ҶАНОБИ АЛИМАРДОН М.! БА КӮЛОБ БАРГАРДЕД - 2

Иҷтимоъ 12.01.2012 11:43

alimi_asosiШарҳе ба ҷавоби масъулини Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба матлабҳои осебпазирону офатзадаҳои селоби Кӯлоб таҳти унвони "Ҳақиқат дигар аст" ("Миллат", № 52 (330) 28122011).
(дар аксҳо аз чап ба рост: Алимӣ ба аёдати маъюбини селоб беморхона мерафт, оё масъулин ҳам мерафтанд? Алимӣ осебпазирону офатрасидаҳоро таскин мебахшид, оё масъулин ҳам чунин мекарданд??? Алимӣ барои офатрасидаҳо ёрии башардӯстона тақсиму таъмин мекард, оё ин иғвогарист???  Алимӣ моҳи дуввуми баъди офат ҳам бо мардум буд ва онҳоро кумак мекард, ин вақт дигарон ба хонатақсимкунӣ машғул буданд. Алимӣ зимни вайрону валангор кардани ҳавлиашон! Инак мехоҳанд чунин хонаи нозанини Ҳоҷи Барот Қурбоновро низ чапаю валангор кунанд, магар мо иғвогарем??? Алимӣ бо охирин хиштпораҳои ҳавлиашон, оё инсофу адлу адолат вуҷуд дорад??? Кормандони ниҳодҳои хоса зимни чапа кардани ҳавлии мардум, ки гӯё минтақаи хавфнок бошад!)

"Гуноҳи мо ин аст, ки ошиқи ин ватанем…"

alimi_01Бале, ҳайрон нашавед! Ба ҳафтаномаи "Миллат" ва мардуми шарифи Тоҷикистон! Чаро ки мақомоти марбутаи шаҳри Кӯлоб ба мо кумак накарданд, моро нодуруст фаҳмиданд ва онҳо ҳаққро аз ботил, адолатро аз ноадолатӣ, инсофро аз беинсофӣ, ҳақиқатро аз туҳмат тафовут дода натавонистанд! Бале, ҳамдиёрони гиромӣ, чун сухан оиди мусоидат барои ташаккулу таҳаввули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барқарорию таъмини адолати иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб равад, ҳатман Шуморо ё иғвогар ва ё туҳматчӣ меноманд! Чӣ кунем, ки бо замона сохта натавонистем, гуноҳ фақат ҳамин аст!!!
Ҳамдиёрони арҷманд ва миллатдӯстони азиз гувоҳанд, ки ин соли дуввум аст, ки мо роҷеъ ба масоили ҳалнагашта, бозиҳои пуштипардагии баъзе аз аъзои комиссиюни кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Кӯлоб матлабҳо нашр менамоем, вале ҳеҷ нест, ки ба додамон бирасанд!
Асли матлаб ин аст, ки камина, Ҷумъахон Алимӣ - доктори илмҳои филологӣ, воқеан ҳам бо хоҳишу дархости гурӯҳе аз ҳаммаҳаллаҳоямон ва бо амри виҷдон воқеан ҳам баъд аз маслиҳату машваратҳои шифоҳӣ, фикру андешаҳои қисме аз осебпазирон ва офатрасидаҳои маҳаллаи Чармгари Поён матни муроҷиатномаю ариза ва илтимосномаю номаҳои дод аз бедодиамонро фақат аз мавқеъи ҷумлабандӣ дурусттар карда, барои нашр ба рӯзномаҳои мӯътабар ва додрасони мардуми оддӣ - "Миллат", "СССР", "Фараж", "Пажвок" мефиристодем! Фақат ва фақат ҳамин! Дар маҷмӯъ ахиран 105 нафар сардорони хонаводаҳое, ки дар матлаби мо имзо гузошта буданд, интизор буданд, ки посухи расмие, имдоде, ислоҳи саҳву иштибоҳе, кумаки моддию маънавиеро барояшон Ҳукумати шаҳри Кӯлоб арзонӣ медорад! Вале, ҳайҳот!
Мутаассифона, чун  дар шумораи №52 (330) (аз 281220011 - и рӯзномаи мустақилу мӯътабари "Миллат" аллакай мутолиа кардаед, чанде аз моро иғвогару тӯҳматгар номидаанд ва дар зери матлаби "Ҳақиқат дигар аст" имзоҳои П. Зарифов  - ҷонишини раиси шаҳр ва дигар ашхоси расмию масъул (О. Ҳасанов, З. Ғозиев, А. Лоиқов, Н. Раҳимов, М. Абдуллоев) вуҷуд доранд.  Ҳой ашрофзодаҳо ва масъулину дастандаркорон, инсоф ҳам даркор будагист! Ҳатто зани солхӯрдае (модари Асадуллоҳ) - ро дар ибтидо хонаи нав тӯҳфа кардеду баъд дидед, ки шояд ин хона барои каси дигаре зарур будааст, онро холӣ кардед, ин зани солхӯрда ба сактаи мағзи сар (инсулт) дучор гардида, баъди чанд рӯз чашм аз олам пӯшид, чаро ки ӯ пуштибоне надошта, ҳамагӣ як хонаводаи фақиру бенавое буданд!
Ба ман ҳам қаблан маълум буд, ки тавассути раисони Кумитаи маҳалла қисме аз имзокардаҳоро даъват карда, мавриди "саволу ҷавоби хоса" қарор додаед. Ин чанд нафар аз осебпазирону офатрасидаҳо, мардуми бенавою фақир, ки ҳатман бо милисаю масъулини ҳукумат то ҳанӯз бархурду муносибате надоштанд, намедонам аз нодонӣ ва ё камҷуръатие аз имзоҳои худ даст кашида бошанд!  Пас чаро ба додгоҳу додгустарҳо муроҷиат накардед, ки ин имзоҳоро кӣ ба ҷои онҳо гузоштааст!  Ному насаби аз имзо дасткашидаҳоеро, ки дар матлабатон овардаед, қариб наваду нуҳ фисади онҳоро ман ҳам намешиносам! Ин маҳалла хеле ва хеле калон аст! Ҳатто нафарони дигаре низ аз ҳамсоямаҳаллаҳои Нонбойи Поён ва Кӯҳнашаҳр, ки ман онҳоро намешиносам, баъди нашри матлаб ва илтимосномаи мо каминаро дар роҳҳо дида, пурсон мешуданд, ки чаро онҳоро воқиф накардем то имзо гузоранд, чунки дарду доғҳое доштаанд! Медонед, дар чунин маврид теъдоди имзокардаҳо ва муроҷиин шояд аз 300 ва 500 нафар ҳам мегузашт! Ман ҷавоб медодам, ки дарду доғҳоятонро эҳсос мекунам, вале ман раиси шаҳр ва ё додгустару додситон нестам, фақат сабр кунед, бояд ҳамааш хуб шавад!  Фақат онҳоро дилбардорӣ карда, таскин мебахшидам! Вале банда хонаи касе нарафтаам ва касеро ҳам маҷбур барои имзокунӣ накардаам, имзои ягон нафарро қалбакӣ карда бошам агар, ҳозирам дар назди қонун бо тамоми қатъият масъулият дошта бошам!  Чун камина низ пурсише гузаронидам, маълум шуд, ки  ба ҷои Насриддинов С. (ЧГП № 346) писараш (Насриддинов З.), Одинаев Раҳматулло (ЧГП №451) мушаххасан худаш имзо кардааст, ба ҷои Салимов Кӯлобишо (ЧГП № 313) писараш (Салимов К.), Холмадов Ҳ. (ЧГП № 358) воқеан ҳам имзо гузошта будаанд. Воқеият ин аст, ки агар шахсеро падар ва ё модар қобилияти имзо кардан надошта бошанд ва ё  корношоям бошанд, пас кӣ бояд ба ҷои онҳо имзо кунад??? 

Ба додситони Хатлон бовар кунем, ё ба аъзои Комиссия?!

alimi_02Гузашта аз ин, оё ҳақиқат чанд рӯй дорад??? Дар посухи хаттию расмии Додситонии вилоят, ки ҳам дар дасти мо вуҷуд дорад ва ҳам нусхаи онро ба рӯзномаи мӯътабари  "Миллат" фиристодаем, ҳам имзои додситони калони шӯъбаи назорати умумӣ (муҳтарам Мусоҷонзода Ҷ.) ва ҳам худи додситони вилояти Хатлон (муҳтарам Нуров С.) вуҷуд доранд ва ин ҳуҷҷату санади давлатӣ маҳсуб мешавад, мушаххасан ваҷҳу далелҳои овардаи мо дар натиҷаи гузаронидани санҷиши додситонӣ тасдиқи худро ёфтаанд. Пас дар ҷумҳурӣ чанд навъу шаклҳои додситонӣ мавҷуд аст, яке ҷурмҳою саҳву иштибоҳотро ба тариқи расмию мушаххас муайян ва муқаррар мекунад, вале дигаре ҳамаи онҳоро радду инкор???  Муҳтарам П. Зарифов мо ба Шумо ва ҳамкоронатон бовар кунем ва ё ба додситонии вилояти Хатлон???
Барои тақвияти андешаҳоям якчанд нуктаро ҳамчун иқтибос айнан аз посухи расмии Додситонии вилоят (28102011, № 7268 ш-11) меорам: 1. "Новобаста аз ин, аз ҷониби сардорони комиссияи корӣ оид ба манзили истиқоматии шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди рафъи офатҳои  табиӣ дар вилояти Хатлон № 28 аз 12 - уми ноябри соли 2010 таъсис дода шудааст, дар маҳаллаҳои  Чармгари Поён - 2, Суғдиён, Нонбои Поён, Чармгари Поён - 1, Абдушукурова, Н.  Ҳувайдуллоев, Ҳисориён, Чармгари Поён - 3 ва ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ, Зарбдор, Даҳана манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро аз назар гузаронида, ҳамчун шахсони мансабдор бар хилофи талаботи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҳти № 28 аз 12 -уми ноябри соли 2010 амал намуда, ҳангоми пешниҳод кардани хулосаи комиссияи корӣ оид ба манзили истиқоматии сокинони маҳаллаҳои зикргардидаи шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ манзилҳои истиқоматиашон зарар дида буданд, ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода, манзилҳои истиқоматии бархе аз сокинони маҳаллаҳои зикргардида ҳамчун дар ҳолати хуб қарордоштаю танҳо иншоотҳои ёрирасони онҳоро қисман зарардида нишон додаанд. Дар натиҷа як қисми сокинони маҳаллаҳои номбурда, аз гирифтани манзили истиқоматии навбунёдшуда маҳрум гардида, то ба ҳол дар манзилҳои зарардида, ки хатарнок мебошанд, зиндагонӣ доранд"…
alimi_033. "Санҷиши ваҷҳи дигари Шумо дар хусуси он, ки дар ҳудуди қитъаи заминҳои барои аз офати табиӣ зарардида манзилҳои истиқоматии холии соҳибонашон номаълум мавҷуд будан, нишон дод, ки шумораи умумии шаҳрвандоне, ки аз маҳаллаҳои навбунёд хонаи истиқоматӣ гирифтаанд, 615 нафар буда, аз ин шумора 340 нафар қарори раиси шаҳрро оиди гирифтани манзилҳои истиқоматӣ дошта, 275 нафар аз бемасъулиятию хунукназарии комиссияи корӣ ва дигар шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳанӯз ҳам қарори раиси шаҳрро нагирифтаанд!".
4. "Ба ғайр аз ин, аъзои комиссияи корӣ Ғозиев З., Раҳимов Н., Рӯзиев З. ва дигарон манзили истиқоматии Шарифов Сайид, сокини маҳаллаи Чармгари Поёни шаҳри Кӯлобро аз назар гузаронида, 10 - уми майи соли соли 2011 хулоса додаанд, ки шароити зисти шаҳрванд вазнин буда, вай мӯҳтоҷи манзили истиқоматӣ мебошад. Лекин то ба ҳол шаҳрванд Шарифов С. бо манзили истиқоматӣ таъмин нагардидааст!",
Ин натиҷаҳои санҷиши додситонӣ тавассути Додситонии вилояти Хатлон буд! Акнун барои мулоҳизаи Шумо  матни пурраи посухи хаттии муфаттиши шӯъбаи парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии минтақаи Кӯлоб, мӯҳтарам Қаландаров Мирзоро меорам, ки пурра ваҷҳу далелҳои дар посухи Додситонии вилояти Хатлон зикргаштаро радду инкор мекунад: "16122011: Ба сокинони ш. Кӯлоб кӯчаи Чармгари Поён № 370 - Ҷумъахон Алимӣ, Сафаров Аҳрор, № 399, Каримов Беҳрӯз, № 466 ва дигарон: Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аризаи Шуморо оиди беасос кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ, оиди 30 метр озод кардани хонаҳои истиқоматии Шумо аз соҳили дарёи Тебалай, ғайриқонунӣ тақсим намудани манзилҳои нав, сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати Шумо аз ҷониби кормандони Ҳукумати ш. Кӯлоб Лоиқов А., Ғозиев З., Ҳаитов А., Бобоев Р., Ҳакимов К., Раҳмонов О., Ҳамидов А., Раҳимов Н. тасдиқи худро наёфт (мулоҳиза кунед, аввал парванда мекушоем, факту далелҳоро тасдиқ мекунем, баъд ҳамаи онҳоро боз инкор мекунем!!! - Ҷ. Алимӣ). Бо назардошти ҳолати дар боло номбурда 15. 12. 2011 сол маводҳои санҷишӣ бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 сархати 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби дар кирдори  кормандони Ҳукумати шаҳри Кӯлоб набудани аломатҳои таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд". Муфаттиши шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, имзо, Қаландаров М. Ҷ.". Э ҳазор раҳмату як ҷаҳон ташаккур ба Шумо, муфаттиш! Додситонии вилоят мегӯяд, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад, Шумо мегӯед, ки "аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд! Хуб худатон бифармоед, кадомашро қабул кунем??? Хулосаи Додситонии вилоятро ё минтақаро???  Ҷаноби Қаландаров М. ва П. Зарифов, албатта, маълумоти олии ман "шарқшиносӣ" аст, вале ногуфта намонад, ки шуғли дӯстдоштаам "ҳуқуқшиносӣ"! Сад бор Худовандро шукр, ки шарқшинос шудаму "ҳуқуқшинос" не!!!  Дар омади гап, чаро мӯҳтарам Қаландаров М.Ҷ. посухи тафтишотро ба дастамон надодеду тавассути почта равон кардаед? Охир аз манзилҳоямон то идораи Шумо ҳамагӣ чандсад метр ҳаст? Рақами телефонҳоямонро ҳам медонед. Охир аз байн қариб як моҳ мегузараду ҳоло ҳам мудаъийин ва мардум  посухи Шуморо дастрас карда наметавонанд!

Масъулони зери чатр ва Алимии миёни селоб

 alimi_04Акнун бармегардем сари матлаби ҷавобияи Шумо - ҷанобони масъул ва ашхоси вазифадори расмии Кӯлобшаҳр! Замоне, ки Шумо шаби фоҷиавии 07102007 дар бистари ноз мехобидед ва субҳ зери чатрҳо пайдо шудед, ки мабодо аз таъсири борони шадид шиму пойафзорҳои чармину гаронарзишатон намноку тар нашаванд, ин Алимӣ буд, ки  қариб 16 нафарро ҳамроҳи 18 нафари дигар аз сокинони хонаводаю хоҷагии худашон аз дами марг раҳонида буд ва қарибиҳои субҳ ҷавонеро пояш шикаста буд, ҳамроҳи рафиқони дигар бо азияту машаққатҳои зиёде то лаби соҳил овард ва баъдан селобро таки танҳо тавассути такя ба як банди борике гузашта, назди масъулину ҳокимон омад ва арзи ҳол намуд, ки бояд қабл аз ҳама ба инҷониби селоб кумак шавад, то тавонем аввалтар аз ҳама маъюбу маҷруҳонро аз селоб берун бикашем! Мутаассифона, на ягон шахси масъул ва на ягон шахси машқдидаю боқуввате дар байнатон пайдо нашуд, ки бо Алимӣ худро ба селоб занад ва ҷони одамонро харад! Ба Худованд савганд, ба шири модарам қасам, ки ҳатто дархосту илтимоси маро барои пайдо кардани ду тор банд ва ягон занбаре, ки мо тавонем маҷрӯҳину маъюубинро аз селоб кашем, масъулин ҷавоб гуфта натавонистанд!!! Фақат даст меафшонданд, ки надорем!!!  Пас ман рафтам ва дубора вориди селоб шудам, то битавонам дасти дигареро бигирам!  Нафарони зиёдеро кумак кардам, ки инро қарзи шаҳрвандиам медонам! Вале баъди чанде ростӣ, ки дар тафаккурам андешаю гумоне  пайдо шуд, ки наход  ҳар қадар мардум ҳалок гардад, маҷрӯҳу маъюб гардад, хонаҳо зиёдтар  вайрону валангор гарданд, шояд ба манфиати гурӯҳе бошанд? То ҳол маро ин фикр ором гузошта наметавонад!  Фақат раиси мӯҳтарами шаҳрро дидам, ки  воқеан ҳам дар фикри наҷоти мардум буд, вале ӯ ҳам дар он лаҳазот коре карда наметавонист, чаро ки селоб даҳшату ваҳшате дошт! Сониян зикр кардаед, ки ман корманди Донишгоҳи Давлатии Кӯлобам, мутаассифона, чунин нест! Ман ҳанӯз понздаҳ сол қабл, ки вазъу ҳолати моддию молиявиам нохуб буд ва бояд аҳли хонаводаамро сарпарастӣ мекардам, тарки Донишгоҳ кардам, як навъ истеъфо додам! Чун виҷдонам азоб медод ва аз донишҷӯён тамаъ карда наметавонистам! Ҳай - ҳай кормандони масъули Ҳукумати ш. Кӯлоб! Ман ҳудуди қариб 15 - 20 рӯз бо тавсияи Сарвазири ҶТ, ҷаноби Оқилов О. Ғ. узви Ситод будам ва ҳар коре аз дастам меомад дар ин робита дар хидмати мардум будам! Ё гумон мекунед, ки Сарвазир ҳам одамношинос аст!!!  Ҳа???? Тӯҳмат ҳам ҳадду ҳудуд дорад! Дар ҷое, ки ҳоло ман сукунат дорам, қабл аз селоб ба Худованд савганд, ки ҳатто як соат ҳам нарафта будам! Ман соҳиби се фарзанди маълумоти олидор ҳастам ва дар хонаи яке аз фарзандонам муваққатан иҷоранишинам! Ҳатто сохтмони он замоне, ки хонаи серойилаю сертаркиби моро чаппа кардед, тамомнашуда буд, мо иҷборан  баъди се моҳи селоб  аз маҳаллаамон кӯч бастем! Дар хусуси он ки ман аз соли 1962 инҷониб дар маҳаллаи Чармгари Поён сукунат дорам даҳҳо маротиба ба ҳукумати шаҳр гувоҳномаю маълумотномаҳо пешниҳод кардаам! Ё маро иҷборан ба шӯъбаи умури дохила бурда, қайди суроғаамро дар шиносномаам ҳам дигар карданиед???  Ин дафъа ҳам ба рӯзномаи мӯътабари "Миллат" забонхати ҳамсояҳоямонро дар хусуси аз рӯзи таваллудам дар ин ҷо сукунат доштан, нусхаи шиноснома, гувоҳномаи раиси кумитаи маҳалларо дар хусуси он, ки маҳз ҳавлию хоҷагиеро чаппа карданд, ки Алимӣ дар он мезист ва он на кам, балки аз 9 ҳуҷра иборат буд, ба ин матлаб бори дигар замима карда фиристодам! 

Алимӣ ноком нест, доктори илм аст!

Бандаро ноҷо  шахси "ноком" гуфтаед! Ман дар синни хеле ҷавониам сазовори дараҷаи илмии доктори илм гаштам, афсари эҳтиётиам, хидматҳои ҷангию ҳарбиам дар Афғонистон бо нишонҳои давлатию ҳарбӣ қадр гаштаанд, муаллифи 7 (ҳафт) асари илмиам, зиёда аз 500 (панҷсад) мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ интишор додаам! Вале ягон дафъа мисли Шумо дар курсиҳои чархзанандаи чармину мулоим сари мансабе нанишастаам ва нишастанӣ ҳам нестам! Хуб кифоя будагист! Вагарна, дастовардҳои дигар ҳам дорам! Масалан, нахустин шуда аз ҳидояту дастурҳои раҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳом гирифта, китоби "Имоми Аъзам ва Мазҳаби Ҳанафия" - ро таълиф ва нашр кардам! Дуруст аст, ки доллар надорам, вале додар дорам, шаҳрвандам, вале сарватманд нестам! Аз раҳбарияти олии сиёсии кишвар, дар шахси мӯҳтарам раисҷумҳур хеле ва хеле миннатдор ва шукргузорам, ки барои падару модарам як хонаи нав сохта доданд, вале он холӣ нест! Ман натавонистам дар он панҷ ойилаеро, ки ҳамагӣ фарзанддор ҳастанд, ғунҷонам, чаро ки агар мабодо мисли дигарон ба мунозиъаю ҷанҷолҳо даст зананд, барои ман як навъ айб мешавад! Барои ҳамин ҳоло чор оилаи дигарамон, ки дар як хоҷагӣ дар маҳаллаи Чармгари Поён сукунат доштанд, дарбадару овора ва иҷоранишинанд, вале ман ба онҳо ваъда кардам, ки  ҳақро ба ҳақдор мерасонам! Ҳаққу ҳуқуқ чизе нест, ки онро оварда пешкаш намоянд,  ҳаққу ҳуқуқ чизест, ки онро талаб карда мегиред!!!

Кӣ ҷонишини Сарвазирро ваъдахилоф кард?!

Дар хусуси он, ки ман шояд бо ин тариқа хоҳарамро соҳиби хона кунам, ақаллан бояд шарм карда хиҷолат кашед! Охир худи Шумо ба ӯ Гузорише дар хусуси бо хона таъмин карданаш омода намуда (бо имзои А. Лоиқов, С. Мавлонов, А. Қаландаров, П. Каримов, Х. Довудов, Н. Раҳимов) санад тартиб додаед, ки бояд бо хонаи алоҳида таъмин карда шавад!  Пас росташро қойил шавед, хонаи наве, ки барои хонаводаи серойилаю зертаркиби мо бояд ҷудо мешуд, ба кӣ додед ва дар он кӣ сукунат дорад??? Дар хусуси хонаи наве, ки ба манну фарзандонам ҷаноби Муродалӣ Алимардон баъди пурра сохтанаш ваъда карда буд, ҳоҷати гап нест, медонам, ки чӣ касе  дар он  сукунат дорад. Вале, аҷиб аст, наход ҷониши Сарвазири ҷумҳурӣ ҳам ваъдахилоф гардад! На, ӯ чунин нест, фақат Шумо ба ӯ шояд ҳарфҳое гуфтед, ки минбаъд маро дидан ҳам намехост, вагарна, ба Худованд савганд, таклиф кард,   ки биёед равем ба Душанбе ҳамроҳи ман кор кунед, Шумо аз уҳдаи кор мебароед!  
Воқеан, чаро барои дигарон 2 хонаю 3 хона ҷудо намудеду барои оилаҳои зертаркиби мо фақат ду қитъазамине барои сохтани манзили сукунатӣ ва он ҳам қариб 10 км аз шаҳр дуртару дар пояи теппаи калоне, ки имкони фаромадани ярч ҷой дорад!  Қитъазаминҳои наздиктарини гирду атрофи маҳаллаҳои навбунёдро ба киҳо "тақсим" кардед??? 

Таҳқиру туҳмат кардан дар оини ҷавонмардон нест!

Хуб гӯед, ки ман киро тӯҳмат ва таҳқир кардам?! Магар дар ягон маводу матлабҳои иншокардаи ман истифода аз калимаҳои дурушт мисли Шумо вуҷуд дорад??? Не, надорад!!! Ин Шумо ҳастед, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳед бандаро бадном кунед! Вале мардумро чӣ мекунед??? Мардум хубу бадро,  худоро шукр, ки тарҷеҳ дода метавонанд!!!  Шояд онҳое хонаҳояшонро супурданианд, ки аз чизе ва ё аз касе ҳарос доранд??? Ва ҳамаи инро Шумо ба мо иртибот медиҳед???  Чаро ному насаби ақаллан як нафареро намегиред, ки гӯё ман шахсан  ба ҷои ӯ имзои қалбакӣ гузошта бошам??? Ман аксари ин имзокардаҳоро намешиносам, ҳар касе хост ва дарду доғею норизояте дошт дар сари маҳалла ба матлабу номаҳо имзо мегузошт! Кӣ ба ҷои кӣ имзо гузоштааст инро аввал бояд муайян мекардед! Ман вақти зиёдатӣ ва доллари зиёд надорам, ки ба ин корҳо машғул шавам! Фаромӯш накунед, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад! Ҳоҷӣ Бароталӣ Қурбонов бошад, наздиктарин ҳамсояам аст, дасту дили пок дорад! Қариб 15 тонна шакари тиҷоратиашро   низ селоб бурда буд!  Вале яқин медонам, ки ӯ 3 (се) хонаи шахсӣ надошт, балки ҳар се хонаҳои худашу додараш ва хоҳару дигаронашонро селоб хароб карда буд ва тибқи хулосаи комиссияи корӣ хонаи нав гирифтанд!
Боқӣ, Худованд қазоват кунад, ки Шумо ҳаққ ҳастед ё мо! Фақат фаромӯш накунед, ки чизеро, ки Шумо тӯҳмат меномед - мо ҳақиқат, чизеро ки Шумо иғвогарӣ меномед - мо ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳо, озодиҳою манфиатҳо,  мусоидат барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, адолати иҷтимоӣ, ширкати шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва ғайраю ҳоказо!!! Чизи дигареро, ки набояд фаромӯш кард, рисолати матбуоти мустақил ҳам дар он нуҳуфтааст, ки ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани пояҳои давлати ҷавони соҳибистиқлоламон маводеро интишор диҳанд, ки таҳлилию танқидианд ва сирф ба ислоҳи саҳву иштибоҳот нигаронида шудаанд! Агар дар кору пайкори Шумо ҳам иштибоҳе рӯй дода бошад, бипазиред,   ислоҳ кунед, боке нест! Шахсе, ки хонаашро ҳимоя карда наметавонад, эҳтимол ватанашро ҳам дифоъ карда натавонад! Шахсоне ватанро ҳифзу ҳимоя карда метавонанд, ки дасту дили пок доранд!!! Рӯҳу иродаи маро шикаста ва заъиф карда наметавонед, чаро ки ман як инсони ватандӯсту миллатдӯстам ва тарсу ҳаросамро ду маротиба дар сӣ соли ахир дар хоки Афғонистон монда омадаам!!! Фикр мекунам, ки ҳукумат дар хизмати мардум аст, на мардум дар хизмати ҳукумат! Мардум андозу боҷу хироҷ месупорад, он вориди буҷаи давлат мегардад, тавассути буҷаи давлат Шумо маош мегиред ва бо курсиҳои чармини чархандаи мулоим ва дигар шароитҳои мусоиду роҳат таъмин мешавед, то дурусттар хидмати халқро кунед!!!
Биноан, бори дигар талабу тақозо карда мешавад, ки аввалан хоҷагии серойилаи мо ақаллан ба ду - се хонаи нав ҳаққу ҳуқуқ дошт, сониян бояд ва бояд бар иловаи ҳамаи ин  талафоту хисороти моликиятии хоҷагии иборат аз 9 ҳуҷраи сукунатӣ доштаи моро пардохт намоед!
Фоҷиаи Сойи Тебалай кори дасти кӣ буд?!
Дар сад соли ахир чунин селобро шаҳри Кӯлоб надида буд! Оё масъулине, ки  беэътиноӣ зоҳир карда, Сойи Тебалайро аз сангу шағал дар панҷ соли ахир поккорӣ накарда буданд, муҷозоте шуданд??? Оё онҳое, ки бояд чунин фалокату ҳалокат ва  пешомадро пешгӯӣ мекарданд, ақаллан ҳушдор ва ё танбеҳе шуниданд??? Оё дар робита ба поккориҳо дар Сойи Тебалай маблағҳо ҷудо шуда буданд??? Агар собиқан шуда бошанд, куҷо сарф шуда бошанд??? Ва ё барои ҳамаи ин бояд Алимӣ ҷавоб гӯяд???   Чанд нафари дигар мехостанд зери ин матлаб имзо гузоранд, вале ман нахостам, чаро ки боз қалбакӣ эълон накунед! Вассалом!

Бо эҳтиром нисбати ҳамаи Шумо, Ҷумъахон АЛИМӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97