо кардани ҳадяи наврӯзӣ, мехоҳам ба бозори Саховат биравам.

Духтараки наврасе пораатласеро бо ороиши аҷибе дӯхта ва ба бар кардааст. Аз ӯ мепурсам, ки куҷо мехонад. Мегӯяд, дар мактаби технологии назди Донишгоҳи технологӣ. Дубора аз ӯ мепурсам, ки оё ин куртаро бо хоҳиши худ ба бар кардааст. Мегӯяд, оре, вале албатта ташвиқи устодони мактаб ҳам ҷой дорад.

Раҳораҳ то бозори "Саховат" рӯи чанд тоблуи реклом шиори наврӯзӣ навишта шудааст, ки ҳамагӣ яксонанд: Наврӯз шуд! Наврӯз муборак! Наврӯз-ҷашни миллист! - ва ба монанди ин.

Дар растаҳои бозори "Панҷшер"-у "Ганҷина" тӯҳфаи наврӯзӣ суроғ мекунам. Аммо дараке аз тӯҳфаҳои наврӯзӣ нест. Воқеан, чаро ҳадяҳои наврӯзӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз надорем ва ё нест? Дар ҷашнҳои маснуъӣ, назири Соли нави милодӣ, 14 феврал-рӯзи Валентин, 8 март … бо як ороиши фиребонае тӯҳфа месозанд. Аммо, оё мушкил аст, дар ин ҷашни табиӣ барои дилхӯшии якдигар чанд шириниеро дар дохили як покет гузоштан ва ибораи "Наврӯз муборак!" - ро навиштан? Имкон дорад аз таъми суманак ширинӣ истеҳсол кунем ва дар таҷлили ҷашни воқеан ҳам милливу табиӣ гоме бардорем. Ё ин ки аз номгӯи  7 сину 7 шин шириниҳову ҳадяҳои хубе таҳия кунем.

Ба хаёли ин ҳарфҳо мерасам ба назди фурӯшандае, ки тоқиҳои гулдӯзии занонаву мардонаро рӯи ҳам чида, ба савдо нишастааст. Мегӯяд, тақрибан аз 20 рӯз ин ҷониб савдои тоқиҳои гулдӯзии занона дар авҷ аст. Донишомӯзони мактабҳо ҳамеша суроғ мекунанд. 1 дона тоқии занонаи сафед, вобаста ба навъи дӯхт, аз 35 то 45 сомонӣ арзиш дорад. Аммо тоқиҳои мардонаро камтар суроғ мекардаанд. Ба ҳар сурат, барои рангорангӣ, тоқиҳои мардонаро паҳлӯи тоқиҳои занона гузоштааст. Фурӯшандаи тоқиҳои гулдӯзӣ мегӯяд, сар аз соли гузашта дар арафаи ҷашни Наврӯз савдои ҳар пора матоъи гулдӯзӣ авҷ мегирад. Ба ин баҳона чанд ҷуфт шерозаро ҳам аз занони ҳунарманд, ки ғолибан дар сардиҳои зимистон машғули дӯхтани ин шерозаҳо буданд, дастрас карда, ба фурӯш гузоштааст.

Navruz_gulduziiПайи ҳам дар чанд дукони дигари бозори "Ганҷина" тоқиҳои гулдӯзӣ рӯйи ҳам чида шуда ва гоҳе ҳам ҷомаҳои гулдӯзии занонаву мардона овезон аст. Аммо арзиши ин ҷомаҳо барои як корманде, ки маоши ҳадди миёнаро ба даст меорад, каме гаронӣ мекунад. Як ҷомаи зардузӣ ва як тоқии гулдӯзии мардона дар бозори "Ганҷина" 230 сомонӣ арзиш дорад, ки агар меҳри Наврӯз набуд, шояд кам нафарон ин маблағро сарфи ҷомаву тоқӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин ҳам, як фурӯшандаи ин дастдӯзиҳо мегӯяд, кам нафарон ба ин маҳсулот таваҷҷуҳ мекунанд. Аммо то он ҳад бозори фурӯши ин дастдӯзиҳо касод аст, ки сабаби рӯзгузаронӣ набошад.

Дар растаи дигари ин бозор чанд куртаи чакан дар баландии 2 метр овехта шудааст. Аз Нозира, фурӯшандаи ин куртаҳо мепурсам, ки ӯ молашро аз куҷо дастрас мекунад? Бо табассуме, ки ғолибан ифтихор аз ҳунарро таҷассум мекард, ҷавоб дод, ки худам омода мекунам. Нозира мегӯяд, бо ин ки забони русиву фаронсавиро ба ҳадди аълон балад аст, аммо айни ҳол чорае ҷуз бозоршиниву чакандӯзӣ надорад. Аз ӯ мепурсам, ки оё ин куртаҳоро мехаранд? Ӯ мегӯяд, духтани ин навъи куртаҳо мушкил нест, бештари занҳои тоҷик аз уҳдаи он мебароянд. Аз ин рӯ, Нозира мегӯяд, муштариҳояш бештар хориҷиҳоянд. Хориҷиҳо ин куртаҳоро ба ҳайси тӯҳфаи нодир аз ӯ мехаранд.

Як растаи дигарро мегардам, сарҳади бозори "Ганҷина" ба охир мерасад. Ба хаёли каме роҳат, ки ҳадди ақал ҳунари мардумӣ дар арафаи Наврӯз ба намоиш аст, аз "Ганҷина" берун мешавам.

Navruz_pisarakИн дам дар рӯ ба рӯям ду табақ гандуми сабзшуда намоён мешавад. Аз хурсандии ин ки ганҷинае дигаре пайдо кардаам, сари зону мешинам, ки акс бигирам. Писарчаи тақрибан 10 сола аз ҷо баланд мешавад. Мепурсам, суманак чанд сомонист? Мегӯяд 10 сомонӣ. Дубора мепурсам, оё мардум суманак мехаранд? Дар ҷавоб мегӯяд: "Не, аз куҷо!? Савдо суст. Ҳамин саҳар ба савдо баромадам, ҳамагӣ як дона фурухтам". Суоли дигаре дар зеҳнам меояд, бе диранг мепурсам: Суманакҳоро аз куҷо дастар мекунад? Писарча мегӯяд: "Модарам дар хона сабзонидааст. Хеле бисёр. Як чанд донаашро ба мағозаҳо додаем".

Ба писарча ривоҷи тиҷорати суманакҳояшро таманно мекунам ва вориди бозори "Саховат" мешавам. Навиштае бо матни "Ярмаркаи наврӯзӣ" дар пешорӯи чанд дукони сабзавотфурӯшӣ овезон аст. Ин ҳамон маконе аст, ки чанде қабл директори тозатаъини бозори "Саховат" Бозоралӣ Одина талоши бастани ин дӯконҳоро дошт.

Шояд аз ин ки қимати сабзавоти ярмаркаи наврӯзӣ аз арзиши сабзиву карами дохили бозори "Саховат" тафовути чандоне надошт, ки харидорони хеле кам сӯи ин дӯконҳо назар мекарданд. Ба ҳар сурат, ин иқдоми хубест, ки садорати бозори мазкур роҳандозӣ кардааст.

Navruz_Yoqubi_SaidДар маҷмуъ, дидам, ки Наврӯз аз самти ҷануби Душанбе ба марказ равона аст. Ё шояд умуман аз ҷануб ҳавои Наврӯзӣ мерасад, аз марзи Афғонистону Ирон?

Ёқуби Саид

P.S. Аммо беҳтарин ҳадяи наврӯзӣ гулҳои тару тозаи наврӯзист. Гули сияҳгӯш. Умедворем, дар ин рӯз гулҳои сияҳгӯш дар гулфурӯшиҳо фаровон хоҳад шуд. Як чаман гули сияҳгӯш тақдими ҳамватанони гиромӣ бод. Наврӯз муборак!
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97