Ватан вайрона аз ағёр аст, на аз ёр

Иҷтимоъ 19.10.2011 08:01

PosuKHСӯҳбати рӯзноманигор Раҳматкарими Давлат бо Абдулқодири Алавӣ таҳти сарлавҳаи "Абдулқодири Алавӣ: "Язгуломро наҷот диҳед!" ё замоне, ки зодаи Бадахшон будан гуноҳ буд", ки дар шумораи № 38 (316) ҳафтаномаи "Миллат" санаи 21 сентябри соли 2011 интишор гардидааст, дар назари аввал диққати хонандаро ба худ ҷалб менамояд, вале то чи андоза посухҳои Абдулқодири Алавӣ асоси воқеӣ доранд, ба хонанда рӯшан нест ва бисёр эродҳои дар сӯҳбат овардашуда ба ҳақиқат рост намеоянд.

Қабл аз ҳама аҷобат дар он аст, ки бархе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз қабили Абдулқодири Алавӣ солҳои зиёд дар хориҷи кишвар истиқомат ва кор намуда, аз дигаргуниҳои кишвар бохабар нестанд. Ба дастоварду пешравиҳои он бо айнаки сиёҳ менигаранд. Ин гуна ашхос аз рӯйи манофеи шахсии худ ба ҳама чиз баҳо дода, ҳамеша сафедро сиёҳ дидан мехоҳанд.

Абдулқодири Алавӣ, ки аз тағйиротҳои дар хонааш рух дода, воқиф нест: "Чун вориди хона шудам, бародаронам дар хона набуданд ва дигар касе маро намешинохт. Ман вориди ҳавлӣ шудам, зани бародарам дар танӯр нон мепухт. Ман рафтаму дар манҷаи рӯи ҳавлӣ нишастам. Аҳли хона гумон карданд, ки кӯҳнавард ё сайёҳе ҳастам. Яке аз ҳамсояҳо омаду маро шинохт ва аҳли хонавода хабар шуданд, ки он сайёҳ манам" чигуна метавонад, ки дар бораи пешравиҳои дар ҷамоати деҳоти Язгулом дар зарфи 20- соли Истиқлолият маълумоти аниқ дошта бошад, ки Язгуломро водии хомӯшон ном ниҳад. Ва ба посухҳои по дар ҳавои Абдулқодири Алавиро оиди тағйирот дар ин ҷамоат бо далелҳои саҳеҳ рӯи об меандозем, ки мардуми ин водиро аз дидгоҳи фарҳангӣ мутаасиб ва дар таҳти фишори мазҳабӣ қарор дошта хондааст: "баланд хандидан, шодӣ кардан, мусиқӣ навохтанро гӯё, ки касе ҳақ надорад. Ва ҳамаи маросимҳо ба мисли мотам мегузаранд… Ҳеҷ кас аз кормандони давлат ба онҳо коре надорад, назорат ҳам намебарад".

Ин ақидаҳо беасос буда, дар ин ҷамоати деҳоти мо тӯйҳои хонадоршавӣ ба хусус маросими гусели домод ба хонаи арӯс ё гусели арӯс ба хонаи домод таҳти навои мусиқии хоси ин водӣ баргузор мегарданд.

Духтарон ва бонувони язгуломӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ", ки даври якумаш дар сатҳи ҷамоат баргузор гардида, дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ҷумла Азораева Таманно, - омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 22 - и ҷамоати деҳоти Язгулом дар ноҳияву вилоят ҷойи аввалро ишғол намуда, дар ҷумҳурӣ сазовори ҷои намоён гардид.

Магар духтарони таҳти фишори мазҳабӣ қарор дошта, дар чунин озмунҳо иштирок менамоянд?

Боз гуфтаниям, ки иди байналмилалии "Наврӯз", "14- солагии Ваҳдати миллӣ" ва "20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар ҳар як деҳаи ҷамоати мо ҷашн гирифта шуда, овози ширадори ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Исломиддин Доштов, сокини ҳамин водӣ басо хотирмон буд.

Оё баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар сатҳи деҳаҳо ва ҷамоат аз таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ванҷ ба рушди фарҳанги ин водӣ намебошад?

Андешаҳои ҷаноби Алавӣ нисбати мактаб дар ин водӣ бӯҳтон аст, зеро худи ӯ дар зарфи 20- сол ҳамагӣ ду маротиба аз зодгоҳаш дидан намудааст ва ба назараш мактаб ҳасту гӯё, ки нест ӯро ба ҳайрат андохта, ба эҳсосот иброз доштааст, ки "То ба дараҷае расидааст, ки мардум наметавонанд дигар фарзандонашонро ба донишгоҳҳои олӣ барои хондан бифиристанд, зеро аксарияти ҷавонон бесаводанд. Дар тӯли 20- соли истиқлол шояд ду се нафар аз тамоми Язгулом дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд".

Худ мулоҳиза намоед, ки дар зарфи 20- сол ҳар сол 1 -нафар хонанда ба мактабҳои олӣ дохил шуда бошад, 20- нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Язгулом 7 адад мактаб, аз ҷумла 4 мактаби таҳсилоти миёна, 1 мактаби асосӣ ва ду мактаби ибтидоӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 123 нафар омӯзгорон, ки аз инҳо 60 фисадашон дорои маълумоти олӣ, 40 фисади дигар дорои маълумоти миёнаи касбӣ буда, ба 1543 нафар толибилмон таълим медиҳанд. Танҳо соли ҷорӣ 31 нафар хатмкунандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Язгулом ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Дар ду соли охир 8 нафар хонандагон бо квотаи Президентӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва 5 соли охир бошад 122 нафар ба мактабҳои оливу коллеҷҳо дохил шудаанд.

Дар зарфи 20- соли истиқлол маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ барои азнавсозӣ ва таъмири асосии мактабҳои ин деҳот сарф гардида, бо техникаи компютерӣ ва мизу курсӣ таъмин карда шуданд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 23-и деҳаи Жамаки ҷамоати деҳоти Язгулом дар ин муддат борҳо аз таъмир бароварда шуда, баъди заминларзаи 2-юми январи соли 2010 ба таҷдид ниёз дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, таълим дар мактаби мазкур боре ҳам қатъ нагардидааст.

Моҳи августи соли равон маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ барои сохтмони мактаби деҳаи Жамак ҷудо гардида, сохтмонаш рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Шояд дар хотири Алавӣ аз тариқи роҳҳои кӯҳиву дарраҳо ба Афғонистону дигар кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ рафтани ҷавонон ва ба таҳсили динӣ машғул шудани онҳо аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда, рӯйдодҳои он замонаро ба имрӯз шабоҳат медиҳад.

Тибқи сарчашмаҳои расмӣ дар хориҷи кишвар (Афғонистону Покистон) ягон нафар ҷавони ин водӣ ба таври ғайри расмӣ таҳсили илм надорад.

Дар охири сӯҳбат ҷаноби Алавӣ изҳор намудааст, ки "бо истифода аз тариқи рӯзнома ба раҳбарони давлат бирасад, ки зодгоҳи ман водии Язгуломро қариб фаромӯш карданд, ба мисли саробон мондаву ман ӯро водии хомӯшон ном ниҳодам, тақозову хоҳиш мекунам, ки онро роҳбарони ҷумҳурӣ фаромӯш накунанд".

Водии хомӯшон ном ниҳодани Язгулом ва ба мисли "саробон" монанд кардани он бо далелҳои беасос аз ҷониби зодаи ин диёр нисбати ҷамоати деҳоти Язгулом таҳқир буда, сахт нигаронкунанда мебошад.

Шахсе, ки 20- соли охир дар хориҷи кишвар истиқомат мекунад, аз куҷо донад, ки моҳи январи соли 1999 як рӯзи кории Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Язгулом бахшида шуда, дар он рӯз ниругоҳи барқи обии Андарбак бо иқтидори 250 КВТ/соат бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуда, ҳоло дар хизмати мардум қарор дорад.

Барои рушду нумӯи ин ҷамоат ду маротиба қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "Дар бораи нақша- чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоати деҳоти Язгулом" барои солҳои 2000-2005, ва 2009-2013 қабул гардида, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд.

Дар ин муддат сохтмону азнавсозӣ ва таъмири 5 адад мактабҳо, касалхонаи минтақавӣ барои 25 кат, маркази саломатии деҳаи Андарбак, бунгоҳи тиббии деҳаи Жамак, хати обгузари дашти Язгулом барои 60 га заминҳо, кушода шудани ду адад алоқаи кайҳонии "Дама" ва телефонҳои мобилии Индиго, Билайн ва фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизиони Тоҷикистон шаҳодати дар таваҷҷӯҳи Сарвари давлат қарор доштани ҷамоати деҳоти Язгулом мебошад.

Абдулқодири Алавӣ 20 сол дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия кору зиндагӣ дошта, муддати кӯтоҳе, ки аз зодгоҳаш дидан намудааст ва ният дорад, ки водии Язгуломро ба шаҳри Маскав баробар кунад. Албата ин ғайри имкон аст. Ӯ ҳамчун сокини ин водӣ ба ҷои он ки Ватанро вайрона аз ёр гӯяд, мебояд, ки агар имкон дошта бошад, дар рушди он саҳмгузорӣ намояд.

Ватан вайрона аз ағёр аст, ки аз берун нишаста, ба он аз дидгоҳи манофеи худ назар меафканад, на аз нигоҳи манфиятҳои мардум.

Раиси Ҷамоати деҳоти Язгулом: Валиҷон Маҳмадуллоев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97