«Узри бадтар аз гуноҳ» -и «Барқи тоҷик»

Иҷтимоъ 31.03.2011 10:46

Lampa_012Торикие, ки дар шабҳои баҳории Хатлонзамин ҳукмфармо буд, дар таърихи 80 соли охир бесобиқа дониста мешуд. Ҳанӯз дар солҳои бунбасти энергетикӣ, ки "Сангтуда"-ҳо фаъол набуданд, аҳолии вилояти Хатлон дар ин мавсим ин қадар бе нирӯи барқ намонда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат фасли зимистонро "сарбаландона" бе ягон ҳангомаҳо дар атрофи бебарқӣ паси сар кард. Яъне дар зимистони гузашта аз норасоии барқ матлабҳое мисли бебарқию гуруснагӣ ва торикию сардии Тоҷикистон сархати расонаҳои дохилию хориҷӣ банд намекард. Аммо дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз коҳиш ёфтани меъёри интиқоли нирӯи барқ дар деҳот барои ҳамагон ғайриинтизор буд. Муаммои қазия ин буд, ки "Барқи тоҷик" нахуст тариқи расонаҳои иттилоотӣ хабари аз байн бардоштани маҳдудияти барқро дар кишвар интишор кард. Дар рӯзи дигар баръакс дар навоҳии ҷануби Хатлон реҷаи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аз 8 соат дар як шабонарӯз баръакс ба 4 соат кам карда шуд. Баъдан дар як шабонарӯз аҳолӣ фақат 2 соат барқ мегирифтанду халос. Билохира, мардум аз ҳамин "имтиёз" ҳам маҳрум шуданд.

 Тугмачаи сиёҳро кай бояд пахш кард

Ҳамин тавр то соати 17:00 шоми 28 март дар навоҳии хатлонзамин торикӣ ҳукмфармо буд. Аммо мардумро на торикии аз норасоии барқ, балки торикиҳои воҳимаи ба якборагӣ қатъ шудани нирӯи барқ бештар ба ташвиш меовард. Оре, торикии масъалаи бебарқӣ, ки зеҳнҳои мардумро фаро гирифт, барои масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ нобахшиданӣ аст. Зеро агар се чаҳор сол қабл мешунидем, ки ҳукуматдорони маҳал дар фикри давлату халқ нестанд, шояд эродҳои зиёд пеш оварда метавонистем. Дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки танҳо вақте мушкилоти давлатдориро ба мардум расониданӣ мешаванд, ҳукуматдорон аз ҳама воситаҳои воқифгардонӣ истифода мебаранд. Аммо вақте дар афкори омма масъалаи норасоии барқ мавриди интиқоди шадид қарор мегирад, дар сатҳи ноҳияҳо нафаре пайдо намешавад, ки мавқеи ҳукуматдоронро пуштибонӣ кунад. Дар ҳоле ки масъулини соҳаи энергетика ва ҳукуматдорон барои шарҳ додани сабабҳои қатъ шудани нирӯи барқ далелҳои муътамадро рӯи даст доштанд. Агар роҳбарони болонишин гумон дошта бошанд, ки мардум аз тариқи шабакаҳои сартосарии кишвар баромади масъулини "Барқи тоҷик"-ро тамошо кардаанд, хато мекунанд. Зеро он лаҳзаи баромади масъулини соҳаро мардум чунин нақл мекунанд. Вақте намояндаи "Барқи тоҷик" гуфт, мо мардумро бо нирӯи барқ таъмин…. дар ҳамин ҷойи сухани масъулини барқ барқро дар сартосари деҳоти вилоят хомӯш карданд.

Шояд ин ҳолатро фавқуллода унвон кунанд. Аммо ягон нафар аз намояндагони Президент дар маҳал маротибе лаҳзаҳои барқхомӯшкуниро мушоҳида кардаанд, ки "навбатдор"-он дар куҷои сухани Президент "кнопка"-и сиёҳро пахш мекунанд. Ба таваҷҷуҳи нафароне, ки гоҳҳо супориш медиҳанд ва ё бо дасти худ "рубилник"-и истгоҳи барқиро дар лаҳзаи баромади Президент поён мекунанд, расониданием, ки мардум ба вафодории шумо нисбати Президент ва ҳукумати ҶТ шубҳа пайдо кардаанд. Тасаввур мекунед, ки Шуморо омилҳои кадом давлат мешуморанд? Барои посух ёфтан ба ин суол кишварҳои зури дурро не, наздиктарро пеши назар биёред.

 Оё узри масъулинро мардум шуниданд?

Аслан норасоии нирӯи барқ дар деҳа ба хусус дар фасли гармо он қадар масъалаи нозуки сиёсӣ шуда наметавонад. Балки хавфи асосӣ ин ноогоҳии мардум аз воқеияти чунин мушкилиҳо аст, ки мардумро аз ҳукумат дар фосила нигоҳ медорад. Охир масъулини болотар бо ирсоли як муроҷиат тариқи ҷамоатҳои деҳот метавонистанд, вазъияти ба амаломадаро ба тамоми сокинони кишвар расонанд. Ё дар чунин ҳолат роҳбарони мақомоти марбута муваззаф нестанд, ки халқро аз асли воқеа хабардор кунанд? Агарчанде мегӯянд, ки "Барқи тоҷик" бо ирсоли як нома тариқи расонаҳои хабарӣ аз мардум узрхоҳӣ кардааст, ин иҷрои вазифаи масъулин дар байни халқ нест. Зеро дар боло медонанд, ки мардуми деҳот ба чунин иттилоот дастрасӣ надоранд. Ё барои бисёриҳо одат шудааст, ки худро танҳо дар назди як нафар ҳисоботдиҳанда медонанду халос. Аз баҳси бебарқӣ дар кишвар ҳаминро мушоҳида кардем, ки масъулон якчанд маротиба тариқи расонаҳои хабарӣ аз мардум узрхоҳӣ кардаанд. Аммо мардум ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон танҳо ҳамин хонанда ва тамошочии шаҳрҳои марказӣ нест. Мебоист ин узрхоҳиро масъулини сатҳи маҳал тариқи вохӯриҳо ба мардум мерасониданд. Зеро дар деҳоти кишвар мардум барои дастраси ба ВАО мушкилӣ доранд.

 Чаро ҳукумат зарфиятҳои худро истифода намебарад?

Аслан вақте таъиноти кадрҳо бештар аз роҳбарони болоии мақомот вобастагӣ дорад, кори ҳукуматдорон дар зинаҳои поёнӣ ҳамин тавр ранг мегирад. Ман мутмаинам, ки агар раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳоро мардум интихоб мекарданд, муносибати ин мансабдорон бо мардум ранги дигар мегирифт. Алъон табиист, ки барои бештари масъулон муҳим нест, ки халқ дар бораи онҳо чӣ фикру андеша доранд. Охир онҳоро халқ ба ин вазифаҳо таъин накардааст. Не?

Мусаллам аст, ки ин тавр пеш бурдани коргузории давлат нодуруст аст. Зеро фосила гирифтани масъулини поёнӣ аз мардум билохира суботи ҷомеаро халалдор мекунад. Мутаассифона, дар кишвари мо масъулини маҳаллӣ бештар нирӯи халқи оддиро нодида мегиранд. Баъзе мансабдорон кайҳо фаромӯш кардаанд, ки бояд аз норасоии нирӯи барқу гази табиӣ ва дигар мушкилиҳои мавҷуда, назди мардум ҳисобот диҳанд. Агар саҳнаи муносибатҳои ҳукуматҳои маҳал бо мардумро дар пеши назар тасаввур кунем, шахсан мансабдоронро аз халқ пуштгардон мебинам.

Дар баробари он ки ҳукумат дар сатҳи деҳот барои муносибат ба халқ намоянда дорад, боз масоҷиду дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам зери назорати ҳукумат аст. Пас чаро раисони ҷамоатҳои деҳот худро вазифадор намешуморанд, ки аз ин ё он вазъияти ба амал омада, мардумро воқиф гардонанд. Ин кори чандон мушкил нест. Бо ҳамон усуле, ки қаблан мардумро аз аҳамияти фурузонакҳои "кам"- масраф ва ё моҳияти харидории саҳмияҳои НБО "Роғун" огоҳ карданд, метавонистанд, сабабҳои пурра қатъ шудани нирӯи барқро ба шаҳрвандон расонанд. Ё барои ҳамин ҳам супориши махсуси Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист?

Ҳангома дар фазои холӣ тавлид мешавад

Чаро норасоии барқ не, балки ноогоҳии мардумро оид ба омилҳои мушкилоти барқ мавриди баҳс қарор додаем, сабаб дорад. Бояд ошкор гуфт, ки рӯз то рӯз эътимоди мардум нисбат ба ҳукуматдорон дар ҳоли аз байн рафтан аст. Бубинед, ноогоҳии мардум дар ду ҳафтаи норасоии барқ афкори онҳоро нисбат ба коргузории давлат хароб кард. Ҳарчанд дар оғози моҳи баҳор ба ақли касе рост намеомад, ки баъди бомуваффақият паси сар кардани зимистон, акнун минтақаҳои кишварро торикӣ фаро мегирад. Зеро дар арафаи ҷашни Наврӯз мардумони соҳилнишин мегуфтанд, ки шабонгоҳ оби дарё аз меъёр хеле зиёд мешавад. Дар аввал гумон мерафт, ки шояд аз асари боришоти зиёд об дар обанборҳо аз меъёр зиёд аст ва барои ҳамин ин неъмати табиӣ барои пур кардани обанборҳои сунъии кишварҳои поёноб хайр карда мешавад. Аммо баъдан маълум мешавад, ки дар обанбори Норак об дар сатҳи гӯшношунид паст шудааст.

Аслан мардум чунин ҳодисаҳоро ҷиддӣ қабул мекунанд, ки чаро дар фасли сармо нею дар баҳор нирӯи барқ ба якборагӣ қатъ карда шуд. Аз рӯзи нахустини қатъ шудани барқ дар навоҳии ҷанубии Хатлон сару садоҳо оид ба сабабҳои кам шудани об дар обанбори Норак гуногун менамуд. Иддае боз ҳамон ҳангомаи беасосро, ки гӯиё об дар кадом сурохии номаълуме фурӯ меравад, мавриди баҳс қарор медиҳанд. Сокинони назди соҳилҳои дарёи Вахш ба он боваранд, ки масъулин дар фикри баргузории иди Наврӯз афтода об аз обанборҳо аз меъёр зиёд баромадааст. Аниқтараш қуввае ҳаст, ки дарвозаҳои сарбандро танҳо шабона мекушоянд, то дар болову поён мардум огоҳ нашаванд. Гарчанде то 12 март мардуми соҳили Вахш мегуфтанд, ки шабҳо оби дарё аз меъёри маъмулӣ зиёд мешавад, аммо ин далели муътамад шуда наметавонад. Зеро мардум дорои чунин воситаҳои техникие нестанд, ки чунин ҳолатҳои баҳсбарангезро наворбардорӣ ё аккосӣ кунанд. Ҳукуматдорон бошанд, алъон ба дарки он нарафтаанд, ки наворбардориҳои видеоиро на дар атрофи бино ва қабулгоҳи идораҳои давлатӣ, балки дар лаби соҳилҳо бояд насб кард, то дар имрӯз мардумро бовар сохтан тавонанд, ки об куҷо шуд. Оид ба сабабҳои маҳдудияти барқ дар байни мардум фарзияҳои дигар низ матраҳ мешаванд. Мисол гӯиё дар посух ба дастгирии Покистон дар бунёди роҳи оҳани байналмилалӣ, Тоҷикистон ваъдаи таъмини меъёри муайяни барқро ба ин кишвар дода бошад. Агар ин овозаро дар рӯзҳои набудани барқ интишор мекардем, эҳтимол буд моро "иғвогар" ном мебурданд. Аммо баъди паси сар шудани ин мушкилӣ барои он менависем, то дар боло донанд, ки мардум дар бораи онҳо чӣ фикру андеша доранд.

Фарзияи дигар низ байни мардум матраҳ мешуд, ки шояд Русия "ноз"-и навбати худро бо қатъи истеҳсоли барқ дар "Сангтуда-1" нишон дода, мехоҳад ҳукумати Тоҷикистонро ягон ҳушдоре диҳад. Воқеан ин суоли мардум; "Барқе, ки "Сангтуда-1" истеҳсол мекунад, куҷо меравад?" ниёз ба посухи мушаххас дорад.

 Ноогоҳии мақомоти маҳаллӣ ва Мушкилоти кадрӣ

  VlastДар ҳақиқат шабҳои тори бебарқӣ бори дигар дар соҳаҳои гуногун мушкили кадрӣ доштани моро равшан кард. Нахуст вақте тугмаи интиқоли барқ хомӯш карда шуд, байни ҳукуматҳои маҳал ва мардумро сукут фарогир буд. Ба суоли чаро барқ нест(?)танҳо як ҷавоб шунида мешуд; "намедонам". Ҳатто пулчинаки барқи деҳот, ки аз реҷаи ҷамъоварии пардохти ҳаққи истифодаи барқ як рӯз ҳам дер намекунад, сабабҳои қатъ шудани нерӯи барқро намедонад. Солҳои шӯравӣ дар назди ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоят шӯъбаи "агитатсия ва пропаганда" фаъолият мекард, ки новобаста ба фаъолияти 100% расонаҳои давлатии вақт оид ба сиёсати ҳукумати шӯравӣ дар назди масъулини сатҳи навоҳӣ ва ҷамоатҳо маърӯза мекард. Зерсохторҳо оид ба ин мавзӯъ дар мактабу дигар коллективҳои меҳнатӣ баромад мекарданд ва дар ду рӯз як тасмими Кремл то ба тамоми аҳолии деҳот ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мерасид. Айни ҳол ба ҷойи шӯъбаи агитатсия ва пропаганда шӯъбаи маънавиёт ташкил ёфтааст, ки як шохаи асосии фаъолияташ дар ҳолати карахтӣ қарор дорад. Манзури ман расонидани масоили мубрами давлатдорӣ ба халқ аст.

 Омодагиҳои "Ҳамаҷониба"

Мушкили дигари мо, ки шабу рӯзҳои бебарқӣ зоҳир шуд, ин сатҳи пасти омодагии мо ба ҳолатҳои фавқуллода мебошад. Бубинед, дар ҳоле дигар кишварҳо омилҳои гуногуни рӯшноидиҳӣ ба мардумро фикр карда баромадаанд, дар мо як мутахассисе ёфт нашуд то таҷҳизоте кашф намояд, ки лоақал шамъу дигар чароғҳои бобоиро иваз карда тавонад. То шамъфурӯшону дигар тоҷирони муфтхӯр аз вазъияти мо истифода бурда, нархи шамъу дигар намуд сӯзишвориро ду маротиба баланд набардоранд. Наход нархи як шамъе, ки ҳамагӣ 4-5 соат хонаро нимкора равшан мекунад, дар мавсими бебарқӣ аз 40-50 дирам якбора ба 1 сомонӣ қимат фурӯхта шавад.

 Чаро кӯдакон аз фанҳои дақиқ 2 мегиранду аз суруду мусиқӣ 5?

Маро ихтирои як дӯсти азиз Неъмат, ки қариб ду сол мешавад, бемори бистарӣ аст, хушҳол кард, ки мавсуф асбоберо омода кардааст, ки бо се дона батарейка 40-50 шаб як манзилро равшан мекунад. Неъмат, ки аз муҳоҷирати корӣ маъюб шуда баргаштааст, мегӯяд, ки дар замони мактабхонӣ аз фанни физика гоҳҳо баҳои чаҳор ҳам мегирифт. Аммо ман ҳайрони он ҳама олимону донишмандони ин риштаи илми кишвар ҳастам, ки то имрӯз ягон кашфиёте ба ин монанд, кардаанд ё на? Акнун суоли вазири энергетика ва масъулини барқи тоҷик дар мактаб аз фанни физика баҳои чанд мегирифтанд, матраҳ боқӣ мемонад. Зеро иллати онро, ки чаро имрӯз кӯдакон аз фанҳои дақиқ баҳои пасту аз суруду мусиқӣ баҳои панҷ мегиранд, аз боло бояд ҷуст.

Хулоса, ин имтиҳони баҳориеро, ки ҳамаи мо паси сар кардем, бояд барои ҷомеа ба хусус масъулону мансабдорон як таҷриба шавад, то дар ҳаводиси ояндаи давлатдорӣ мардум ба ин ё он натиҷаҳои кори мо баҳои ғайриқаноатбахш надиҳанд. Алъон ҳамаи мо аз физика ва сиёсатшиносӣ баҳои 2 гирифтаем. Дарси маънавиётро бошад сарфи назар кардем, зеро дар ду ҳафтаи торику бебарқӣ фазои иттилоотии деҳот холӣ монд.

Гуфтагӣ барин, мабодо нагӯед, ки тантанаҳои наврӯзиро нодида гирифтем. Аз ин рӯ ба раисон аз мусиқӣ баҳои чор, ба муовинони маънавӣ баҳои 5 мегузорем. Кӣ тарафдор? Зид, бетараф? Нест! Наврӯз муборак бод!

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97