Ин тифли 5 соларо наҷот бидиҳед!

Иҷтимоъ 20.02.2012 18:34

KumakkkРаҳи некмардони озода гир,

Чу истодаӣ, дасти уфтода гир

Саломи гарму ҷӯшонро ба мардуми азизу дардошнои тоҷик мерасонам!

Ҳеч гумон намекардам, ки рӯзе ман хома ба даст гирифта, аз хурду бузург имдод металбам. Сабаби нома навиштанам бемории набераи ба ҷону дил баробарам Оишаҷони дӯстрӯяк мебошад.

Тули чахор ҳафта мешавад,ки ғам ба дили аҳли хонаводаи мо ошён гузоштааст. Оишаи хурдакаки мо дигар шӯхиҳои кӯдаконаи худро намекунад, бо шириниҳои кӯдаконааш ба дили мо хурсандӣ намеорад. Оишаҷони панҷсола, ки то дирӯз бо зиракию доногии худ аҳли хонаводаро ба вачд меовард, имрӯз бо ранги заъфарон ҷигарамро пора месозад.

Оишаи ширини ман, ки ӯ хаёти ману фарзандонам аст, мубталои бемории «сафедшавии хун», ки дар илми тиб бо номи лейкози бошиддат маълум аст, гардидааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи гематологии шаҳри Минск (Белорусия) мебошад ва табобаташ сар шудааст. Фарзандонам хароҷоти нақлиётро аз Душанбе то Минск

барои рафтани Оишаҷон ҳамроҳи модараш, хароҷоти ташхиси лабораторӣ ва қисман хароҷотҳои даври якуми муолиҷаро пардохт карданд. Аммо оилаи мо дигар маблағе дар ихтиёр надорад, дар ҳоле ки духтурон мегӯянд: Оиша бояд дар 6 мохи аввал 4 даври 42-рӯзаи муолиҷаи кимиёиро тамом кунад («химиотерапия»), арзиши ҳар як давр то 15 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Умуман табобат то 2,5 сол давом меёбад ва аз рӯи маълумоти охирини духтурон барои муолиҷа то 70 000 доллари ИМА мумкин аст сарф шавад, шояд ҳам каму зиёд вобаста ба ҳолати Оишаҷон аст ва ба гуфтаи табибон ин раванди табобатро бояд қатъ накарда давом бояд дод.

Аммо аз куҷо вақте ки оилаи мо ҳатто маблағи ба Минск рафтан ва барои даври аввали табобатро ба зӯр пайдо карданд, мо дигар табобатро давом дода наметавонем, чунки маблағ надорем.

Оишаҷони ман 5-сола шуд. Аз сад гулаш яке ҳам нашукуфтааст. Ташнаи зиндагист, вале бо чашмони чору дили зор, чунки медонад, ки аз умраш мӯҳлати каме мондааст.
Ман модаркалонам. Ман месӯзаму метапам ва аз худаму фарзандонам шармам меояду хориам меояд, ки наметавонем, аз ин пас ба ӯ мадад кунем. Тавре мадад кунем, ки наҷоташ бидиҳем. Агар ҷони ман ӯро наҷот медод, ҳамин лаҳза омодаам ин ҷонро бидиҳаму бигзорам, ки ӯ зинда монад, зиндагӣ кунад.
Ман бо фарзандонам аз ҳаққи аҳли оила бурида, ба ин кор сарф кардем. Шукри Худованди бузург дигар дустрӯяконам тоқат мекунанд, розиянд, ки мо тамоми чизеро, ки дорем барои Оишаҷон сарф кунем.

Чи даҳшат аст донистани он ки, кӯдакат аз дунё рафта истодааст, бадтараш он ки, кас медонад, ки табобат кардан мумкин, вале маблағ нест.

Бо машварати дӯстонам, чун аз соли рӯи чоп омадани нашрияи «МИЛЛАТ» хонандаи доимии ин рӯзнома ҳастам, тасмим гирифтам, ба кормандони азизи ин рӯзнома ва ба воситаи онҳо ба садҳо ҳазор хонандагони ин расона муроҷиат кунам.
Пеши ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам ва ба монанди як модаратон аз Шумо хоҳишу илтиҷо мекунам, маро бо ин мусибате, ки ба сарам омадааст, танҳо нагузоред. Намонед, ки ман бо чашмони худ чӣ хел рӯз ба рӯз чун гуле пажмурда ва гӯё чун оташаке хомӯш гаштани ҷигарбандамро бубинам. Мани 74-сола ба ҳамаи ин тоб оварда наметавонам, дарун ба дарун сӯхта гӯё чун шамъ об мешавам. Чӣ рӯзи сахте буд, ки ман хабари ба касалии лейкози бошиддат (сафедшавии хун) гирифтор гаштани ҷигарбандамро шунидам.

Дасти маро гиред, дар паҳлӯи ман биистед ва ҳама якҷоя нагузорем, ки ин дустрӯяки 5-сола аз дунё ҳеч чизеро надида, аз ҷаҳон чашм пӯшад. Илтиҷо мекунам, илтиҷои як модарро шунавед. Ман бовар дорам, ки дар байни хонандагони Шумо одамони саховатманд ва меҳрубону дасткушоду соҳибдил зиёданду ба ман кумак мекунанд.

Ташаккури бепоён ба ҳамаи касоне, ки аллакай ба мо бо дуои неки худ, маблағ фиристодан ё бо маслиҳаташон ёрӣ расонидаанд. Илоҳо доимо дар паноҳ исмати Аллоҳи Таоло бимонед.

Қаблан аз ҳамаатон сипосгузорам.

Бо эҳтиром ва хоҳиши саломатӣ ба Шумо ва аҳли байтатон,

Қамарова Озода Ҳайдаровна

омӯзгори собиқадори м.т.м.у. № 82,

Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(барои маълумоти иловагӣ дар бораи Қосимова Оиша: www.Kosimova.webs.com)

Нишонахои бонк (долл ИМА):  

BENEFICIARY                                  Kosimova Adiba

BENEFICIARY ACCOUNT                            20218840316900000000 BO-1386

BANK OF BENEFICIARY -            ORIENBANK

DUSHANBE, TAJIKISTAN

ACCOUNT NO. 36112549

UNIV-ID 364244

SWIFT OTJKTJ22

INTERMIDIARY BANK - CITIBANK N.A.,

NEW YORK, USA

SWIFT: CITIUS33

Нишонахои бонк (сомонӣ):

ОАО «ОРИЕНБАНК» г.ДУШАНБЕ

БИК 350101369

КОР СЧЕТ 20402972413691

ИНН 020003038

СЧЕТ 20216972516900000000 В/О-16155

Получатель: Қосимова Адиба

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ   +992985217700   Қамарова Озода

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ   +992918626245   Қосимова Адиба

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97