Ҷӯгиҳо аз Ҳинд омадаанд?

Иҷтимоъ 05.12.2011 09:25

(Анҷом)

Ҷугӣ, лулӣ, авлод ва ё мугад: талбандагӣ русуми аҷдодист

Kudakoni_LuliИддае аз сокинони маҳалла худро аз миллати мугад меҳисобанд, баъзеи дигарашон мегӯянд, ки мо лӯлиёнем. Лӯлиҳо малоли хотир надоштаанд, ки онҳоро ҷӯгӣ гуфта ном мебаранд. Манбаи даромади лӯлиҳо Русия ва талбандагӣ аст. Як қисми дигари сокинони маҳалла ба кишоварзӣ машғуланд. Лӯлиҳо дар мавзеи сероб зиндагӣ доранд, аммо чунин ба назар мерасад, ки бештари заминҳои наздиҳавлигии онҳо солиёни дароз бекор хобида аст. Дар кӯчаҳои "Зархез" ва "Дӯстӣ"- маҳали сукунати лӯлиҳо асосан наврасон ба чашм мерасанд, ки рӯзи худро ба қартабозию дигар корҳои бефоида мегузаронанд. Миёни ин деҳаҳо яке аз калонтарин корхонаҳо "Битум-завод" воқеъ аст, ки аз бефаъолиятӣ фалаҷу техникаҳояш корношоям шудааст. Дар баробари ворид шудан ба деҳаи "Дӯстӣ" шоҳиди манзараи ногуворе шудам. Лӯлиарусаке сабади пур аз хокистарашро ба канали оби мусафо рехта, шитобон аз дарвозаи хонаашон дарун шуд. Аз бонуи миёнасоле, ки бо кулбори пур аз нон аз "кор" (талбандагӣ) бармегашт, суол кардам:

- Фарзандонатон намедонанд, ки хокистару партобҳои хонаро ба об партофтан ҳам гуноҳи азиму ҳам барои солимии мардум хатарнок аст?

- Аз куҷо донам? Як мо не, тоҷику узбакҳои болооб ҳам як умр хошоки хонашонро дар об мепартоянд, ҳеч балошон намезанад. Мо худомонам як умр ҳама латаву паттаи нодаркора дар ҳамин об мепартоем. Худованд худуш бубахшад.

HoJi_ToshmatРаиси ин маҳалла Ҳоҷӣ Тошмат мегӯяд, ки то охири солҳои 1980-ум фарзандони онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои дурдасти №6 ва №8 мебурданд. Баъдан хидматрасонии наврасон бо автобус барҳам хурду кӯдакон дигар аз мактаб дар канор мондаанд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Тошмат танҳо аз маҳаллаи ӯ соле то 100 нафар кӯдак, шояд бештар аз он аз мактаб дар канор мемонанд: "Ман чандин сол барои бунёди як мактаб барои ду маҳаллаи лӯлиҳо ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам, аммо танҳо ваъдаҳо медоданд. Баъди раиси ноҳия таъйин шудани Руҳулло Ҳакимов худи ӯ масъалаи бунёди мактабро барои кӯдакони мо пешниҳод кард. Аммо барои оғози ин кори хайр мардумро сарҷамъ кардан лозим аст. Ман раиси маҳалла ҳам бошам, саломатиам хуб нест. Аз асари бемории қанд ҳаракат карда наметавонам. Шумо рафта бо раиси маҳаллаи он тарафи роҳи калон сӯҳбат кунед, ҳозир масъалаи ҳар ду маҳалла бар дӯши Ҳоҷӣ Юлдош аст.

Камолиддин (чунин худро муаррифӣ намуд, писари бузурги Ҳоҷӣ Тошмат) иброз медорад, ки аз сабаби надоштани мактаб лӯлиҳо фарзандони худро мустақилона танҳо забонҳои хориҷӣ ва фанни информатика меомӯзанд. Ӯ забонҳои тоҷикӣ, русӣ узбакӣ, инглисӣ ва немисиро балад буда, пайваста дар сафарҳои хориҷӣ аст. "Ман дар мамлакатҳои Арабистон, Покистону Афғонистон будам, чунин мушоҳида кардам, ки ҷавонон лоақал забонҳои хориҷӣ ва фанҳои информатикаро аз худ кунанд, оянда хор намешаванд. Шумо журналистҳо як кори нек кунед, ба ҳукуматдорон расонед, ки барои "авлод"-ҳо мактабу "медпункт" бисозанд. Дар 20 соли охир якчанд насли ҷавони мо аз бемактабӣ бесавод мондаанд" - мегӯяд ӯ.

Лӯлии зандор гуфт; "зан надорам", имоми лӯлиҳо чӣ мегӯяд?

Аз сӯҳбат бо ҷавонмардони қабилаи лӯлиҳо маълум шуд, ки баъзеи онҳо на саводи дунявӣ доранду на саводи динӣ. Мардбачаи тақрибан 35 солае аз ман хоҳиш мекунад, ки аксашро гирифта, дар рӯзнома чоп кунам, то шояд тавассути рӯзнома ҷуфти муносиби худро ёбад. Ман ба чеҳраи ӯ, ки мисли қиёми зилол ҷило дошт, нигариста, мепурсам, наход "як йигити чаҳор кас медидагӣ" то ҳол хонадор нашуда бошӣ? -Не, зан надорам, - мегӯяд ӯ. Аммо баъдан иқрор мешавад, ки; "Ако, ман шухӣ кардам, акси маро "удалить" кун, ки занак қабрамро меканад".

Ман дар ҳайрат шуда аз ӯ мепурсам; - медонӣ, ки марди зандор агар гӯяд, зан надорам, никоҳаш бурида мешавад?

- Не, ман намедонистам. Ҳамин мардум ҳама мераванд урусдухтарҳоро фиреб мекунанд, зан надорам гуфта, баъд ҳамаи онҳо… Ман бегоҳӣ Ҳоҷӣ-боборо пурсам ку, агар ин суханат рост бошад, дигар ин тавр шухӣ накунем.

Мактаб ва хонаи табиб

Ман бо "авлод"-ҳо худоҳофизӣ карда, ба маҳаллаи дигари лӯлиҳо раҳсипор мешавам. Вақте ба назди дарвозаи хонаи Ҳоҷӣ Юлдош Идолмасов, раиси маҳаллаи севвуми ҷӯгиҳо расидам, акнун бовар кардам, ки бештари ҷавонони ин мардум хати кирилиро намешиносанд. Зеро, вақте дар роҳ аз лӯлиҳо суроғаи ин хонаро пурсида будам, ҳатто як лӯлиии "BMW"-савори ҷавон ҳам, ба ман чунин роҳ нишон дода буд: "Аз роҳи мошингард мегузарӣ, баъди як ё ду хона дар як дарвоза ким чӣ хел хату нақшаҳо ва боз бо ҳарфҳои арабӣ навишта шудааст; "Хонаи табиб". Ана ҳамон хонаи раиси маҳалла Ҳоҷӣ Юлдош Идолмасов аст". Акнун маълум шуд, ки ҳамон ким чи хел хату нақшаҳояш ҳуруфоти кирилӣ будааст. Дар дарвозаи раис бо ҳуруфоти кирилию форсӣ навишта шудааст: "Хонаи табиб".

Ҳоҷӣ Юлдош Идомасов навиштаҷоти сақфи дарвозаашро чунин шарҳ дод: "Ҳамсарам табиби халқӣ аст, ҳамчунин фол мекушояд. Одамон барои табобат ва кушодани "гиреҳи мушкилиҳо"-и зиндагиашон ба наздаш меоянд".

Ба гуфтаи ӯ дар маҳаллае, ки ӯ раис аст, 1300 нафар мугадҳо сукунат доранд. Ҷамъ дар ду маҳаллаи лӯлиҳои кӯчаи "Дӯстӣ"-и ҷамоати деҳоти "Туғаланг"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 970 кӯдаки мактабхон аст.

- Чандин сол мешавад, ки кӯдакони мо мактаб намехонанд. Ман ният дорам, аз ҳисоби даромади оилаамон як мактаб барои авлодҳои худамон сохта диҳам - мегӯяд раиси маҳалла.

Мугадҳо хубрафтору аммо бесаводанд. Ин ҳукми тақдир аст?

Ба гуфтаи раиси маҳалла навобаста аз он ки солиёни дароз насли ҷавони лӯлиҳо аз илму донишандӯзӣ дар канор мондаанд, аммо содиршавии ҷиноят аз ҳисоби лӯлиҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҳаллаҳои ҷӯгиҳо ҳолатҳои аз ҳам пошидани оилаҳо қариб ба назар намерасад. Ҳоҷӣ Ҷалил, раиси маҳаллаи лӯлиҳои кӯчаи "Зархез" ҳам гуфта буд, ки гарчанде лӯлиҳо аз илму маданияти замон каме дар каноранд, аммо дар масъалаҳои ахлоқ ва оиладорӣ аз ҷомеаҳои маданӣ дар ҳоли беҳтаранд. Агар маълумотҳои раиси маҳалла дақиқ бошад, ба гуфтаи ӯ дар 40 соли охир дар ин деҳа ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст. Сирри мустаҳкамии оилаҳои онҳо ин аст, ки дар ҷомеаи лӯлиҳо баёни вожаи талоқ гуноҳи кабира дониста мешавад. Баъдан агар мунозираи зану шавҳар дар сатҳи оила ҳалли худро наёбад, оилаҳо бе ризояти калони маҳалла ҳуқуқи аз ҳам ҷудо шудан надоштаанд. Аммо вақте дар ҳалли баҳсҳои оилавӣ калони маҳалла дахолат мекунад, мунозира албатта ба сулҳу оштӣ ба анҷом мерасад.

-Мугадҳо,- мегӯяд Ҳоҷӣ Юлдош, раиси маҳаллаи лӯлиҳои деҳаи "Дӯстӣ", - тамоми ҳолатҳои зиндагӣ ҳатто мустаҳкамRaisi_Mahallaии оилаҳояшонро ҳам ба тақдири илоҳӣ рабт медиҳанд.

Ҳатто вақте аз ӯ мепурсам, ки дар ҳар дари хонаи Шумо як мошини сабукрав ҳаст. Аммо чаро тариқи ҳашари оммавӣ барои фарзандони худ мактаб намесозед(?), раиси маҳалла бо эътимод ҷавоб медиҳад: "Ҳама кори дунё бо розигии Худованд мешавад. Худо розӣ бошад, ягон сол соҳиби мактаб ҳам мешавем".

Аз сӯҳбат бо ин мардум маълум мешавад, ки онҳо худ ба таълими фарзандон таваҷҷуҳ надоранд. Вагарна бо он имкониятҳои калони иқтисодие, ки доранд, метавонанд, дар деҳоти худ тамоми шароитҳои иҷтимоиро муҳайё созанд. Лӯлиҳои ҷавони деҳаи "Дӯстӣ" иброз медоранд, ки то солҳои 2000-ум сокинони маҳаллаҳои гуногуни онҳо бо ҳам иттифоқ буданду ҳар се маҳалларо Мингбошӣ Холназар сарварӣ мекард. Баъди марги Холназар мингбошӣ лӯлиҳо ба қабилаҳои гуногун ҷудо шуданд. Зеро дар ин миён лӯлиҳо барои идомаи касабаи аҷдодӣ ба муҳоҷирати "кор"-ӣ ба кишварҳои гуногуни дунё рахти сафар баста, ҷаҳондида шуда, дигар дар қолабҳои маҳаллӣ намеғунҷиданд. Дар баробари ин калонсолони қабилаҳои ҷӯгӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Ҳамин тавр ба имрӯз ба ҷузъ се нафар раисони маҳаллаҳои гуногун ҷӯгиҳо роҳбарони алоҳидаи худро доранд, ки дар ҳалли масоили иҷтимоии худ танҳо аз онҳо маслиҳат мепурсанд. Баъзе оилаҳои дигаре, ки сатҳи зиндагии беҳтар доранд, калонсоли аҷдоди худро пешвои худ меҳисобанд. Ба гуфтаи ҷавонон сабаби ҳал нашудани масъалаи мактабсозии онҳо ҳамин парешонии аҳли қабила мебошад, ки дигар Мингбошии худро надоранд. Чурук, ҷавони деҳа иброз медорад, ки баъди аз олам гузаштани Мингбошӣ иттифоқи ҷӯгиҳо ҳам мисли Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд.

Хулоса, ҷӯгиҳо мардуми аҷоибанд, таҳсили фарзандонашонро барои таҳсил дар мактабҳои 3-5 километр дуртар аз хонаяҳошон таъмин карда наметавонанд. Аммо барои амалӣ шудани мақсадҳои хоси худ тамоми мушкилу монеаҳоро паси сар карда, ба ҳадаф мерасанд. Дар деҳоти онҳо бунгоҳҳои тиббӣ ҳам набудааст, аммо барои табобати беморони худ ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд, муҳим солимии онҳо будааст.

Дар мазори ҷӯгиҳо дар "Чапаев" ҳама дуо мекунанд

Мазори оммавии онҳо низ аз маҳалли зисташон тақрибан 15-20 километр дур воқеъ аст. Мугадҳо мегӯянд, мо мурдаҳоямонро ба мазори деҳаи "Чапаев" мебарем. Дар он қабристон таърихи тамоми аҷдодони мо нуҳуфтааст. Роҳ дур ҳам бошад, шикоят надорем. Зеро мазори мо қад-қади роҳи калони мошингард воқеъ аст, ки ҳар мусофири роҳгузар, аз он ҷой гузаштан замон, даст ба дуо мебарад. Баъдан "Чапаев" мулки бароямон мувофиқ аст, барои рӯзи охират.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97