Акбаршоҳ Искандаров - се моҳи шоҳии пуразоб ва як умри беазоби виждон

Иҷтимоъ 21.08.2011 14:19

Akbarshoh Iskandarov 0103Акбаршоҳ Искандаров, сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991 ва 1992 60 сола шуд. Ин шастсолагӣ дар пешманзари 20 солагии Истиқлол ё таваллуди дубораи Тоҷикистон иттифоқ меуфтад. Ин як қонунмандии табиӣ аст. Мисле, ки ба курсии раёсати Шӯрои олӣ ва раёсати ҷумҳурӣ нишастани Акбаршоҳ низ як қонунмандии таърихӣ ва табииву иҷтимоӣ буд ва ба ҳеҷ ваҷҳ тасодуфе набуд. Ӯ то нишастан ба раёсати Шӯрои олӣ ва ҳамаи силсиламаротиби қудрат ва ҳамаи зинаҳои таҳсилотиро пушти сар гузошта буд. Аз мутахассис, то котиби райком ва раиси вилояту муовини раиси Шӯрои олӣ ва раиси Шӯрои олӣ ва сарпарасти Раёсати ҷумҳурӣ. Дар ин равиш қонунмандӣ комилан муроот шудааст. Дигар ин ки ин воқеъиятро ҳам ҳаргиз набояд аз ёд бурд, ки Акбаршоҳ зода ва парвардаи як фарҳанги шоҳнишин аст.

Ҳоло наворҳои 19 ва 20 сол қабли таърихи Тоҷикистонро дубора мурур мекунам ва Акбаршоҳро як ҷавони 40 сола, аммо як раиси ҷумҳури тамомайёр, бо тамкин, ва таҳаммулу фаросати хос меёбам. Бархе сиёсатмадорон бо паймудани роҳи 20 сола ба ин мартаба наметавонанд бирасанд. Хусусан, ду маврид, сӯҳбатҳои ӯ баъди шикасти ҳамлаи Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе ва дар ҷараёни сулҳи Хоруғ, ки раёсати ин музокиротро бар дӯш дошт, Искандаров аз худ шахсияти як сиёсатмадори бомасъулият, нозукбин ва дурнигарро ба намоиш мегузорад, агарчанд дар айни ҳол бояд гуфт, ки бо имкон ва салоҳияти камтаре.

Баъди ҳодисаи 5 майи соли 1992 ва таъсиси ҳукумати муросои миллӣ, амалан масъулияти ҷумҳурӣ ба дӯши Акбаршоҳ Искандаров уфтод, агарчанд салоҳияти кор дар дасти Раҳмон Набиев боқӣ монда буд.

Акбаршоҳ Искандаров баъди Ҳабибуллои Калаконӣ ва Бурҳониддини Раббонӣ як тоҷики аз нигоҳи ҳувиятӣ бебаҳс буд, ки раёсати давлати соҳибихтиёрро бар дӯш гирифт. Сарнавишти ӯҳам мисли Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ аст. Таърих ва сарнавишт ба ҳамон гуна, ки бо ҳамқавмони мо ва раҳбарони онҳо дар Афғонистон бозӣ кард, бо Акбаршоҳ Искандаров ва тоҷикони ин сӯи Омӯ низ ҳамон гуна кард. Ҳамаи гуноҳи Масъуд тоҷик буданаш буд, ки мавриди пуштибонии хориҷиҳо қарор нагирифт. Ӯ як посух дошт ва онро ба амрикоиҳо дода буд, ки "ғуломи рус будан нахостам, ғуломи шумо ҳам нахоҳам шуд". Ҳамин ҷо, ки ҳама дарк намуданд, ки Аҳмадшоҳ мехоҳад ҳадди аксари истиқлолро дошта бошад, ба зиёни ӯ тамом шуд. Ва айни ҳамон сарнавишт, агар Акбаршоҳҳам ба талаби манфиатдорони низоъ дар Тоҷикистон амал мекард, дар қудрат боқӣ мемонд ва шояд ҳанӯз ҳам. Аммо ӯ истиқлоли фардиро болотар гузошт. Ҳоло камтар, вале қаблан интиқоди фаровоне аз ӯ мешуд, ки чаро ҳукуматро таслим кард ва кӯтоҳ омад?

Аммо ман ҳоло мегӯям, ки шахсияти Акбаршоҳ Искандаров ба ҳамин чанд далел, аз ҷумла аз ҳамин лиҳоз мондагор хоҳад буд. Боз ҳам ҳамон сарнавишт, ҳадафи як тоҷики ватанпараст қабл аз ҳама инсон будан аст, ҳатто қабл аз тоҷик будан. Ба ин хотир интиқоли қудратро Акбаршоҳ Искандаров мисли як тоҷик ва бо ҳисси масъулияти ватандорӣ, бо каромату шарофат анҷом дод. Мисле, ки Устод Раббонӣ низ ҳамин корро кард ва ин ҳимматро пайдо кард дар худ, ки бидуни ҷанг қудратро таслими дигаре кунад. (Агарчанд, агар Масъуд зинда мебуд, мо ҳаргиз шоҳиди ба ин навҳа таслими қудрат намешудем.) Аммо боз ҳам аз назари арзишҳои инсонӣ муҳимтар аз ҳама парҳез аз хунрезӣ барои бақои қудрат аст. Ва иқдоми Акбаршоҳ Искандаров барои истеъфои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва баргузории иҷлосияи 16 уми Шӯрои олӣ ва интихоби раҳбарияти нав бо дарку эҳсоси амиқи ватанӣ ва ба манзури қатъи хунрезӣ ва истиқрори сулҳ буд.

Албатта ҳеҷ касе ва ҳатто ӯҳаргиз намедонист, ки баъди ин ҷаласа ҷанги тамомайёри шаҳрвандии панҷсола шакл мегирад ва 150 ҳазор нафар кушта мешавад. Аммо масъулияти ин ҳама дигар бар дӯши Искандаров набуд, ӯ масъулияти таърихии худро, ки интиқоли мусолиматомези қудрати сиёсӣ буд, анҷом дода буд. Ӯ метавонист қудрати сиёсиро таслим накунад ва муборизаи мусаллаҳонаро идома диҳад. Мисле, ки бе ҳузури ӯҳам идома кард. Аммо ӯҷангро тарҷеҳ надод ва дар шаҳри Хоруғ дар аввали соли 1993, ки ҳанӯз раиси вилоят буд, ба пешниҳоди раҳбари мухолифин, ки ин шаҳрро пойгоҳи сиёсии муқовимат бикунанд, гуфт, ман агар нияти ҷангро медоштам, қудрати сиёсиро нигоҳ медоштам ва аз Душанбе хориҷ намешудам. Албатта ин ҳама гуфтумон масоили бе баҳс нестанд, аммо қобили таваҷҷӯҳ ва мулоҳиза мебошанд.

Дигар кори мондагори Акбаршоҳ Искандаров ин аст, ки бо вуҷуди ҳассосиятҳои он замон ва бо вуҷуди синни ҷавонаш тавонист тавозун ва таҳаммулро дар амалкардаҳои худ таъмин кунад ва дар ҳеҷ тарафи ҷанги дохилӣқарор нагирад. Дар ҷанги дохилӣ вақте қудрати ҳоким дар ҷониби яке аз тарафҳо қарор бигирад, он ҷанг ба муқовимати шаҳрвандӣ мерасад. Аммо Искандаров дар ҳеқҷонибе ба сурати қотеъ қарор нагирифт.

А. Искандаров ҳамаи талошашро барои наҷоти Тоҷикистон аз ҷанг ва даргирии дохилӣ кард. Ӯ бештарин талошро кард, ки иштибоҳи Маҳкамов ва хиёнати Набиевро ислоҳ кунад ва лашкари 201- и шӯравиро бо дермондагӣҳам бошад, моли Тоҷикистон созад, ки дар он сурат имкон дошт аз ҷанг ҷилавгирӣ шавад. Аммо дигар фурсат аз даст рафта буд.

Агар Акбаршоҳ Искандаров ба пешниҳоди Тоҳири Абдуҷаббор розӣ мешуд, ки гуфта буд, дар Тоҷикистон вазъи фавқулодда ва дар вилояти Кӯлоб ва Қурғонтеппа муваққатан қайди шабгардӣ эълон шавад ва нирӯҳо ба манзури халъи силоҳ ба ин манотиқ ворид шаванд, шояд мешуд аз ҷанг ҷилавгирӣ кард. Аммо боз ҳам Искандаров бо тафаккури тоҷикӣ ва инсонии худ ҳаргиз бовар намекард, ки нирӯҳое мехоҳанд, ки забонаи ҷангро бар саросари ғарбу ҷанубу шарқи Тоҷикистон бикашанд ва ба ин пешниҳод розӣ нашуд.

Дар як соли пеш аз он дар сентябри соли 1991 сарпарасти дигари раёсати ҷумҳурӣҚадриддин Аслонов низ як бор ё инсониятро тарҷеҳ дод ва ё беиродагӣ кард, ки баъдан ба ивази ҷонаш тамом шуд. Вақте ҷамъе аз вакилони Шӯрои олӣ бо сардории С. Кенҷаев ва В. Воҳидов дар Донишгоҳи кишоварзӣҷамъ шуданд ва хостори даъвати иҷлосияи Шӯро шуданд, Стройкин, раиси Кумитаи амнияти миллӣ нияти онҳоро, ки қасди барканории Аслонов ва ба қудрат овардани Набиевро доштанд ба Аслонов мерасонад ва пешниҳод мекунад, ки амр кунад, ҳамаи инҳоро ба унвони сӯиқасдгар ба қудрати сиёсии қонунӣ боздошт кунад. Аслонов ба ин розӣ намешавад. Аммо масалан, Елтсини демократ дар соли 1993 ин иштибоҳро такрор накард ва Шӯрои олии Русияро дар пеши чашми садҳо миллион бинандаи телевизионҳои дунё ба унвони сӯиқасдгарони сиёсӣ бар гулӯлаи танк баст ва қудрати худро наҷот дод.

А. Искандаров ва қ. Аслонов ҳам агар ҳамин корро мекарданд, қудрати худро наҷот медоданд, аммо ба бовари инсонии худ хиёнат мекарданд.

Баъзан ба Акбаршоҳ Искандаров иттиҳом бастанд, ки гӯё барои гирифтани кӯмак дар моҳи июли соли 1992 ба Кобул, ба назди Аҳмадшоҳи Масъуд рафт. Бале, ба қудрат расидани як тоҷики ватанпараст баъди садсолаҳо ҳеҷҳамхунеро наметавонист хушҳол накунад. Ва Акбаршоҳ хост Аҳмадшоҳро табрик кунад ва ба ин манзур ба Кобул рафт. Вале тақозои кӯмак накард. Балки баръакс хостори бастани пеши роҳи қочоқи силоҳ ба Тоҷикистон шуд. Аммо онҳое ин тӯҳматро ба номи ӯ заданд, ки медонистанд, ки ҳавопаймоҳои Узбакистон ва Русия як тарафи ҷангро ба силоҳ таъмин мекарданд. Ва то ҳанӯз ҳам ин қарзу ин миннат бар гардани мардуми Тоҷикистон боқист. Чӣҷои бадӣ дошт, агар Искандаров ба унвони як мақоми расмӣ ва машрӯъ аз як давлати қонунӣ ва ҳамхун тақозои кӯмак мекард? Мантиқғалат аст?

Аммо болотарин хусусияти Акбаршоҳ Искандаровро ман дар инсоният ва фаросати болову беназири ӯ ёфтаам. Ин ду муҳим ҳамеша зиннати ӯ будааст. Муносибати ӯ бо инсонҳо ҳаргиз таҳти ҳеҷ шароите тағйир накардааст, хоҳ агар сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ буда ва ё хоҳ агар имрӯз мақоми давлатӣ надорад, барояш арзишҳои инсонӣ ва андешаи инсон муҳимтар аст. Кам инсонеро метавон ёфт, ки вазифа ӯро дигар накунад ва инсонҳоро аз ӯ дур насозад. Аммо ин ҳаргиз хоси Искандаров нест, ӯ ҷозибаи самимии инсонӣ дорад. Ва «иштибоҳ» - и бузургаш низ ба ифодаи Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳамин буд, ки хост аввал инсон ва баъд масъули мамлакат ва сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ бошад. Иштибоҳе, ки виждонро азият намекунад.

Раҳматкарими Давлат

Р.S. Ин матлаб пешгуфторе буд, ба чеҳранигорӣ аз Акбаршоҳ Искандаров, собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва и. в. Президенти вақти ҶТ, ки бо шастумин камолоти умри ӯ мусодиф афтодаст.

Шасти камолот муборак бодаш!

Акбаршоҳ дар сиёсати калон

Акбаршоҳ Искандаров ба арсаи сиёсати Тоҷикистон ибтидои солҳои 90-ум ворид шуд. Ин давраи сарнавиштсоз ва ҳассоси таърихи мо буд, зеро аз як сӯ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сӯи нобудии худ мерафт ва аз сӯи дигар, ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба Истиқлол омода набуд.

Ҳамин омил, яъне омода набудан сабаб гардид, ки бо пош хӯрдани империяи Шӯравӣ Тоҷикистонро нооромиҳо фаро гирифт ва дар як муддати кӯтоҳ чанд президенту раиси Шӯрои олӣ иваз гардиданд. Ахиран, баъди камтар аз 8 моҳ аз рӯзи эълони Истиқлол ҷумҳурӣ ба коми оташи ҷанг кашида шуд.

Чун Акбаршоҳ Искандаров муовини раиси Шӯрои олӣ буд, дар тӯли се соли фаъолият дар парлумон (1990- 92) се бор иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои олӣ ва дар моҳи августи соли 1992 вакилони мардумӣ якдилона ӯро раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб карданд. Аз миёни 156 вакили мардумӣ 154 нафар ба ҷонибдории номзадии ӯ раъй доданд.

Вақте 7- уми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев бо фишори як гурӯҳи мусаллаҳе зери амри мулло Абдуғаффори машҳур ба "Танка" ба истеъфо рафт, то 19 -уми ноябри соли 1992 Акбаршоҳ Искандаров ба симмати иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон фаъолият кард.

Аммо дар иҷлосияи 16- уми Шӯрои олӣ Искандаров зери фишори Фронти халқӣ ва ҳомиёни хориҷии он аз қудрат канор зада шуд ва фаъолияти худро дар арсаи дипломатӣ ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Туркманистону Қазоқистон идома дод. Ӯҳамчунон дар Вазорати корҳои хориҷӣ як сол ба сифати сафир барои иҷрои супоришҳои махсус кор кард.

Дар тӯли ин солҳо Акбаршоҳ Искандаров рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ навишта дифоъ кард. Чанд сол пеш аз корҳои давлатӣ канор рафт ва ҳоло дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмии ин марказ фаъолият дорад.

Бидуни шак, Акбаршоҳ Искандаров хеле ҷавон сиёсати калонро тарк кард ва таҷрибаву дониши ӯ барои рушди давлатдории Тоҷикистон ба таври бояду шояд истифода нагардид. Чаро чунин шуд? Ба он хотир, ки ҷонибҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣӯро одами худӣ намедонистанд. Ҳам ҳукумате, ки дар иҷлосияи 16-ум ба сари қудрат омад ва ҳам мухолифони он аз ҳисоби демократҳо ва исломиҳо ӯро ҳамфикру ҳамақидаи худ намедонистанд.

Аммо ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки Акбаршоҳ Искандаров, яке аз роҳбароне, ки дар оғози Истиқлол Тоҷикистонро идора мекард, чӣ нақше аз худ ба ёдгор гузоштааст? Ва имрӯз баъди 20 сол ба фаъолияти ӯ чӣ гуна бояд баҳо дод? Дар ёди ман ӯҳамчун сиёсатмадори варзида ва наттоқи хеле боистеъдод мондааст.

Мутаассифона, ин сифатҳоро мо имрӯз ҳам, бо гузашти 20 сол аз эълони Истиқлол дар миёни роҳбарони олирутбаи Тоҷикистон қариб, ки намебинем.

Дар ҳассостарин ва мушкилтарин лаҳзаҳои таърихи халқи тоҷик Акбаршоҳ Искандаров дар манзари хосу омм ҳамеша огоҳу ҳушёр пайдо мешуд, суханҳои берабту бемантиқу подарҳаво намегуфт. Вақте бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишастҳо доир мекард, мо аз тоҷик будани худ ифтихор мекардем.

Ӯҳеҷ гоҳ аз расонаҳои хабарӣ намегурехт ва ҳамеша барои мулоқот бо хабарнигорон тайёр буд. Шояд ин таъсири ширкат дар ҷаласаҳои Михаил Горбачёв буд, ки солҳои 1990 ва 1991 барои ташкили Иттиҳоди давлатҳои муштарак- дар Маскав баргузор шуда буданд ва Акбаршоҳ Искандаров дар он ҷаласаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Барои Акбаршоҳ Искандаров ин мактаби бузурге буд, зеро бо роҳбарони ҷумҳуриҳои бародарии Иттиҳоди Шӯравӣ мулоқоту сӯҳбатҳо мекард, таҷриба меандӯхт. Ҳатто дар нишастҳое, ки абармардони сиёсати Шӯравӣ ширкат доштанд, ҷаласаҳоро раисӣ кардааст.

Дар Тоҷикистони шӯравӣ, ҳатто дар миёни роҳбарони олирутба низ камтар касон аз чунин мактаб сабақ гирифта буданд. Дар бораи касоне, ки баъди Акбаршоҳ Искандаров қудратро бо ёрии Маскаву Тошканд дар Тоҷикистон ба даст гирифтанд, умуман гап намезанам, зеро аксаран аз сатҳи музофот ба курсиҳои мансаб дар пойтахти Тоҷикистон расиданд.

Муборизаи роҳбарон барои мансаб                  

Замоне, ки Акбаршоҳ Искандаров ба сиёсати калон ворид шуд, 39 сола буд. Чунон ки ишора кардам, Иттиҳоди Шӯравӣ ба сӯи нобудии худ мерафт ва Тоҷикистон аз як ҷумҳурии ором ба кишвари ноором мубадал мегардид. Нахустин нишонаҳои ташаннуҷи вазъият баъди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ зоҳир шуд ва дар моҳи феврали соли 1990 хуни ноҳақи фарзандони тоҷик дар саҳни майдони назди Қасри Ҳукумат рехт.

Хуни мардуми бегуноҳ дар рӯзҳое рехт, ки маъракаи пешазинтихоботии парлумонӣ идома дошт. Роҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳомиёни маскавии эшон дарк карда буданд, ки агар нирӯҳои мухолифи худро, ки таҷрибаи зиёди сиёсӣ надоштанд, саркӯб накунанд, қудрати сиёсиро аз даст медиҳанд. Ва ин бохт аз шикаст дар интихоботи Шӯрои олӣ шурӯъ мегардид.

Ин замон Акбаршоҳ Искандаров дар вилояти Бадахшон, ки соле қариб 6 моҳ аз марказ, яъне шаҳри Душанбе бо сабаби роҳбандӣ дар фаслҳои сармо канда мешуд, кору фаъолият дошт. Аммо ин дурӣ танҳо фосилаи роҳ набуд. Чунон ки баъдҳо худи ӯ иброз медорад, дар Бадахшон мардум самимият доштанд ва ростро рост ва дурӯғро дурӯғ мегуфтанд.

Акбаршоҳ Искандаров найрангбозиву ҳиллагарӣ ва маҳалгароии курсинишинони қудратхоҳро дар Душанбе дид, яъне замоне ки сарнавишт ӯро ба мансабҳои олии Тоҷикистон баровард. Чунон ки аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, барои соҳиб шудани ин курсиҳо мубориза набурдааст. Ӯ дар интихоботи парлумонӣ моҳи феврали соли 1990 пирӯз шуд ва ҳамчун раиси Шӯрои вилояти Бадахшон муовини раиси Шӯрои олӣ интихоб гардид.

Аз нахустин иҷлосияи парлумон дарк кард, ки ихтилоф миёни роҳбарони Тоҷикистон хеле шадид будааст. Аз як ҷониб маҳалгароӣ сахт реша давонда буд, аз ҷониби дигар, воқеъаҳои февралӣ рахнаро миёни эшон хеле зиёд сохта буд. Ва нахустин иҷлосияи Шӯрои олӣ дар баҳори соли 1990 инро барои ҳама ошкор сохт.

Қаҳҳор Маҳкамов, котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо пайравӣ ба роҳбарони дигар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ хост ҳам президент шавад ва ҳам роҳбари Ҳизби коммунист боқӣ бимонад.

Akbarshoh Iskandarov 0101Дар он айём худи Қаҳҳор Маҳкамов орзуи соҳиб шудани курсии президентиро дар сар дошт, бинобар ин, дар нахустин иҷлосияи парлумони нав дар баҳори соли 1990 эълон дошт, ки бояд интихоботи раиси Шӯрои олӣ сурат бигирад ва вакилони мардумӣ барои ишғоли ин вазифа шахси лоиқеро интихоб намоянд.

Чунин шахси лоиқ, албатта, Қаҳҳор Маҳкамов худро мешуморид, бинобар ин "розӣ" шуд, ки номзадии ӯро пешниҳод кунанд. Дар муқобили ӯ, Ғоибназар Паллаев, ки 6 сол боз дар вазифаи раиси Президиуми Шӯрои олӣ кор мекард, номзадии худро пешниҳод намуд.

«Таваллуди Шоҳи наҳс»

Азбаски аксари вакилони Шӯрои олӣ коммунист буданд, табиист, ки аз роҳбари худ Қаҳҳор Маҳкамов ҷонибдорӣ мекарданд.

Чанд нафар вакил, аз ҷумла, Акбаршоҳ Искандаров, Аслиддин Соҳибназаров, Палаев иброз доштанд, вале Паллаев ба гапи эшон гӯш надод ва номзадиашро пешниҳод намуд.

ҳатто Аслиддин Соҳибназаров ба минбар баромада, Маҳкамовро шадидан зери тозиёнаи танқид гирифт ва изҳор дошт: "Шахсан ман даъвои мансабе надорам ва тарафдори ба тарзи сунъӣ Шоҳи бузург кардани Маҳкамов нестам. Ба шири модарам қасам мехӯрам, ки ӯ аз ӯҳдаи шоҳӣ намебарояд. Таваллуди ин Шоҳ наҳс аст".

Аммо Қаҳҳор Маҳкамов аксарияти овозҳоро гирифта, раиси Шӯрои олӣ интихоб гардид. Ба Паллаев аз 230 нафар вакил беш аз 70 нафар овоз доданд.   Акбаршоҳ Искандаров дар ҳамин иҷлосия муовини раиси Шӯрои олӣ интихоб гардид ва фаъолияташ дар саҳнаи калони сиёсӣ оғоз ёфт.

Иҷлосияҳои Шӯрои олии Тоҷикистон дар тӯли беш аз дуюним сол гӯё ҳамеша ба таври изтирорӣ даъват мешуданд, аз ин рӯ, ҳатто рӯзномаи онро аз қабл таҳия карда наметавонистанд. Дар натиҷа, зимни баррасии масъалаҳое, ки бояд матраҳ мешуданд, ҳамеша бетайёрӣ меомаданд.

Касбият ва сатҳи ин иҷлосияҳоро бо овардани ин ҳикояти воқеъӣ метавон хулоса кард: "Боре Миралӣ Маҳмадалиев, раиси колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, ки шахси аз лиҳози сиёсӣ бесавод буд, роҷеъ ба парлумони Тоҷикистон ҳақиқатро барои тамоми ҷаҳониён иброз дошт. Ӯ гуфта буд: "Дар ин толор 3- 4 нафар қонунҳоро мефаҳманд. Равед, дар ягон кабинет байни худ маслиҳат кунед, омада натиҷаашро ба мо гӯед, мо овоз медиҳем"...

Сулҳи Хоруғ

Ин буд, ки баҳори соли 1992 вазъият дар Тоҷикистон ба маротиб бад шуд, ва мухолифати майдонҳои "Озодӣ"- ву "Шаҳидон" кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ тела дод. Кӯшишҳои зиёде сурат гирифтанд, то тавассути гуфтушунидҳо ба ҷанг хотима дода шавад.

Акбаршоҳ Искандаров, ки баъди фирори Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи май иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои олӣ шуд ва борҳо ба минтақаҳои даргир сафар кард, миёни ҷонибҳо даромад, то онҳоро бо ҳам оштӣ доронад. Ӯ бо Сангак Сафаров ва фармондеҳони мухолифин сари мизи гуфтушунид нишаст.

Яке аз чунин гуфтушунидҳо музокироти сулҳест, ки дар маркази вилояти мухтори Бадахшон баргузор гардида буд, ки дар таърих бо номи "Сулҳи Хоруғ" ёд мешавад. Ин гуфтушунид рӯзҳои 26- 27-уми июли соли 1992 баргузор гардид ва дар он беш аз 80 нафар намояндагони ҳукумат, Шӯрои олӣ, аҳзоби сиёсиву ҳаракатҳо ва ташкилотҳо ширкат намуданд.

Раҳбарии гуфтушунидро дар шаҳри Хоруғ бо дастури президент Акбаршоҳ Искандаров ба уҳда дошт. Дар ибтидо идораи музокирот хеле мушкил буд. Ва яке аз масъалаҳои муҳимтарини гуфтушуниди Хоруғ масъалаи халъи силоҳ буд. Бархе аз музокиракунандагон иброз доштанд, ки ҷонибҳо ба ҳамдигар бовар надоранд, бинобар ин халъи силоҳ дар вазъияти ба амал омада номумкин мебошад.

Дар гуфтушуниди Хоруғ бархе аз ҳозирин маъсалаи ширкат накардани президентро ба миён гузоштанд ва гуфтанд, ки оё Раҳмон Набиев натиҷаи ин музокиротро эътироф мекунад ё не? Ин масъала ба он хотир дар музокирот садо дод, ки агар президент мувофиқатномаи сулҳи Хоруғро эътироф накунад, таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ номумкин мегардад. Акбаршоҳ Искандаров ба онҳо итминон дод, ки ин масъала бо президент Набиев мувофиқа шудааст. Баъди муҳокимаи банд ба банд, Созишномаи мусолиҳа қабул гардид.

Аммо дар ҳамон рӯзи қабули ин созишнома, 27-уми июл ба деҳаи Сари пули совхоз- техникуми ноҳияи Бохтар бо истифода аз техникаи вазнини низомӣҳамла сурат гирифта, иҷрои Созишномаи сулҳи Хоруғ зери савол рафт...

Баъди ду рӯз Раёсати Шӯрои олӣ "Дар бораи Созишномаи мусолиҳа", ки 27-уми июли соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба имзо расида буд, қарор қабул кард. Тибқи қарори Раёсати Шӯрои олӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии назорати иҷрои шартҳои протоколи созишнома иборат аз 30 нафар ташкил гардида, роҳбарии он ба ӯҳдаи Акбаршоҳ Искандаров вогузошта шуд.

Рӯзи 30-юми июли соли 1992 президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев "Дар бораи тадбирҳо оиди зудтар мӯътадил гардондани вазъи ҷамъиятию -сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва татбиқи Созишномаи сулҳи Хоруғ" фармон содир кард. Вале на қарори Раёсати Шӯрои олӣ ва на фармони президенти Тоҷикистон натавонистанд сади роҳи ҷанг шаванд.  

Президенти фирорӣ ба истеъфо меравад    

Худи Раҳмон Набиев ҳам дар даврони ҷанг кӯшишҳое кард, ки вазъиятро зери контрол нигоҳ дорад, вале ба зудӣ дид, ки кӯшишҳояш самар намедиҳанд.

Чунон ки қаблан ҳам ишора кардем, аз миёни роҳбарони ҷумҳурӣ Акбаршоҳ Искандаров аз камтарин нафароне буд, ки шахсан барои хомӯш кардани оташи ҷанг ба минтақаҳои ҷангзада сафар мекард, шахсони баобрӯи ҳарду ҷонибро ба ин раванд ҷалб менамуд, то ки тавассути гуфтушунидҳо қатлу ғорат дар вилояти Қӯрғонтеппа хотима ёбад.

Ҳамин кӯшишҳои ӯ сабаб гардиданд, ки дар иҷлосияи 15- уми Шӯрои олӣ нимаи дуюми моҳи августи соли 1992 номзадии Акбаршоҳ Искандаров ба мақоми раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва он аз ҷониби президент Раҳмон Набиев ва ҷонибҳои даргир пазируфта шуд. Яке аз чеҳраҳои шинохташудаи Горди миллӣ, раиси ноҳияи Бохтар Абдумаҷид Достиев ӯро ҷонибдорӣ карда, гуфт, ки дар рӯзҳои мушкили даргириҳо мо танҳо Акбаршоҳ Искандаровро медидем, ки барои таъмини сулҳ саъйю кӯшиш мекард.

Се ҳафта баъд, замоне ки Раҳмон Набиев зери фишори боевикҳои Исмати авулӣ ва мулло Абдуғаффори Танка аз вазифаи президентӣ даст кашид, зимоми қудрат дар ҷумҳурии комилан фалаҷ гашта ба ихтиёри Акбаршоҳ Искандаров гузашт. Дар ин рӯзҳо аз тамоми ҷаҳон нахустин бор тоҷикони бурунмарзӣ барои ширкат дар Форуми ҷаҳонӣ омада буданд, аммо дар 100- километрии Душанбе хунрезиҳо шиддат мегирифт. Шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри мурдаҳо мубаддал мегашт. Раёсати Шӯрои олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Изҳороти муштараке ба унвони президенти гумшуда Раҳмон Набиев қабул карда, дар он таъкид карданд, ки вазъияти сиёсӣ- иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ба дараҷае фалаҷ шудааст, ки хавфи аз байн рафтану пора-пора гардидани давлат ба миён омадааст.

(идома дорад)

Нуралӣ Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97