«Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», Язгулом ҳам обод!

Иҷтимоъ 31.10.2011 15:57

Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон,

Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд. Ибни Сино

Javob_Guliston_0101Дар пешгуфтори номаи ҷавобиам ба тамоми мардуми диёри арҷмандам Язгулом паёми хешро тақдим медорам ва хуб мебуд агар мардуми диёр бевосита мусоҳибаи маро дар рӯзномаи "Миллат" мехонданд, то ки дар мавриди гуфтаҳоям худи мардум қазоват мекарданд, на он ашхоси вобаста аз ҳукумат, ки на аз номи худашон, балки аз номи мардуми ин диёр барои ман ҷавоб навиштаанд ва ман ниёзе ба ҷавоби ин шахсони алоҳида ва вобастаи мансаб надорам, зеро ки ҳамаи ҷавобҳояшон дурӯғ асту дар чашми мардум хок задан.

Вале гарчанде ҷавоби фиристодаи "гӯё" бародари гиромӣ Валиҷони Маҳмадулло бошад, қобили арзиш ба ҷавобе надошта бошад ҳам, чанд мулоҳизаи хешро ба ин номанависи ранҷдида иброз медорам. Аввал ин ки инсон бояд сафедро сафед ва сиёҳро сиёҳ бигӯяд, вале ин бародар чун қудрати ҳақиқат гуфтанро надорад, даст ба дурӯғ задааст. Ман ишонро хуб дарк мекунам, зеро ӯ маҷбур аст, агар ин корро намекард, фардо бо мансабаш хайрбод мегуфт. Яқинам, ки ин ҷавоби бемантиқ ва орӣ аз ҳақиқатро ишон нанавиштаанд, балки дигарон барои ӯ навишта ва ба дӯшаш бор кардаанд.

Ҳар касе ки аз соҳили дарёи Панҷ ба водии Язгулом ворид мешавад, зуд мушоҳида мекунад, роҳе, ки ӯро ба ин сарзамин мебарад, дар чӣ ҳолат аст ва бидуни шарҳ додан ҳама барои ӯ маълум хоҳад шуд. Роҳи васеъ, асфалтпӯш, ки мусофири пиёдарав бо тарсу ҳарос аз он роҳ мегузарад, ҷойи тавзеҳи ҳаракати мошин дар ин роҳ нест. Дар дохили рустоҳояш агар каме ғофил шавед, мумкин аст ба чоҳ ва ё чуқурие меафтед, ки миён аз чаҳор ҷой мешиканад. Ана ҳамин тавр Язгулом обод аст. Дигар ҷои гап нест. Шояд ин роҳро ҳанӯз дар замони Шуравӣ андаке тармим карда бошанд.

Вале, агар Шӯрои деҳоти Язгулом баъд аз баргаштани ман аз он макон, ки дар 30 августи соли равон сурат гирифта буд, ин қадар ба зудӣ рушду тараққӣ карда бошад, офаринашон бод! Вале то рӯзе, ки мо дар он ҷо будем, инро бо чашми сар надидем.

Танҳо ба ин эҳсос расидем, ки ин "нобиға"-ҳои ба истилоҳ язгуломие, ки имрӯзҳо бо садои баланд фарёд доранд, ки на ин тавр нест, Язгулом обод шудааст, мардуми он ба ҳеҷ чизе ниёз надоранд, ягон мушкилие вуҷуд надорад, аввалан онҳо рӯйи арзишҳои инсонӣ, аз қабили ҷавонмардӣ ва ростқавлӣ по гузошта, барои мардум афсона мегӯянд. Бардошти банда аз ин ҷавобия он аст, ки аз ин ба баъд ягон сокини Язгулом агарчи дар кадом шароити тоқатфарсое низ қарор гирифта бошад ҳам, бояд даҳони хешро боз накунад ва доди худро пеши ягон додрасе нагӯяд, чунки онҳо язгуломӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод гуфтанро надоранд, чаро ки ҳукумат аз онҳо озурдахотир мегардад.

Ёдовар мешавам, ки 9 сентябри соли ҷорӣ мардуми кишварамон 20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле ботантана ҷашн гирифтанд. Дар Сарқонуни ҷумҳурӣ оварда шудааст, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ва демократӣ мебошад. Бинобар ин озодии виҷдони ҳар як шаҳрванди кишварамонро бояд эътироф кард ва ба таври маҷбурӣ бор кардани андешаи хеш ба дигарон кори на он қадар шоистае мебошад.

Аз он ки бародари гиромӣ ва қадрдони мо Валиҷони Маҳмадулло ранҷ ва заҳмати зиёд кашида, ба чанд эроди кӯчаки мо дар як мусоҳибаи мо посух додааст, хеле миннатдорам. Зеро мақсади ман ҳақиқатро гуфтан буд, на ғаризаи дигар, ҳамааш аз дилсӯзӣ буд ва танҳо ба хотири ободии диёр. Боиси хурсандист, ки мусоҳибаи банда чӣ қадар сару садое баланд намудааст. Аммо бародари гули қанд, ҳақиқат талх аст, пазируфтани он басо мушкил. Қариб ҳар рӯз шахсони гуногун ба ман занг мезананд, ки умеди ҳамаи мо ба хотири ободию зебоии диёр аст. Ба гуфтаҳои ҷаноби Валиҷони Маҳмадулло дар бораи он ки гӯё аз ин гуфтаниҳоям ягон ғараз ва манофеъи шахсӣ дошта бошам, мехоҳам бигӯям, ки ман аз ин чӣ манофеъ дорам, агар танҳо ободӣ ва рушди диёр набошад.

Дар робита ба суханҳои подарҳавоям (ба ақидаи Валиҷони Маҳмадулло) ҳаминро гуфтаниам, ки шояд ба назари оқои Валиҷон ҳарфҳоям подарҳаво менамояд, вале ҳар шахси соҳибақле, ки агар ба ин макон қадам гузорад, ҳамчун оина барои вай зиндагии сокинони ин диёр равшану возеҳ мегардад, ки чӣ гуна мардуми он дар шароити сахттарин зиндагӣ доранд. Вале мутаассифона масъулони ин диёр ба зиндагии ин мардум бозӣ мекунанд. Ба он далелҳое, ки масъулин худро тасалло медиҳанд, ки гӯё ҳарфи ман нодуруст аст ва огоҳие дар бораи вазъ надораму гӯё, ки дар муддати набудани ман бисёр корҳои ҷолибе ба анҷом расидааст, онро барои Шумо табрик мегӯям! Аммо яқин медонам, ки дар Язгуломи ман чизе сохта нашудааст. Ҳар чӣ мондааст, аз баракати замони Шуравӣ боқист.

Дар мавриди гузаронидани чорабиниҳо ва маросимҳо, ки гӯё бо иштироки ҳунармандон сурат мегирад, боиси таассуф аст ва намедонам он дастаҳои ҳунарӣ дар куҷо ҳастанд ва аз чанд нафар иборатанд ? Он ки устоди арҷманди мо Исломиддини Доштов гӯё дар маросими иди Наврӯз агар ҳунарнамоӣ карда бошад, хеле хуб аст. Вале инро бигӯед, ки оё устод Исломиддин ҳама вақт метавонад ҳунари волои хешро барои ташнагон ва мухлисони созу навои дилангезашон дар дохили Язгулом, бидуни кадом як мушкилоте ба гӯши сомеъон бирасонад? Банда, ки ҳини баргаштан бо Исломиддин сӯҳбат доштам, дар ин бора огоҳие дарёфт накардам. Агар ин тавр будааст, хело пешрафтагӣ шудааст, вале мо бехабарон аз он огоҳ нестем. То ҷое ки огоҳӣ дорем, устод Исломиддин Доштов ҳунари хешро танҳо берун аз марзи Язгулом намоиш медиҳад. Ва ё дар як деҳаи Мотравн, ки ҷавононашон нисбатан аз дигар ҷавонони деҳаҳои Язгулом каме пешрафтатар ҳастанд. Ва инро гуфтан метавонед, ки чанд нафари дигар Исломиддинҳоро тарбият кардаед, ки баъди ба нафақа баромадани устод Исломиддин кори эшонро он ҳунармандони ҷавон идома бидиҳанд? Аҷаб коре шудааст, ки устод Исломиддин дар тӯли 20 сол як бор дар зодгоҳи хеш дар маросими иди Наврӯз ҳунарнамоӣ кардааст. Наход зиндагӣ дар Язгулом танҳо бо ширкати ду се нафар дар ин ду се маросими супоришӣ хулоса шавад?!

Дар бораи макотибе, ки Шумо ёдовар шудаед, дуруст мегӯед, ки ин мактабҳо бо шарофати Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, вале дар мавриди он ки чӣ гуна устодон дар он ҷо таълим медиҳанд ва дараҷаи таҳсилашон дар кадом сатҳ аст, шояд дар ин ҷо Шумо дар чашми хеш айнаки сиёҳ пӯшидаед, ки мегӯед 60 % муаллимони мактабҳо дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Агар ин тавр бошад, дар соҳаи таълимоти кишвар дигар камбудие шояд рух надиҳад ва ҳамаи корҳо ҳал аст. Ва оё хабар доред, ки ин мактабҳо баъди пош хӯрдани Шӯравӣ чанд бор тармим шудаанд? Шумо таъкид кардаед, ки ин қадар сомониро барои тармими мактабҳо ҷудо кардаанд, шояд ҳарфатон дуруст бошад, вале охир кай ин пулҳо мерасанд ва кай ба кори тармим оғоз мекунед, дар фасли зимистон? Бузак, бузак намур, ки баҳор меояд...

Дар мавриди квотаи Президентӣ, ки гӯё 8 нафар дар мактабҳои олӣ аз ҳисоби он таҳсил мекунанд, қайд кардан зарур аст, ки ин маҳз хидмати ҷаноби Президент аст ва на ҳосили заҳмати ҳамон муаллимони дорои маълумоти олии 60 фоизаи Шумо. "Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав агар мардӣ" чӣ хуш гуфтаанд гузаштагони ҳикматдони мо. Не?!

Агар дар 5 соли охир аз водии Язгулом 122 нафар дар мактабҳои олӣ ва "коллеҷҳо" - и ба қавли Шумо шомил шуда бошанд, пас проблемаи маҳви бесаводӣ на танҳо дар Язгулом, балки дар саросари ҷумҳурӣ ҳаматарафа ҳал аст.

Дар охир дар мавриди Водии хомӯшон гуфтани ман, фақат инро бояд гуфт, ки ин масъала аз ман дида барои Шумо равшантару возеҳтар аст ва ҳар як инсони озодандеш инро хуб дарк мекунад, вале агар бихоҳед, ки дар мавриди ин истилоҳ далелу бурҳони қотеътареро биёварам, садҳо мисол овардан мумкин аст, вале хеле ба дарозо мекашад, ки ин муаммои сарпечидааст. Ба ростӣ, ман боварии комил дорам, ки Шумо низ дар ин маврид бо ман ҳамназар ҳастед ва аз ин тарзи зиндагӣ хеле ҳам хаста шудааед, вале худро нодида мегиред, аммо тафовут дар миёни мову Шумо танҳо дар ҳамин аст, ки Шумо ҷуръати ин гуна ҳарф заданҳоро надоред. Инро ман яқин медонам, ки бештари мардуми рӯшанфикри Язгулом дар ин масъала бо ман ҳамфикр ҳастанд.

Бародари гиромӣ Валиҷон, аз ин ба баъд худро ба ин тассаллӣ бидиҳед, ки диёрат обод аст, мушкиле вуҷуд надорад, роҳҳои Шумо ҳама тармим ва асфалтпӯш шудаанд, ки КАМАЗҳои калонтарин аз ин роҳҳо мегузаранд ва борҳои мавриди ниёзатонро бидуни кадом як мушкилӣ барои Шумо мерасонанд. Язгулом водии ободу тараққикарда аст, вале сад афсӯс, ки "Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад".

Аммо пазируфтани интиқод, албатта ойини ҷавонмардист, он ҳам вақте ки он дардхӯри ҷомеа бошад.

Ба ҳар сурат, ҳар чӣ бодо бод, аммо ободии Язгулом ифтихори ҳамаи мост!

Алавӣ душманӣ бо кас наҷӯяд,

Кунанд ар душманӣ, ин кори мо нест.

Бо эҳтиром Абдулқодири Алавӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97