Мардум телевизиону радиоро ба телефонҳои мобилу DVD иваз кардаанд

Иҷтимоъ 26.12.2011 10:08

ё чаро хонаводаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд?

GiryazanНорасоии ҷойи кор, баландшавии арзиши маводи ғизоӣ, афзоиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ аз муҳимтарин масоили ҳалталаб дар соли 2011 унвон мешуд. Аммо аз ҳама масъалаи доғу хатарбор ин коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеъа буд, ки он пояи асосии давлат - оилаҳоро харобу нобасомон кардан дорад. Ҳамин тавр, доғтарин масъалаи соли 2011-и ҷамъияти мо афзоиши ҳодисаҳои азҳампошии хонаводаҳост, ки акнун масъулини кор бо занон ва оила, ҷавонон ва дигар соҳаҳои марбут ба маънавиётро низ нигарон кардааст.

Бинобар маълумоти 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 32 ҳазору 718 оилаҳои нав (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137 ҳолат кам) барпо шуд. Дар ин давра 1394 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар нисбати 11 моҳи соли гузашта 219 ҳолат зиёд мебошад. Масъулони идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии Хатлон мегӯянд, ки бештари оилаҳои пошхӯрда, аз ҳисоби хонаводаҳои солҳои 90- ум ҷудо шуда мебошанд, ки маҳз имсол ҳолати оилавии худро ба расмият даровардаанд. Чунин далелҳо соли аввал нест, ки садо медиҳанд, вале дар асл рақами зиёдтари оилаҳои пошхӯрда рӯи оилаҳои ҷавон, ки дар 10 соли охир ақди никоҳ бастаанд, меафтад. Афзоиши ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳо бештар дар ноҳияи Бохтар 149 ҳолат, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 107, Кӯлоб 93, Қубодиён 96 ҳолат ва Ёвон 70 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Насли калонсоли рустоҳои Хатлон ба он боваранд, ки масоиле мисли мушкилиҳои иқтисодӣ дар оилаҳо, ғарбгароии ҷавонписарон, нисбатан ҷавон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани насли нав, бесаводии духтарон, коҳиш ёфтани ахлоқи ҷомеъа ва паст будани сифати таълиму тарбияи фарзандон сабабгори пошхӯрии оилаҳо мешаванд.

Мушкилоти иқтисодӣ

Эҳтимол аст, ки камбизоатӣ ҳам сабабгори пошхӯрии оилаҳои ҷавон шавад, вале бар асари камбизоатӣ ҷудошавии оилаҳо хоси мардуми русто нест. Ба ҷузъ баъзе ҳолатҳои истисноӣ дигар камбизоатии мардум бойиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон намешавад. Баръакс, нодорию мушкилоти иҷтимоӣ зану шавҳарро рӯҳан муттаҳидтар менамояд, агар ҳамсарон дар оила тарбияи хуб гирифта бошанд. Одатан мушкилоти иқтисодӣ сабабгори дертар хонадор шудани ҷавонписарон мегардад, магар инки сабаби пошхӯрии оилаҳо шавад.

Ғарбгароӣ ва шавҳатпарастии ҷавонписарон

Якчанд нафар ҷавонписароне, ки бори дуввум оила барпо мекунанд, сабаби аз ҳамсарони хеш ҷудо шуданашонро ба он рабт медиҳанд, ки гӯиё он бонувон дар муносибатҳои оиладорӣ «ҳунар» надоштаанд. Ин танҳо андешаи як ду нафар муҳоҷирони тоҷике нест, ки дар Русия ҷойи гарм ёфта, занону тифлони худро дар Ватан фаромӯш карда бошанд. Раванди носолими бисёрзанию бадахлоқии мардони сокини Тоҷикистон низ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки талаботи шаҳвонии ингуна мардонро ҳамасарони содиқашон гӯё қонеъ карда наметавонистаанд. Ин андешаро аз як сӯҳбат бо донишманде низ шунидам, ки мегуфт: «Бештари муҳоҷирони кории мо дар муҳити бегона шавҳатпараст шудаанд. Аз тарафи дигар синамои 20 соли охири кишварҳои Ғарб, ки марди тоҷик аз он «баҳравар» мешавад, пур шаҳватолуда аст. Дар муҳите, ки маънавиёташ хароб аст, хоҳиши №1 мардон алоқаи шаҳвонӣ аст. Ҳамин тавр, вақте ҷавонмардони мо ба Русия рафта онҷо ба бонувони рус муносибатҳои наздик пайдо мекунанд, дигар хоҳони қаноат шудан ба як ҳамсари ҳалоли худ нестанд. Намедонам чаро тинати мардон чунин офарида шудааст, аммо як ҳақиқати ҳол ҳамин аст.»

Ҳоҷӣ Мирзои Имрон, рӯҳонии мӯътабар, ки акнун садояш шунида намешавад, зимни як маъвизаи худ дар мавзӯи пойдории оилаҳои тоҷик мазмунан чунин гуфта буд; «Қонеъ намудани хоҳишҳои ниҳоии ҳамсар аз муҳимтарин вазифаи зан дар назди шавҳар ба ҳисоб меравад. Аммо баъзе бонувони тоҷик ба моҳияти ин нозукиҳои хонадорӣ бетаваҷҷӯҳ мемонанд. Ҳамватанони муҳоҷири мо, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз маданияту муносибати бонувони рус нисбат ба ҷинси мард хушашон меояд, аз ин сабаб рӯй ба бонувони рус оварда, нисбат ба ҳамсарони хеш камтаваҷҷӯҳ мешаванд.»

Арӯсакҳои камтаҷриба ё хонадории бебизоат

OishakholaСабаби дигари ноустувории оилаҳои навбунёд ин нисбатан ҷавону бе таҷрибаи рӯзгор ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо аст. Агар аз як ҷиҳат ҷавонписарон дорои таҳсилоти касбию амволи шахсӣ ношуда оила барпо кунанд, аз ҷониби дигар духтароне, ки оила барпо мекунанд, натанҳо соҳибтаҳсилот нестанд, балки нозукиҳои оиладориро аз бар накардаанд. Ин ки аксари мардуми Тоҷикистон ба таълимоти маданияти оиладорӣ ниёз доранд, гапи нав нест, вале мутаассифона ин масъала то кунун ҷиддӣ гирифта намешавад. Ҳол он ки оқибати коҳиш ёфтани маънавиёти ҷавонон зарба ба пояи асосии давлат - оилаҳо мезанад. Ва сол то сол теъдоди азҳампошии оилаҳо рӯ ба афзоиш дорад. Оила як ячейкаи асосии давлат аст, аммо рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ ин ячейкаи давлат яке пайи дигаре пошхӯрда, дар охири сол арқоми умумии ҷудошавии оилаҳо омори бадвоҳимаро ташкил медиҳад.

Як омили дигари зиёдшавии теъдоди оилаҳои парокандашуда ин коҳиш ёфтани ахлоқи ҷомеъа ва тарбияи фарзандон дар оила мебошад. Мутаассифона ин иллати ҷомеъа дармоннопазир менамояд. Зеро дар баробари он ки тӯли чандин сол мешавад расонаҳои хабарии кишвар хусусияти тарбиявии худро гум кардаанд, инчунин мо дар таъйини кадрҳои роҳбарӣ дар риштаи маънавиёти шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои деҳа низ мушкил дорем. Ин ҷо аз шарҳу тавзеҳи такрорӣ худдорӣ менамоем.

Аҳдномаи никоҳ ҷудошавии оилаҳоро коҳиш медиҳад, аммо…

Ҳанӯз чанд соле қабл ҳукумати марказӣ масъалаи бастани аҳдномаи никоҳро байни оиладорон мавриди муҳокима қарор дода буд. Аммо вақт муайян кард, ки барои пиёда кардани ин ҳадаф натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки қишри болоии ҷомеъа низ аз ҷиҳати маданӣ омода нест. Яъне мардон намехоҳанд ки бо ҳамсарони худ аҳдномаи никоҳ баста бошанд. Дар боби бастани аҳдномаи никоҳ дар оилаҳои мардуми оддии русто ин мушкил пеш меояд, ки ҷавонони деҳотӣ вақти хонадор шудан дорои амволи шахсӣ нестанд. Дар Ғарб, ки дар оила як фарзанд аст то он фарзанд соҳиби мошину хонаву дигар амволи зарури рӯзгор нашавад, оила барпо намекунад. Аммо дар 95 дар сади оилаҳои ҷамъияти мо чунин шарти хонадоршавӣ вуҷуд надорад. Хонадор кардани фарзанд гӯё вазифаи волидайн бошад. Аз ҳамин рӯ баъзан болои сари наварӯсон аз шавҳар дида, хусуру хушдоман ҳуқуқҳои бештар доранд.

Мо як мушкили дигар ҳам дорем,ки он орзуву ҳавасҳои носолими волидайн аст, ки умре мунтазир мешаванд кай фарзанди худро дар ҷомаи домодӣ ё либоси арусӣ бубинанд. Ин гуна орзуҳои ширини модарон ҳанӯз аз овони дар гаҳвора будани фарзанд пайдо мешавад. Ростӣ, иллат дар тафаккуру андешаронии мардум аст, ки чаро онҳо орзуи онро намекунанд, ки фарзандро нахуст мутахассиси кор бинанд, соҳибмулку соҳибмақом бубинанд, он гаҳ дар пайи хонадор шудани онҳо шаванд.

Ҳамин тавр, дар рустоҳои Хатлон дар баъзе мавридҳо мушкили манзили зист баҳсҳои давомдори сунҳору хушдоманҳо ва баъзан бефарзандӣ сабабгори ҷудошавии оилаҳо мешавад. Дар бештар мавридҳо бесаводию бемаърифатӣ ва хароб будани маънавиёт бойиси оилавайрон шудани ҷавонон мегардад. Аммо бо ифшо ва муҳокимарониҳо ин мушкили сартосарӣ роҳи ҳал надорад. Барои пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо мебояд якчанд иллатҳои ҷамъиятро бартараф кард. Мутаассифона ин мушкилиҳои содда нест ва бартараф кардани онҳо коре нест, ки дар як ду моҳ иҷро шавад. Зеро дар бештар аз манотиқи Хатлон воситаҳои муҳими идеологӣ аз кор мондаасту мардум радио телевизионро бо телефонҳои ҳамроҳ ва DVD иваз кардаанд. Мулоқоти мансабдорон бо мардум ва ба қавли масъулин фаҳмондадиҳиҳо бошад таъсиргузор нестанд, зеро вазъи мавҷуда аз масъулин муносибати дигаргунаро металабад, аммо иддае аз масъулини бахшҳои марбут дар навоҳии Хатлон ихтисосу таҷрибаи лозимаро надоранд. Имрӯз маркази омӯзиши афкори умум надорем, то муайян намоянд, ки ба ҷойи радиову телевизион, театру китобхона ва дигар воситаҳои маърифатӣ мардум ғизои маънавиро аз куҷо «баҳравар» мешаванд. Қишри осебпазири ҷомеъа- занону духтарони хонанишин, ҷавонмардони аз 16 то 50 сола, ки машғули кори хонаву саҳро ва бозору мардикорӣ мебошанд, ба матбуоти даврӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумат дар фикри он нест, ки бояд барои таъмини қишри осебпазири ҷомеъа бо матбуоти даврӣ аз буҷет маблағ ҷудо намояд. Ҳол он ки ҳамасола барои баргузории маросимҳои бесуд маблағҳои ҳангуфт сарф мешавад.

Хулоса, пешгирӣ аз ҳодисаҳои азҳампошхӯрии оилаҳо кори як бахши маънавиёт ё идораи сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва ё масъулияти бахшҳои кор бо занон ва оила нест. Барои пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо дар музофот бояд аз тамоми дастгоҳҳои идеологӣ истифода бурд. Вагарна ин раванди носолиме, ки дар Хатлонзамин ривоҷ мекунад, муҳимтарин арзиши миллии мо одобу ахлоқро аз байн мебарад. Ин гуна иллатҳои иҷтимоӣ хатароти гуногунро дар пай дорад, ки ифшои он дар саҳфаҳои матбуот зарурият надорад.

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97