Раисҷумҳуре, ки ҳеҷ гоҳ номзад ба президентӣ нашуд

Иҷтимоъ 12.08.2011 10:20

SohiBNAZAR 06Ӯ дар миёни тоҷикон душман намеҷуст
Аслиддин худро аз ранҷишҳо дар гӯша намегирифт, ҳатто бо ҳамаи онҳое, ки бо ӯ самимӣ набуданд, менишаст, чою қаҳва менӯшид, фикру андешаашро бо бурҳону далел ба онҳо иброз медошт, то шояд қабул намоядашон. Бо ин ахлоқаш боз ҳам онҳое, ки бо ӯ ихтилоф нишон медоданд, баъзан ба ночор зери бори андешааш мерафтанд ва эҳтиромаш мекарданд, яъне дар байни тоҷикон барои худаш ҳеч вақт душман намеҷӯст.

Табаддулот ё Пешниҳоди ислоҳоти иқисодӣ
Дар ҷаласаи дувуми Шӯрои Олӣ ман ба Аслиддин пешниҳод намудам, ки "дар айни ҳол беҳтарин кор шурӯъи ислоҳоти иқтисодист ва иқтисодиёти дуруст ва муносибатҳои наву хуби истеҳсолӣ ҳама чизро оварда дар ҷои худ мегузорад. Агар ин қонунҳоро бисозем ва онҳо пиёда бигарданд, дар талаботҳои сиёсию иҷтимоии мардум зуд асар мегузоранд. Ва пеш аз ҳама ислоҳот дар риштаи кишоварзӣ". Аслиддин ин фикрро маъқул донист ва якҷо бо якчанд вакил дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар бораи ташкил намудани "гурӯҳи вакилон барои ислоҳоти иқтисодӣ" гузориш намудем. Ҳамин мавзӯъи одиро гӯё "табаддулот" фаҳмиданд: "Фраксияи ислоҳоти иқтисодӣ, яъне чӣ? Ин боз чӣ нағмаи нав аст?" Ва ин пешниҳоди мо қабул нагардид, дар ҳоле ки мо ба худ масъулияти иловагӣ гирифта, кори онҳоро сабук мекардем. Вагарна ҳадаф ва ташвиши мо чизи дигар ҳам буд. Вазиши боди ҳаракату наҳзатҳои гуногун эҳсос мешуд. Ва дар пешгирӣ ва қаноатбахшии ин падидаҳо муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ислоҳоти он метавонист асаргузор бошад. Зеро ҳамаи ин ҳаракатҳо беш аз ҳама иҷтимоъӣ  буданд.
Ба ҳар ҳол, якҷо бо Аслиддину Абдулло Ҳабиб ва чанд вакили дигар лоиҳаи "Барномаи ислоҳоти нави кишоварзӣ"-ро омода кардем ва дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" (муҳаррираш Абдуфаттоҳ Воҳидов) чоп намудем. Ва ин то охир ягона барнома буд ва дар ягон риштаи дигар касе барномаи нави худро пешниҳод накард. Вале андешаҳо, таклифҳо аз мардум, олимон, мутахассисон дар бораи ин барнома бисёр буданд ва таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб намуд.

Шароити мусоид барои ислоҳот фаро расид

Як рӯз Аслиддин гуфт, ки Раиси ҷумҳур ӯро таклиф дорад то вазирии кишоварзиро ба ӯҳда бигирад. Ман гуфтам, ки ин таклифи хуб аст ва онро қабул бикун. Розӣ нашуд. Тайи чанд  рӯз бо исрор аз ӯ дархост намудем, ки агар ин таклиф  ҷиддист,  розӣ шавад.  Чун зиёд исрор намудем, каме бо авзои ранҷида гуфт: "Аз вазир шудани ман шумо чӣ мехоҳед?" Гуфтам: "Мо аз пайи ислоҳоти сохтори кишоварзӣ ҳастем ва лоиҳаи ин барномаро ҳам, ки пешниҳод намудаем, чӣ беҳтар агар шумо дар вазорат бошеду онро амалӣ намоед". Кумитаи кишоварзии Шӯрои Олӣ, ки раисаш Ҳикматуллои Насриддин буд, андешаҳои навро хуб тарафдорӣ мекарданд. Ҳукумати он замон ҳам (сарвазир Акбар Мирзоев) дар ин мавзӯъ беш аз ҳама ҷонибдор буданд. Яъне як шароити бисёр мусоиде фаро расида буд барои шурӯъи ислоҳоти иқтисодӣ, бахусус кишоварзӣ, усулҳои ҷадиди мудирият ва муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва ин дар шароите фароҳам буд, ки ҳама зерсохтҳои зарурӣ мавҷуд буданд. Аз ин рӯ ба замони таъғироти табиӣ ва ё маснӯъии дар пеш буда, ки интизораш будем, бояд пеш аз вуқӯъи он мо худ ворид мешудем. Ва ин ба назари мо ҳамон шурӯъи ислоҳоти фаврӣ буд ва ҳатман ба таври таҳаввул, на бошитоб ва зери назару кӯмаки давлатӣ. Барои марҳилаи аввал ва таҷриба қарори ҳукумат қабул шуд дар бораи пурра ба мардум додани замин ба таври иҷораи тӯлонӣ дар вилояти Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм, Шӯрообод ва Шаҳристон ва ин қадами аввал буд.
То ин замон дар вилояти Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҳисор ҷаласаҳо ва мулоқотҳо бо масъулини кишоварзӣ ва раҳбарони вилоят ва ноҳияҳо, хоҷагиҳо дар бораи қонунҳои қабулнамудаи Шӯрои Олӣ  - тарзи иҷораи замин, хоҷагиҳои деҳқонӣ, молиёти замин ва ҳамчунон дар марҳилаи аввал бо нигоҳ доштани шакли истеҳсолоти қаблӣ баргузор шуд, то масъулин ба ташаббускорони ин шаклҳои нави хоҷагидорӣ кӯмак кунанд ва мардумро ҷалб намоянд ва муҳимаш барои онҳо дар он шароит мушкилӣ пеш наоранд ва чуноне гуфтем, аз тариқи таҳаввул ин кор пеш биравад. Инчунин ман ба Бишкек сафар намудам ва бо таҷрибаи ислоҳоти кишоварзии онҳо ошно шудам. (Бояд ёдовар шуд, ки то ба имрӯз ҳам ягона ҷумҳурие, ки бо муваффақият заминро тавонист хусусӣ гардонад, Қирғизистон аст.)
Баъди чанде, ки ман ба вазорат рафтам, Аслиддин гуфт, ки "ман он вақт шуморо пешниҳод намуда будам, чун дар Шӯрои Олӣ будани ман бештар манфиат дорад. Бе ин ҳам ман дар вазорат ҳастам".

Раиси Ҷумҳур корро кашол медод

Вазорати кишоварзӣ он вақт воқеан дорои беҳтарин мутахассисони ботаҷрибаву кордон буд, вале дар салоҳияти вазорат чизе намонда буд ва як шакли машваратиро дошт. Робитааш бо кишоварзон ва созмонҳои он ҳам дар ҳамин сатҳ буд. Барои амалӣ кардани шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва ислоҳоти он ва амалӣ намудани қонунҳои нави қабулшуда дигаргунии сохтори вазоратро тақозо дошт. Ва ин мавзӯъро бо он шакле, ки олимон ва мутахассисон дидан мехостанд, пешниҳоди Раиси ҷумҳур ва Ҳукумат намудем.
Раиси Ҳукумат ҷонибдорӣ менамуд ва Раиси Ҷумҳур корро кашол медод. Лекин, ба ҳар ҳол бо исрор аз паяш будем, чунки бе ин дигаргунӣ ҳеч кореро наметавонистем бикунем. Ва ояндааш боз ҳам мушкилтар мешуд. Зеро мавзӯъи баъдӣ, ки мехостем пешниҳод кунем, масъалаи хусусисозии замин буд ва ин ҳам таҷрибаро мехост ва ҳам сохтори махсус ва муназзамро.
Вазорат, ки аз назари кадрӣ (мутахассисон) ҳеч камбудие надошт, кор аз омӯзиши масъулини дастгоҳи марказӣ шурӯъ шуд. Омӯзиши қонунҳо, усули амалӣ кардани шаклҳои нави мудирияти кишоварзӣ. Ва кормандони вазорат ҳам нафаси тозаеро эҳсос карданд ва ин иқдомро хуб пазируфтанд. Чун бо ин усул ҳуқуқу имконоти нав пайдо менамуданд ва вазорат ҳам аз ҳолати рукуд ва шахмондагӣ берун меомад. Шахсан ман ҳам бо ҳамаашон бархурди хуб мекардам, чунки ҳамеша дар мудирияти корҳоям усули ахлоқиро ба кор мебурдам.

Устоди ахлоқ

Аслиддин ҳам чунин рафтор мекард ва шояд ҳам мо ноайён чунин ахлоқро аз ӯ касб мекардем.
Ба ҳар ҳол дар ҳар иқдоме Аслиддин дасти аввал дошт, омӯзиш медод ва роҳҷуйӣ мекард.
Он як замони кутоҳе, ки бо ҳам кор мекардем, боре аз ман дархост кард, ки ба ӯ хеле зиёд эҳтиром нагузорам ва ин шояд мавриди қабули дигарон набошад. Гуфтам: "Иродати мо ба шумо замониву макониву моддӣ нест, иродати мо ба шумо иродати имонӣ ва инсонӣ аст ва ба мо ҳаққи устодӣ доред ва рӯшан аст, ки шумо он чизеро доред, ки мо онро надорем ва он таҷрибаву донишу эътибори шумост.
Ва як масалро ба ӯ гуфтам аз боби футувват ва бисёр мақбулаш афтод ва ҳатто онро барои худ навишта кард чун бо ахлоқи ӯ мувофиқат мекард: "Бозаргоне буд дунёгашта ва дунёдида ва аз ӯ суол карданд, ки ҷойҳои бисёреро дидаед, мардони зиёдеро бархурд кардаед, аз ҳама ҷавонмардтар киро дидед? Гуфт: Ҷавонмардони зиёдеро дидаам, вале фақеҳе буд дар Низомияи Бағдод, донишманду ботақво ва чандин бор маро нишасту сӯҳбате бо ӯ афтода буд. Замоне курсии вазоратхонаи муҳимме дар хилофат холӣ шуд ва халифа дастур дод то шахси сазовореро ба ин курсӣ муаррифӣ намоянд. Зиёд ҷустанд ва дар охир сари ин фақеҳ қарор гирифтанд ва ӯро  ба курсии ин вазорат шинонданд. Аз он баъд боз маро сӯҳбат ба ӯ пеш омад. Дидам, ки он чӣ мехӯрд он мехӯрад ва ончӣ мепӯшид он мепӯшад. Аз ӯ ҷавонмардтар касеро надидаам".

Марде босавод ва соҳибназар

Аслиддини Соҳибназар шахси босаводе буд, иқтисодро хуб медонист, сухангӯйи хуб ҳам буд, андешаҳояш низ ҳамеша ба маврид, бо далелу бурҳон мусаллаҳу мушаххас ва дорои мантиқ буданд.
Тарзи тафаккураш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҳам вакилон буду ҳам мутахассисон ва ҳам оммаи мардум. Дар риштаи шинохти ҷомеъа ва таҳлилу ташхиси сохторҳои давлатдории гузашта то ба  кунун,  (аз Ғарб то Шарқ) манфиату зиёни онҳо ва қиёси онҳо ба шароити имрӯза ва пайдо намудани тарҳи мӯътадили сохтори давлатӣ дар ҷумҳурӣ ҳамеша аз пайи ковишҳои илмӣ ва таҷрибаӣ буд, аз осори ҳакимону файласуфону ҷомеъасозони мухталиф истифода менамуд. Умуман дар байни вакилони Шӯрои Олӣ фақат чанд нафар буданд, ки аз таркибу сохтори қонун ва муносибати давлатдорӣ огоҳӣ доштанд. Ва яке аз ин донандагон Аслиддини Соҳибназар буд, ки воқеъан ҳам соҳибназар буд. Дар ҳақиқат ҳам мунсифона бояд эътироф намуд, ки шахсияти ӯ, ахлоқу амали ӯ комилан мувофиқ ба ному насабаш буд. Ва инсони нотакрор буд.

Сарбадор
Бо як сухан Аслиддини Соҳибназар як марди "Сарбадор" буд. Яъне дар ҳаёт ва фаъолияташ аз қабл тасмими хешро гирифта буд, ки ончӣ мекунаду ончӣ мегӯяд, чӣ мушкилиҳоеро барояш пеш меорад.
Вале, ба назар мерасад, масъулият дар назди миллат ва ҳадафи гирифтааш аз ҳама болотару муҳимтар будааст.
Ва дида мешавад, ки ин гуна шахсиятҳо, ки дар ҷодаи ҳақиқат қадам мегузоранд, андешаи "Мансурӣ"- ро ба худ интихоб мекунанд. Ва ин андеша аст, ки тарсу ҳаросро аз вуҷуди онҳо дур  мекунад.
Аз устод Тоҳири Абдуҷаббор (раҳмати Худо бар ӯ бод ин марди орифтабиатро, ки ӯ низ воқеъан сазовори исмаш буд!)  дар баҳсе, ки сари андешае ба миён омада буд,  шунидам, ки бо сароҳат ва қотеъият мегуфт:  "Валлоҳ, агар сари дорам бубаранд, ба ҷуз ҳамон ҳақиқат чизеро нахоҳам гуфт".

Беҳтарин намунаи як Раиси ҷумҳур

Яъне инҳо дар роҳи интихобкардаи худ ва дурустии он комилан мутмаъин буданд. Ҳоло чӣ тавре, ки мегӯянд, "Айби мардон чу бигуфтӣ ҳунараш низ бигӯй" ва то инҷо, ки мо хислатҳои ин марди фариштахӯйро гуфтем ва аз мо гоҳо суол мекунанд, ки заъфаш чӣ буд? Чӣ камбуд дар ӯ дидед? Бо як мисоли дигар ва пайванди он бо мисолҳои боло мехоҳам дар ин суол тафаккур кунед. Вақти пешбарӣ ба номзадии Раиси ҷумҳур ба Аслиддин пешниҳод намудем, ки номзадии худро бигзорад. Зеро дар нисбати дигар номзадҳо Аслиддин шинохтатар, маҳбубтар ва боистеъдодтар буд, замон ба ӯ ниёз дошт ва метавонист дархосту талаботи наҳзатҳои даруниро қонеъ гардонад ва бо манфиатдорони беруна ҳам канор биояд (ҳама ҳаракатҳо аз коммунистӣ, исломӣ, растохез, демократӣ дар симои ӯ шахси мӯътадилро медиданд ва воқеан эътидолро риоя мекард). Ҳамчунин аз марказ, аз водии Ҳисор буданаш ҳам бартарияти дигари ӯ буд. Мутмаъинам, ки барои ҳамон замон Аслиддин беҳтарин намунаи Раиси ҷумҳур буд. Вале ба хотири он, ки аз қабл ба Давлати Худоназар барои ноибӣ ваъда дода буд, ӯ ин пешниҳодро қабул намекард. То замоне, ки то охири мӯҳлати қайди номзадҳо ҳанӯз ним соат монда буд, аз ӯ дархост менамудем ва талқинаш мекардем, гоҳо розӣ мешуд ва чун дигар дӯстон, ки бо Давлати Худоназар буданашро мехостанд, ба ӯ мегуфтанд, ки шумо ваъда кардед ва ин "номардӣ" мешавад, боз аз фикраш мегашт ва саранҷом гуфт, ки ин кор намешавад ва ман қавл додаам ва аз қавл баргаштан ноҷавонмардист.

Ӯ Раиси Ҷумҳур нашуд

Ва ҳамин тавр номзадии худро нагузошт. Дар ҳоле, ки дар назди дари ҳуҷраи "комиссияи интихоботӣ" будем ва раиси он Холмурод Шарифов мунтазирӣ мекашиданд ва онҳо худашон ҳам мухлиси ин кор буданд. Ҳоло ин гуна бархурдро чӣ гуна бояд ҳисобид? Бар суд ё бар зиён? Ва ин интихоби ахлоқӣ бар суди як нафар муфид аст ё бар суди ҷомеъа? Вале ҳамеша дар сиёсати давлатдорӣ ин буда, ки гоҳе зарурат ба миён меояд, ки ба хотири ҳадафи баландтар аз ҳадафҳои кӯчактар мегузаранд. Ва он чӣ ки мо имрӯз дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ мебинем, ахлоқҳои ҳамида он қадар муассир нестанд ва фақат дар зоҳири сиёсатҳо онҳо истифода мегарданд ва сиёсатҳо бештар арсаи доду гирифти манфиатҳо ҳастанд. Ҳоло ҳарчанд мо ҷонибдори ин гуна сиёсатҳо нестем, вале воқеияташ ҳамин аст. Вале ин ҷо ҳам ин мавзӯъ шахсияти мусбат будани Аслиддинро ҳеҷ кам намекунад.

"Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд".

Аслиддини Соҳибназар дар рафтору кирдори ахлоқиаш бештар бархурди "Абузарӣ" дошт. Абузари ҷасуру ботақво ва сахтгиру сахткӯш, ки бидуни гирифтану доштани ҳеч мансаб барои роҳ додан ба беадолатӣ ва камбуд бар сари хулафо ва амирони замонаш метохт ва агар гӯш намекарданд, мардумро ба сарашон мешӯронид ва бо ин онҳоро адаб мекард. Абузаре, ки боре ба амири Шом Муовия гузашт ва дид, ки қасре бошукӯҳ месозад. Ба ӯ гуфт: "Эй Муовия, ин қасрро агар аз сармояи худат месозӣ, беҳуда коре мекунӣ, агар аз сармояи Байтулмол, коре ҳаром!". Нобиғагон ҳамеша ингунаанд ва танҳоянду дар замони худ камтаринҳо онҳоро дарк мекунанд ва фақат ояндагон аз андешаи онҳо огоҳ мегарданд. Замоне, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор дар ҷаласоти Шӯрои Олӣ бо лафзи сареҳу фасеҳи дарӣ ва дорои мантиқу андеша сухан мегуфтанд, бештари вакилону масъулини ҳукуматӣ наметавонистанд ҳатто таҳаммулаш кунанд. Чаро? Магар мутаваҷҷеҳ намешуданд? Хуб мутаваҷҷеҳ буданд, вале ғарази дар вуҷуд буда намегузошт, ғаразе, ки бархоста аз ноогоҳии комили суннатҳо, арзишҳои миллӣ ва динӣ буд ва он ғараз мисли пардае рӯи қалбҳоро пӯшида буд, "Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд". Вале имрӯз ин тарзи каломи забони порсӣ- дарӣ беҳтарин ғизои маҳфилҳо ва минбарҳост.
Ин чанд нафар шахсиятҳои ватанхоҳу фарҳангӣ ва динӣ, ки солҳои охири даҳаи ҳаштоду аввали навади қарни гузашта  зуҳур карданд, дар ҳақиқат беҳтарин ҳадяи Худованд ва неъмати Ӯ барои ин қавм буданд. Вале, мутаасифона, фурӯғи ин ситорагонро мисли ҳамеша дӯстон камтару дертар диданду душманон зудтару бештар. Ва ин ҳикматро низ аз ёд бурданд ва ё эътибор надоданд, ки :
Солҳо дар Каъбаву бутхона
                              менолад ҳаёт,
То зи базми ишқ як донои роз
                                      ояд бурун.
Як қавм дар садсолаҳо як нафар шахсияти бо донишу бо истеъдоди ҷомеъро мутаваллид мекунад, ки таҷассумгари орзуву омоли мардум бошад. Зуҳури ин қадар шахсиятҳои бо арзиш дар қавми кӯчак ва минтақаи кандашуда аз марказҳои тамаддунии худ, ин як мӯъҷиза буд, ки ҳар яке аз онҳо нигини ангуштари ин қавмро сазоворанд. Ва дар хатм бояд гуфт, ки месазад ва бояд беҳтарин ҷои пойтахтро, ки зодгоҳи Аслиддин аст, нишонаи бисёр зебо ва бисёр ҳам хубу бо шукӯҳи ӯ зиннат диҳад…, хиёбони Аслиддин, боғи Аслиддин, донишгоҳи Аслиддин, шаҳри Аслиддин…, то мардум ба қадри фарзандони сарсупурдаи худ бирасанд ва бо ному кори онҳо тарбият ёбанд ва қаҳрамонӣ кунанд.

Ҳ
айдаршоҳи Акбар,  
вазири собиқи  кишоварзӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97