Идомаи қазияи ду ронандаи эронӣ

Иҷтимоъ 18.01.2012 09:15

(Ҷавоб ба мақолаи "Аз қазияи ду халабон, то баҳси ду ронандаи эронӣ", ки таҳти шумораи 1 (331) ҳафтаномаи "Миллат", аз 4 январи соли 2012 нашр шудааст.) 

Javob_ba_eronihooРостӣ, ҳич бовар намекунем, ки ду шаҳрванди хориҷӣ (муҳим нест аз кадом давлат), биёянду назми як ширкати собиқадор ва бонуфузро ба ҳам зананд ва ба номи ин ширкат доғ биоранд. Ширкате, ки то имрӯз фаъолияти пурсамар ва бо низом дорад, на танҳо худро муқассири ранҷу заҳмати ду шаҳрванди кишвари ҳаммилату ҳамзабону ҳамдини худ намедонад, балки агар камтарин рабте ба қазияи ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон медошт, бидуни ҳич сару садову ҳангома аз ҳар васила кор мегирифт, то ин мушкили эшонро ҳал кунад.

ҶДММ "Милитсер энд Мюнх" ба қазияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон - Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим, ки ҳар ду ҳам ронандаи мошини боркаш ҳастанд, ҳич рабт надорад. Тирамоҳи соли 2010 ширкати ҶДММ "М&M" пайваста ба Бандараббоси Эрон пахта мефиристод. Ширкати моро ширкати Занҷираи Эрон дар Бандараббос барои идомаи интиқоли бор намояндагӣ мекард. Як қисми пахтаи Тоҷикистон тавассути ин бандар ба дигар кишварҳо интиқол меёбад.
Бояд зикр шавад, ки ҶДММ "М&M" ширкати интиқолдиҳанда, яъне экспедитор аст. Тирамоҳи соли 2010 ба ширкати мо барои интиқол додани бор ба хориҷ хеле зиёд муроҷиат мешуд. Ба хотири сабук кардани кори худ, ширкат бо як нафар шаҳрванди Эрон бо номи Козим дар пайдо кардани мошин дар самти Душанбе - Бандараббос муроҷиат мекард. Козим дар таваққуфгоҳи маҳаллаи 101-и пойтахт, ба истилоҳи худаш, "дафтар", яъне корхона боз карда буд ва миёнаравӣ мекард. Барои ронандагоне, ки аз Эрон ворид мешуданд, бор меёфт ва барои ширкатҳое, ки аз Тоҷикистон бор содир мекарданд, мошин пайдо мекард ва аз ҳисоби миёнаравии худ даромад мегирифт.
Табиист, ки ҳар ширкати қонунӣ аз расмиёт кор мегирад. Ширкати мо ҳам дорои муҳру имзои худ аст.
Хулас, ҳангоме ки мошин камёфт буд, Козим чи ба ширкати "М&M" ва чи ба ширкатҳои дигари ҳамлкунанда пешниҳод мекард, ки чанд варақаи (ба гуфти ӯ) "дархост" ("шаблони" холии бо ҳуруфоти форсии чопӣ навишташуда, ки ҳич гуна мушаххасоти ширкат, ронанда ва таърихро надорад) бо имзои намояндагони ширкатҳо ба ӯ бидиҳанд ва ҳангоми пайдо шудани мошин, фавран бо ронандагон ҳамлу нақлро ҳамоҳанг кунад ва ба кори ширкатҳо сабукӣ биорад. Аммо он замон намедонистем, ки ин варақаҳои "дархост" рӯзе ба сарамон ин қазияро меорад.
Дар аввалҳои баҳори соли 2011 содироти пахта аз Тоҷикистон хеле кам гардида буд. Тақрибан ҳамон рӯзҳое, ки ин ду ронандаи эронӣ вориди Тоҷикистон шуданд, мо ба Козим гуфта будем, ки шояд аз корхонаи Ресандаи Бохтар бор гирифта шавад. Аммо дақиқ нагуфта будем, ки кай ва чӣ қадар бор интиқол дода хоҳад шуд.
Ин бор бори ширкати "Синон-2010" буд, ки "Синон-2010" аз корхонаи ресандаи Бохтар харида ва ба ширкати "Истфилд" фурухта буд. Ширкати Истфилд барои фурухтани ин бор бо кадом як ширкати кореягӣ тавофуқ ҳосил карда будааст. Мо ҳамчун ширкати интиқолдиҳанда, пешниҳод гирифта будем, ки ин борро то Бандараббоси Эрон ва аз он ҷо тавассути бандар то Читтагонги Бангладеш бирасонем. Аммо ҳоло дақиқ набуд, ки кай ин ширкатҳо тавофуқи комилро ба даст меоранд ва барои интиқоли бори худ ба мо муроҷиат мекунанд. Моро бо ин ду ронанда ҳамин чиз пайванд медиҳад, ки гуфта будем, шояд бор гирифта шавад. Давоми қазияи Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим рабт дорад бо пардохт нашудани маблағи қарордодӣ барои харидорӣ шудани бор, ки сабаби асосии мавқуф гаштани мошинҳои онҳо шудааст. 
Аммо сабаби даъвои ин нафарон аз болои ширкати "М&М" то кунун нофаҳмост. Замоне ки Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим ба Тоҷикистон омаданд, дар таваққуфгоҳи маҳаллаи 101-и пойтахт теъдоди зиёди мошинҳои аз Эрон воридшуда мунтазири бор буданд. Ҳамаи ронандагон мунтазир буданд, ки бор пайдо кунанд ва ба самти Эрон раҳсипор шаванд. Аммо дар Тоҷикистон дар он замон бор барои содирот ба самти Бандараббос хеле кам буд. Тавре дар мақолаи "Аз қазияи ду халабон, то баҳси ду ронандаи эронӣ" омадааст, тақрибан баъд аз як ҳафтаи омадани ронандагони зикршуда, Козим бо "салоҳияти" худ 7 ронандаи эрониро, ки ин ду ронандаи давъвогар дар ин шумор буданд, бе машварату тавофуқ бо ширкати "М&М" барои гирифтани бор ба Корхонаи ресандагии Бохтар мефиристад. Дар мавриди ин ки чаро аз ин 7 ронанда танҳо ду нафар даъвогар шуданд, баъдтар бармегардем.
Баъд аз он ки ин ронандагон ба Корхонаи ресандагии Бохтар мераванд, вале ширкати "Синон-2010" ва "Истфилд" барои интиқоли борашон ба тавофуқи ниҳоӣ намерасанд, муҳлати иқомати мошинҳои ҳамаи 7 ронандаи эронӣ дар Тоҷикистон ба охир мерасад ва ҷаримаи 70 долларӣ барои ҳар рӯзи дар кишвари мо будан, болояшон зам мешавад, он гоҳ ба фикри раҳо шудан аз ин вазъият меафтанд. Ин 7 ронанда бо сардории Козим мешинанд ва фикр мекунанд, ки чи тавр аз ин ҳолат раҳо шаванд. Зеро бо ширкатҳои "Синон-2010" ва "Истфилд" ҳеч қарордоду шартнома набаста буданд. Инҷо Козим пешниҳод мекунад, ки дар "дархост"-и  холие, ки аз ширкати "М&М", ки дар "дафтар"-аш дорад, қарордод нависанд ва хисороти худро аз ширкати "М&М" талаб кунанд. Бо гузашти 15 рӯз аз таърихи гирифтани бор ин ронандаҳо ба дафтари мо ташриф оварданд ва мо танҳо ин ҳангом аз вуҷуди онҳову ин қазия огоҳ шудем.
Хулас, қарордодро гӯё аз як ҷониб намояндагони ширкати мо ва аз ҷониби дигар 7 ронандаи эронӣ имзо мегузоранд, ки дар асл ширкати "М&М" то таърихи 21 апрел аз рафти ин қазия хабардор набуд.
Бояд ба таври ҳатмӣ қайд кунем, ки он қарордоде ки даъвогарон ба ҳангоми муроҷиатҳои чандинбораи худ ба мақомот пешниҳод карданд, гӯё аз ҷониби ширкати "Занҷира"-и Эрон ва ҳафт ронанда ба имзо расидааст, ҳатто дар он номи ширкати мо навишита нашудааст. Гузашта аз ин дар он на муҳри расмии ширкат ва на имзои шахси мутасаддӣ гузошта нашудааст. Магар мешавад ин гуна қарордодро барои даъвои худ асос кард?
Ҳамакнун бо ин қарордоди ҷаълӣ ба сари мо даъво меоранд. Дар воқеъ дар мурофиаи додгоҳӣ қарордоди мазкур аз ҷониби додгоҳ эътироф нашуд. 
Дар навбати аввал мо ҳайратзада будем, ки чи гуна аз номи ширкати мо қарордод пешниҳод мекунанд, дар ҳоле ки худи мо аз ин чиз хабардор нестем?!
Танҳо ба ин хотир, ки раиси ширкати "Истфилд" бо шеваи эрониҳо на он қадар ошноии хуб дошт, бино бар ин ба мо муроҷиат кард, ки дар гуфтугӯҳои ронандагон бо эшон ширкат кунем. Он чизе ки аз номи ширкати мо гуфтаанд, ки гӯё мо ба ин ронандагон 5 маврид пул дода бошем, дар воқеъ ин маблағи ширкати "Истфилд" буд, ки мо аз онҳо мегирифтем ва ба ронандагон медодем, ки худи ронандагон бар ин гувоҳанд ва ин ҳолат дар рафти ҷаласаҳои додгоҳӣ тасдиқ шудааст.
Баъд аз он ки ширкати "Истфилд" пурра ба хулоса омад, ки наметавонад бори худро то Бандараббос интиқол диҳад, ба холӣ кардани мошинҳо пардохт. Он 5 нафар мошинҳояшонро холӣ карданду ба роҳ баромаданд. Ва ширкати "Истфилд" 1000 доллари амрикоӣ ба эшон ҳамчун ҷаримаи сарҳад пардохт ва аз марзи Тоҷикистон раҳояшон кард. Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим гуфтаанд, ки он 5 нафар дар рӯзи 11-ум баъд аз машаққат кашидан аз гузаргоҳи марзи Тоҷикистон рад шудаанд, ки дар воқеъ ин тавр набуд. Баёноти хаттии худро нисбати ин ҳол 2 нафар аз ин ронандагон; Муҳаммад Султонпур ва Саид Муҳаммад ғафурӣ ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, ки мувофиқи он 5 нафар ронанда фардои рӯзи ба сарҳад расиданашон аз марзи Тоҷикистон гузаштанд.  
Ин тарафи қазия ба ширкати "Истфилд" рушантар аст.
Аммо ин ду нафар, ки ҳоло даъво доранд, дар аввал нахостанд бори мошинашонро холӣ кунанд, ки ин паҳлӯи масъала ҳам каме тавзеҳ мехоҳад, вале чун гуфтаниҳои заруртаре ҳаст, аз шарҳи ин ки чаро дар аввал нахостанд борашонро холӣ кунанд, худдорӣ мекунем.
Билохира, борро холӣ карданд ва ширкати "Истфилд"  ҳам ба эшон пешниҳод кард, ки метавонад 1000 доллар пардозад ва аз сарҳади Тоҷикистон раҳояшон кунад. Вале Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим инро қабул накарданд, балки хостори маблағи бештар шуданд.
Бо даъво ба назди ширкати мо бо ҳамон қарордоди қалбакиашон омаданд. Чун мо посухи рад додем, дар ҳақиқат ки чунин қарордоде набаста будем, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурданд ва ин суд дар таърихи 30 майи соли 2011 аризаи даъвогии онҳоро бе баррасӣ мондааст. Баъд аз он ин ду ронанда ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд, ки дар он ҷо низ аризаи даъвогии онҳо аз сабаби ваколатҳои пешниҳод кардаи онҳо аз ширкатҳои эронии "Доро" ва "Тарнос" (ки ронандагони даъвогар худро мутааллиқи ин ширкатҳо медонанд), тибқи қонунгузории ҶТ аз расмиёт нагузаштанашон, бе баррасӣ монда шуд. Баъд аз он ин ронандагон ба суди шаҳрӣ аз болои таъиноти судяи суди ноҳияи И. Сомонӣ Бозоров А. шикояти назоратӣ пешниҳод карданд, ки мувофиқи таъиноти Суди шаҳрӣ аз 8 августи соли 2011 шикояти онҳо рад шудааст.
Мо гумон кардем, ки дар пайи рад шудани аризаҳо ва шикоятҳои назоратии эшон  "таку давӣ додгоҳиашон" хотима меёбад. Аммо ғалат карда будаем.
Ронандагони даъвогар дубора ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ муроҷиат намуданд ва ин додгоҳ барои ситонидани маблағ аз ширкатҳои "М&М" ва "Истфилд" фармони худро содир кардааст, ки ҳангоми баровардани ин фармон моро ҳатто ба ҷаласаи додгоҳӣ даъват накарда буданд. Баъд аз он ки мо эътирози худро оиди ин фармон пешниҳод кардем, ҳамин суд фармони худро бекор кард. Ин қадам низ фарҷоми қазия набуд...
Ронандагони даъвогар ором нагирифтанд ва ин бор боз ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ нисбати ширкати "М&М" ва "Истфилд" аризаи даъвогии худро пешниҳод карданд. Суди мазкур парвандаи шаҳрвандӣ оғоз намуда, ба моҳиятан баррасӣ намудани он шурӯъ кард ва дар таърихи 2 декабри соли 2011 ҳалномаи худро содир намуд.
Зимнан, ширкати мо ки худро дар ин қазия гунаҳкор намеҳисобад, аз болои ин ҳалнома дар таърихи 3 январи соли ҷорӣ шикояти кассатсионӣ навиштааст.
Тавре, ки ба мо аз додгоҳ иттилоъ расониданд, ҳамаи ҷонибҳои дар ин қазия шомил буда, шикоятҳои кассатсионии худро пешниҳод кардаанд. Қазия идома дорад, аммо мо ба адолати судӣ дар кишварамон бовар дорем ва итминон дорем, ки ин қазия ба таври қонунӣ ҳали худро меёбад.
Аммо гузашта аз ин, ин қазия ҳам таваҷҷуҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Сафорати Эрон дар Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Дар санаи 10 январи соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҷаласаи комиссияи байни идоравӣ доир шуд, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи гумрук, Вазорати кишоварзӣ, Асотсиатсияи "АББАТ", намояндагони ширкатҳои "М&М",  "Истфилд" ва аз ҷониби дигар ронандагони даъвогар иштирок доштанд. Ин комиссия ба хулоса омад, ки бо мусоидати Вазорати нақлиёт ва Кумитаи гумрук ба ронандагон иҷоза дода шавад, ки бе пардохти ҷарима аз ҳудуди Тоҷикистон хориҷ шаванд. Ҳамчунин Вазорати хориҷа дар дарёфти визои хуруҷии Тоҷикистон ва визои транзитии Узбакистону Туркманистон кумак хоҳад кард.
Ин ронандагон метавонанд, ки бо дарёфти бор ба ҷониби Бандараббос харҷи роҳкирои худро пайдо кунанд.
Ҳамчунин инро зикр карданием, ки баҳси мазкур танҳо баҳси иқтисодӣ байни субэъктҳои соҳибкорӣ буда, характери сиёсӣ надорад.
Дар охир умедвори онем, ки ин қазия ба муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Эрон халал намерасонад ва ин кор ба таври мусбат ҳали худро пайдо мекунад.

Директори кулли ҶДММ "М&М Милитсер энд Мюнх" Шарипов Азиз

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97