«Алибобо ва чил роҳзан» - и ӯ дар мактабҳои Душанбе?!

Иҷтимоъ 01.11.2011 09:31

Jangi_MaktabbachahoВақтҳои охир муноқиша миёни талабагони макотиби кишвар «муд» шудааст ва сари ҳар қадам чунин низоъҳо ба назар мерасад. Ё талабагони як мактаб ба мактаби дигар «лашкар» мекашанд, ё шогирдони мактаб дар байни худ «зӯрозмоӣ» мекунанд. Ҳатто ин набарди онҳо то захмин намудани ҳамдигар ва баъзан вақт то ҳалок шудани якдигар мерасад.

Аммо ин охири кор нест, набудани иттилои дақиқ дар мавриди ин ҳаводис боиси сар задани овозаву ҳангомаҳо дар атрофи задухӯрд миёни талабагон шудааст. Аксарияти волидон, ки ин гуна «қисса»-ҳоро мешунаванд, гиребони тавба мегиранду аз сарнавишти фарзандони ноболиғи мактабхонашон дар ташвиш меафтанд. Мутаассифона ин танҳо ташвиш барои волидон аст, он масъулоне ки овоза атрофи таълимгирандагони онҳо меравад, аслан парвои ин ташвишу нигаронии волидонро надоранд ва ба ин сарусадоҳо беэътибор посух мегӯянд. Гӯё ҳеч ҳодисае рух надодааст ва беҳтарин тарбиятдиҳандаву тарбиятгирандагон маҳз дар мактаби зери назари онҳо таҳсил мекунанд. Кошкӣ, ҳамин тавр бошад!

Ташвиш, нигаронӣ ва фориғболӣ

Ошкор намудани ҳодисае, ки овозаву ҳангомаро ба думбол дорад, кори саҳлу соддае нест. Овоза, ба хусус шумхабар метавонад ба рӯҳияву равони мардум таъсири манфӣ расонад, ин гуна овозаҳо бадтар аз терроризм ҳастанд ва ҳатто дар ҷангҳои гарми ҷаҳонӣ нақши овоза бештар аз силоҳи оташфишон будааст ва он бар аллайҳи душман аз сӯйи ниҳодҳои махсус истифода мешудааст.

Овозае, ки аз ҷанги тан ба тани донишомӯзони мактаби миёна қисса мекунад ва гӯё бар асари он ду нафар куштаву чанд нафар захмӣ шудаанд, моро ба ҷустуҷӯи сарчашмаи ин овозаҳо бурд.

Тибқи овоза, дар натиҷаи муноқиша миёни мактаббачаҳои макотиби рақами 17, 40 ва 75 ин ҳодисаи шум иттифоқ уфтодааст.

Таҳқиқи мо аз роҳе, ки моро ба сӯйи маҳаллаи маъруф ба «Южный» мебурд, ки макотиби мазкур дар ин мавзеъ ҷойгиранд, шурӯъ шуд. Раҳораҳ аз мардум доир ба ин мавзӯъ суол мекардем, аксарият аз посух додан ба ин суол мегурехтанд ва худро бехабар вонамуд мекарданд. Аксар мардону ҷавонон аз ин суол ҳаросон худро канор мекашиданд ва занон баръакс изҳори ташвиш доштанд, ки воқеан ҳаргуна хабарҳои зидду нақиз дар ин бора ба гӯшашон мерасаду онҳо барои ҷигарбандони қадрасу ноболиғашон нигаронанд.

Мошинро дар ҷое қарор додем, ки ду зани миёнасол мунтазири нақлиёт менишастанд. Аз сӯҳбати гарми онҳо дарёфтем, ки масъалаҳои ҷиддӣ бояд мавриди гуфтугӯи онҳо қарор дошта бошад ва аз сураташон маълум буд, ки занҳои аз бархе кору бори дунё бохабаранд. Ба хотири парешон насохтани хотири ҳамсӯҳбатҳо суоламонро на аз муноқиша, балки аз суроғ кардани нишонии мактабҳо оғоз кардем. Яке аз он занон, ки худ омӯзгор будаву ба самти ба мо лозим раҳсипор буд, бо мошини мо нишаст, то ҳам ба манзил бирасад ва ҳам мушкили моро осон кунад.

Маълум шуд, ки шуғли ҳамроҳи мо омӯзгор буда ва аз ин амалҳои зиште, ки талабаҳо даст мезананд, хеле нигарон аст. Муаллима гуфт, дар бораи ду нафари кушташуда хабар надорад ва танҳо барои мо хонаи волидони М….-и ғуррамаргро нишон дод, ки як ҳафта қабл гӯё аз бемории сактаи дил фавтида буд.

Писари яккаву ноздона дар оғуши хок

Агарчӣ дар хонаи мотамзадаи ин ғуррамарг фотиҳахони бисёре рафтуомад доштанд, моро бо хотири парешон ба ҳавлӣ хостанд…

Пас аз суҳбат бо аҳли хонаводаи маҳрум маълум шуд, ки ӯ писари ягонаи хонадон будааст. Модари мотамзада аз ҷигарбанди ғуррамаргаш бо таассуф ёд карда гуфт: «Бачам дар мактаб таҳсил мекард. Тақрибан як сол пеш писарам ҳамроҳи ҳамсинфонаш ба интернет-кафе барои ҷустуҷӯи мавзӯи дарсашон меравад ва дар ин миён ду бача байни ҳам ҷанг мекунанд. Шаш нафар ҳамсинфонашон шоҳидӣ медиҳанд, ки онҳо дар он ҷанг иштирок надоштаанду чизеро надидаанд. Аммо бачаи ман аз онҷо мегузашт, ҳаминро мебинад. Бачаи ман гуноҳ надошт, ба вай мегӯянд, ки мо туро мешинонем, ту ҳам ҳамонҷо будӣ. Лек мо дар бораи он бачаи дигар фаҳмидем, ки ӯ беодоб будааст, вале пушти бақувват дошт, пушташ генерал буд. Ҷаҳон аз дасти милиса ҷазир аст, моро кашокаш карданд, бачам стрессда афтид. Мо аз кардиология ҳуҷҷат дорем. Охирон бор рӯзи душанбеи гузашта аз прокуратура телефон кардаанд, ки ин парвандаро маҳкам кардаанд,… аммо дигар аллакай дер шуда буд. Бача аз даст рафт. Одамкушӣ накардаст, кордча накашидаст, фақат дар биниш якта мушт задаст. Одам мекушанд, аз ақибаш намегарданду ин ду ноболиғро як сол аст, ки аз пушти ҳамон парванда медавонанд. Мо тавассути се муфаттиш гузаштем. Мо гуноҳ надоштем, гуноҳи моро наёфтанд. Шумо рафта, вай бачаро бинед, соқу саломат аст. Пеш аз соли нав гуфтанд, ки парвандаро маҳкам кардем, лек баъди чанде боз даъват карданд ва гуфтанд, ки делаҳоятонро қабул накарданд ва аз сари нав кушодем, аз сари нав барои пурсиш биёед. Ва мо волидон аз сари нав онҷо ҷамъ шудем. Муфаттиши аввалро гуфтанд, ки вайро коррупсия дошт… Бачаи ман аз пушти ҳамаи ин судбозиҳо ба реаниматсия афтид. Тарсиду вафот кард. Бинед, ки барои ҳеч чиз, биниаш, танҳо хун шуд, бачаи маро як сол давонданд. Модари вай бача тавассути шиносҳояш бачара як сол давонд ва бачаро тарсонд, бача талхакаф шуд. Бачама сахт ҳамин милиса тарсонд… Баъди он ҷангҳо М…ро ба мактаби № 17 овардем, лек дилаш намехост ин мактабро. Мехост боз мактаби худаш равад...» Аммо модари марҳум нахост, ки ин мавзуъ бештар таҳқиқ шавад ва рӯҳи писараш озурда шавад. Ӯ танҳо гуфт: «Ман аз Худо мехоҳам, ки ҳамин рӯзаки маро ба сари ҳамунҳое, ки бачамро ба ин ҳол расонданд, оварад…»

Суоле ҳам, ки матраҳ мешавад, ҳамин аст: Кӣ ӯро ба ин ҳол овард; хонавода (ноздонагӣ), мактаб, мақомоти интизомӣ, ҷомеа… Кӣ???

Аз сӯҳбат бо модари зору низор маълум шуд, ки ӯ агарчӣ дар марги фарзандаш дигаронро муқассир медонад, аммо ба ҷое даъво бурдан намехоҳад ва танҳо аз даргоҳи илоҳӣ мехоҳад, то сазои сари онҳоеро, ки писари яккаву ноздонаи ӯро то ҳолати марг расонидаанд, бидиҳад.

Шояд ҳам модар ҳақ бар ҷониб аст, ва сазои аъмоли ҳамаро он Ҳақ хоҳад дод, ва бо даъво бурдан ба ҷое ҳам модар ҳавсала надорад ва ҳам медонад, ки дигар ҳеч касе, писари яккаи ӯро ба ҳаёт баргардонида наметавонад.

Аммо ҳазорон модари дигар нигаронанд ва намехоҳанд ин сарнавишти талх боз ҳам такрор шавад. Чанд тан аз занҳое, ки ба маросими фотиҳа омада буданд, низ таъкид карданд, ки овозаи зиёде дар бораи задухӯрд миёни мактаббачагон мешунаванду дасти тавба ба гиребон мебурданд.

Яке аз заноне, ки барои ҳамдардӣ он ҷо ҳузур дошт, гуфт: «Дур намеравем, дар мактабе, ки фарзандони ман мехонанд, ҳам муноқиша мешавад. Ман, ки дар «родителский комитет» ҳастам, ҳар рӯз шоҳиди чунин ҷанҷолҳо мешавам. Дар лаби дарёи «Душанбинка» поси шаб бачаҳо омада, дар даст трос ва дар сари он тросҳо лезва бастагӣ бо ҳам ҷанг мекунанд. Ҳар як мошини фасон аст, ки 20 талаба дар дарунаш, баъзе бачаҳои бечорара «наижат» мекунанд. Бояд милисаҳо пеши роҳи инро бигиранд. Як ду касро бурда шинонанд, мумкин чунин корҳои зишт дигар рух надиҳад.»

Мактабҳои бонизому овозадор?!

Мактаби № 17

Maktabi_17Роҳ сӯйи мактаби №17 гирифтем. Дар даҳлези мактаб мудири мактабро вохӯрдем, ӯ аз омадани мо шояд чандон хушҳол набуд, ки моро ба яке аз утоқҳои кории наздик даъват карду гуфт, «зуд ҳарфатонро бизанед, ки вақти зиёд надорам». Чун фаҳмид, ки ба чи хотир меҳмони мактаб шудаем, ошуфтатар шуд. Ҳатто каме бо асабоният сӯҳбат карда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин овозаҳо бардурӯғанд. Мудири мактаб гуфт: «Сабаби асосии бедонишӣ, бетарбиягӣ ин паст будани маош аст…»

Чун мудир ҳама гуна муноқиша миёни толибилмони мактаби зери назарашро рад кард, аз ӯ дар мавриди ҳалокати М….талабаи синфи 11 –ҳамин мактаб суол кардем. Мудир аз маҳрум ба некӣ ёд кард ва гуфт; «дар ин муддати кутоҳе, ки маҳрум ба мактаби 17 омадааст, ҳеч шикояте аз устодон дар бораи ӯ нашунидааст.» Ӯ бо таассуф гуфт, бевосита дар тамоми маросими ҷанозаи шогирдаш ширкат кардаву ӯро бо дастони худ ба хок гузоштааст. Аз мудир боз ҳам мепурсем, ки оё ин шогирдашро аз мактаби қаблӣ ихроҷ кардаанд, ӯ ҳуҷҷатҳои маҳрумро ба мо пешкаш кард, ки ҳеч ҷое дар ин маврид ишорае нашуда буд. Ӯ сабаби интиқоли ин шогирд аз дигар мактабро вобаста ба шароити истиқомати ӯ арзёбӣ кард.

Аз мудир боз ҳам суол кардем, ки воқеан «муштзӯрон» дар мактаби №17 мавҷуд нестанд ва ба ҷое ҳам ҳамлавар нашудаанд(?), посухи мудир ҳамоно яке буд, ҳамчунин ашхосе аслан дар ин мактаб мавҷуд нестанд ва чунин як ҳодисае ҳам нашудааст.  

Мактаби № 40

Maktabi_45Роҳии мактаби № 40 шудем. Раҳораҳ занеро дидем, ки дар тор либос меовехт. Аз ӯ пурсидем, ки оё мактаби № 40 мактаби беҳтар аст, агар кас бихоҳад фарзандашро барои таҳсил ин ҷо биёрад, ӯ гуфт: «Намедонам, фарзандони ман ҳамин ҷо мехонанд, як писарам дар синфи 10-ум ва дигараш дар синфи 7-ум мехонад. Ҳар лаҳза дар ташвишем. Як рӯз милисаҳо омада буданд, давида рафтем, ки ором шуд. Чунин овозаҳо моро дар ҳарос андохтаанд».

Вориди мактаб мешавем ва аз мудири мактаби № 40 низ ҳамин суолро мекунем, ӯ низ ин овозаҳоро рад мекунад. Чун нигаронии мардуми атроф ва сӯҳбатамон бо он модарро ёдовар шудем, мудир изҳор дошт, ки «дар мактаби ман ҳам ҳодисаи нохуше рух надодааст ва милисаҳо он рӯз барои вохӯрӣ бо шогирдон омада буданд». Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки мо ҳамеша бо волидони шогирдонамон дар иртибот ҳастем ва агар кори зиште аз талабагон сар занад, ба онҳо хабар медиҳем.

Мактаби № 75

Maktabi_75Аз мактаби № 75 ҳам дидан кардем. Аммо мудири мактаб, ки ҳузур надошт, натавонистем ба суолҳои худ посух бигирем. Ду муаллиме, ки моро пешвоз гирифтанд, авлотар донистанд, ки ҳарфе зиёдатӣ ба мо нагӯянд. Мудир аз омадани мо тавассути телефон воқиф шуда, гуфт, ки худаш барои тавзеҳи мавзуъ идораи нашрия хоҳад омад.

Мо ҳам мунтазири ваъдаи мудир нанишаста, хостем ҳақиқатро аз сокинони маҳалла бишнавем. Раиси маҳаллаи Деҳқонобод-3- ро пайдо кардем. Раис ба хотири ҳамсӯҳбат шудан бо мардум моро ба масҷиди маҳалла бурд. Чун Имом хатиби масҷид ҳанӯз ба намози аср наомада буд, аз худи Каримбердӣ Фатҳиддинов, раиси маҳалла дар ин маврид пурсидем. Раис гуфт: «Ахлоқи ҷавонон хуб, бетартибӣ нест, аз қонун набуромадем. Ҷавонон ба мо кӯмак мекунанд, барои обод кардани масҷид. Баъд одамонро ҷамъ карда дар мавриди таълиму тарбия бисёр гап мезанем. Дар мактаб чанд маротиба ҷанг шудааст, лек мо хабар надорем. Як бор хабар кард, рафтам, аллакай ҳама гурехтагӣ буд, аммо аз бачаҳои маҳаллаи мо касе набуд. Он бачаҳо аз тарафи «Южний» меомадаанд. Дар мактаб як бор маҷлис шуд дар бораи ҳамин, лек дар бораи куштани касе ман хабар надорам, аз маҳаллаи мо касе набуд.»

Раҳимҷон Ҳалимов, яке аз намозгузорон ва ходимони масҷид дар ин бора мегӯяд: «Ҷавононро панду насиҳат кардан даркор. Дар намозҳо инро ҳамеша таъкид мекунем, аммо ҳоло ки ҷавононро иҷозат намедиҳанд, то дар масҷид намоз гузоранд. Аз ин рӯ мо дасткутоҳем дар ин масъала.»

Аз ӯ суол мекунем, ки ба масҷид акнун ҷавононро роҳ намедиҳанд, аммо магар дар ин муддати кутоҳ ҷавонон якбора бадахлоқ шудаанд, то ин дам оё дар масҷид насиҳаташон намекарданд ва чаро ин насиҳатҳо коргар нашуданд? Ӯ мегӯяд: «Пеш низ ин корҳоро мекардем, доим насиҳат мекардем. Аммо ягон гапу хабар нест, дар ин бора аз маҳаллаи мо касе набудааст. Хайр ёшҳо байни худ футбол кардаанд, чӣ кор кардаанд, ки ин ҳалли худашро меёбад.»

Аммо замони иҷрои ваъда расиду мудири муҳтарама Усмонова наомад. Ба ӯ дар тамос шудему мудири ин мактаб тамоми овозаҳоро беасос хонд.

Футбол бозии солимӣ ё носолимӣ?

Ифрот дар ҳар коре бад аст. Имрӯз муноқишаҳои футболӣ рӯҳияи мардумро хароб кардааст. Вақте футбол мегӯянд, хотири волидони бачаҳои футболбоз мушавваш мешавад. Аммо «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтаанд, чаро бояд мунтазир нишаст, то ҳол аз ин бадтар шавад?! Дар баробари он ки аз пардаи телевизион футбол ҳар рӯз ташвиқ мешавад, бояд коршиносону равоншиносон дар бораи аҳамияти ин навъи варзиш барои солимии ҷомеа низ соатҳо сӯҳбат кунанд. Дар ҳолати сар задани ҳамчунин мушкил бояд мизҳои гирде баргузор шавад, ки иллати сар задани ин гуна муноқишаҳоро баррасӣ ва натиҷаи нокоромади онро маҳкум намоянд. Беҳтар ин аст, ки варзишро, ба вижа футболро онҳое бозӣ кунанд, ки ҳирфаӣ ҳастанд ва аз рӯйи ишқ ба ин бозӣ шуғл меварзанд. Вагарна агар ҳар говзӯрро футболбозӣ андозем, мумкин аст, муноқишаҳо натиҷаи хунбортар ва даҳшатноктаре ба бор биоваранд.

Алибобо зӯр ё Фаррух?

Ҳангоми таҳқиқи мавзуъ ду мактаббачаи 10-12 соларо вохӯрдем, ки барои шомил шудан ба варзиш ба мактаби №75 мерафтанд. Ба думболи онҳо рафтем, то бо мураббии варзиш мулоқот кунем ва бубинем, ки мактаббачагон чӣ машқе иҷро мекунанд ва мураббӣ дар баробари варзиш оё насиҳаташон мекунад, ки машқи варзиш барои солимӣ аст, на муштзӯрӣ. Аммо ҳарчанд дари зали машқро кӯфтем, дарро накушоданд. Хостем, аз дари дигар вуруд шавем, ки мудир тариқи занги телефон хоҳиш кард, дигар бор вақти ҳузур доштани ӯ ба мактаб биёем.

Аз мактаббачагоне, ки аз дигар мактаб омадаву мехоҳанд, ин ҷо машқи бадан кардаву пурзӯр шаванд, бо забони авомона мепурсем: «Оё дар мактабатон ҷанг мешавад? Ва зӯри мактабатон кист?»

Бачаҳо бо шавқ ҷавоб доданд: «Ҳо, ҷанг мешавад, як рӯз барои футбол ҷанг карданд, дару тирезаҳои мактабро шикастанд».

Яке гуфт: «Зӯри мактаб Алибобо аст». Дигарӣ гуфт: «Аз Алибобо зӯртар Фаррух аст. Фаррух аз дигар мактаб асту Алибоборо дар ҷанг мезанад». Аммо аввалӣ, ки мухлисии Алибоборо дошт, афзуд: «Алибобо бо ака дорад, ӯ калонай, мактаб намехона, ӯ бо зӯртарай».

Ин ҷо мерасем ва ҳаволаи баҳси кӯдакону ҳарфи мудиронашонро ба қазовати хонандаи нашрия вомегузорем.

Муноқиша аз нигоҳи равоншинос

Мо меравем аз пайи давои дард. Аз Маҳмадулло Давлатов, равоншинос сабаби сар задани ин гуна муноқишаҳои дастҷамъӣ дар миёни наврасонро пурсон мешавем. Ӯ мегӯяд: «Пеш аз ҳама ҳар гуна низоъ,агар ҳалли худро пайдо накунад, дар худ предметеро дорад. Низоъ ё ихтилофҳои гуногуне, ки дар байни мактабҳо сурат мегирад, албатта зимни ягон предмети баҳс ба вуҷуд меояд, ки он ҳалли худро пайдо накардааст. Шояд ягон масъалаест, ки дар байни ҷавонон вуҷуд дорад, мутаассифона атрофиён, нодида гирифтаанд, барои ҳалли он мусоидат накардаанд ва ин оташ ҳам боз алангааш боло гирифта ва ба як оташи бузурге мубаддал мешавад. Агар ин ҷангу ҷидол дар ҳақиқат шуда гузарад, яъне рӯй бидиҳад, дар ин сурат оқибати нохуше дорад. Ин ҳолат ҳам зарари ҷисмонӣ ва ҳам зарари равонӣ ба думбол дорад. Ман боварии комил дорам, ки чунин ҷангу ҷидолҳо баъдан таркиби ҷиноятро дар худ пайдо мекунанд. Як гурӯҳи ҷавононе, ки дар ин ҷидолҳо иштирок кардаанд, чандин парвандаҳои ҷиноӣ дар прократураи генералӣ, дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳо воқеан сабт шудааст. Агар нашудааст, ин далолат аз он мекунад, ки ҷомеа воқеан ин масъалаҳоро ба таври бояд ҳаллу фасл накарда истодааст, нодида мегирад.

Қабл аз ҳама масъули ин бояд волидон бошанд. Чунки фарзандон асосан аз хона берун мераваенд ва дар ҷангу ҷидолҳо ширкат мекунанд. Аксар вақт ин ҷангу ҷидолҳо дар қаъри шаб сурат мегирад, магар волидон намедонанд, ки фарзандонашон дар куҷоанд, магар онҳоро зерӣ назорат намегиранд? Маълум мегардад, ки як муҳити тарбия пеш аз ҳама дар оила вуҷуд надорад. Бепарвогии волидайн нисбат ба тақдири фарзандонашон ба он бурда мерасонад, ки фарзандони ҷинояткорро бевосита ба воя мерасонанд. Аммо ба дарки он аксарият замоне мерасанд, ки оқибат дар кунҷаки маҳбас фарзандашонро шинонданд, ҳолати руҳии волидайнро он вақт эҳсос кардан мумкин аст, ки фарзанди ягонааш ҷинояткор шудааст ва орзую омолҳои падару модар шикаста мешаванд. Ва ин боз як муҳити носолими оилавиро дар худи хонавода ба вуҷуд меорад.

Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки вобаста ба хусусиятҳои фардии аъзои оила ин хел ҳолатҳоро ба таври гуногун аз сар мегузаронад. Як модаре аст, ки дарун андарун месузад, ғам мехурад, чӣ кор карданашро намедоанд. Ва аз ҳамин нуқтаи назар таҳлил мекунад, ки шояд сабагораш худам будам, ки дар вақташ назорат накардам ва имрӯз писарам бевосита дар курсии ҷиноят нишастааст. Аз ҳамин нуқтаи назар як фазои носолим на танҳо дар хона, балки дар мактаб низ пайдо мешавад. Овозаҳо паҳн мегарданд, овозаҳо, ки паҳн шуд як ҳолати ниҳоят изтиробангез дар тамоми оила ва мактаб сурат мегирад. Баъзан вақт падарон ҳолати агрессивӣ доранд, таҳдид мекунанд, лату куб мекунанд, ҷазои ҷисмонӣ медиҳанд, боз ба болои он оқибатҳо оқибати зиёдатӣ пайдо мекунад, ки ин метавонад кӯдакро бисёр маъюб намояд. Дар ин ҳолат худро дошта наметавонанд волидайне, ки худдорӣ кардан наметавонанд пас метавонанд оқибатҳои зиёди ҷисмониро бавуҷуд оварад. Мо бояд пеш аз ҳам корро бо оилаҳо ва мактаб шурӯъ кунем, пас камбудӣ дар ҳар ду тараф аст, ҳам дар оила ва ҳам дар мактаб, агар макатаб бо оила ҳамкорӣ накунанд, ин заминаест барои ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳои номатлуб. Мо бояд ин корҳоро пешгирӣ кунем. Равоншиносони мактаб бояд кор кунанд. Хуб мешуд, ки бевосита чорабиниҳои муайяни маърифатӣ ва таълимиро дар мактаб ва оилаҳо ташкил кунем. Назоратро ҷиддӣ кунем, то ки воқеан ин хел падидаҳои номатлуби дастаҷамъона ба амал наоянд.

Қонуни масъулият ва бемасъулиятӣ

Бо қабул гардидани қонуни « масъулияти падару модар» бояд сади роҳи чунин ҷиноятҳо гирифта шавад, аммо баробари қабули қонуни мазкур сафи касоне, ки ҷиноят содир мекунанд афзудааст.

Чӣ сабаб шуда, ки ҳисси бадбинии наврасони мо то ҳадди ало расидааст, ки даст ба куштани   ҳамдигар мезананд. Агар чунин ҳол идома ёбад мо террорист тарбия мекунем на як фарзанди солим. Ҳамчунин бархе аз сохибназарон бар он акидаанд, ки сабабгори сар задании ин нохушиҳо дар байни наврасон ин тамошои филмҳои ҷангӣ ва фаҳшу фучур, инчунин дастрас будан ба интернет ба хусус сайтҳои зуроварӣ ва фаҳш мебошад. Наврасон бисёр вақт тавассути ин гунна кинофилмҳо, тарзҳои гуногуни куштор, суханҳои қабеҳ ва дигар рафторҳои ношоямро дида, ба онҳо тақлид карда, нисбати дӯстону шарикдарсон ё дигар касон чунин корҳои зиштро раво мебинанд.

Ҳодиса аз диди милиса

Ба суроғи ҳомиёни қонун меравем. Зеро чунин ба назар мерасад, ки солҳои ахир чунин муноқишаҳо бештар аз ҳар вақти дигар шудаанд, аммо чораҳои пешгирӣ аз ҷиноят қариб ба назар намерасад.

Дар мавриди зиёд шудани муноқишаҳои мактаббачагон аз Ширинбек Мирзоев, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД суол мекунем, ки ӯ мегӯяд: «Аслан маълумоти дақиқ доир ба он, ки дар Ҷумҳурӣ чӣ қадар муноқишаҳо байни талабаҳо сар задааст нест. Чунки агар мо ҳамаи он муноқишае, ки миёни талабаҳо сар мезанад, ба қайд гирем, Тоҷикистон пур аз ҷинояткор мегардад. Инро худи муаллимаҳо ва падару модар байни худ ҳал мекунанд, аммо муноқишаҳои гуруҳӣ кам ба назар мерасанд».

Масъала аз диди мо

Модоме омори дақиқ вуҷуд надорад, муаллимаҳо, ба хусус мудирони мактаб, шояд ба хотири ҳифзи курсии мудирият чунин муноқишаҳои дастҷамъиро ошкор намекунанд ва волидон ҳам ба хотири фарзандонашон, ки дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд, намехоҳанд дар бораи ин гуна падидаҳои номатлуб ҷомеаро огоҳ созанд, мушкил печидатару фарогиртар мешавад. Агар пеши ин амал фавран гирифта нашавад, фардо дер хоҳад шуд. Даҳҳо сардорони гурӯҳҳои ҷиноятӣ маҳз ҳамин «зӯр»-и мактабҳову маҳаллаҳо буданд, ки ба сари муаллиму устодони худ аввалтар тӯфангча кашиданд. Лаҳзаи даҳшатбори солҳои 90 ҳанӯз аз пеши чашмон дур нашудааст. Ҳоло ҳам фурсат аст, ки ин навданиҳолонро рост биншонем. Вагарна фардо дер хоҳад шуд. Дери дер…

Пайгирии ҷамшеди қувват ва Ниҳонии Қадам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97