«Шӯрои ҷамъиятӣ» нишонаи нобоварӣ миёни мардум ва давлат аст

Иҷтимоъ 12.08.2011 10:27

MeHmoNshOhi 07ШАХСИЯТ ДАР НИҲОДҲОИ ХАРОБ НАМЕСАБЗАД
Ин ҳолатест, ки худ аз муқобили ҳам шудани ҷомеа аз як тараф ва оила ва мактаб аз тарафи дигар дарак медиҳад. Мардуми англис ҳикмате доранд; "хонаи ман қасри ман аст" (my house is my castle) ва ин ба ҳама тамаддунҳо хос аст. Харобии системаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ- фарҳангии ҷомеа ва ноҳамоҳангии онҳо боиси бӯҳрони шадид дар хонаводаҳои тоҷик гардидааст. Оила дар давоми ҳазорсолаҳо барои тоҷик ҳамчун сарчашмаи арзишҳо ва ормонҳои асл ба ҳисоб мерафт. Имрӯз яке аз нақшҳои муҳимми оила ин нигаҳдории покии муҳити ҷомеа бо нигаҳдории муносибатҳои поки ҷинсӣ ва таваллуди кӯдаки солим аст.

Дигар нақши муҳимми оила, ин дар кӯдак тарбия кардани хислати муҳими фарҳангпазирӣ мебошад. Ин арзишест, ки инсон аз кӯдакӣ то пирӣ бо он хоҳад зист ва он аз усули маориф, ки дар ҷомеа мебинем, фарқ дорад. Умуман ин оила аст, ки кӯдакро аз мактаб то донишгоҳ ва аз ин дуртар ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекунад. Ин сатҳест, ки дар он дунёи равонии кӯдак, одамият ва ҳаётро дӯст доштан сабз мешавад.Мутаассифона, чун ҷомеа дар ҳоли бӯҳрон аст, идеология ва намоишкории беҳуда ба таркиби оила дахолат карда истодаанд. Ба фикрам, бештар мушкилоти дониш ва маорифро шинохтан ва ҳал кардан зарур буд, ки ба воситаи илм, технология ва дониши навтарин сифати ҳаёти мардум беҳтар шавад.  
Имрӯз ҷомеаи тоҷик на он ҷоест, ки ҳар ҷавони аз оила берун шуда дар он ҷо барои амалӣ кардани дониш ва таҷрибаи худ, хоҳишҳои худ ва тахайюлоти худ фазои солим пайдо кунад. Маълум аст, ки ҷавонон барои инкишофи шахсияти худ ба ҷомеаи дорои системаҳои солими иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ - фарҳангӣ ниёз доранд. Худӣ, он нуқта ва ҷавҳари ташаккулёбии шахсият, дар ин системаҳо ва ниҳодҳои хароб сабзидан наметавонад, қудрати нав, дониши нав ва таҷрибаи нав гирифтан наметавонад.  

Ҷомеа дигар дарё нест, ботлоқ шудааст
Афсӯс, ки китоби Гулрухсор "Сакарот" - ро то ҳанӯз дастрас накардаам, вале ҳаркӣ чашми маънибин дорад, дар ин воқеъият метавон хонд, ки ин ҷомеъа дигар ҳаракат надорад, дарё нест, балки ботлоқ аст, ки атрофаш аз садои беҳуда пур аст ва ё ҷисми мурдаест, ки болояш танҳо якчанд лошахорҳои маҳаллӣ ва бегона парвоз доранд. Вақте ки роҳбари Кумитаи ҷавонон Маликшо Неъматов мегӯяд; "Аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд", ӯ ё намедонад ва ё медонаду  иқрор шудан намехоҳад, ки хеле аз ҷавонони тоҷик кайҳо боз дар мулки бегона аробаро барои дигарон воқеан кашида истодаанд. Ба гуфти баъзе таҳлилгарон, ин аробакашҳо оромиро дар кишвар нигоҳ дошта истодаанд. Ин сухан агар дуруст аст, пас Маликшо ҳақ аст ва давлат ҳам худ маълум аст, ки аробаи киро кашида истодааст. Умуман воқеияти тоҷикон чунин аст, ки халқ (ҷавонон) ҳам аробаро, ҳам аспҳои аз қафо ба он басташударо ҳамроҳ бо Маликшову давлаташ кашида истодаанд. Ин аст натиҷаи аробаро пеш аз аспҳо бастан, яъне дониш ва маорифро дуруст истифода накардан.

БО ШИОР ЗИСТАН МУШКИЛРО ПЕЧИДАТАР МЕСОЗАД
Ин ҳолат, ки ёд кардем, боиси он шудааст, ки оила ва мактаб дар ҷомеа такягоҳ пайдо намекунанд ва ин боиси суст шудани онҳо гардидааст. Ба фикрам беҳтар мешуд, ки сиёсати давлат бештар ба ташкили ақлонии ҷомеа ва мустаҳкам кардани системаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии он равона мегардид, ки он бештар боиси пурқувват шудани оила ва мактаб мегардид ва инчунин нуфузи падару модар дар оила зери хатар намемонд. Аслан оила, ба хусус оилаи тоҷик, худ дар ташкили маориф нақши фаъол бозӣ мекунад. Боварӣ дорам, агар ҷомеа обод ва донишбунёд бошад, зарурияти маҷбур кардани оилаи тоҷик барои ҳамкорӣ бо мактаб тавассути қонун намемонад. Ин қонун он вақт амалӣ мешавад, ки ҷомеа дар роҳи инкишоф бошад. Метавон гуфт, ки мо аслан имрӯз идеологияи собиту устувор бо дониш ва возеҳ надорем то тавонад ҳамбастагии таркиб ва ниҳодҳои ҷомеаро ташкил намояд, ҳувияти ягонаро ба вуҷуд биоварад. Бисёр касон, ки дар бораи идеологияи миллӣ ҳарф мезананд, тамоман дарк накардаанд, ки идеология бофта ва дар конфронсҳо сохта намешавад. Идеология якҷоя бо раванди ташаккулёбии миллат ба вуҷуд омада, шакл гирифта, пурқувват мегардад. Идеология вақте вуҷуд дорад, ки дар ҳаёт ва дар воқеият дида мешавад. Вале мо имрӯз олитарин арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои худӣ ва писандидаи дигаронро дорем, ки агар ба онҳо имкони амал карданро дар ҷомеа ва фарҳанг бидиҳанд, мушкилоти мо тезтар ҳал мешавад. Таҷрибаи дигарон нишон медиҳад, ки якҷонибгароӣ дар идеология ва чашми ҳамаро бо шиорҳо пӯшонидан боиси маризиҳои зиёди ҷомеа мегардад. Ин рӯйдодест, ки дар бораи он Ҳорхеймер дар мисоли ҷомеаи Олмони солҳои 30-юми асри ХХ қайд мекунад, ки чи тавр "маорифи имрӯз пурра аз тарафи ҷомеа бе иштироки оила идора шуда истодааст" ва "мактаб ва хона функсияи маорифпарварии худро дар масъалаи тайёр кардани одам барои ҳаёт дар ҷомеа гум кардаанд". Ва ин таҷрибаи дигарон ҳушдор медиҳад, мустақилияти ин ниҳодҳо, яъне оила ва мактабро набояд маҳдуд кард...

ГУФТАҲО БО ВОҚЕЪИЯТ ДАР ҶАНГАНД
Фикр мекунам, имрӯз давлати Тоҷикистон дар хусуси идора кардан ва муҳайё кардани шароити донишандӯзӣ роҳи худро пайдо карда, беҳтарин сиёсатро бурда истодааст, вале аз сабаби бесалоҳиятӣ, хунукназарӣ ва коғазбозии роҳбарият дар маориф маризиҳои таърихии гузашта дар ҷомеаи мо такрор шуда истодаанд ва сабаби беҳаракатии дониш ва маориф гаштаанд. Дурусттар мебуд, бунёди донишҳоро аз кӯдакистон ва мактаб болои самимият, ростӣ ва ҳаққонияти дониш дар бораи худ ва дигарон гузошта ба кӯдак фикр кардан, фаҳмидан ва адолати иҷтимоиро дарс бидиҳем. Бо ин падида, ки дар мактабҳои худ онро мегӯем, ки бо воқеияти мо рост намеояд ва вақте ки арзишҳои созандаи мо дар саҳифаи китобҳои мо ва воқеияти мо бо ҳам дар ҷанганд, мо бунёди шахсиятҳои равонгусехтаро (schizoid) низ мегузорем, ки чунин шахсият бо гуфти муҳаққиқи англис Лайнг "...чунин шахс худро наметавонад "ҳамроҳ" бо дигарон ё дар ин дунё "дар хона" (яъне оромии рӯҳӣ надорад- М.Ш.) таҷриба кардан, балки худро дар ҳолати танҳоии пурташвиш ва маҳдудиятҳо, гузашта аз ин, ӯ худро на шахсияти комил, балки аз бисёр ҷиҳат нокомил мебинад...". Ин шахсиятҳо на барои мудирият ва ё роҳбарият, балки барои аробакашӣ ва зистан дар "ҷомеаи театрикунонидашуда" мувофиқанд. Ин маънӣ, ки аз тарафи яке аз дӯстони ман сикка зада шудааст, истилоҳест, ки аз тарафи рӯзноманигорони шабакаҳои телевизиони тоҷик зиёд ва махсус дар рӯзҳои ҷашнҳо истифода мешавад, ҳолати аҷиби мардумро, ки аз ҷашн ба ҷашн гузаронида истодаанд, ифода мекунад.   

Ҳукумати ғайбат ва ҷоду
Имрӯз дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз мафҳумҳои ҷомеаи донишбунёд ва ҷомеъаи фикркунанда ёд мекунанд, вале дар мо наметавон гуфт, ки тафаккури ғолиб, фалсафаи ҳукмрон ё умуман усули шинохти ҳукмрон дар ҷаҳонбинии тоҷикон кадом аст. Оё воқеияти худро рӯ ба рӯ мешаванд ё боре бунёди фаҳмиш ва шинохти тоҷикиро, мисли мардоне чун Ғазолӣ, Ҳайдеггер ва дигарон, зери шубҳа ва савол гузоштаанд? Чаро олимони мо, файласуфони мо аз бархурди хеш ба воқеият, ба ҳастии худ, китоб он тараф истад, ҳатто хотирот наменависанд? Он чи менамояд, на он "ҳақиқат" аст, ки мо барои худ мехоҳем. Баъзан аз тарс ва ё аз ҷаҳл шохаҳои аслии таҳқиқро монда, "ба шохаҳои бемева баромада мераванд".  Ин бетарафии олимон ва файласуфон, ки дар бораи воқеият таҳқиқоти таҳлилӣ ва танқидӣ надоранд, кори мардумро дар шинохти худ, ҷомеаи худ ва ҷаҳони имрӯз мушкил мекунад.
Масъалан, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи хуби сохтмони ҷомеъаи донишбунёдро доранд. Гуфтан мумкин аст, ки дар мо ҷомеаи мавҷударо бо ҳамаи системаҳояш, чунон ки дар забони англисӣ як сухани маъмул доранд, "ҳамчун тӯҳфа" (as a granted) дарёфтанд. Ва ҷомеи мо бо сабабҳои дар боло ёд шуда ва боз сабабҳои дигар ба як ҷомеаи "театрикунонидашуда", ки дар он ҳамоҳангии иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, худӣ ва ахлоқ дида намешавад, табдил ёфтааст. Барои ҷомеаи обод доштан таркибҳо, ниҳодҳо, низомҳои (системаҳо) онро бояд шинохт, ҳамбастагии онҳоро ба таври ақлонӣ ташкил кард ва роҳбарӣ кард, чаро ки ҷомеа як ҷисмест (организмест), ки вобаста ба хоҳишҳо ва зарурияти мардум дар ҳоли пешравӣ ва тараққист. Агар дониш, илм ва маориф, ки аз унсурҳои аслии инкишофи ҷомеа мебошанд, дар ҷомеа кор накунанд, он гоҳ дар ҷомеа ғайбат ва хурофот ҳукмрон мешавад. Чунон ки имрӯз тахайюлот ва фикри мардумро дар ҷомеаи мо ғайбат, хурофот ва ҷодугарӣ  фаро гирифтаанд. Ба гуфти ҳаким Фирдавсӣ  "ҳунар хор шуд, ҷодугӣ арҷманд", ва бисёр мардуми бесалоҳият ва аз илму дониш ва таҷриба бехабар, ки имрӯз соҳиби мансаб шудаанд, мавқеи худро бо пешгӯии фолбинон, ҷоду ва туморҳо "мустаҳкам карда истодаанд". Чунин фарҳанги нанговарро мебояд шикаст ва машруияти донишро дар ҷомеа барқарор кард.

Худии тоҷикии аз ҷомеа ғоиб
Дар давраи Шӯравӣ мо мардуми китобхон ва китобдор зиёд доштем ва имрӯз ҳам ба заъфи тарҷума ва нашри китобҳои навтарини башар нигоҳ накарда, шояд китобхонҳо монда бошанд, вале ин маънои онро надорад, ки ҷомеаи донишбунёдем ва фикркунанда. Ин мутолиаҳо ва фикрҳо аз воқеъият тамоман дуранд ва фикрҳо равандеро, дигаргуниеро ва тағйиротеро ба вуҷуд намеоранд, дар ҳоле ки тарафҳои муҳимтарини ҳаёт фалаҷ шудаанд. Барои мо, фикр мекунам, барои сифати зиндагии худро беҳтар кардан, аввал, ин ба арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои худӣ огоҳона, самимона ва бо боварӣ такя кардан аст. Чун маданияти мустаҳками ягона ва фарҳанги солим дошта бошем, худии (шахсияти) дар он шакл гирифта созандагӣ ва мардонагии баъзан "не" гуфтанро ба арзишҳои барои мо номатлуб, ки мавҷи ҷаҳонишавӣ меорад, хоҳад дошт. Ин ҷо ба маврид аст ишора кунем, ки тараққиёти саноат ва ҷомеаи Ҷопонро аксари муҳаққиқон дар шахсияти ҷопонии фаъол, ҳувияти ягона ва баҳсҳое мисли Nihonjin ron (Мо ҷопониҳо кистем?), Nihon bunka ron (Маданияти ҷопонӣ чи гуна аст?) ё ба таври оддӣ Nihon ron (Ҷопон чист?), ки дар ҷомеаи рӯҳшикаставу ҷисман заъифшудаи ҷопониҳо, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон сурат гирифта буд, медонанд. Ин баҳсҳо тавонистанд муҳаррики ҷомеаи ин мардум гарданд ва чаро баҳсҳои дуру дарози равшанфикрони мо дар атрофи ин масъалаҳои ёд шуда ба муҳаррики ҷомеа табдил намеёбад?! Ба ақидаи ин ҷониб, он чӣ дар бораи "шахсияти ҷопонии фаъол" гуфтем, наметавонем дар бораи тоҷик онро бигӯем. Бо маризиҳои таърихии худ, махсусан маҳалчигӣ ва фасод, ки аз якдигар қувват мегиранд, ҷомеаи воҳидро аз байн бурда истодаем ва сатҳи воҳиди фарҳангӣ, ки дар он ин маризиҳо дар вуҷуди Тоҷикон набошад, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Зарур аст, ки ҳама равшанфикрон ва сиёсатмадорон бо ҳам биоянд ва арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳоеро, ки Тоҷикро - Тоҷик месозанд, беҳтар аз ин шинохта тақсим накунанд. Ин ҷо ба "худӣ" -и тоҷик, ки дониш ва таҷрибаи чандин тамаддунҳоро дорад, такя мебояд кард, на ба индивидуализми маризи ғарбӣ ва на ба коллективизми дорои "худӣ" - и заъифи шӯравӣ. Мавҷуд будани ташкилоте бо номи "Шӯрои ҷамъиятӣ" худ нишони парокандагии ҷомеа ва нобоварӣ байни мардум ва давлат аст. 

ПАЙҒОМБАРро БО ФАЙЛАСУФ муқобил нагузоред!

Дуввум, ин шинохт ва аз худ кардани илм ва технологияи имрӯзаи инсоният ва фарҳанги амалан истифода кардани он аст. Вале дар ин ҷода набояд фаромуш кард, ки гузаштагони мо ҳам дар бунёди ин фарҳанги илмӣ ва технологӣ хидмати босазое кардаанд. Ба хусус имрӯз намебояд танҳо ба усулҳои дониш ва илмии позитивистӣ дунёро шинохт ва бо табиат муносибат кард. Ин равиши яктарафа ва мантиқмарказиро дар таърихи илм ва дониши ғарбиён, ки ақли ҳамафарогирандаро ба ақли инструменталӣ табдил дода буданд, аз тарафи мутафаккирони ғарбӣ аз Ҳуссерл сар карда то Ҳабермас зери таҳлил ва танқиди сахт қарор гирифта буд. Имрӯз дар доираҳои академикии мо ҳаракатҳои муқобилгузории ақл бо ваҳй, пайғомбар бо файласуф дида мешавад, ки он бар зарари инкишоф ва истеҳсоли илм ва дониш, ва сохтмони худии тоҷик аст.

ЧӢ БОЯД КАРД ТО ХУРОФОТ НЕСТ ШАВАД?
Умуман Тоҷикистон заминаи хуберо барои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ аз собиқ Шӯравӣ ба мерос гирифта буд. Боз як бори дигар он мутахассисони варзидаро бояд дастгирӣ кард то дониши бунёдӣ дар Тоҷикистон зинда шавад. Мо олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи физика, химия, биология, риёзӣ ва дигар соҳаҳо доштем ва дорем, ки метавонанд кореро анҷом бидиҳанд. Дар ин соҳа мактаби Шӯравӣ дар ҷаҳон беҳтарин буд ва имрӯз метавон дид, ки дар байни барандагони мукофоти Нобелӣ собиқ олимони мактаби Шӯравӣ зиёд ҳастанд. Мустаҳкам кардани ҷаҳонбинии илмии мо дар ҳамоҳангӣ бо арзишҳо ва ормонҳои мо метавонад хурофотро дар ҷомеа нест кунад. Ҷаҳонбинии илмӣ  дар тамаддуни ғарб аслан дар мубориза бо нуфузи ҷаҳонбинии маҳдуди масеҳият ва қудрати калисои католикӣ шакл гирифта буд. Рӯҳи ин падидаро идеологҳои болшевик бо ҷаҳли мураккабтар дар байни намояндагони тамаддуне,  ки аз ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагии  илму имон, инсону кайҳон хабар доштанд, паҳн карданд. Ин заҳри идеологиро дар ҷомеа мебояд нест кард. Сеюм, ин барқарор кардани манзалати (статуси) улуми иҷтимоист, ки онро дар давраи давлати тамомиятхоҳи Шӯравӣ гум карда буданд. Бо он ки донистани дониш ва таҷрибаи дигарон, махсусан ғарбиён, барои мо сахт зарур аст, ин улуми иҷтимоӣ набояд берун аз дониш ва таҷрибаи тоҷикон дар бораи "озодӣ" ва "ҳақиқат" шакл гирифта бошанд. Масъалан, илмҳои тозаи сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, антропология, лингвистика, равонковӣ, маданиятшиносӣ, таърих ва ғайраро, ки назарияҳо ва усулҳои навтаринро доранд ва инчунин бо воқеияту фарҳанги мо ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ доранд, мебояд бунёд гузошт. Системаи мустақили донишии (episteme) худро, ки дар он худӣ, қудрат ва ҷомеа сохта мешаванд, ташкил мебояд дод. Дар ин роҳ барои аз чорчӯба ва маъниҳои аз даврони Шӯравӣ монда баромадан барои мо инкишофи назарияи танқидӣ, ки дар ташкили ақлонии ҷомеа ва заруриятҳои инсон реша дорад, ва озодии ақлӣ зарур аст. Ин арзишест, ки дар давраи Шӯравӣ надоштем ва мебоист ҳамон вақт дар мубориза бо системаи тамомиятхоҳи Шӯравӣ шакл мегирифт, ки назарияи "истиқлол» - ро мустаҳкамтар ва фаҳмиши онро барои мардум равшантар мекард. Яке аз тезисҳои машҳури академик Сахаров А.Д.,  ки таҷрибаи огоҳонаи зистан дар ҷомеаи идеологии тамомиятхоҳро дошт, ин озодии ақлонии инсоният буд, он дар "Андешаҳо»-яш, ки дар соли 1968 дар хориҷ аз Шӯравӣ нашр шуда буд ва дар солҳои оғози бозсозӣ мақолае аз он нашр шуд. Ӯ навишта буд, ки "...ҷомеаи инсониро озодии ақлӣ зарур аст - озодии қабул ва паҳн кардани ахбор, озодии таҳлили беғаразона ва бе тарс, озодӣ аз фишори нуфуз ва хурофот. Чунин озодии сегонаи фикр - кафолати асосии гирифтор нашудан ба афсонаҳои оммавӣ аст, ки метавонад дар дасти авомфиребони дурӯяи хунхор ба осонӣ ба як диктатураи хунин табдил ёбад". Имрӯз ба шарофати истиқлол мо ин озодиҳоро дорем, ҳарчанд ки дар истифодаи онҳо мушкилиҳо ҳанӯз ҳастанд.

Тоҷикистон донишбунёд мешавад

Масъалаи дониш маориф чунон ки дар тамоми давлатҳои тараққӣ карда ва рӯ ба тараққӣ ҳаст, бояд яке аз масъалаҳои асосӣ ва бунёдии сиёсати давлати имрӯзаи Тоҷикистон бошад, ҳарчанд ки имрӯз барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҳосили донишҳои ҳозиразамон истифода кардан (дастрасӣ доштан) бисёр вазнин аст, чунки дониш худ ба маҳсули савдо табдил ёфтааст ва нархи гароне дорад. Вале меарзад сарватро барои муаллимон, олимон ва истеҳсоли донишу илм, ки мағзи ҷомеа мебошанд ва сабаби инкишоф ҳастанд, сарф кард. Имрӯз пажӯҳишгоҳҳои улуми иҷтимоии Тоҷикистон вазъи хароби модӣ ва маънавӣ доранд, ҳол он ки мустақилият ва қудрати ҳар як давлатро аз фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои илмияш ҳамчун пажӯҳишгоҳи антропология, сотсиология, сиёсатшиносӣ ва ғайра мешиносанд. Ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон заминаҳои сохтани ҷомеъаи донишбунёдро дорад ва ҳукумати Тоҷикистон, хусусан сарвари давлат, имрӯз дар пайи амалӣ шудани он ҳастанд...
Ин ҷо ҷомеъаи донишбунёдро аз ҷомеаи ахборбунёд ва ғайбатбунёд фарқ бояд кард, зеро дониш метавонад ҳама сатҳҳо, системаҳо, ниҳодҳои ҷомеа,  бунёди худӣ ва ахлоқи мардумро дар бар гирад ва обод созад, ки ахбори хушку холӣ ин корро карда наметавонад...
Меҳмоншоҳ Шарифов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97