Вокуниши сареъ ба «зилзила ва обхезӣ» дар Қайроққум

Иҷтимоъ 15.11.2011 09:53

Hiloli_Ahmar_01Манижаи 14-сола бо пои шикаста бист метр дуртар аз харобаҳои манзили зисташон, ки зилзилаи 6.2 дараҷаӣ онро ба хок яксон кардааст, аз дард ба худ мепечад. Ӯро ҳамин чанд лаҳза қабл аз зери харобаҳо берун овардаанд ва Шабнам, ихтиёрии 22-солаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон талош дорад, то кӯдаки бечораро таскин бидиҳад ва ҳамзамон то омадани ёрии таъҷилӣ ҷойи шикастаи пойро мебандад.

Шабнам, сарфи назар аз синни ҷавонаш аз ин вазъи даҳшатбор дар ҳарос нест ва талош дорад, то тамоми қоидаҳои расонидани ёрии аввалро, ки омӯхтааст, иҷро кунад. Ӯ дарк мекунад, ки садҳо захмии дигар аз зилзилаву обхезиҳои шаҳри Қайроққум ба ӯ ва ҳамкорони ӯ ниёз доранд ва ӯ бояд қодир бошад, то худро идора намояд ва аз нигоҳи равонӣ омодаи ёрӣ ба дигарон бошад.

Зилзила ва обхезӣ дар Қайроққум - офатҳои табии тахайюлӣ ҳастанд, ки мағзи сенарияи тамриноти амалии муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ин тамринот ба хотири боло бурдани дониш ва маҳорати Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офати табиӣ (NDRT) аз 31-уми октябр то 2-юми ноябр баргузор гардид. Тамриноти мазкур Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офатҳоро таъсис дода, донишу маҳорати аъзои онро боло мебардорад ва сатҳи ҳамкориҳову ҳамоҳангиҳоро миёни ҶҲАТ ва ниҳодҳои давлатӣ дар рӯи даст гирифтани иқдомоте рӯшантар мекунад.

Hiloli_Ahmar_02Тақрибан 70 нафар аз кормандону ихтиёриёни бахшҳои минтақавии ҶҲАТ дар Душанбеву Хатлон, Суғду Бадахшон ва водии Рашт дар ин тамринот омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, баҳодиҳӣ, таъмин бо паноҳгоҳ, барқарорсозӣ, ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии аввал ва логистикаро хоҳанд омӯхт. Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ муваззаф буданд, то ба офатҳои тахайюлии Қайроққум вокуниши саривақтӣ нишон бидиҳанд. Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки давраи омӯзишӣ ба иштирокдоронаш имкон дод, "то биомӯзанд, ки дар ҳолати фавқулода чӣ гуна метавон гуруҳи вокуниш ва наҷотбахшонро таъсис доду раҳбарӣ намуд, чӣ гуна бояд вазъиятро таҳлил ва баррасӣ кард, чӣ гуна бояд нақшаи фаъолият ва буҷа тартиб дод, фаъолиятро бо мақомот чӣ гуна бояд ҳамоҳанг намуд, чӣ гуна корҳои наҷотбахшӣ ва паноҳгоҳи муваққатиро метавон ба роҳ монду ба зарардидагон чӣ гуна бояд ёрии аввал ва равонӣ расониду ба онҳо чӣ гуна ғизо ва маводи лозима тақсим кард, масъалаҳои логистикӣ ва чолишҳои дигарро чӣ гуна метавон ҳал намуд, ба расонаҳои хабарӣ чӣ гуфт ва ҳоказо".

Шуҳрат Сангов, раҳбари шуъбаи мудирияти офатҳо дар ҶҲАТ, мегӯяд, дар ду соли ахир нахустин бор чунин чорабинии муҳим ва бузург барои аъзои Гуруҳи миллии ҶҲАТ баргузор гардид. Ӯ умедвор аст, ки тамриноти амалӣ дар чунин сатҳ дар оянда соле ду бор доир шавад ва мутмаин аст, ки "чунин чорабиниҳо ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то донишу малакаи омӯхтаи худро бо вокуниши муассиру сареъ ба офатҳои вонамудӣ ва тарҳрезишудаи табиӣ ва ҳамоҳангии талошҳову фаъолият дар амал санҷида, тақвият бахшанд".

Hiloli_Ahmar_03Мақомоти маҳаллӣ, пизишкон, пулис, хадамоти изтирорӣ ва аҳолии маҳаллӣ низ дар ин тамриноти амалӣ фаъолона иштирок карданд. Лутфулло Абдуллоев, раҳбари ситоди ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Қайроққум пешниҳод дорад, ки "чунин чорабиниҳо бештар доир шаванд, чунки барои тақвияти иқтидори ҳам Ҳилоли Аҳмар ва ҳам мақомоти маҳаллӣ муфид мебошанд. Ин тамриноти амалӣ ҳамкориву ҳамоҳангӣ миёни Ҳилоли Аҳмар ва ниҳодҳои зирабти давлатиро беҳтар карда, сатҳи омодагии аҳолии маҳаллӣ ва маҳаллаҳоро ба офатҳои табиӣ хоҳад бардошт".

Шабнам узви нав ва ҷавони Гурӯҳи миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офатҳои табиист. Аммо аллакай ӯ таҷрибаи ёрӣ ба зарардидагонро дорад, чун дар офати табиийи моҳи майи соли гузашта дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб, ӯ аз ҷумлаи ихтиёриёни ҶҲАТ буд. Шабнам мегӯяд, аз ин тамринот бо бастаи пур аз дониш ва таҷрибаи нав бармегардад, донишу таҷрибае, ки умедвор аст, ҳеч гоҳ ба кор наоянд. "Вале омода будан ҳамеша як қадаме ба пеш дар наҷоти ҳаётест" - мегӯяд ӯ.

Абдулфаттоҳ Шафиев, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, намояндагӣ дар Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97