Дурӯғ нагӯед!

Иҷтимоъ 21.02.2011 15:26

То ҳодисаҳои Миср такрор нашаванд

Vse_budet_khoroshoҲаводиси Миср, ки аз пурсарусадотарин рӯйдоди сиёсӣ дар панҷ соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ унвон мегирад, имрӯз дар сархати  расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дошта, башариятро ба он водор мекунад, ки ба вазъи имрӯзу пешомадҳои сиёсии кишвари худ аз дигар зовия нигоҳ кунанд.

Матбуоти даврии тоҷик низ дар чанд рӯзи охир мавзӯи ҳаводиси кишварҳои дар ҳоли инқилоби Арабро тарзе хуб бозтоб менамоянд, ки дилхоҳ хонандаи он матлабҳо лаҳзае, соате ва ё тамоми он рӯзу рӯзҳои дигар ба он андеша фурӯ меравад, ки мабодо боз қуввае суботи ҷомеаро халалдор созад. Воқеан барои ҳукуматдорони бештар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, ки имрӯз сатҳи зиндагии мардумонашон аз кишварҳои Тунису, Миср, Сурияву Алҷазоир ва Урдун хубтар нест, ин қиёмҳои мардумӣ нақши огоҳкунандаро бозида метавонад, то роҳбарон сари ҳалли мушкилоти умдаи мардуми хеш тадбирҳои ҷиддитар биандешанд.

Мардум чӣ мегӯянд?

Азбаски дар кишвари мо институтҳои таҳлилию тадқиқотӣ ё худ марказҳои ҷамъиятшиносии мустақил фаъол нестанд, наметавон танҳо такя бо маълумоти идораҳои марбутаи  ҳукуматӣ вазъи феълии ҷомеаро воқеъбинона баҳогузорӣ намуд. Ин масъала ҳам яке аз мавзӯҳои доғи мо ба ҳисоб меравад ва метавон надоштани маълумоти дақиқ аз воқеияти ҳолро як хатар барои ҷомеа номид.

Танҳо аз сӯҳбатҳои ду рӯзи охир бо доираҳои гуногуни ҷомеаи Хатлон метавон чунин хулоса баровард, ки суботи ҷомеаи вилоятро асосан якчанд хатару ташвишҳои зоҳиран содда таҳдид мекунад.

Маҳмуд Худойбердиев

Аз безараргардонии собиқ афсари Вазорати мудофиаи кишвар ва лашкари мусаллаҳи ӯ беш аз 13 сол ҳам сипарӣ гардида аст, аммо соле нест, ки боздошти ин ё он аз ҷонибдори Маҳмуд Худойбердиев мардумро ба ташвиш наоварда бошад. Аслан дар бораи хатари Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон сокинони Хатлон фикрҳои гуногун доранд. Яке бар он аст, ки ҳанӯз ӯ афсари ошӯбгар дар сар нақшаҳои табаддулот дорад, дигаре бо боварӣ мегӯяд, ки Маҳмуд ҳисоби худро бо ҳукуматдорони Тоҷикистон баробар карда, ҳамакнун ба доираҳои наздики президентии кишварҳои ҳамсоя "часпонда" дигар ба сарзамини кӯчаки мо барнамегардад. Севвумӣ хостори он аст, ки боздошти баъзе аз шаҳрвандони Хатлонро бо ҷурми ҷонибдори Маҳмуд Худойбердиев буданашон Обмудсмен бознигарӣ кунад. Зеро баъзе аз наздикони ҳатто маҳкумшудагон роҳҳои ирсоли нома ба сарвари кишварро ҷустуҷӯй доранд. Малоҳат Ҷӯраева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз зумраи он нафаронест, ки барои бекор кардани ҳукми суд нисбати бародараш тасмим гирифтааст, то ба Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон муроҷиат кунад. Фикр мекунам агар дар зинаҳои поёнтар ингуна шаҳрвандонро қабул карда, воқеиятро ба онҳо исбот намоянд, беҳтар аст. Зеро пайи ҳам садо додани ин ки; "Ҳукми суд ноодилона буд!" метавонад, обрӯи Ватани моро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ бирезонад. Яъне мақомоти дахлдори Тоҷикистон бояд бо далелҳои раднашаванда маҳкумшудаҳоро мутақоид карда тавонанд, ки судшаванда воқеан ҳам гунаҳкор аст.

Баландшавии нархи ғизо

1298373279_mukaХатари дигаре, ки метавонад мардумро ба ташвиш оварад, ин эҳтимоли бесобиқа болоравии нархи баъзе аз маҳсулот аз қабили орд, роҳкиро ва маводи сухт мебошад. Аслан  муҳокимаи ин мавзӯъ зарурият ҳам надорад. Зеро ҳарчанд дар ин мавзӯъ мегӯянду менависанд, аммо ин мушкилот, ки  решаҳои дар вобастагии мо аз дигар кишварҳои содиркунандаи  маҳсулот дорад, алъон роҳи ҳал надорад. Танҳо мардумро мебояд, ки барои пешгирӣ аз нодорӣ дар замони бенизом болоравии нархҳо ҳамаҷониба омодагӣ бигирад. Аз ҷониби дигар сектори иқтисодии кишвар низ метавонад бо андешидани тадбирҳои судбахш мушкили мавҷударо каме ҳам бошад осон гардонад. Алъон ин сектор дар мо дуруст кор намекунад.

Замин

Мушкили норасоии манзили зист дар деҳоти кишвар ҷиддитарин масъалаест, ки дар 20 соли охир ба эътимоди мардум нисбати адолати иҷтимоӣ латма мезанад. Имрӯз дар баъзе аз хонаҳои мардуми деҳот то 3-4 оила дар ҳудуди як қитъаи замине, ки барои як оила пешбинӣ шудааст, истиқомат доранд. Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи заминсозии Хатлон он масоҳати замине, ки барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад, эҳтиёҷоти ҳудуди 47 ҳазор хонаводаро бароварда мекунад. Аммо омори аризаҳои даҳсолаҳо дар кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии Хатлон хобида, ва "нақша"-ҳои кумитаҳои заминсозӣ аз он дарак медиҳад, ки бо ин шева тақсим кардани қитъаҳои замин барои хонасозӣ барои эҳтиёҷмандон роҳи ҳалли масъала нест. Гарчанде марказ барои пешгирӣ аз фасод ва тақаллубкорӣ дар тақсимоти замин чораҳои нав ба нав меандешад, аммо боз ҳам дар маҳалҳо шаффофият ба назар намерасад. Акнун аризаю шикоятҳо ва норозигии мардуми солҳо дар навбати замин аз идораҳо ба саҳифаҳои матбуот мерезад. Ҳодисаи аҷиб, миш-миш аст, ки аризаҳои камбағалон аз бойгонии кумитаҳои заминсозӣ гум шуда истодаанд. Ин гуна ҳолатҳо танҳо дар як ноҳия мушоҳида нашудааст. Ҳамин тавр иддае аз сокинони Хатлон тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигиро боиси коҳиш ёфтани боварии мардум ба ҳукуматҳои маҳал медонанд. Нобоварӣ мардумро аз ҳукумати маҳал ва ҳукуматро аз мардум дар масофа нигоҳ медорад, ки ин ба нафъи ҷамъият нест.

Дурӯғгӯӣ

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Ин гуфтор ва муҳокимаи он дар як ҳафтаи охир байни мусофирони самти Қӯрғонтеппа- ноҳияҳои ҷанубии Хатлон зиёд муҳокима мешавад. Имрӯзҳо қад-қади роҳи Хуросон-Қӯрғонтеппа-Бохтар-Вахш-Румӣ-Ҷилликӯл маъракаи ниҳолшинонӣ бо суръати баланд идома дорад. Ташаббускорон дар ниҳолшинонӣ ончунон шитобкорӣ доранд, ки дар баъзе минтақаҳои роҳи мошингард на қоидаи ниҳолшинониро риоя мекунанд, на болои сарашон нигоҳ мекунанд, ки дар зери чӣ ниҳол шинонида истодаанд. Гӯиё ҳамаи ин ташвишҳо барои як-ду моҳ бошад. Ҳатто иддаои масъулини шабакаҳои барқии вилоят оид ба манъи шинонидани ниҳол дар зери хатҳои баландшиддати барқӣ қурбе надорад. Мардум аз эҳтимоли то тирамоҳ хушку нобуд шудани бештари ин ниҳолҳо бисёр мегӯянд, аммо масъулинро дигар чиз ба ташвиш овардааст; Аз даруни қатори мошинҳои тезгузар бояд атрофи роҳ ободу зебо бошад. Шояд ҳамаи мо хоҳони сарсабзии ду тарафи роҳҳои мошингард бошем, аммо дар ҷойе медонем, ки сабзидани ниҳол ғайримумкин аст, чаро маблағҳоро беҳуда сарф кунем?! Агар пас аз омаду рафти Президент ин ниҳолҳо аз беназоратӣ хушк шаванд, пас ин ҳама чорабиниҳои ниҳолшинонӣ дар роҳҳои калони мошингард дурӯғ аст. Дурӯғгӯӣ ба мардум, дурӯғгӯӣ ба сарвари давлат оқибати хуб надорад. Хатар дорад.

Замин танг мешавад

Хатари дигаре, ки бештар аз кишоварзони Хатлонро ба ташвиш оварда аст, ин маҳдуд кардани масоҳати заминҳои обии корам ва рушди боғу токпарварӣ дар водиҳои Хатлон мебошад. Оре мардуме, ки зиндагиаш аз ҳисоби замин аст, кам шудани заминҳои кишоварзиро барои ояндаи мардуми худ хатар меҳисобад. Тибқи маълумоти ба дастомада имрӯз беш аз 65 шояд 70% заминҳои кӯҳсори Хатлон холӣ монда, истифода намешаванд. Қирғизистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо пиёда кардани барномаи давлатии "Рӯ ба кӯҳистон" маблағҳои зиёду нерӯи бузургро барои истифодаи самаранок аз заминҳои куҳӣ рӯи даст гирифт. Аммо дар кишвари мо доманакӯҳҳо бекор хобидаанду мо барномаи рушди боғпарвариро дар заминҳои ҳосилхези водӣ амалӣ карда истодаем. Як кишоварзи собиқадори Хатлон, ки аҳамияти заминҳои водиро дигаргуна дарк мекунад, иброз медорад: "Ман интизор будам, ки ҳукуматдорон бунёди боғҳоро дар заминҳои водӣ қатъиян манъ мекунанд, аммо баръакс шуда истодааст. Наход масъулин чунин дурнамое надошта бошанд, ки аз ҳисоби заминҳои водӣ ташкил кардани ин ҳама майдонҳои боғ баъди 30-40 сол чӣ мушкилиҳо меорад. Ё ҳалли масоили хатарзои 40-50 соли оянда, набояд аз ҳоли ҳозир моро ба ташвиш оварад?

Паргор

Зиёиён ва рӯшанфикрони Хатлониро, ки бинобар сабабҳои гуногун андешаҳои худро бобати хатарҳои эҳтимолӣ ошкоро гуфта наметавонанд, бештар як мушкилӣ ба ташвиш меоварад. Мавҷуд набудани маркази таҳлилӣ ба хусус дар ҳукуматҳои маҳал. Гуфта мешавад, ки бояд дар кишвар чунин як ниҳоди аз ҳукумати маҳал мустақил ва ё шӯъбае дар дохили ҳукумати маҳал таъсис дода шавад, то ҳама вақт вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва афкори ҷомеаро воқеъбинона таҳлил намуда, ба марказ пешниҳод намояд. На инки имрӯз зерсохторҳои маҳаллӣ ба ҳукуматҳои вилоят ҳама маълумотро "безарар" карда медиҳанду вилоятҳо онро то ба рӯи мизи кории сарвари давлат мерасонанд. Охир таҳлилу пешниҳоди нодуруст ҳам ба умури идоракунии давлат хатар дорад. Ин ки Президент баъзан ба ҳисоботҳои моҳонаву солонаи ҳукуматҳо ба назари шубҳа менигарад, воқеият дорад. Ҳамин тавр дар муҳити имрӯзаи Тоҷикистон муҳимтарин масъала бобати пешгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ огоҳии ҳукумати марказ аз воқеияти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии мардум аст. Боз ҳам нафароне, ки аз сабру таҳаммулпазирии мардум истифода бурда, ба шиори гур сӯзаду дег ҷӯшад, вазифа доранд, ба ҷузъ хиёнат дигар хидмате барои ин миллату давлату сарвари он нахоҳанд кард. Агар мегӯянд, ки "хомӯшӣ аломати ризо аст", дурӯғ мегӯянд.

Ҷамолиддини

Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97