Модари аскарбача: «Ба Президент расонед то тири нохалафро аз дили бачам бигиранд!»

Иҷтимоъ 28.10.2011 10:17

Modari_askarbachaПас аз нашри матлаби "Шаҳидони Данғара аз шаҳидони Сарбанд чӣ фарқ доранд? ( дар "Миллат") Шамсинисо, модари Ҳабибулло Намозов, сарбозе, ки дар даргирии Камароб захмҳои вазнин бардоштааст, аз хабарнигори мо хоҳиш кардааст, то аз минбари "Миллат" дарди дилашро ба Президент Эмомалӣ Раҳмон бирасонем. Зеро дар рӯзи сафари рӯзноманигорон ба Сарбанд Шамсия Намозова дар ин шаҳр набудааст, то аз аҳволи писараш ба онҳо нақл кунад.

Модари аскари захмдор нақл мекунад, ки фарзандаш Ҳабибулло дар задухӯрди 19-уми сентябри соли 2010 дар дараи Камароб ҷароҳатҳои зиёд бардошта, дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Рашт фиристода мешавад. Дар он даргирӣ як тир сутунмӯҳраашро захмӣ карда, тири дигар дар косахонаи сараш қарор мегирад. Ҳамчунин аз зарбаи аввалини тири аслиҳаи вазнин як гурдааш аз бадан ҷудо мешавад. Вақте ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи Рашт мебаранд, қафаси сина, пой ва дигар узвҳои баданаш пур аз тиру оҳанпора будааст. Дар беморхонаи Рашт рудаи борикашро бурида, сурохиҳои рудаи сигмашаклро дӯхтаанд.

Модари аскар мегӯяд: "Ман як умр сипосгузору дуогӯи ҳамон ҷарроҳу духтурони раштӣ ҳастам, ки писарамро аз марг наҷот додаанд. Ба маҳорати ҷарроҳии онҳо дар Душанбе ҳам қоил шуда буданд. Ҳар вақте мушкилиҳои писарам бартараф шуд, ба Рашт мераваму дастони он ҷарроҳеро, ки ба ҷигарбанди ман умри дубора бахшидааст, бӯса мекунам".

Аз модари зор дар бораи вазъи сиҳатии писараш дар ҳоли ҳозир мепурсам. Модар бо дард қисса мекунад: -Д ар як соли баъди он ҳодисаи даҳаштовар касе тоқати шунидани дарди писарамро намекард. Вақте дарди баданаш хуруҷ мекард, намехост, ки ба ҷузъ ман нафари дигаре дар наздаш бошад. Дар рӯзҳои аввали баъди ҳодиса ҳатто як муддате умеди зинда монданаш намонда буд. Як соли баъд аз ҳодиса ранҷу азоби ману фарзандамро мо медонему Худои таоло. Як ҷойи фарзандам дард мекард, сӯйи вазорати мудофиа роҳ мегирифтам ва Шералӣ Хайруллоев Худо нигаҳбонаш бошад, пайваста ба мо кумак мерасонид. Баъди муолиҷаи дурудароз бо кумаки вазир писарамро ба санаторияи Суғд фиристодем. Дар онҷо вазъи саломатиаш хело хуб шуд. Вақте ба Президент нома навиштам, ба мо ҷавоб омад, ки фарзанди маро беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе ва Маркази саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон табобат мекунад. То ин дам табибони зиёде барои солимгардонии фарзанди ман ҷаҳду талошҳо мекарданд.

Баъди муолиҷаи ҷароҳатҳои вазнин писарам Ҳабибуллоро бо ҳафт оҳанпораи дар баданаш боқӣ монда, ба хона овардем. Ҳамчунин то имрӯз як тири аслиҳа дар халтаи дилаш боқӣ мондааст. Табибони шаҳри Сарбанд ду адад оҳанпораҳои бадани Ҳабибуллоро гирифтаанд. Ҳоло боз дар қафаси синнаи писарам 5 оҳанпораи дигар боқӣ мондааст. Ҳабибуллои ман аз он ҳамлаи қотилон ҷароҳатҳое бардоштааст, ки барои табобати он маблағи зиёд лозим аст. Бахусус як тире, ки то ҳол дар халтаи дилаш боқӣ мондааст, моро ба ташвиш меорад. Барои тирро аз дили бачаам гирифтан, бояд ӯро ба ягон дармонгоҳҳои байналмилалӣ мисли Санкт-Петербург ё Олмон бубаранд. Духтурон мегӯянд, "осколка"- оҳанпорае, ки дар бадан боқӣ мемонад, ҳаракат карда наметавонад, аммо тир, ки лағжон аст, шояд дар бадани зинда ҷойи худро иваз кунад.

Модари зор намедонад, ки барои фарзандашро барои ҷарроҳӣ ба хориҷа бурдан, ба ҷузъ Президенти кишвар боз ба кӣ муроҷиат кунад. Зеро ин мушкилиро Вазорати мудофиа ҳал карда наметавонад. "Охир бе ин ҳам дар як соли охир вазири мудофиа кумакҳои зиёде барои фарзанди ман намудааст", - бо миннатдорӣ арз кард модар.

Modari_askarbacha_01- Вақте фарзандам Ҳабибулло роҳгардон шуд, назди вазири мудофиа фиристодамаш то барои гирифтани квота барои таҳсил дар ягон мактаби олӣ дастгириаш кунад. Шукри Худо бо кумаку дастгирии вазир писарам имрӯз донишҷӯй шудааст. Раиси шаҳри Сарбанд дар арафаи ҳар ид ба хонаи мо маводи ғизоӣ ва маблағ барои густурдани дастархони идона мефиристад. Боре намояндаи ҳукумати шаҳр дар боби номгузории кӯча ё мактабе ба номи писарам сухан кушоданд, мо розӣ нашудем. Зеро ман фарзандамро худам ба хидмати Ватан фиристода будам ва ӯ ҳар корнамоие карда бошад, барои Ватани худ кардааст. Имрӯз оилаи мо ба дастгирии молӣ ниёз дорад, то тиру оҳанпораи дар бадани Ҳабибуллоҷон боқимондаро безарар гардонем, - иброз медорад бону Шамсинисо.

Ба ин суоли хабарнигори "Миллат", ки "оё ягон нафар барои дастгирии молӣ ва ё роҳи дарёфт кардани маблағ ба Шумо кумак ё маслиҳат надодааст?" модар чунин гуфт; "Вақте шунидам, ки барои табобати пурраи Ҳабибулло маблағи калон лозим меояд, суратҳисобашро кушода будам, аммо писарам аз рӯи ғурури ҷавонӣ ба ин ризоият надод. Бисёр таъикд кард, ки бо ин роҳ маблағ ҷамъ накунам. Аммо дар ҳамон як муддати кутоҳ идораҳои қудратии шаҳри Сарбанд ҷамъ 400 сомонӣ ба он суратҳисоб супорида буданд. Бо он маблағ ба табобат фиристодамаш. Ҳамчунин чанд рӯз пеш ҳамон маблағи суғуртаи давлатиашро ҳам ба мо расониданд, ки аз он маблағ 2000 сомониашро барои ҷарроҳии ояндаи писарам дар суратҳисоб нигоҳ доштам. Мақсади ман аз муроҷиат ба рӯзномаи шумо ин аст, ки таваллои маро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонед, то барои табобати писарам ба ман кумак расонанд. Зеро гиреҳкушои ин мушкили мо танҳо ва танҳо худи президент, ки кафили ободиву осудагии мост, мебошад".

Ба гуфтаи бонуи Шамсинисо, онҳо дақиқ намедонанд, ки барои ҷароҳати дили писараш дар хориҷа чӣ миқдор маблағ лозим меояд. Вақте ба дармонгоҳи эрониҳо воқеъ дар Душанбе меравад, ба ӯ мегӯянд, ки барои чунин ҷарроҳӣ маблағи зиёд лозим аст, аммо табибон кафолати 100% дода наметавонанд. Баъзе наздикону нафароне, ки дар фикру ғамхории Ҳабибулло мебошанд, ба модари ӯ гуфтанд, ки дар хориҷ чунин ҷарроҳиҳоро бо муваффақият мегузаронанд.

Модари Ҳабибулло мегӯяд: - Ман барои фарзандонам ҳам модарам ва ҳам падар. Падари Ҳабибулло, собиқ корманди идораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Хатлон дар як амалиёти ҳарбии солҳои 1997 дар ноҳияи Панҷ аз асари таркиши БТР, ки дар дохили он буд, ҷароҳатҳои вазнин бардошта, чандин сол нафақагири маъюб ба шумор мерафт. Падараш ду сол пеш аз дунё гузашту дар солгарди ёдбудаш писараш Ҳабибулло дар ҳодисаи Камароб захмин шуд. Ҳабибуллои ман гуштигир буду дар якчанд мусобиқаҳо ғолиб баромада буд. Табибон ҳам гуфтанд, ки натиҷаи ҳамон машқҳои дар хонаву хидмати ҳарбӣ кардааш буд, ки ҷисми пурқувваташ ин ҳама захму ҷароҳатҳои вазнинро бардошт карда тавонистааст. Шунидам, ки вақте ҷасади дар хун оғуштаи Ҳабибулло дар роҳ мехобидааст, он ҳамлагарон фаромада, аслиҳаи афсаронро мусодира кардаанд. Ҳабибулло онҳоро дашномҳои қабеҳ дода, талаб кардааст, ки ӯро ҳам дар қатори ҳамяроқонаш паронанд. Аммо қотилон бо азоби худаш мурад гуфта, ӯро намекушанд. Бо тақдири илоҳӣ, писарам то имрӯз зинда мондааст.

Модар гирён шуда, таъкид мекунад: - Ман танҳо ба хотири тирро аз дили писарам гирифтан ба Президент муроҷиат мекунам. Касе фарзанд дорад, ҳолати маро дуруст дарк мекунад. Мақсади ман ин аст, ки агар имкон ёбанд, фарзанди маро ба хориҷа фиристода, тири дилашро безарар гардонанд. Зеро ман як модари муштипаре ҳастам, ки фарзандонамро бе падар тарбия карда истода, имкони молӣ надорам, ки писарамро барои ҷарроҳӣ ба хориҷа фиристам.

P.S.: Шамсинисо Намозова, модари аскари дар Камароб захмӣ шуда, се писару ду духтар дорад. Ӯ қаблан дар корхонаи Тоҷик Азоти шаҳри Сарбанд кор мекардааст, аммо ду сол боз ин корхона фаъолият надораду бону Шамсинисо бе ҷойи кор мондааст. Фарзанди калонии хонадон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, аммо чандест, ки кори хуб пайдр намекунаду ба оила ёрӣ расонида наметавонад. Писари хурдии ӯ дар донишгоҳи соҳибкорӣ таҳсил дорад. Модар ният дорад, фарзандашро ба шӯъбаи ғоибона гузаронад, то ӯ дар ягон ҷой кор карда, дар таъмини оила бо ғизо ба модараш кумак расонад. Ҳабибулло донишҷӯй асту имкони дар истеҳсолот кор карданро надорад. Духтарони хонавода дар мактаби миёна таҳсил доранд. Воқеан вазъи сангини рӯзгори ин хонавода аз дигар хонаводаҳо кам фарқ мекунад, аммо набояд фаромӯш кард, ки Ҳабибулло ба ҳангоми иҷрои хидмати сарбозӣ захмӣ шудааст ва хонаводааш ҳам тавони табобати ӯро надорад. Аз ин рӯ кумак ба ӯ масъулияти на танҳо президент, балки қарзи инсонии ҳар шаҳрванд аст, ки ба ҳар тариқа ёрӣ расонанд.

Таҳияи Ҷ. Сайфиддин

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97